Warning: Parameter 1 to wp_default_scripts() expected to be a reference, value given in /var/www/vhosts/63/147421/webspace/httpdocs/maktab.tj/wp-includes/plugin.php on line 601

Warning: Parameter 1 to wp_default_styles() expected to be a reference, value given in /var/www/vhosts/63/147421/webspace/httpdocs/maktab.tj/wp-includes/plugin.php on line 601

Warning: Parameter 1 to wp_default_scripts() expected to be a reference, value given in /var/www/vhosts/63/147421/webspace/httpdocs/maktab.tj/wp-includes/plugin.php on line 601

Warning: Parameter 2 to M_DataMapper::set_custom_wp_query_where() expected to be a reference, value given in /var/www/vhosts/63/147421/webspace/httpdocs/maktab.tj/wp-includes/plugin.php on line 291

Warning: Parameter 2 to M_DataMapper::set_custom_wp_query_groupby() expected to be a reference, value given in /var/www/vhosts/63/147421/webspace/httpdocs/maktab.tj/wp-includes/plugin.php on line 291

Warning: Parameter 2 to M_DataMapper::set_custom_wp_query_fields() expected to be a reference, value given in /var/www/vhosts/63/147421/webspace/httpdocs/maktab.tj/wp-includes/plugin.php on line 291

Warning: Parameter 2 to M_DataMapper::set_custom_wp_query() expected to be a reference, value given in /var/www/vhosts/63/147421/webspace/httpdocs/maktab.tj/wp-includes/plugin.php on line 291
Ба кӯдакони синнусоли гуногун чӣ бояд тӯҳфа кард? | MAKTAB.TJ:

Ба кӯдакони синнусоли гуногун чӣ бояд тӯҳфа кард?

img_tuh

Хусусиятҳои инкишофи тифлони соли якуми ҳаёт: тифлони ин синнусол ҳоло бозӣ намекунанд, вале бозичаҳо барои онҳо шавқоваранд: аз ҷиҳати шакл, ранг ва махсусан бозичаҳое, ки садо мебароранд. Майдаяк бо дасту пойҳояш кӯшиши қапидани онҳоро мекунад, ки ин ба инкишофи мушакҳои ӯ мусоидат менамояд. Барои кӯдаконе, ки аллакай нишаста метавонанд, бозичаҳое шавқоваранд, ки ламскунӣ, биниш, шунавоӣ ва ҳаракати кӯдакро ташаккул медиҳанд.

Тӯҳфаҳо: шақшақаи ҷиллодори шавқангез, шақшақаи резинӣ барои дандончаҳои аввалин, бозичаҳое, ки диққати кӯдакро ба худ ҷалб мекунанд, кубикҳо, аҳромчаҳо, нохобакҳо (бозичаҳое, ки ҳангоми ғелониданашон ба замин боз рост мешаваданд).

 

Хусусиятҳои инкишофи кӯдакони 1-3 сола: дар ин синнусол онҳо беҳад серҳаракатанд ва ба онҳо, инчунин бозичаҳои механикии ҳаракаткунанда басо мароқоваранд. Маҳз дар ҳамин синн кӯдакон олами гирду атрофро дониста мегиранд, мехоҳанд ба калонсолон тақлид кунанд ва худро модар ва ё падар эҳсос кунанд.

Тӯҳфаҳо: аробачаи бачагона, равонак (тележка)-ҳои майда, бозичаҳое, ки онҳоро тела ва ё аз бандакаш кашола мекунанд, мошинчаҳои боркаш, лӯхтакҳо, лавозимоти бозичагини ошхона, чангкашакҳо, мошинаҳои чомашӯӣ, телефонҳо, китобчаҳои расмдор, қолабчаҳо, белча барои бозӣ дар кӯча ва тахтача барои расмкашӣ дар девор.

 

Хусусиятҳои инкишофи кӯдакони 3-5 сола: инкишофи қобилияти фикрии кӯдакон ҳамоно давом меёбад. Духтарчаҳои хурдсол оро додани худ ва омода сохтани дастархонро дӯст медоранд. Писарбачаҳои хурдсол бошанд, вақти худро бо мошинчабозӣ мегузаронанд. Боз дар ин айём олами касбҳо шавқовар мегардад.

Тӯҳфаҳо: мозайка, асбобҳои сохтумон, лавозимоти духтурӣ, баландгӯяки мусиқӣ, дучарха, мошинчаҳо, проектор барои расмкашӣ, лавозимоти чойнӯшӣ.

 

Хусусиятҳои инкишофи кӯдакони 5-7 сола: дар ин марҳила бачаҳо ба зинаи дигар мегузаранд – ба мактаб тайёр мешаванд. Бозии кӯдаконро маҳдуд кардан нашояд. Бе ин ҳам ҳақиқати муосир ба ин гурӯҳи синнусолӣ фишор меорад ва волидайн мефахманд, ки танҳо бозичаҳои махсус мувофиқанд. Муҳимаш он аст, то ки кӯдакон омӯзанд ва инкишоф ёбанд.

Тӯҳфаҳо: бозиҳои компютерӣ ва лавозимоти варзишӣ, конструкторҳо, лӯхтакҳое, ки онҳоро хӯронидан, хобонида алла гуфтан ва худро ҳамчун модари ҳақиқӣ тасаввур кардан мумкин аст, лижаҳо, чана, мӯзачаҳои чархдор (ролик), самокат, дучарха, таҷҳизот барои бозиҳои сюжетӣ-ролнок (мазмуноку нақшофарӣ).

 

Хусусиятҳои инкишофи бачагони хурди мактабӣ 7-9 сола: ин овони муҳаққиқони ҳақиқӣ ва ихтироъкорон аст. Дар ин синнусол ба бачаҳо маҷмӯаҳое, ки барои донистагирии олам аз ҳар ҷиҳат кӯмак мерасонанд, шавқоваранд.

Тӯҳфаҳо: маҷмӯаи физикони ҷавон, кимёгарон ва ғайраҳо, микроскопҳо, конструкторҳои электронӣ, барои духтарон маҷмӯаҳо барои расмкашӣ, бофтан, дӯхтан ва ғайраҳо.

 

 

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *