Бозичаҳои солинавиро барои арчаамон интихоб мекунем

img_arc

 

Аз мавзӯи мактабӣ каме дур мешавему ҳамроҳи Шумо кӯшиш мекунем, ки ба арчаи солинавиамон бозичаҳои зебо интихоб намоем, чунки ба наздикӣ соли Нав меояд!

Бо чиҳо арчаамонро бояд оро диҳем?

 

* Хуб аст, ки бозичаҳоро бо нархи нисбатан арзон шурӯъ аз моҳи январ, яъне баъди соли Нав харидорӣ кунед, чунки он гоҳ арзиши ороишот дучанд мефарояд.

Тӯпакҳои арча. Тӯпакҳои калони арчаро харидорӣ накунед, зеро барои онҳо арчаи бузург лозим мешавад ва агар чунин арча надошта бошед, пас онҳо танҳо дар қисми поёни арча зеб доранд. Барои навдаҳои болоӣ бошад, хоҳ арча сунъӣ аст ё зинда бардоштани чунин бор вазнинӣ мекунад.

Аммо агар худдорӣ карда натавонистеду онҳоро харидед ё Шумо қаблан аз онҳо доштед, пас онҳоро дар таги арча гузоред ё дар токчаҳои тиреза ё дар девору дари хонаатон овезон кунед. Бо ин ҳар кунҷи хонаи Шумо ороставу идона ва зебо мегардад.

 

Бозичаҳои шаффоф. Вақте, ки ин гуна бозичаҳоро ба даст мегирем, онҳо назарногиранд, вале чун ба арча дар байни дигар бозичаҳо меовезем ба арча зеб дода, онро афсонавӣ мегардонанд.

 

 

 

Бозичаҳои шишагин барои арча. Сараввал онҳо зебоянд. Дуюм, онҳо вазнинанд ва саввум онҳо бо ҳам бар мехӯранд. Шояд аз онҳо худдорӣ кунем, агар дар хонаамон кӯдакон ва ё ҳайвоноти хонагӣ бошанд.

 

 

 

Ороишоти чӯбин ва бофташуда барои арча. Ба Шумо эҳсоси гармӣ бахшида, Шуморо ба давраҳои дур мебаранд, ки он вақт чунин бозичаҳо зиёд буданд. Агар бозичаҳои чӯбин бисёр бошанд, он гоҳ мебояд бозичаҳои ҷилодор ва ороишоти ялақосиро аз наздашон дур кард. Зеро онҳо метавонанд бо ҷилваи худ бозичаҳои чӯбинро аз назари кас рабоянд.

 

 

Ҷалғӯзаҳо. Онҳо метавонанд шишагин, пластмассӣ ё ҳақиқӣ бошанд. Ҳақиқиашро метавон худ бо «барф» ва ҷилоҳо оро дод, он вақт онҳо метавонанд ороста ва афсонавӣ шаванд.

 

 

Бозичаҳои хӯрданӣ. Варианти хуб барои нафароне, ки меҳмонии кӯдаконро интизоранд ва ба худашон ҳам ниҳоят шавқовар хоҳад буд. Чиро метавон ба ҳайси ороиш истифода бурд: себ, банан, мандарин, чормағзхо, ки пешакӣ бо коғази тиллоӣ ё нуқрагӣ печонида шудаанд, конфетҳо, шоколадҳои хурд, кулчақандҳо ва бубликҳоро метавон харид ё худ омода кард. Аз боло сабукаш ва аз поён – вазнинашро бояд овехт.

Конфетҳои аз ҳама бомаза ва ё аз ҳама калонашро метавон интихоб намуд.  Ҳамчунин метавон шилшиларо (боронак) бо конфет ба арча печонд. «Киндерҳо» ҳам метавонанд барои бачаҳо ба кор оянд, зеро бо хӯрдани ширинӣ бозичаашро ба арча меовезанд.

 

Барои арчаи ранга. Арчаи Шумо ғайри сабз аст? Нуқрагин, тиллоранг, кабуд ва ё ҳатто сурх аст? Пас мебояд бозочаҳои дорои як рангро, ки бо ранги арча мувофиқат мекунанд интихоб кард.

Табъи идонаро бароятон хоҳонам!

 

Маъмурият: Дилшод Ҳамидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *