Муаллим – сарвару саркори инсон

Муаллим сарвару саркори инсон,
Муаллим номбардори азизон.
Ба даҳри беҳудуду оламу даҳр,
Муаллим ҷамьи ахбори парешон.

Муаллим, омӯзгор – вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омузандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. У бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Тавре гуфтаанд:

Хаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.

Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.

Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.

Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.

Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.

Расад ҷон бар лаби бечора устод.
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.

Даме ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст, маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталаби хешро бо бузурге пайваста.

Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накӯяш омӯхт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ намекард, ҳеҷ гоҳ шарафманду комёб намегашт. Заҳмати беандозаи омӯзгори бузург тавонист роҳбалади шогирди пурзаковат гашта, соҳибмаълумоташ гардонд.

Дуруст аст, ки муаллим роҳнамову нишондиҳанда, созкору ибратомӯз ва мададрасони фарзанди инсон дар роҳи ростиву росткорӣ ва омӯзишу бурдбориҳост.
Наметавон бе мураббӣ алфозе омӯхт, наметавон бе роҳнамо дониш андӯхт, наметавон худ бевосита ба ҷое бирасид, наметавон муаллимро омӯзандаи алфози бузург наномид.

Муаллим аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Мекӯшад, ки бо вуҷуди машаққатҳои зиёду бепоён шогирд ба воя расонад ва соҳибмаълумот гардонад.

Хулоса, муаллим касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамон норасоиву нуқсонҳои инсон. Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст:

Сари таъзим меорам ба номат ман,
Ки аз ту гаштаам шогирди донное.
Ки аз ту гаштаам умре ба қиммат дар ҳама ҷое,
Ки аз ту фахр дорам ман, ки буди солҳо омузгори меҳрафзое.

Барои ҷуброни меҳнати пурмашаққату дили саршори меҳру муҳаббати бузурги муаллим аз осмон ситора овардан, аз қаъри замин ганҷ бурун овардан, куҳҳоро паст сохтан, замину замонро гулзор кардан кам аст кам…

Ҳар кӣ накард ҳурмат устоди роҳнаморо,
Аз ақлу дину имон ӯро хабар набошад.

21+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин