ДИҚҚАТ: Китобхон дар нақлиёт!

img_naq

Вақт яке аз неъматҳои беназире мебошад, ки инсон бояд онро самаронок истифода барад. Имрўзҳо аксарияти вақти пурқиммати мо дар тай кардани роҳ, дар даруни автобусҳою троллейбусҳо, микроавтобусу мошинҳои сабукрав мегузарад. Барои бесамар нагузаштани вақт инсонҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо хондани китобе ё рўзномае роҳро тай намоянд, аммо нарасидани ҳавои тоза, издиҳоми мардум ва пастию баландиҳои роҳ сабаби чарх задани сар ва дилбеҳузурӣ шуда, намегузорад, ки кас ба хондан партозад.
Мутахассисони соҳаи тиб мегўянд, ба майнаи сари инсон фармонҳои ҷисм, ба монанди нигоҳ кардан, ҳис кардан, ҳаракати мушакҳо ва ғайра, равона мешаванд ва майнаи сар онҳоро дар шакли як система ба танзим медарорад. Сабаби чарх задани сар ва дилбеҳузурӣ дар нақлиёт он аст, ки дар аснои рафтани нақлиёт ба майнаи сар фармонҳое равона мешаванд, ки ба раванди муътадили системаи танзимии майнаи сар халалдор мекунанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, чашму гўш ва торҳои асаби майнаи сари инсон дар вақти хоб ҳам амал мекунанд. Гўши дохилӣ ва чашм роҳи мунтазами равона кардани фармонҳо ба торҳои асаби майнаи сар мебошанд. Ҳангоми саёҳат кардан дар нақлиёт инсон ғайр аз он, ки ба нуқтае мутамарказонида мешавад, аксу манзараҳо ва садоҳои аз паҳлўяш омада ба системаи танзимии майнаи сар равона мешаванд. Дар айни замон ба майнаи сар равона шудани ашёҳои ҳаракаткунанда ва собит майнаи сарро монда мекунад, аз ин рў тавсия мешавад, ки ҳангоми саёҳат ба ашёҳои дар ҳаракатбуда набояд нигоҳ кард.

Албатта, масофаи роҳи ҳар кас гуногун аст. Бо назардошти дурӣ ва наздикии тули роҳ метавонем ба машғулияте саргарм бошем, то вақти пурқиммати мо барабас нагузарад. Агар донем, ки ҳар рўз дар нақлиёт чӣ қадар вақти мо сарф мешад, пас вобаста ба он китоб, мақола ва ё шеъре интихоб карда, онро мутолиа намоем.

«Навид.tj»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *