Низомномаи олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

img_oli

1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

1.1 Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.
1.2 Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (минбаъд Олимпиада) зери назорати вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (минбаъд Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки ҳайати онро вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва тасдиқ менамояд) аз тарафи раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоистаи назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор давр гузаронида мешавад.
1.3 Ҳадафҳои асосии гузаронидани Олимпиада иборатанд аз :
– баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омўзиши фанҳои таълимӣ;
– шиносоии бештари хонандагон бо кашфиёти нави илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ;
— ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор намудани шавқу завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби фанҳои дақиқ, баёни озодонаи фикр ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ аз фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ, азхуд намудани технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ;
— истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир, фарҳанг ва маънавиёт;
— муайян намудани хонандагони болаёқат, ки ба омўзиши фанҳои алоҳида шавқу завқ доранд, ташвиқи хонандагон дар интихоби касб;
— ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба олимпиадаҳои байналмилалӣ;
— ҷамъбасти корҳои машғулияти иловагӣ (академияи хурди илмӣ, таърихию фарҳангӣ, қасрҳо, клубҳо ва марказҳои эҷодии кўдакону наврасон, мактабҳои ҳунарӣ, курсҳо ва маҳфилҳо, машғулиятҳои иловагии пулакӣ ва ғайраҳо);
— ҷалби устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони муассисаҳои таҳқиқотӣ- илмӣ, аспирантҳо ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба кори расонидани ёрии методӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ;
— муайян намудани дастаҳои ҷумҳурӣ барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ.

2. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЛИМПИАДА

2.1. Олимпиада аз фанҳои равияҳои табиӣ- риёзӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар чор давр гузаронида мешавад.
Даври якум (мактабӣ), дуюм (шаҳрӣ ва ноҳиявӣ), сеюм (вилоятӣ барои се вилоят, шаҳрӣ барои шаҳри Душанбе ва минтақавӣ барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва даври чорум (ҷумҳуриявӣ).
Дар Олимпиада хонандагон аз фанҳои зерин иштирок карда метавонанд:
— забони модарӣ ва адабиёт- хонандагони синфҳои 9-11 (новобаста аз забони таҳсил);
-забони давлатӣ (тоҷикӣ) барои хонандагони мактабҳои таълимашон ғайритоҷикӣ – синфҳои 9-11;
-забони русӣ- синфҳои 9-11
-забони русӣ (барои хонандагони мактабҳое, ки таълимашон ба забони русӣ аст) – синфҳои 9-11;
— математика (алгебра) – хонандагони синфҳои 9-11;
— физика – хонандагони синфҳои 9-11;
— химия – хонандагони синфҳои 9-11;
— асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон) – хонандагони синфҳои 9-11;
— таърихи халқи тоҷик – хонандагони синфҳои 9-11;
— биология (экология) – хонандагони синфҳои 9-11;
— географияи Тоҷикистон — хонандагони синфҳои 9-11;
-технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ-хонандагони синфҳои 9-11;
– забонҳои хориҷӣ ( англисӣ, франсавӣ, арабӣ ва олмонӣ)-хонандагони синфҳои 9-11.
2.2. Дар даври дуюми Олимпиада (шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) ғолибони даври якум, дар даври сеюми Олимпиада ғолибони даври дуюм, ки аз рўи барномаҳои таълимии синфҳои 9,10,11 баромад карда, ҷойҳои 1,2,3-юмро ишғол намудаанд, иштирок менамоянд.
2.3 Шумораи иштирокчиёни даври дуюмро тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кумитаи тадорукоти шўъбаҳои маориф, шумораи иштирокчиёни даври сеюмро кумитаи тадорукоти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ муайян мекунанд.
2.4 Дар даври чоруми Олимпиада (ҷумҳуриявӣ) хонандагони синфи 11, ки ҷойҳои 1, 2, ва 3-юмро ишғол намудаанд, иштирок менамоянд. Барои ҳар ҷой 3 нафарӣ аз тарафи кумитаи тадорукоти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.
2.5. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар даврҳои дуюм ва сеюм баробари хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардидаанд, метавонанд дар даври чоруми Олимпиада (ҷумҳуриявӣ) иштирок намоянд.
Номгўи фанҳои даври чоруми Олимпиадаро Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ муайян мекунад.
26. Ба кумитаи тадорукоти вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳуқуқи пешниҳоди ҷойҳои иловагӣ дода намешавад.
2.7 Дар даври чоруми Олимпиада (ҷумҳуриявӣ) хонандагони синфҳои 9-10, ки дар даврҳои қаблӣ ғолиб омада, барномаҳои таълимии синфи 11ро азбар намудаанд, ба таври истисно барои санҷиши маҳорат, истеъдод дар асоси ариза бо пешниҳоди раёсат, шўъбаҳои маориф ва розигии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда метавонанд. Аризаҳо то 10 рўз пеш аз оғози Олимпиада қабул карда мешаванд. Ба онҳо ҳангоми ба даст овардани холҳои баланд «Ифтихорнома»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тўҳфаҳои хотиравӣ дода мешавад.
2.8. Иштирокчиён ба даври чоруми Олимпиада (ҷумҳуриявӣ) танҳо бо доштани шиноснома ва дар сурати надоштани шиноснома бо маълумотномаи тасдиқнамудаи шахсияти иштирокчӣ аз тарафи кумитаи тадорукоти даври сеюм роҳ дода мешаванд.
2.9.Дастаҳо ба шарте ба даври чоруми Олимпиада (ҷумҳуриявӣ) роҳ дода мешаванд, ки кумитаи тадорукоти марбута то 20-уми феврал ба кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҳисобот ва дархост дар бораи гузаронидани Олимпиада (Замимаи 1 ва 2 ), нусхаи фармоиш оид ба гузаронидани даври сеюми Олимпиадаро пешниҳод намояд.
Роҳбарони дастаҳо (2 нафарӣ) аз ҳисоби кормандони раёсат ва шўъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо таъин карда мешаванд.
2.9 Аз байни ғолибони даври чоруми Олимпиада (як рўз баъди ҷамъбаст озмун доир карда мешавад) дастаҳои яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ) созмон дода мешаванд. Ба ҳар даста мутасаддиён таъин карда мешаванд, ки онҳо хонандагонро ба олимпиадаҳои байналмилалӣ омода менамоянд.
2.10. Иштирокчиёни Олимпиада ҳуқуқ доранд:
— бо натиҷаи корҳои худ шинос шаванд;
— дар сурати розӣ набудан аз натиҷаи санҷиш метавонанд ба комиссияи аппелятсионӣ ба воситаи намояндаи худ бо ариза муроҷиат намоянд.
2.11. Аризаи иштирокчиён то панҷ рўз баъд аз анҷоми даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиада қабул карда мешавад

3.ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЛИМПИАДА

3.1 Олимпиада зери назорати кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Кумитаи тадорукоти даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиада тибқи фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябр барои ҳар сол таъсис дода мешавад.
3.2 Даври якум (мактабӣ) то 10-уми ноябр бо истифода аз маводҳои тасдиқкардаи кумитаи тадорукоти шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз тарафи кумитаҳои тадорукоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад (Кумитаи тадорукот аз тарафи роҳбарияти муассисаи таҳсилоти умумӣ моҳи октябр тасдиқ карда мешавад).
3.3 Даври дуюм ( шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) то 20-уми декабр бо истифода аз маводи тасдиқкардаи кумитаи тадорукоти вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва кумитаи тадорукоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. ( Кумитаи тадорукот моҳи ноябр тасдиқ карда мешавад).
3.4. Даври сеюм (вилоятӣ) ва шаҳри Душанбе бо тавсияи интихоби маводҳои кумитаи тадорукоти раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе 10-15 январ гузаронида мешавад. (Кумитаи тадорукот то 1-уми январ тасдиқ карда мешавад ).
3.5 Мўҳлати гузаронидани даври сеюми Олимпиадаи минтақавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ муайян мекунад.
3.6.Хароҷоти хизматрасонии маданӣ-маишӣ ва тиббии иштирокчиёни Олимпиадаи даври 1-ум, 2-юм, 3-юм ва минтақавии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо таъмин карда мешавад.
3.7. Даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиада бо истифода аз маводҳои тасдиқкардаи Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Ҷой ва мўҳлати баргузории даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаро кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва даври сеюмро раёсати маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва минтақавии ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ муайян мекунад.
Масъулияти ташкил ва гузаронидани даври сеюм (минтақавӣ) барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври чоруми Олимпиада (ҷумҳуриявӣ) ба зиммаи раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоистаи назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

4. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ ОЛИМПИАДА

4.1. Роҳбарии умумӣ барои омодагӣ ва ташкилу гузаронидани Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба зиммаи Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки бо фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузошта мешавад.
Ба ҳайати Кумитаи тадорукот кормандони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ шомил мебошанд. Ҳайати Кумитаи тадорукот ҳар сол иваз карда мешавад.
4.2. Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҳуқуқ ва вазифаҳои зеринро доро мебошад:
-дар олимпиадаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ назоратро таъмин намуда, ба ташкилу гузаронидани даври ҷумҳуриявии Олимпиада бевосита роҳбарӣ менамояд;
-ҳангоми ташкил ва гузаронидани ҳамаи даврҳои Олимпиада шаффофият ва амиқияти илмию методиро таъмин ва назорат менамояд;
-ҳайати доварони даври сеюм (барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва чоруми Олимпиадаро тасдиқ менамояд;
— тартибу меъёрҳои ба кори хонандагон баҳо доданро муайян менамояд;
— бо Кумитаи тадорукоти олимпиадаҳои байналмилалӣ робита барқарор менамояд;
— натиҷаи ҳамаи даврҳои Олимпиадаро таҳлил ва ҷамъбаст карда, маълумотномаро барои баррасӣ ба мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
-масъалаи хизматрасонии маданӣ- маишӣ ва тиббии дастаҳоро ба роҳ монда, барои иҷрои вазифаҳои назариявӣ ва амалӣ шароит фароҳам меоварад;
— дар интихоби усули маводҳои санҷишӣ таклиф пешниҳод менамояд;
— барои ҳар як фанни таълимии Олимпиада ҳайати доваронро таъсис медиҳад;
— маводҳои санҷишии Олимпиадаро бо ҳайати доварон дар рўзи баргузории Олимпиада муайян мекунад;
— дар ҳамкорӣ бо доварон натиҷаҳоро ҷамъбаст намуда, тарзи мукофонидани ғолибонро муқаррар менамояд ва барои дар даврҳои минбаъдаи Олимпиада иштирок намудани дастаҳо (аз ҳар як фан) дархост тартиб медиҳад;
— комиссияи аппелятсиониро таъсис медиҳад;
-тавассути воситаҳои ахбори омма тарғиби васеи рафти баргузорӣ ва натиҷаҳои Олимпиадаро ба роҳ мемонад.
4.3. Ҳайати кумитаи тадорукоти олимпиадаи минтақавӣ барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Кумитаҳои тадорукоти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бо фармоиши сардорони раёсатҳои маориф тасдиқ мегарданд.
Вазифаҳои асосии кумитаи мазкур иборатанд аз:
— ташкили нақлиёт, хизматрасонии маданӣ – маишӣ ва тиббии иштирокчиён, доварон ва намояндагони кумитаи тадорукот;
-шумораи иштирокчиёни даври сеюми Олимпиадаро аз ҳар як фан муайян менамояд;
-натиҷаҳои Олимпиадаро ҷамъбаст карда, рўйхати ғолибонро ба даври чоруми Олимпиада пешниҳод мекунад;
-дар бораи натиҷаи Олимпиада ҳисобот навишта, онро ба Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо дархост то 20 феврал пешниҳод мекунад (Замимаи 2,2);
-иштироки ғолибонро дар даври чорум таъмин менамояд.

5. КОМИССИЯҲОИ МЕТОДИИ ФАННИИ ОЛИМПИАДА ВА ҲАЙАТИ ДОВАРОН

5.1. Раисони комиссияи фаннии доварони Олимпиада аз ҳар як фан ҳамзамон аъзои комиссияи методии Олимпиада мебошанд.
5.2. Раисони комиссияи фаннии доварони Олимпиада вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:
-ду соат пеш аз оғози Олимпиада бо аъзои доварон маводҳои санҷиширо дар мувофиқа бо кумитаи тадорукот интихоб ва тасдиқ намуда, бо протоколи маҷлис онҳоро ба расмият медароранд;
-вобаста ба мураккабӣ ва шакли супоришҳо меъёри баҳодиҳиро муайян ва расман тасдиқ менамоянд;
-ҷойҳои ишғолкардаи ғолибонро муайян намуда, бо протокол ба расмият медароранд;
-барои беҳтаршавии сифати ташкил ва гузаронидани Олимпиада таклифу дархост пешниҳод менамоянд;
-иштирокчиёнро бо натиҷаи корҳояшон шинос менамоянд;
-маводҳои ҳалкардаи иштирокчиёнро дар ҳузури онҳо дар мавриди зарурӣ таҳлил менамоянд, бо иштирокчиёни Олимпиада аз рўйи зарурат дар мўҳлати муайянкардаи Кумитаи тадорукот сўҳбат меороянд;
-арзу шикоятҳои довталабонро таҳлил намуда, ҷавоби асоснок медиҳанд.
5.3. Ҳайати доварони Олимпиада аз ҳар фан на кам аз 4 нафар интихоб карда шуда, аз тарафи кумитаи тадорукот тасдиқ карда мешаванд. Ба ҳайати доварон кормандони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, мушовирону мутахассисон, намояндагони раёсату шўъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ шомил мегарданд.
5.4. Ба дафтарҳои (варақаҳои) корҳои хаттии иштирокчиёни Олимпиада намояндаи Кумитаи тадорукоти Олимпиада (раис ё муовини раис) рамз мегузорад.
5.5. Олимпиада аз фанҳои математика (алгебра), физика, химия, биология ва технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ аз рўи ду супориш сурат мегирад.
5.6. Супориши якум: ҳалли мисолу масъалаҳо ;
Барои иҷрои супориши якум 5 соати астрономӣ ҷудо карда мешавад.
5.7.Ба иштирокчиёни Олимпиада, ки аз натиҷаи санҷиши супориши якум миқдори зарурии то 20 холро соҳиб нагардидаанд, барои иштирок ба супориши 2-юм иҷозат дода намешавад.
5.8. Супориши дуюм: Ҷавоб ба саволҳои пешниҳодгардида.
Барои ҳар иштирокчӣ тариқи билет 3 савол, ки аз ин шумора 2 саволи назариявӣ ва як саволи амалӣ аст, пешниҳод мегардад.
Дар сурати набудани имкон тибқи қарори ҳайати доварон саволи сеюм назариявӣ ҳал карда мешавад ва ҳалли он аз тарафи иштирокчӣ шарҳ дода мешавад.
5.8. Олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ аз рўи супоришҳои зерин:
-супориши якум – корҳои хаттӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ (барои синфҳои таълимашон бо забони русӣ), забон ва адабиёти ўзбек, забон ва адабиёти қирғиз ва забон ва адабиёти туркман (иншо), забони давлатӣ (тоҷикӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ, забони русӣ (барои синфҳои таълимаш ғайрирусӣ), забонҳои хориҷӣ (нақли хаттӣ), таърихи халқи тоҷик ва ҳуқуқи инсон (ҷавоб ба саволҳои пешниҳодгардида) гузаронида мешавад. Барои иҷрои супоришҳо тибқи меъёрҳои муайянгардида вақт ҷудо карда мешавад.
5.9.Ба иштирокчиёни Олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, ки аз натиҷаи санҷиши супориши якум (иншо, диктант ва дигар корҳои хаттӣ) баҳои «2″, «2/3″ ва «3/2″ гирифтаанд, барои иштирок ба супоришҳои минбаъда иҷозат дода намешавад.
5.10. Супориши дуюм тибқи талаботи банди 5.8.-и Низомнома сурат мегирад.
Вобаста ба саволи сеюми пешниҳодгардида ба иштирокчӣ таҳлили ҷумла ( аз фанҳои забон ва адабиёт вобаста ба забони таълим), ҷавоб ба саволҳои пешниҳодгардида, шарҳи луғат (аз фанни забони давлтӣ), қироати ифоданоки матн ва нақл (аз фанҳои забони хориҷӣ) ғайра пешниҳод мегардад.
Шартҳои иловагии санҷиши супориши дуюмро ҳайати доварон дар мувофиқа ба Кумитаи тадорукот муайян намуда, пеш аз санҷиш ба иштирокчиён маълум месозанд.
Барои иҷрои супоришҳои дуюм вобаста ба миқдори иштирокчиён вақт муқаррар карда мешавад.
5.11.Барои омодагӣ гирифтан ба ҷавоби саволҳо ба иштирокчӣ то 20 дақиқа вақт ҷудо мегардад. Дар сурати омода набудан ба иштирокчӣ тибқи протоколи ҳайати доварон то 10 (даҳ) дақиқа вақти иловагӣ ҷудо карда мешавад ва ҳангоми баҳогузорӣ ба дониши иштирокчии вақти иловагӣ гирифта як хол кам баҳогузорӣ карда мешавад.

6. КОМИССИЯИ КООРДИНАТСИОНӢ

6.1. Ҳайати доварони фаннии Олимпиада дар навбати худ комиссияи координатсионӣ ба ҳисоб мераванд.
6.2. Довталабоне, ки аз холҳои гирифтаи худ розӣ нестанд, метавонанд ба воситаи намояндаи худ ба комиссияи координатсионӣ ариза пешниҳод намоянд. Комиссияи координатсионӣ вазифадор аст, ки то ҷамъбасти Олимпиада аризаи довталабонро санҷида, баҳои ҳақиқии кори онҳоро муайян намояд.
6.3. Натиҷаи корҳои ҳаррўзаи довталабон дар лавҳаи махсуси ҷойи баргузории Олимпиада овезон карда мешавад.

7. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ОЛИМПИАДА

7.1. Олимпиада аз рўйи натиҷаҳои ҳар як давр ҷамъбаст мегардад ва ғолибон аз рўи натиҷаи ниҳоии балҳо (холҳо) муайян карда мешаванд.
Барои ғолибони олимпиадаи мактабӣ, шаҳру ноҳиявӣ, минтақавӣ се ҷой (1,2,3) муқаррар карда мешавад.
Ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври чоруми Олимпиада ( ҷумҳуриявӣ) чунин муайян мегардад:
-3 ҷойи якум ва як ҷои иловагӣ ба салоҳияти Кумитаи тадорукот,
-5 ҷойи дуюм ва як ҷои иловагӣ ба салоҳияти Кумитаи тадорукот,
– 7 ҷойи сеюм ва ду ҷои иловагӣ ба салоҳияти Кумитаи тадорукот,
7.2. Ғолибони Олимпиадаи мактабӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва минтақавӣ бо Ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида мешаванд.
7.3. Иштирокчиёни даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиада, ки ҷойҳои якумро ишғол мекунанд, бо медал, Ифтихорнома ва Тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беимтихон сарфароз гардонида мешаванд.
7.4. Иштирокчиёни даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиада, ки ҷойҳои дуюмро ишғол кардаанд, бо медал, Ифтихорнома ва Тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда мешаванд ва ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи сўҳбат қабул карда мешаванд.
7.5. Иштирокчиёни даври чоруми Олимпиада, ки ҷойҳои сеюмро ишғол кардаанд, бо медал, Ифтихорнома, Тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегарданд ва ҳангоми дохил шудан аз фанне, ки ба ихтисос мувофиқ аст, имтиҳон месупоранд..
7.6.Муаллимони мактабҳое, ки хонандагони онҳо дар даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиада ҷойҳои 1,2-ро ишғол намуданд, бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷойи сеюм бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
7.7. Кумитаҳои тадорукот сардорони раёсат, мудирони шўъбаҳои маориф, аъзои фаъоли кумитаҳои тадорукот ва доваронро бо тартиби муқарраргардида ба мукофот пешниҳод менамоянд.

8. ОЛИМПИАДА ВА МУСОБИҚАҲОИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

8.1.Мақсади асосии иштирок дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ иборат аст аз:
— баланд бардоштани завқи хонандагон ба омўзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ;
-шиносоии хонандагон бо кашфиётҳои нави илмӣ илмҳои муосир ва технологияи пешқадам;
— ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор кардани шавқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби фанҳои дақиқ, баёни озодонаи фикр;
— муайян намудани хонандагони болаёқат ва дорои истеъдодҳои дурахшон ва таблиғи интихоби касб;
8.2. Интихоби иштирокчиёни Олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои таълимӣ зери назорати кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ қарор мегирад.
8.3. Ҳайати дастаҳои ҷумҳурӣ барои иштирок дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ аз ҳар як фанни таълимӣ аз тарафи ҳайати доварони озмун пешниҳод мегардад ва бо Протоколи Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба расмият дароварда мешавад. Ғолибони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, инчунин хонандагони синфҳои 9-10, ки дар ин Олимпиада ғолиб омадаанд, метавонанд дар озмуни номзадҳо ба Олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намоянд.
8.4.Шумораи иштирокчиён дар асоси талаботи меъёрҳои Олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои математика 6 нафар, физика 5 нафар, химия 4 нафар, биология 4 нафар ва асосҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ 4 нафар муқаррар мегардад. Ҳангоми ворид гардидани даъватномаҳо ба дигар Олимпиадаҳо байналмилалӣ аз фанҳои таълимӣ, ки шумораи иштирокчиён ва роҳбарони гурўҳ муайян гардидааст, Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҳайати даста (дастаҳо) ва роҳбарони онҳоро аз ҳисоби ғолибони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар банди 8.3 оварда шудааст, пешниҳод менамояд.
8.5.Роҳбарони дастаҳоро аз фанҳои таълимӣ аз ҳисоби кормандони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, устодони варзида, профессорон, ки забони англисӣ медонанд, Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ муайян менамояд.
8.6. Ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни Олимпиадаҳои байналмилалиро барои ба сафар омода кардан ва бозгашти роҳбарони дастаҳоро раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоистаи наздаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр менамояд.
8.7. Маблағи хароҷоти сафари иштирокчиён ва роҳбарони дастаҳо аз ҳисоби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимие, ки иштирокчиён дар он таҳсил мекунанд, раёсат ва шўъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста, сарпарастон ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пардохт карда мешавад.
8.8. Ғолибони Олимпиадаҳои байналмилалӣ бо тўҳфаҳои хотиравии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони онҳо бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ ва тавассути воситаҳои ахбори омма таблиғ карда мешаванд.
8.9 Ғолибони Олимпиадаҳои байналмилалӣ дар асоси Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ихтисос ҳуқуқи дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи бандҳои 7.3, 7.4, 7.5 дохил шуданро доранд.

9. МАБЛАҒГУЗОРИИ ОЛИМПИАДА

9.1. Даврҳои якум, дуюм ва сеюми (шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) Олимпиада аз ҳисоби раёсату шўъбаҳои маориф маблағгузорӣ карда мешаванд (барои хўрок, мукофотҳо, роҳкирои аъзои дастаҳо ва роҳбарони онҳо аз ҷойи истиқомат то макони баргузории Олимпиада).
9.2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузориҳои зеринро ба зимма мегирад:
-хароҷоти рафти тайёрӣ ва гузаронидани даври сеюми Олимпиадаи минтақавии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври чоруми Олимпиада;
-маблағҳое, ки барои хизматрасонии маданӣ – маишӣ ва тиббӣ, тўҳфаҳои хотиравӣ ба иштирокчиёни даври минтақавӣ (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва даври чоруми Олимпиада, тайёр намудани медал, Ифтихорнома, Тавсиянома, нишони сарисинагӣ (бейҷик), хариди мукофотҳо, маводи конселярӣ, ба сафари хизматӣ фиристодани аъзои Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва дигар хизматрасониҳо;
-маблағҳое, ки барои таҳиягарони саволу масъала, матн ва тарҷумаи онҳо бо забонҳои дигар, хароҷоти чоп ва нақлиёт дар рўзҳои гузаронидани Олимпиада заруранд;
-ҷойи хоб, музди меҳнати аъзои Кумитаи тадорукот ва доварон.
9.3 Хароҷоти хонандагони синфҳои 9-10, ки ба таври истисно дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд, аз ҳисоби муассисаҳои таълимӣ, раёсат ва шўъбаҳои маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пардохт карда мешавад.
9.4Мутасаддиёни даври сеюм (минтақавӣ) ва чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиада сметаи хароҷотро то моҳи ноябр ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Ҳисобот ва маводҳои Олимпиадаи даврҳои сеюму чорум ба мўҳлати 5 сол дар Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоистаи назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

  1. Umar:

    Шумо намедонем ки даври якуми ин олимпиадахо кадом сол дар мактаби тахсилоти миёнаи умумии №17 баргузор мегардад? Агар надонед, акаллан шумо руйхати кадом сол дар кадом мактаб баргузор гаштани даври якумашро медонед? Илтимос чавоб гардонед!

  2. Alijon:

    Салом ба хамаи кормандони сохаи маориф ман аз шумо хохиш мекунам ки ба ман «Масъалахои маориф» №3, Май Июни 2012-ро равон кунед илтимос мекунам аз Шумо.

    • Мо бо Маркази чумхуриявии таълимию методи дар тамос шудем, агар тавонем шумораи №3-ро пагох дастрас намуда, онро дар сомонаи хеш чойгир хохем кард.

      • Абдул-Хусейн:

        Маколахои методиро ба забони руси барои чоп фиристондан мумкин, ё не? Агар мумкин бошад ба кадом сурога фиристондан лозим?

  3. Абдул-Хусейн:

    Чаро Низомномаи олимпиада имсол вайрон карда шуд ва олимпиада пеш аз мухлат гузаронида шуд?

  4. Умар:

    Вазифаи техники чи тавр нависта мешавад?

  5. Шумо намедонед ки дар Вилояти Хатлон олимпиада и даври сеюм
    кай сар мешавад

  6. Иштирокчиени олимпиадае, ки дар даври 2-юмор чойи 3-юмро ишгол карданд, ое хукуки дар даври 3-юм иштирок карданро доранд?

  7. Аз шумоён хоҳиш мекунам ки ба ман китоби диктан ва нақлҳои хатти оварда диҳед
    аз синфи 6 то 11

  8. Мухаммадали Хомидов:

    Маводи олимпиадаи фаннии даври сеюму чорум аз фанни забон ва адабиёти точики соли гузаштаро ба ман равон кунед, илтимос!

  9. Мухаммадали Хомидов:

    Сомонаашон хастми

  10. Мухаммадали Хомидов:

    Илтимос акалан сомаюонаи онхоро дихед бисёр хохиш мекунам

  11. Умаршо:

    Салом ман мехохам ки тари рузхои олимпиадаи фаннии вилояти хатлонро донам хохиш менамоям чавоб дихед

  12. Ба ман кумак расонед. Рузи сешанбе олипиадаи шахри меешавад ва намедонед тахмин ки иншохо дар бораи кадом шоирон меояд ?

  13. Мухаммадюсуф:

    Мебахшед, оё Шумо метонед ба почтаи электрониам масъалахо ва тестхои 5 соли охир ки ба олимпиадаи шахри Душпнбе ва Чумхурияви аз фанни химия омадааст, фиристед?

  14. Мухаммадюсуф:

    Оё олимпиадаи шахрии Душанбе 9 январ мегузарад ё аллакай 5 янввр гузашта шуд?

  15. Максуд Абдуллоев:

    чавобхои олимпиадаи шахри кай маълум шуд.

  16. Икром:

    Рузи баргузории олимпиадаи чумхурияви (даври чорум) кай ва дар кучо баргузор мегардад?

  17. Олимпиадаи чумхурияви (аньанави) кай ва дар кучо баргузор мегардад? Илтимос чавоб дихед!!!

  18. Ризвон:

    Салом дар олимпиадаи Чумхурияви аз алгебра барои мактабхои миёна (гайр аз литсею гимназияхо) чанд чойи ифтихори аст(яъне чойхои 1,2,3 чандто мебошад)

  19. Ризвон:

    хамин низомномаи дар боло овардашуда аз соли 2017 аст???

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *