Пайдоиши эҳсосот дар организми инсон

Меҳру муҳаббат яке аз омилҳои асосӣ ва ҷудонопазири ҳаёти инсон ба шумор меравад. Ҳар яки мо дар тули ҳаёти худ бо ин эҳсоси нотакрор рӯ ба рӯ шуда, замоне худро хушбахттарини рӯи олам мешуморем. Аммо боре тасаввур карда будед, ки дар асоси чӣ инсоният ин ҳиссиётро аз сар мегузаронад ва чӣ тавр аз миёни ҳазорҳо нафар, танҳо шахси хосро барои худаш интихоб мекунад? Хостем дар ин ҷода каме ба шумо маълумот диҳем.

Аз рӯи қоида, меҳр кардан ба касе ин маҷмӯи омилҳои физиологӣ ва психологӣ мебошад, ки худ аз худ пайдо намешавад. Дар мадди аввали пайдоиш,  омилҳои кимиёвӣ, ки баъзан онро “кимиёи ишқ” низ меноманд ба кор бурда мешавад. Дар бинии ҳар як инсон ғадудҳое ҷойгиранд, ки ферромонҳо ҳосил мекунанд: дар занҳои ин копулин ва дар мардҳо бошад, андростенол мебошад. Ҳамин ҷо низ узви махсуси вомероназалӣ ё бо ибораи дигар чуқурчаи Якобсон ҷойгир аст, ки ин ферромонҳоро қабул мекунад. Инчунин, одатан мо шахсонеро интихоб мекунем, ки коди генетикии онҳо аз мо ба андозаи зиёд фарқ кунад. Зеро ин яке аз иттилоотҳои муҳимтарини организми инсон аст, ки дар натиҷаи дуртар будани коди генетикии тарафайн насли солим ташаккул меёбад.

Мағзи сари инсон бениҳоят дастгоҳи мураккабест. Барои ба вуҷуд омадани эҳсосе бо номи меҳру муҳаббат бояд якчанд омилҳояш ба ҳам алоқаманд бошанд ва ба хубӣ вазифаашонро анҷом диҳанд.

Барои мисол:

  • Гипоталамус , ки дар он окситотсин ҳосил мешавад, сабаби пастшавии ваҳмнокӣ ва баланд гаштани сатҳи боварӣ ба шахси дигар мебошад.
  • Гипофиз – қисми гипоталамус, ки дар он гормони “садоқату вафодорӣ ” вазопрессин ҳосил мешавад.
  • Мағзи дарозрӯя , ки дар он конгломерати нейронҳои серотонин таъсиркунанда ҷойгир аст. Серотонин – гормони хушбахтӣ ба ҳисоб меравад.
  • Бодомакҳои мағзи сар, ки фенилэтиламин ҳосил мекунад, миқдори майлу таваҷҷуҳро нигоҳ дошта, сатҳи дилкашию иҷтизобро нисбати шахси интихобгашта баландтар мекунад.

 

0

1
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
1 Муаллифони тавзеҳҳо
Бедил Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Бедил
Меҳмон
Бедил

Боз ман гумон доштам, роли асосиро дар ин раванд дил мебозад, агар ин суханон дар хакикат рост бошанд, пас аз ин чо маълум мешавад, ки ман на танхо дил надорам, балки димогам хам махкам будааст))