Шарму ҳаё ҳусни инсон

Гарчӣ гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст,
Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.

Оре, шарму ҳаё, иффату покдоманӣ, хислатҳои бузурги инсонианд, ки одамиятро зебу зиннат, обрӯю эьтибор ва фаросат мебахшанд. Шахсе, ки дорои ин хислатҳо нест, дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад, зеро шарму ҳаё ҳамчун зару зевар ва ороишоти бузург инсонро зебоиву фасоҳат ва бузургиву ҳашамат мебахшанд. Аз ифодаи Бедили бузург:

Ҳуснро бо арақи шарм тароват набувад,
Гули коғаз беҳ аз он гул, ки дар он шабнам нест.

Барҷост, ки гули қогазин низ дар шумори гулҳост, лекин чун рангу бӯ надорад, гулҳои зиндаро ҷойгир буда наметавонад. Инсон низ чӣ зану чӣ мард дар ҳолате, ки дорои хислатҳои бузурги инсонӣ, аз қабили иффату покдоманӣ, номусу ор, виҷдон, шарму ҳаё набошад, гумкардаи ҳаёти солим аст ва зиндагӣ дар ягон давру замон барояш таровате бахшида наметавонад.

Одамият дар зиндагӣ аз дигар махлуқоти зинда маҳз бо ана ҳамин хусусиятҳояш фарқ мекунад. Зеро ин хусусиятҳои ба инсон хос дар ҳама мавридҳо одамиятро ҳамчун зару зевар ва либосҳои киматбаҳо оро медиҳанд. Инсоне, ки орӣ аз ин гуна хислатҳост бевосита дар шумори ғайри одамиён аст. Шарму ҳаё ҳадди эътидолест, ки инсониятро то як андоза дар чорчӯбаи муайян нигоҳ медорад, намегузорад ки беиффатона рафтор намояд, сухани беҷо гӯяд.

Мирзо Абдулқодири Бедил чун омӯзандаи хақиқати бузурги зиндагии ҷаҳону инсонофаранда қайд карда:

Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.

Бале, шарму ҳаё хислатҳои ҳамидаи ҳам занону ҳам мардон аст. Аз бадиҳо ҳазар ва аз носазоиҳо ор кунанд. Бо амали носазо намебояд даст зад. Аз пероҳани ҳаё мебояд пӯшид. Махсусан, занону духтаронро ҳаё, зебу зинат ва бузургӣ мебахшад. Бузурге гуфта: «Зани беҳаё ваҳшатнок аст, чун аждаҳо. Ин зан на лоиқи муҳаббат бувад на ҳурмат. Марди бономусу ор аз ин гуна зан мегурезад». Бо зани беҳаё ҳатто дӯстӣ намебояд. Ҳамеша аз касони беҳаё ҳазар бояд кард, то покизаву осоишта, баору номус ва бо иффати баланд зиндагӣ кард.

«Аз сӯҳбати нокасону беҳаёҳон бипарҳез! Бо саҳро сӯҳбат кун, бо дарё сӯҳбат кун, бо дунё сӯҳбат кун» -гуфта соҳибхираде. Инсони соҳиби ақлу заковати бузург ҳамеша мекӯшад, ки аз амалҳои бад дар парҳез бошад. Ҳар як кас бояд ба андозаи худ дӯст, ёвар, маслиҳатчӣ ва ёр интихоб намояд. Чун ҳамқадам сазовори ӯ набошад, набояд бо ӯ дустӣ варзид, то нодону зишту бадкору беҳаё нагардид. Зеро бузургон гуфтаанд:

Бад бошӣ аз он, ки бо бадон омезӣ,
Бо дег чу биншастӣ сияҳ бархезӣ.

Имрӯзҳо дар ҷомеа бисёр касонеро вомехӯрем, ки новобаста аз муҳит, шароит ва шахсияти хеш ба амалҳои нохубу зиёновар, аз қабили кӯчагардӣ, дуздӣ, куштор, истеъмоли ҳар гуна маводи нашъаовар ва монанди ин амалҳое, ки шахсияти инсонро поймол мегардонанд, даст мезананд. Ҳатто аксарияти ин гуна афрод занону духтарони маҳаллии тоҷиканд, ки нангу номус ва ори ин миллати бузурги башариро паст менамоянд. Албатта, ин гуна касон мардумони бехирадеанд, ки чӣ будани шарму ҳаё, иффату риёро намедонанд.

Албатта, нокасонеанд, ки на танҳо кӣ будани худ, балки бузургии миллату давлату қавми хешро намедонанд.

Хулоса шарму ҳаё нишонаҳои инсони бузургеанд, ки аз хираду маънавиёт, номусу виҷдон – иффату риё ва поктинатию покдоманӣ хабар доранд.
Бо вуҷуди ҳамаи гуфтаҳои боло наметавон бо насиҳат дар вуҷуди ҳамаи касони беҳаё бузургии ин хусусияти инсони асилро ҷо кард. Наметавон аз нокасе покизакирдоре офарид, агар аз рӯзи азал Худованди мутаол ӯро дар дилу тинаташ ин хислатҳои бузургро ҷой надод. Танҳо ва танҳо бояд аз онон дар канор буд:

Ҳаё бояд, ки дорад одамизод,
Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод!

2+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин