Шоири дўстдоштаи ман

Шоир андар синаи миллат чу дил,
Миллати бешоире анбори гил.

Шеър шоирасту шоир шеър. Ин ду вожа дар ҳолатҳои гуногун якдигарро иваз мекунанд. Яъне шоир шеърро ва шеър шоирро ба ёд меорад. Шоир офаридаи шеър буда аз калимаву ибора дар бунёди кохи назм замина мегузорад. Мардум нисбат ба шоир эҳтироми хоса дорад, зеро шеър дар раванди зиндагӣ ба инсон шодию сурур бахшида, дар фурсати андўҳ ба таскинии дил боис мегардад.

Ҳар шоири воҳид бо даричаи афкори хеш ба олами пурасрор нигариста, ба кашфи ин ё он маънии нав шарафёб мегардад. Аслан шоири аслиро на аз рўи андозаи ашъор, балки бо санъати гуфтор мешиносанд. Амир Хусрави Деҳлавӣ чунин гуфтааст.

Як сафҳаи пур аз шарораи шавқ,
Беҳтар зи дусад китоби безавқ.

Ҳар шахс вобаста ба низоми ақлу завқ шоири дўстдоштаи худро дорад. Аз ин рў, ман ба ашъори шоири бузурги тоҷик устод Лоиқ Шералӣ дилбастагии зиёд дорам. Маънии ҷовидонии ашъори мавсуф ба он боис гашт, ки ўро шоири дўстдоштаи хеш пиндорам.

Шеъри Лоиқ бо равони мисли дарё бо тароват боғи гулҳо, ва бо назокат ҳусни дунёст. Ашъори шоир бо фарогирии мавзӯҳои бекарона ва тоҷикона буда, ба инсон аз давлати шеъри воло шодиёна меорад. Лоиқ оламро бо диди фарохи шоирона нигариста, ба умқи ҳодисаву воқеа мерасад ва андешаашро бобаҳори сабзи хаёл оро дода ба хони маънавии хонандаи хушзавқ мегузорад.

Муҳимтарин паҳлуи эҷодии шоир он аст, ки офаридаҳояш моро ба худ шиносиву худгоҳӣ талқин мекунад. Махсусан «Модарнома» ва шеърҳои дар ситоиши модар сурудааш хеле мўъҷазиму самимӣ ва ҷолибу хотирмонанд. Модаре, ки Лоиқ тасвир мекунад на танҳо модари ў, балки модари кули мардуми оламаст.

Шоир модарро қиматтарин неъмати дунё ба қалам дода, дасти дуои ва роҳкушояндаи дари саодати инсон ва фатҳу кушоиши зиндагӣ арзёбӣ мекунад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар.
Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

Шоир таъкид мекунад, ки агар шўҳраташ ба фалак рассад ҳам назди модар саритаъзим фуруд меорад, зеро бори ранҷу азоби ўро дигар кас скашида наметовонад.

Ба назари тозаи устод Лоиқ дар ин дунёи фонӣ иҷрои амали нек ва аз хишти донишу хирад сохтани манораи ақл хеле гарон аст.
Ба рағми ин аз калла манора сохтан осон муясар мешавад:

Дунё ба мисоли бори ноҳинҷор аст,
Вазнаш ба дўши ҳар каси пурбор аст.
Аз қулла манорасозӣ осон дар он
Аз ақл манора сохтан душвор аст.

Бешубҳа, Шоири халқии Тоҷикистон Л. Шералӣ бо ашъори равон ва беназираш дар дили ҳазорон ҳаводорони каломи мавзункохии муҳаббати зиндагиро бунёд кардааст. Мардум дар ғаму шодии худ аз ашъори ин шоири бузург ва сер истифода мебаранд. Лоииқ Шералӣ шабеҳи кавкаб самои санъати баназири тоҷиконаро ҷилои тоза бахшида, тасалобахши дили ошиқону шоирон, бонувону ҷавонон ва кули мардуми олам аст. Халқи тоҷик бо номи ў итихор мекунад.

15+

1
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
1 Муаллифони тавзеҳҳо
Jamshed Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Jamshed
Меҳмон
Jamshed

ман мехохам дар бораи ин шоир зиёдтар маълумот гирам!!!