Бачагони аз ҷиҳати фикрӣ қафомонда

img_fik

Фикран қафомонӣ дар натиҷаи зарар дидани қишри майнаи мағзи сар ба вуҷуд меояд. Ин мафҳум шаклҳои зиёд ва гуногуни ғайримуқаррариро мутаҳид намуда, то ба дараҷаи зарурӣ инкишоф наёфтани ҷараёни чангакҳои асаби олиро дар назар дорад. Аз рӯи этиологӣ (соҳаи илмест, ки пайдоиши бемориҳоро меомӯзад ва барои паҳншавии онҳо роҳ намедиҳад) он дар навбати худ се намуд дорад: лоналӣ, пантогенезӣ ва клиникӣ. Пантогенезӣ пайдоишу инкишофи касалиҳо, давраи ба вуҷуд омадан, тарзи ҷараёнёбӣ ва пайдо кардани бемориҳоро дар бар мегирад.

Ба пайдоиши нуқсони аз ҷиҳати фикрӣ қафомонӣ, инчунин метавонанд, омилҳои номатлуб, ба монанди: пренаталӣ (нуқсоне, аснои инкишоф дар батни модр пайдо мешавад), наталӣ (нуқсоне, ки аснои таваллуд пайдо мешавад) ва баъди наталии эндо ва экзогенӣ сабаб шуда бошанд. Яъне бемориҳои хунуккашӣ, интоксинатсия (зарб хурдани мияи сар), нуқсонҳои генетикӣ, ё худ ирсӣ ва ғайраҳо сабаб мешаванд. Барои ҳамин ҳам зарар дидани қишри майнаи сарро дар ҳамаи давраҳои синнусол мушоҳида кардан мумкин аст.

Бачаҳои фикран қафомонда аз рўи бемориҳои клиникӣ якранг нестанд. Дар байни онҳо бачагони олигофреник (агар нуқсон то 2-3 солагӣ ба вуҷуд омада бошад) ё ноқисулақҳо (агар нуқсон дар давраи баъдтари инкишоф ба вуҷуд омада бошад) дида мешаванд.

Олигофрения — (аз юн. olygos – кам ва phren — фикр) гирифта шуда маънояш камақлӣ мебошад. Ин нуқсони устувору бебозгашти фаъолияти дарк намудан мебошад, ки дар натиҷаи зарар дидани қишри майнаи сар аз давраи бордоршавӣ сар карда то 2-3 солагӣ ба вуҷуд меояд. Ин истилоҳ соли 1915 аз ҷониби рўҳшиноси немис Крепалин Э. вориди илм карда шуда буд. Ӯ, инчунин аввалин маротиба ба кор карда баромадани проблемаи таносуби хасташавӣ, қобилияти корӣ ва бемориҳои асаб машғул гардида буд.

Ҳангоми олигофренӣ системаи олии асаб зарар мебинад, хусусан ҳаракати ҷараёни асаб, фаъолияти дохилии боздорӣ суст мегардад.

Аксар вақт мувозинати байни ҷараёнҳои баҳаяҷоноӣ ва боздорӣ аз байн меравад, яъне халалдор мегардад (яке аз онҳо бартарӣ пайдо мекунад), ки ин ба бефаъолиятии сусти алоқаи мувақати бурда мерасонад. Ин ҳолат дар натиҷаи зарар дидани қишри майнаи сар ба вуҷуд меояд. Ин хусусияти физиологӣ сабаби асосии тафаккури нодурусти бачагон – олигофреникҳо мегардад. Барои онҳо вуҷуд надоштани авҷёбии нуқсонҳои фикрӣ характернок мебошад. Ҳамаи ҳодисаҳои психикӣ мутлақо инкишоф наёфта, шаклҳои нокифояи тафаккури абстрактӣ ба назар мерасад. Нуқсони фикрӣ мумкин аст дар натиҷаи халалдор гардида раванди идрок, диққат, хотира, нутқ, ягон соҳаи ба ҳаяҷоноӣ, моторикҳо ва ҳоказо ба вуҷуд ояд.

Хусусияти хоси бачагони олигофренӣ аз он иборат аст, ки онҳо чизҳои дар рафти таълим аз худ кардаи худро дар шароити нав, бе ёрии дигарон татбиқ карда наметавонанд. Дар онҳо қобилияти барқароркунӣ ва дарки мувақатӣ, фазоӣ ва вобастагии сабабҳо дар натиҷаи аз лиҳози фикрӣ нокифоя инкишоф ёфтан ба назар меравад. Соҳаи эмотсионалӣ-иродавии онҳо чандон назаррас намебошад, яъне равшан зоҳир намегардад, омехтагии зуҳуроти мураккаби эҳсосотӣ ба назар мерасад.

Аз рӯи дараҷаи зуҳуроти нуқсон шаклҳои зерини олигофренӣ ба назар мерасанд: кундзеҳнӣ, нуқсони ҷиддии фикрӣ ва нуқсони ниҳоят ҷиддии фикри (дебилӣ, имбетсилӣ, идиотӣ). Агар шакли муракаби идиотӣ бошад, ин гурӯҳи бачагон ҳаёти вегетативӣ — беҳаракат ба сар мебаранд, нутқашон тамоман нофаҳмо буда, аксар вақт ба садо ва дод задан монанд аст.

Дибелӣ — (аз лот. debilos — суст) гирифта шудааст. Ин истилоҳ дар миёнаи асри ХIХ аз тарафи рӯҳшиноси фаронсавӣ Лезажем пешниҳод карда шудааст. Ин як намуди нуқсони (нисбат ба имбетсилӣ ва идиотӣ) сабуки дараҷаи олигофренӣ мебошад. Дар давраи ҳозира дараҷоти олигофренӣ дар асоси истифода бурдани тест аз рӯи методикаи Д. Векслер муайян карда мешавад. Ин гурўҳи кўдакон дар мактабҳои махсуси маълумоти коррексионӣ медодагӣ таҳсил мекунанд.

Агар нишонаҳои вазнини ақли нокифоя дар давраи аввали чорабиниҳои педагогии характери коррексионидошта ба назар нарасад корҳои пешгирии иҷтимоӣ-маданӣ нисбат ба бачагони дебил осон мебошад. Онҳо касбҳои душвор набударо аз худ мекунанд. Ин ба онҳо имконият медиҳад, ки ба ҷамъият мутобиқ шаванд ва ҳаёти мустақил ба сар баранд. Кундзеҳнҳо (дебилҳо) метавонанд дар соҳаҳои истеҳсолоти сабук, соҳаи хизматрасонӣ кор кунанд, вале агар чизи нав пешниҳод карда шавад, ё ягон такмиле дар кори онҳо ворид намудан тавсия карда шавад, онҳо аз уҳдаи он баромада наметавонанд. Баъзан дар онҳо қобилияти расмкашӣ ва сарояндагӣ дида мешавад. Аксарияти ин гурӯҳи бачагон зудбовар мебошанд. Бинобар ин, ба таъсироти манфӣ нисбатан ба осонӣ афтида, аз нишондодҳои қонун берун мебароянд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Ба ашхоси фикран қафомонда ҳамчун ба шахсони мӯътадил назар карда мешавад, яъне шахсоне, ки метавонанд рафтори худро дарк намоянд ва онро идора кунанд.

Имбетсилӣ — (аз лот. imbecillus — камтар) гирифта шудааст. Ин истилоҳ аз тарафи асабшиноси (психиатрии) франсуз Д.Бурневил дар охири асри ХIХ ворид карда шудааст. Ин намуди нуқсон — нуқсони нисбатан вазнини (албатта дар муқоиса бо дибелӣ) дараҷаи олигофренӣ ба шумор меравад. Ҳангоми он нуқсонҳои инкишофи психоҷисмонӣ равшан ба назар мерасад. Мумкин аст дар қишри майнаи сар нуқсон ба назар расад. Хусусан, нуқсони ҷиддӣ оил ба даркнамоӣ, хотира, тафаккур, функсияи коммуникативии нутқ, эмотсионалӣ-иродавӣ ва ғ. Чунин вазъ ба ин гурўҳи бачагон имкон намедиҳад, ки дар аксар мавридҳо, ҳатто дар мактабҳои маълумоти махсуси коррексионӣ медодагӣ, мактаб-интернатҳо таҳсил намоянд. Намуди асосии фаъолияти фикрии онҳо фаъолияти айёнӣ-амалӣ мебошад.

Захираи луғавии онҳо нисбат ба дебилҳо чӣ миқдоран ва чӣ сифатан хеле маҳдуд аст. Онҳо номи предметҳоеро, ки онҳоро иҳота карданд, нисбатан хуб аз худ менамоянд, инчунин он калимаҳо ва ифодаҳоеро, ки бисёр истифода карда мешаванд.

Қариб дар ҳамаи ин гурӯҳи бачагон нуқсонҳои нутқӣ ба назар мерасад, ба монанди: забонгирӣ, канда-канда гап задан, нодуруст талаффуз кардан ва ғ. Як қисми бачагон — имбетсилҳо метавонанд ҳаҷми он маҳорат ва малакаҳои муайянеро, ки дар барномаҳои махсуси таълимии барои онҳо тартиб додашударо аз худ намоянд. Дар ин барномаҳо дар бачагон ҳосил намудани унсурҳои малакаҳои хондан, навиштан ва ҳисоб карда тавонистан пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла навиштани ному насаби худ, санаи таваллуд, суроғаи хона ва матнҳое, ки аз 5-6 ҷумлаҳои оддӣ иборатанд, Инчунин ҷамъ ё кам намудани ададҳои арифметикиро дар доираи то 20. Вале амалҳои зарбу тақсим барои онҳо дастрас нестанд. Барнома инчунин аз худ намудани малакаҳои оддитарини меҳнатиро доир ба намудҳои меҳнати муқовасозӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳоро дар назар дорад. Ин ба имбетсилҳо имконият медиҳад, то дар устохонаҳои махсусе, ки дар назди хона-интернатҳову мактабҳо ташкил карда шудаанд, бомуваффақият кор кунанд.

Аз рўи ҳолати эҳсосотияшон имбетсилҳоро ба ду гурўҳ ҷудо кардан мумкин аст. Яъне бисёр ҳалим, гапдаробуда, дар сифатҳои нек бартарӣ дорад, ҳатто табъи хушҳолӣ. Гурўҳи дуюм бошад, бадқаҳр, зудранҷ мебошанд. Бачагон-имбетсилҳо дар хона-интернатҳои барои бачагони аз ҷиҳати инкишофи фикрӣ ниҳоят қафомонда, ки ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ итоат мекунанд, зиндагӣ ва таҳсил. Баъзеи онҳо дар синфҳои махсуси назди мактабӣ таҳсил мекунанд, ки дар онҷо аз рӯи шакли таълими ҳамгиро — интегратсия кардашуда кор бурда мешавад.

Идиотӣ – (аз лот. — idioteia – аблаҳии дараҷаи олӣ) гирифта шудааст. Ин истилоҳ дар ибтидои қарни Х1Х аз сӯи рӯҳшиноси франсуз Пинел Эскирол пешниҳод шудааст. Ин яке аз шаклҳои чуқури дараҷаи олигофренӣ мебошад. Ин нуқсон ба гурӯҳи нуқсонҳои рӯҳӣ ва ҷисмонии инкишоф тааллуқ дорад, яъне халалдор гардидани сохти косахонаи сар ё скелети одам. Аксарияти бачагони идиот худро нигоҳ дошта наметавонанд. Аз ҷумла идора карда натавонистани тарзи ҳаракат, ба ҳисоб гирифта натавонистани масофа, фазо ва ғ. Баъзан ин нуқсонҳо чунон вазнинанд, ки бачагонро маҷбур ба ҳаёти хобрафтагиро ба сар бурдан мекунанд. Нутқ метавонад бо садобарорӣ ифода ёбад, ё худ ифодаҳои норавшан дошта бошад, мисли ғур-ғур кардан. Дарки атроф барои эшон дастнорас аст. Малакаҳои худхизматрасонӣ дар онҳо ташаккул намеёбад.

Агар шакли идиотии сабук бошад, бача баъзе калимаҳо ва ҳатто баъзе ифодаҳоро талаффуз мекунад. Функсияи нутқиаш ниҳоят суст инкишоф меёбад ва маҳдуд мебошад. Мумкин аст, калимаҳои на он қадар зиёдро дар шакли нодуруст талаффуз кунад. Дарки таассурот бачагони гирифтори идиотизм ё вуҷуд надорад, ё ин ки ниҳоят баланд аст. Дар ҳолати дуюм идиотҳо ба ҳамаи таассуротҳои муҳити берунӣ эътибор медиҳанд, вале диққаташон ба ягонтои онҳо мутамарказ намешавад. Таассуроти эмотсионалӣ (эҳсосотӣ) танҳо бо ҳисси қаноатмандӣ ё қаноатманд набудан алоқаманд аст. ҳиссиётҳои мусбӣ ба воситаи садо баровардан ё фарёд задан ифода меёбад, эҳсосҳои манфӣ бошад, бо ҳаяҷони баланд, бо зуҳуроти агрессивӣ чӣ нисбат ба худаш ва чӣ нисбат ба атрофиён зоҳир мегардад.

Ин гурӯҳи бачагон ба назорат ва нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷ доранд ва бо ризогии падару модар ба муассисаҳои махсуси системаи таъминоти иҷтимоӣ — хона-интернатҳои бачагона барои бачаҳои нуқсони ҷиддии фикрӣ дошта фиристода мешаванд. Баъди 18-солагӣ ба интернатҳои махсус барои куҳнакасалҳо гузаронида мешаванд.

Деменция — (аз лот. dementia — беақлӣ, аз ақл бегона) гирифта шудааст. Ин бемории устувор буда, одатан табобатнаёбанда мебошад. Фаъолияти фикрии онҳо суст буда, бо халалдор гардидани хотира ва соҳаҳои эмотсионалӣ-иродавӣ алоқаманд мебошад, ки дар натиҷаи шамол хӯрдани мияи сар ва осеб дидани косахонаи сар ба вуҷуд омада, бо аломатҳои ЗКС (зарарбинии косахонаи сар) ишора карда мешавад. Ҳамин тавр, дементсия дар пайи зарар дидани майнаи сари мӯътадил ташаккулёфта дар синни 4-солагӣ ё баъдтар пайдо мешавад. Нуқсони фикрии пайдошуда, аксаран табобатнашаванда мебошад.

Шартан дементсияро ба ду намуд ҷудо кардан мумкин аст:

1. Дементсияи характери модарзодии аслӣ дошта, ки дар натиҷаи ЗКС, менингит, (илтиҳоби пардаҳои майна), энсефалит (омоси майна) ба вуҷуд меояд. Ин беморӣ характери пешнараванда дорад.

2. Деменцияи характери ҷорӣ дошта, ки дар натиҷаи маҷзубият (шизофрения) бемории саръ (эпилепсия), оташаки (сифилис) майнаи сар ба вуҷуд меояд. Ин беморӣ характери пешраванда дорад.

Деменция (беақлӣ) аз олигофрения (фикран қафомонӣ) бо он фарқ мекунад, ки он дар давраҳои нисбатан баъдтари инкишоф, яъне баъди 2-3 солагӣ ба вуҷуд омада, як шакли баъдтари фикран қафомонӣ мебошад.

Барои ҳамин ҳам то як давраи муайян кўдакони гирифтори нуқсони деменсия чун солимон инкишоф меёбанд ва ин имконият медиҳад, ки нуқсони аз худ кардашуда ҷуброн карда шавад. Ғайр аз ин, ҳангоми олигофренӣ ҷои зарар дида ба худ характери мутлақи ҳамаро фарогиранда қабул мекунад. Яъне ҳама унсурҳои фаъолияти психикӣ баробар халалдор мегарданд, вале ҳангоми олигофрении умумӣ тадриҷан раванди неки инкишоф ба назар мерасад, яъне вобаста ба гузашти синнусол вазъият беҳтар шудан мегирад. Ҳангоми намудҳои алоҳидаи дементӣ бошад, вазъият метавонад торафт бад шудан гирад.

Вазъияти клиникӣ ба синну соли кўдак, ба дараҷа ва паҳн шудани ҷароҳат ва характери нуқсон вобаста аст. Халалдоршавии ақл ҳангоми дементсия хусусияти хоси худро дорад. Бачагон метавонанд, дониши муайяне ҳосил намоянд, хусусан донишҳои дар давраи солимӣ азхуд кардаашонро нигоҳ доранд, вале онҳо қариб қобилияти истифода бурдани онҳоро надоранд, ба хусус дар натиҷаи халалдор гардидани баъзе протсессҳои психикӣ, ба монанди: идрок, диққат, хотира (аз ҳама бештар хотираи муввақатӣ зарар мебинад), инчунин тафаккур. Ҳини якдигарро иваз намуда истодани халалдоргардии хотира ва идрок ба фазо ва вақт сарфаҳм нарафтан мушоҳида мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо нокифоя будани назорати иродавӣ ба ноустувории эҳсосот бурда мерасонад, ки дар натиҷаи он рафтори ғазаболуд ба амал меояд.

Аз рўи ифодаи образноки психиатрии фаронсавӣ Э.Ш.Ласег (1816 — 1883) бачагони дементӣ, инҳо бачагоне мебошанд, ки босарват ба дунё омадаанд, аммо дар рафти ҳаёт онҳо қашоқ гардида, тамоми бойгарии маънавии хешро аз даст додаанд.

Бачагони олигофренӣ бошанд, аз рўи ақидаи ў бачаҳое мебошанд, ки аз давраи ба дунё омаданашон маънавиёти қашоқ дошта, аз лиҳози фикрӣ низ амбағал мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *