Бачагони инкишофи психикиашон боздошташуда

img_boz

Боздошташавии инкишофи психикӣ (БИП) – ин халалдор гардидани суръати инкишофи психикӣ мебошад. «Боздошташавӣ» — ин нишонаи мувақатан халалдор гардид аст. Яъне дараҷаи инкишофи психоҷисмонӣ мебошад, ки умуман ба синну соли кӯдак мувофиқат намекунад. Сабабҳои БИП метавонад гуногун бошад, аз ҷумла нуқсонҳои конститутсияи бачагон (мутаносибан қафомонии инкишофи организм), бемории ҷисмонӣ, зарар дидани системаи марказии асаб, вайрон шудани вазифаҳои ғизогирии минималии мағзи сар ва ғ. Ба сифати омили душвортарин шароитҳои иҷтимоӣ-маданӣ хизмат мекунад. Сабаби асосии БИП, аз рўи натиҷаҳои таҳқиқоти П.Улба метавонанд механизмҳои биологӣ бошанд, ба монанди: нуқсонҳои ғайримуқаррарӣ, таваллуди номӯътадил, дар солҳои аввали ҳаёт тез-тез ба бемориҳои ҷисмонӣ гирифтор шудани кўдак ва ғ. Ин омилҳо ба паст шудани мақоми инкишофи ҷисмонӣ ва тоб наовардани бачагон ба он бурда мерасонад. Ба онҳо имкон намедиҳад, ки онҳо сари вақт ҳаҷми иттилооте, ки ба синну соли онҳо мувофиқ аст, аз худ намоянд. Муносибатҳои гирду атроф нисбат ба кўдакон ва омилҳои иҷтимоӣ-маданӣ ҳам ба БИП сабаб шуда метавонад.

Ҳамаи намудҳои аз меъёр берун хусусияти дигаргуншавӣ, омезишёбӣ ва ё норавшан дар системаи асаби ин гурӯҳи бачагон ба вуҷуд омада характери мувақатӣ пайдо мекунанд.

Бачагони инкишофи психикиашон боздошташуда аз фикран қафомондаҳо бо он фарқ мекунанд, ки нуқсони фикрӣ метавонад баргардад, ё худ такрор ёбад. Дар замони кунунӣ принсипи ягонаи ба система даровардашудаи норасоиҳои фикрӣ вуҷуд надорад. Як гурўҳ муҳаққиқон (Власова Т.А., Лебединская К.С., Лубовский В.Ц., Певзнер М.С.) ду гурўҳ бачагони аз ҳама бештар БИП доштаро нишон додаанд:

1. Бачагоне, ки суръати инкишофи психоҷисмониашон халалдор гардидааст. БИП-и онҳо бо суст ташаккулёбии қисми пешонии қишри майнаи сар ва алоқаи он бо дигар соҳаҳои қишр ва зерқишр вобаста аст.

2. Бачагоне, ки функсияи фаъолияти психикиашон вайрон шудааст. Ҳолати шахшуда мондани майнаи сар ба назар мерасад, ки аксар вақт он дар натиҷаи осеб дидани косахоани сар ба вуҷуд меояд. Барои ин гурўҳи бачагон суст будани протсесҳои асосии асабӣ ва доимӣ набудани онҳо характернок мебошад.

Сабаби БИП ин якранг набудани халалдоргардии функсияҳои гуногуни психикӣ мебошад. Дар радифи ин чӣ тавре, ки Мастюкова Е.М. нишон додааст, тафаккури мантиқӣ мумкин аст, ки нисбат ба хотира, диққат ва ғ. бештар нигоҳ дошта шуда бошад. Қобилияти диққати худро ба нишонаҳои асосии объект муттамарказ карда натавонистан, характери интихоби доштани дарки ҳодисаҳои мушоҳидашаванда ҷиҳатҳои хоси фаъолияти психикии бачагони инкишофи психикиашон боздошташуда мебошад. Халалдор гардидани психика ва нокифоя будани фаъолияти ҳамгироии майнаи сар, тасаввуротҳои маҳдуд ва нопурра доштани ин гурӯҳи бачагонро олами иҳотакарда муайн мекунад. Ғайр аз ин, дар онҳо худҳаракатии ҷараёни психикӣ ба назар намерасад. Ин гурӯҳи бачагон қодиранд, ки на танҳо имдодрасониро қабул намояд ва истифода баранд, балки метавонанд малакаҳои фикрии ҳосил кардаашонро ба дигар вазъиятҳои ба ҳам монанд кӯчонанд. Бо ёрии бачагони калонсоли инкишофи психикиашон боздошташуда имконият доранд, ки супоришҳои фикрии ба онҳо супорида шудаи ба имконоташон наздик бударо, гарчӣ бо суръати сустар ҳам бошад, иҷро намоянд. Зоҳирёбии фаъолияти даркнамоӣ ҳангоми иҷрои супориш ва дар рафти фаъолияти ҳаррўза ба назар намерасад. Ба низом даровардани фаъолияти ихтиёрӣ суст буда, сафарбарии он ғайрикифоя ва функсияи назоратиашон ташаккулнаёфта мебошад. Бачагони инкишофи психикиашон боздошташуда, одатан бо эмотсияҳои ноустувори худ ба коллективи бачагон бо душворӣ мутобиқ мешаванд. Барои онҳо тез ивазшавии табъашон ва монда нашудан хос мебошад. Онҳо дорои шаклҳои гуногуни психоҷисмонии инфантилизми бачагона мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *