Бачагони нуқсонҳои сенсорӣ ва муҳаррикӣ дошта

img_sen

Бачагони нуқcони муҳаррикӣ (ҳаракаткунӣ) дошта ба ношунаво ва шунавоиашон суст, ба нобино ва биноиашон суст ҷудо мешаванд. Ба қадри кофӣ инкишоф наёфтани узви сомеа ё босира кўдакро аз муҳимтарин сарчашмаҳои иттилоот маҳрум месозад, ки ин сабаби на танҳо аз ҷиҳати психикӣ, балки ҷисмонӣ ҳам қафомонии кӯдак мегардад.

Зуҳуроти қафомонӣ аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи суст ё вазнин вазнин пайдо шудани нуқсон ва ба давраи ба вуҷуд омадани нуқсонҳои сенсорӣ ва муҳарикӣ, инчунин ба кай оғоз ёфтани корҳои махсуси ислоҳӣ (коррексионӣ) вобаста аст.

1. Кӯдакони нуқсони шунавоӣ дошта. Сабаби асосии дар инкишофи фикрӣ қафомонии кўдаки нуқсони шунавоӣ дошта ин халалдор гардидани инкишофи нутқӣ мебошад. Чунки худ аз худ маълум аст, ки кӯдак дар натиҷаи садои нутқи худ ва сухани атрофиёнро нашунидан ба онҳо низ тақлид карда наметавонад. Характери нуқсонҳои нутқӣ бевосита ба дараҷаи нуқсони шунавоӣ ва замони ба вуҷуд омадани он вобаста аст. Аз ҷумла Л.С.Виготский қайд намуда буд, ки « … ҷубронкунӣ ва камолёбӣ дар натиҷаи инкишофи мадании кўдакони ношунаво ба вуҷуд меояд. Бадбахтии кўдакони кару гунг, аз он ҷумла бадбахтӣ дар роҳи инкишофи диққати онҳо, на ба он вобаста аст, ки бархилофи бачагони нуқсони муқаррарӣ дошта ин нуқсон ба ӯ табиатан дода шудааст, балки бинобар аз лиҳози маданӣ рушд наёфтани эшон ба вуҷуд омадааст».

Аз ҷиҳати иҷтимоӣ-маданӣ ба нуқсони шунавоӣ мутобиқшавии бачагон аксаран (то 40%) дар натиҷаи вайроншавии эҳсосот ва рафтор ба вуҷуд меояд. Чунки дар рафти он эҳсосот мураккаб гардида, ин нуқсонҳо бори дуюм аз ҳисоби таназули ёфтани муҳаррикҳо ва раванди иҷтимоишавӣ ба вуҷуд меоянд ва вобаста ба шароитҳои тарбияи кўдак чӣ дар оила ва чӣ дар муассисаҳои томактабӣ ташаккул меёбанд. Ин гурўҳи бачагон аксар вакт роҳи канораҷўиро пеш гирифта, бо ҳамон гурўҳи бачагоне муошират кардан мехоҳанд, ки мисли худашон бошанд. Зеро ба асари ошкор гардидани нуқсонҳояшон онҳо андӯҳгин мешаванд. Нутқи онҳо вобаста ба нуқсонҳои миқдорӣ ва сифатӣ фарк мекунанд.

Аксар вақт нуқсонҳои овозӣ — ҳарфиии таркиби калима ба назар мерасад. Чунончӣ, баъзе овозҳоро кўдак фаҳмида наметавонад, чунки ӯ танҳо қисми калимаро равшан мешунаваду халос. Дар натиҷа гўшаш бандак ва охири калимаҳоро нодуруст гурўҳбандӣ мекунад. Чӣ тавре, ки Н.Д.Шматко қайд намудааст, кӯдак калимаро нодуруст мешунавад, нодуруст онро дар хотир нигоҳ медорад ва нодуруст талаффуз менамояд. Ҳамаи ин зарурияти аз синни хеле барвақт ба роҳ модани корҳои сурдопедагогиро талаб мекунад.

2. Бачагони нуқсони биноӣ дошта. Дараҷаи қафомонӣ дар инкишофи психикии ин гурўҳи бачагон ба пайдоиши (этиология) нуқсон, дараҷаи нуқсон ва давраи ба вуҷуд омадани нуқсони биноӣ, инчунин аз сари вақт ба роҳ мондани корҳои коррексионӣ (ислоҳкунӣ) вобаста аст. Хусусияти инкишофи психикии бачагони нобино ва биноияшон заиф ба суст будани тафаккури абстракттӣ-мантиқии онҳо, ба маҳдуд будани доираи дониши умумӣ ва ғайриконкретӣ вобаста аст. Барои онҳо маҳдуд будани доираи дониш ва тасаввуроти дар бораи муҳити атроф ва бартарӣ доштани дониши умумӣ ва ғайриконкретӣ хос аст. Ба эшон, инчунин таҷрибаи ҳиссии камҳаҷм, захираи луғавии формалӣ ва нокифоя будани фаҳмиши аниқ роҷеъ ба кадом ашё тааллуқ доштани калима характернок мебошад. Нуқсони биноӣ инкишофи маҳорати муҳаррикҳоро оид ба дарки фазо боз медорад ва нокифоя будани фаъолнокии моторикҳои кўдакон боиси камҳаракатии умумии онҳо мегардад. Ин гурўҳи бачагон ба ақидаи Н.Д.Шматко, агар ба шарте, ки атрофиён аз нуқсони онҳо огоҳ гарданд, аксар вақт кӯшиш менамояд, ки нуқсони худро пинҳон доранд, ё рад намоянд. Чунки дар ин ҳолат онҳо дар вазъияти ноқулай мемонанд. Барои ёрӣ пурсидан шарм медоранд. Онҳо нисбат ба танқид ниҳоят пурэҳсос мебошанд ва ин ба онҳо таъсири сахт мерасонад. Яъне танқид онҳоро абгор мекунад. Агар нуқсони биноӣ вазнин бошад, ҳаракатҳои нохуш ба назар расиданаш мумкин аст. Бачагон ба чашмони фишор меоваранд, то ки равшаниро эҳсос намоянд. Ба ин умед мебанданд. Садои ғайримуқаррарӣ мебароранд.

3. Бачагони нуқсони аппарати такяву ҳаракатдошта. Се гурўҳи ин типпи бачагон нишон дода шудааст, ки онҳо ҳаракатҳои ихтиёриро ё иҷро карда наметавонанд ва ё аснои иҷрои онҳо душворӣ мекашанд. Ба гурўҳи якум кўдаконе дохил мешаванд, ки дар онҳо зуҳуроти фалаҷи ғайримарказии боқимонда, фалаҷи ҷузъии нуқсонҳои аз каф ё банд ҷудошуда ва зуҳуроти шакли сабуки каҷшавии сутунмуҳра ба назар мерасанд. Ба гурўҳи дуюм, бачагоне дохил мешаванд, ки гирифтори бемориҳои гуногуни каҷшавии сутунмӯҳра, дасту пой ва ғ. гардидаанд. Ин нуқсон асосан дар натиҷаи аввалин маротиба халалдор гардидани системаи устухону мушакҳо ба вуҷуд меояд, вале дар ин ҳолат механизмҳои ҳаракаткунандаи марказӣ ва системаи асабҳои гирду атроф нигоҳ дошта мешаванд. Ба ин гурӯҳ, инчунин бачаҳое низ дохил мешаванд, ки гирифтори шакли вазнини каҷшавии сутунмӯҳра сколиоз мебошанд.

Гурўҳи махсусро бачагоне ташкил мекунанд, ки гирифтори шалшавӣ (полиомиелит ва варами ҳаромағз, ё худ майна) мебошанд. Ба ин гурўҳи бачагон бачаҳое дохил мешаванд, ки аппарати такяву ҳаракатии онҳо ё ба нуқсонҳои инкишоф вобастаанд ва ё механизмҳои муҳаррикии системаи марказии асабашон зарар дидаанд.

Асоси фалаҷи майнаи сар (ФМС) – и бачагонаро дар синни барвақт зарар дидани майнаи сар ташкил мекунад. Одатан 50% ҳангоми дар батни модар будан зарар дидан ё инкишоф наёфтани майнаи сар, инчунин дар натиҷаи гирифтори бемории эндокрении сироятӣ ва ба бемориҳои куҳна гирифтор будани модар, мувофиқат накардани хуни модар ва ҷанин бо омилҳои махсус, характеристикаи сироятнопазирӣ ва дигарҳо ташкил мекунанд, Инчунин осеб бардоштани навзод ҳангоми таваллуд, баъзан омоси майна ва ҳоказо сабаб шуда метавонанд. ФМС одатан бемории авлодӣ (модарзодӣ) ба шумор меравад.
Асоси ФМС-ро халалдор гардидани муҳарикҳое ташкил мекунанд, ки онҳоро монопарез ё моноплегия меноманд, яъне дар охири ягон даст ё пой, ё дар охири болои ҳарду дасту пой (парапарез ё параплегия — парези ҷуфт) ва ё дар як паҳлӯи бадан (гемипарез ва ё гемиплегия), дар ҳама паҳлӯҳои бадан (тетрапарез ё тетраплегия — фалаҷи чаҳор ҷузъ), ба вуҷуд меояд. Як намуди клиникии ФМС-и бачагонаро шоридани оби даҳон ташкил мекунад. Умуман, он ба ҳангоми нуқсонҳо пайдо мешавад. Мураккаб будани инкишофи умумии бачагони ба ФМС гирифторбуда дар равшан зоҳир гардидани нуқсони идоракунии кори ҳаракаткунандаҳо ба назар мерасад, ки онро асинергия меноманд. Асинергия – аз лот. а — инкор, sin — ба ҷои ва ergan – кор гирифта шуда, ба маънои ба ҷои кор истифода мешавад.

Инкишофи психикии бачагони ФМС доштаро хусусиятҳои ба худ хоси психикӣ ташкил мекунанд, ки он ё дар натиҷаи зарар дидани ягон таркиби ФМС бачагон, ё ягон ҳаракаткунандаи мустақил ба вуҷуд омадааст. Тарафи дуюм характери ноҳамвор доштан инкишофи функсияҳои асаби олӣ, аз ҷумла тафаккурро дар бар мегирад. Ҳангоми баъзе шаклҳои беморӣ, нобаробарӣ байни дараҷаи қаноатбахшии умумии ташаккули тафаккури абстрактӣ-мантиқӣ ва нарасидани тасаввуроти фазоӣ ба назар мерасад, ки минбаъд боиси душвор гардидани раванди азхудкунии бачагон мегардад. Чунончӣ, ҳини ҳисоб кардани ададҳо, бисёр вақт халалдор гардидани қобилияти фикрӣ ба назар мерасад. Дараҷаи инкишофи ақлӣ ба таври васеъ дар байни инкишофи мӯътадили ақлӣ (10 наздики 110) то ба дараҷаи аз рўи сохт гуногун ва шакли намоён доштани олигофрениро (то 10-20) ифода мекунад. Аксарияти бачагони ФМС доштаро ҷиҳати хоси боз доштани инкишофи психикӣ (70%) ташкил мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо меъёри он аз 10% то 20% мерасад. Ин гурӯҳи бачагон ниҳоят дилозору пурэҳсосанд, чунки дар онҳо халалдор гардидани рафтори эмотсионалӣ ва шахсӣ ба назар мерасад.

Аз меъёр берун баромадани инкишофи психикӣ дар аксари мавридҳо ба нокифоя будани фаъолияти амалӣ вобаста мебошад, аз ҷумла ба фаъолияти бозӣ ва таҷрибаи маданӣ-иҷтимоии бачагони ФМС дошта ва инчунин имконпазир набудани ба амал баровардани робита (коммуникатсия) бо одамони гирду атроф. Зиёда аз нисфи бачагон дорои халалдор будани нутқ мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *