Бачагони нуқсони нутқидошта

img_nut

Ин гурўҳи бачагон ниҳоят гуногунанд. Онҳоро як чиз муттаҳид менамояд: нутқи устувори бесистема, ки дар пайи зарар дидани ҳамаи паҳлӯҳои нутқ, ба монанди: нутқи фонетикӣ-фонематикӣ, лексиокӣ ва грамматикӣ ба вуҷуд омадааст. Ин кори бачагонро барои азхуд намудани дониш, ташаккули малакаҳои хондан ва навиштан душвор мегардонад. Ба ин зарари таркибӣ дидани сарҳади нутқии қишри нимкураи калони мағзи сар дар марҳилаҳои гуногуни сабаб шудааст. Ба ин гурўҳ пеш аз ҳама бачагоне дохил мешаванд, ки нуқсони ҷиддии нутқи шифоҳӣ доранд.

Алалия – (аз юн. пешоянди «а» — ба маънии инкор ва lalia – нутқ) гирифта шуда, маънояш дар ҳолати нигоҳ дошта шудани узвҳои шунавоӣ инкишоф наёфтани нутқ ва фикр мебошад. Ба ибораи дигар алалия ин бо система инкишоф наётани нутқро, ки ҳангоми он ҳамаи унсурҳои нутқ: аз ҷиҳати фонетикӣ, фонементикӣ, лексикӣ ва грамматикӣ зарар мебинад. Ду намуди алалия ба назар мерасад: муҳарикӣ ва сенсорӣ. Алалияи муҳарикӣ дар натиҷаи халдалдор гардидани таҳлилкунандаҳои нутқии ҳаракаткунанда дар қишри майнаи сар (маркази Брока) ба вуҷуд меояд. Ҳангоми алалияи сенсорӣ бошад, бачагон нутқи ба онҳо равона кардашударо дар натиҷаи халалдор гардидани кори таҳлилкунандаҳои нутқи шунавоӣ дар маркази Вернике дарк карда наметавонанд.

Афазия – (аз юн. пешоянди «а» — ба маънии инкор ва phasis — изҳоркунӣ) гирифта шуда, пурра ё қисман гум кардани нутқи ташаккулёфта мебошад, ки дар натиҷаи васеъ зарар дидани қишри майнаи сар пайдо мешавад. Дар натиҷаи он одам ҳатто дар ҳолати нигоҳ дошта шудани функсияҳои аппарати тарзи талаффуз ва шунавоӣ аз воситаҳои нутқи истифода бурда наметавонад. Ба он зарари дидани таркиби нутқии қишри майнаи сар сабаб мешавад, ки он дар натиҷаи аз сар гузарондани беморӣ ё зарба дидан ва ё пайдо шудани омосҳо, ҳолатҳои шамолхўрӣ (хунуккашӣ) ба вуҷуд меояд. Ду шакли асосии афазия нишон дода шудааст: муҳарикӣ ва сенсорӣ.

Дизартрия – (аз юн. dis – пайвандаки инкорӣ ва аnthron — аз ҳам ҷудокунӣ) гирифта шуда, халалдор гардидани тарзи талаффузи нутқро дар назар дорад, ки дар натиҷаи нокифоя будани ҳаракатҳои мушакҳои аппарати нутқӣ ба вуҷуд меояд. Дизартрия дар натиҷаи зарар дидан ё халалдор гардидани паҳлӯҳои гуногуни системаи марказии асаб пайдо мешавад. Ҳангоми ин нуқсон норавшан талаффуз намудани баъзе овозҳо, нутқи канда-канда ба назар мерасад. Дараҷаи ниҳоят намоёни дизартрия — анартрия мебошад.

Анартирия — (аз юн. anantros — норавшан сухан гуфтан) гирифта шудааст. Дар пайи ин нуқсон калимаҳо на ҷудо-ҷудо, балки яклухт талаффуз карда намешавад. Дарнатиҷаи ин нуқсон аз қобилияти овозбарорӣ сар карда то пурра гумм кардан қобилияти сухан гуфтан ба назар мерасад. Лекин дарк намудани нутқ ва хат халалдор намегардад. Анартрия дар натиҷаи халалдор гардидани кори аппарати узвҳои нотиқа, ба монанди мушакҳои асаб ба вуҷуд меояд.

Сақавӣ, ё худ лакнатзабонӣ дар пайи халалдор гардидани функсияи нутқи коммуникативӣ ба вуҷуд меояд. Хусусиятҳои хоси онро суръат — ҳаракатҳои мавзун ташкил мекунанд, ба монанди ғайриихтиёрӣ будани ҳолати мушакҳои аппарати нутқӣ. Аз ҷумла Левина Р.Е., Миронова С.А., Селиверстов В.И., Чевелёва Н.А., Ястребова А.В. дар ҳамин ақидаанд. Баъзан забонгирии ғайриихтиёрӣ ҳангоми такрор намудани овозҳо ва ҳиҷоҳои алоҳида мушоҳида мегардад.

Одатан лакнатзабонӣ дар давраи васеъ ташаккул ёфтани нутқ ба вуҷуд меояд, хусусан дар давраи аз 2 то 5-солагӣ. Бештар дар бачагоне, ки тез ва ба осонӣ ба ҳаяҷон меоянд. Се шакли он ба назар мерасад: а) лакнатзабонии моилшаванда, яъне ҳамон як овозҳо ё ҳиҷои алоҳидаро якчанд маротиба паиҳам такрор намудан, ки дар натиҷаи ларзиши кӯтоҳмуддату кашиш ёфтани мушакҳо ба вуҷуд меояд; б) лакнатзабонии ҷонноктар, ки бар асари кашиши пурқувват ва дурударози мушакҳои аппарати талафузӣ ба вуҷуд омада, сабаби боз доштани нутқ мегардад; в) шакли омехтаи лакнатзабонӣ.

Ринолалия — (аз юн. rhinos — бинӣ ва lalia – нутқ) гирифта шуда, маънояш бо бинӣ гап задан мебошад. Одатан миёни мардум ин гуна бачагонро фингӣ мегўянд, яъне фингизабон – ин халалдор гардидани садо ва талаффузи овозҳо мебошад, ки дар натиҷаи нуқсонҳои анатомӣ-физиологии аппарати нуткӣ ва халалдор гардидани иштироки мӯътадили ковокии бинӣ ҳангоми овозбарорӣ ба вуҷуд меояд. Дар ҳавои нарм ва ҳавои шахшӯл овоз, на танҳо ба воситаи даҳон (ҳалқ), балки ба воситаи ковокии бинӣ ҳам мебарояд. Садои нутқ аз ҳад зиёд туфайли бинӣ мебарояд. Нутқ он қадар равшан садо надода, якранг мебошад. Ин шакли ринолалия шакли кушода номида мешавад. Он аз шакли пӯшида ба он фарқ мекунад, ки шакли пӯшида ҳангоми халалдор гардидани садои мӯътадил ба воситаи сӯрохии бинӣ ҳангоми каҷшавии деворҳои бинӣ, пайдо шудани омос ва шамолхўрии дурударози болои ҳалқ ба вуҷуд меояд.

Халалдор гардидани нутқи хаттӣ тибқи нишондоди Л.С.Волкова ба ду гурўҳ ҷудо мешавад, ин вобаста аст, ба он, ки кадом намуди он халал ёфтааст: якум – продуктивӣ, яъне халалдор гардидани худи хат ва дуюм — ретсептивӣ, яъне як намуди халалдор гардидани тарзи хондан.

Дисграфия — (аз юн. dis — халалдор гардидан, grapho – менависам) гирифта шуда, маънояш халал ёфтани ҷиҳати хоси раванди хат мебошад. Он бар асари ноустувории образҳои фазоӣ, ғалат фаҳмидани овозҳои ҳиҷои ҳайати калимаҳо ва сохти ҷумлаҳо ба вуҷуд меояд. Дисграфия асосан дар натиҷаи инкишоф наёфтани нутқи шифоҳӣ ба вуҷуд меояд. Аз ҷумла паст будани сифати фонематикии шунавоӣ ва камбудиҳои тарзи талаффуз, ки барои дуруст аз худ намудани таркиби овозҳои калима халал мерасонад. Аз ҳама дараҷаи вазнини ин намуди халалдоргардӣ — аграфия мебошад, яъне бобати ҳосил кардани малакаҳои хатнависӣ қодир набудан.

Дислексия — (аз юн. dis — халалдор гардидан ва leco — мехонам) гирифта шудааст, ки маънояш ин халалдор гардидани тарзи хондан мебошад. Дислексия дар натиҷаи зарар дидан ё инкишоф наёфтани қисми нутқии системаи марказии асаб ба вуҷуд меояд. Дар натиҷаи он аз худ намудани ҳарфҳо, аз онҳо ҳиҷо тартиб додан ва аз ҳиҷоҳо калима мураттаб сохтан душворӣ ба миён меорад, ки сабаби суст хондан, тахминӣ хондан, нодуруст талаффуз намудани шакли овозҳои калима ва нодуруст фаҳмидани матни оддӣ мегардад. Дараҷаи вазнини ин тарзи халалдоргардиро — алексия меноманд, ки маънояш барои аз худ намудани малакаҳои хондан қобилият надоштан мебошад.

Ба аз меъёр берун баромадани инкишофи нутқ дар аксари мавридҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ-педагогӣ ба ҳоли худ гузоштани бачагон, мисоли ба эътибор нагирифтани рушди ҷараёни фикрӣ ва боз доштани инкишофи психикии онҳо сабаб мешаванд. Хусусиятҳои хоси инкишофи психикии бачагони шакли вазнини нутқи халалдоргардида доштаро инҳо ташкил мекунанд: пурра ташаккул наёфтани соҳаҳои эмотсионалӣ-иродавӣ, паст будани қобилияти корӣ ва баъзан боздории ҳаракатдиҳандаҳо.

Аз ҳама нуқсони ҷиддии фаъолияти психикӣ, ки дар натиҷаи ин ва ё он нуқсонҳои фикрӣ ба вуҷуд меояд, ба охири синни томактабӣ рост меояд. Дар кўдакони захираи маҳдуди дониш ва тасаввуротҳо дар бораи атроф дошта нокифоя будани луғати фаъол, бартарӣ доштани калимаҳои ба мавзўъҳои ҳаррўзаи маишӣ бахшидашуда мушоҳида мегардад. Дар ин тоифаи бачагон тафаккури айёнӣ-амалӣ ва айёнӣ-образӣ нибат ба бачаҳои тафаккури калимагӣ-мантиқӣ дошта хеле бартарӣ дорад. Бинобар ин, ҳар қадар кўдак хурд бошад, ба ҳамон андоза ў бештар тасаввуротҳои айёниро нигоҳ медорад. Ноқисии фикрии ў дар зери нуқсонҳои нутқиаш пинҳон мемонад.

Аксари нуқсонҳои нутқӣ ба зуҳуротҳои асабӣ ва психикиву психопатологӣ вобаста аст. Ин нишонаҳои боз доштани ташаккули пурраи системаи марказии асаб ва зарари норавшан дидани баъзе қисмҳои сохти майнаи сар мебошад. Яъне мавҷуд будани маҷмўи нуқсонҳои омоси майнаи сар. Он дар натиҷаи бештар хароб гардидани асаб (психика), тез ба фаъолияти гуногун банд шудан, паст будани қобилияти корӣ, бедоршавии ғайрифаъол, зудранҷӣ, боз дошта шудани кори муҳаррикҳо, ноустувории эҳсосотӣ, халалдор гардидани функсияи диққат ва хотира ва ғайра пайдо мешавад. Ин гурўҳи кўдакон бо чунин хусусиятҳо, ба монанди: нокифоя будани фаъолияти психикӣ ва коммуникативӣ, суст будани устувории диққат, пурқувватии боздорӣ, майл доштан ба негативизм ва ғ. фарқ мекунанд. Онҳо аз иҷрои супоришҳое, ки аз онҳо кори ҷиддии фикриро талаб мекунанд, саркашӣ менамоянд.

Дар баъзе бачаҳои лакнатзабон халалдоргардии ҳаракаткуниҳо, мувозинат ва идора намудани ҳаракат ба назар мерасад. Нуқсонҳои инкишофи нутқӣ метавонанд якдигарро иваз намоянд, яъне як шакл шакли дигарро.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *