Бачагони нуқсони рафтор ва муошират дошта

img_raf

1. Бачагони нуқсони рафтордошта. Аз рўи ақидаи Л.С.Выготский дар бачагони аз ҷиҳати фикрӣ қафомонда дар натиҷаи мувофиқат накардани шароити зиндагӣ ва таълиму тарбия рафтори нодуруст ба вуҷуд меояд, яъне рафторашон халалдор мегардад. Аз ҳама равшантар ин дар синни наврасӣ ба назар мерасад. Чунки он назар ба давраҳои дигар, чӣ аз ҷиҳати биологӣ ва чӣ аз ҷиҳати иҷтимоӣ-маданӣ барои таъсири бад расондан хатарнок мебошад.

Аз рӯи ақидаи К.С.Лебединский сохти клиникӣ-психологии рафтори нодурусти наврасон -олигофренҳоро ба ду гурўҳи нуқсони асабӣ-психопатологӣ ҷудо кардан мумкин аст: I. Заъфи дил – асабонии ошуфтахотирӣ; II. Заъфи дил – рафтори асабонии нуқсоннок, ки дар натиҷаи он дар бачагон инҳо бартарӣ пайдо мекунанд: а) ноустувории эҳсосӣ-иродавӣ, б) ошуфтаҳолии пуризтироб, в) моилшавии ғайримуқаррарӣ.

Асабонии ошуфтаҳолона, ки аксар вақт ба аз тарафи бачагон эҳсос намудани норасоии ақлии худ вобаста аст. Инро, яъне норасоии ақлии худро наврасон аз ҳад зиёд аламовар ва адӯҳгинонда эҳсос мекунанд. Онҳо ба қувваи худ боварӣ надоранд. Нокомиҳои худро аз андоза зиёд нишон додани мешаванд, аз ҷумла нуқсонҳои зоҳирии худро ба монанди коҷчашмӣ, ҳаракатҳои ноустуворона ва ғ. Дар ин ҳолат шаклҳои гуногуни тарсу ҳарос ба вуҷуд омаданаш мумкин аст, мисоли, аз торикӣ ҳаросидан. Баъзе рафторҳои онҳо характери ғайримуқаррарӣ пайдо мекунад, ба монанди: ба дарсҳо ҳозир нашудан, кӯшишҳои сарсону саргардон гаштан ва дигарҳо. Аксар вақт онҳо ин амалҳои худро амали худмуҳофизатӣ ҳисоб мекунанд. Дар натиҷа маҳсулнокии фаъолияти таълимиашон паст фаромадан мегирад.

Асабоният аз заъфи дил, ба монанди бемориҳои асаб наврасонро, на танҳо ба вайрон кардани интизоми мактабӣ, зоҳир намудани ҳаракатҳои аз андоза берун, тезасабонишавӣ, чоҳиливу ракобат, ба дарсҳо иштирок накардан, балки ба содири рафторҳои номатлуб, ба монанди майзадагӣ, нашъамандӣ, фоҳишагӣ ва ғ бурда мерасонанд.

Шавқу ҳаваси дониш азхудкуниашон аксар вақт паст мешавад. Ноустувории эмотсионалӣ-иродавӣ ба назар мерасад, ақибмонии инкишофи организм равшан мушоҳида мегардад, бепарвоӣ низ ба чашм мехӯрад, ҳамчунин фаъолнокӣ дар муомила ба одамон дида мешавад, ки баъзан ин амали онҳо ба худ равияи аҷибу тааҷубовар ва пурталотум қабул мекунад. Сабаби асосии ин гуна рафтор кардани онҳо аз он иборат аст, ки мехоҳанд аз ин амалҳои хеш кайфият баранд. Бачагон аз иҷрои супоришҳое, ки саъю талошро талаб мекунанд, даст мекашанд, дар кадом намуди фаъолияте, ки набошад, бесабрӣ, серҳаракатӣ зоҳир мекунанд, ки дар натиҷа зуд-зуд фаъолияти худро тағйир дода меистанд, тез меранҷанд. Ин гуна амалҳо аксаран боиси ба фаъолияти нодуруст машғул гардидани наврасон мешавад.

Изтироби пурҳаяҷон дар муҳаррикҳои боздошташуда боиси ба вуҷуд омадани ҷоҳилии наврасон мегардад. Бо баҳонаи ночизе наврасони олигофренӣ метавонанд ҷангу хархаша барангезанд, ба сўи муаллим ручкаву дафтари худро ҳаво диҳанд, китобро пора-пора кунанд, суханҳои қабеҳ гўянд. Дар онҳо худдўстдории тезу тунд ба назар мерасад, тобу тоқати танқидро надоранд, нисбат ба обрўи калонсолон муносибати манфӣ доранд.

Дар онҳо шуғли нодуруст, пеш аз ҳама алоқаҳои ҷинсии бетартибона ва аз андоза зиёд ба назар мерасад. Тамоми ҳаёт мумкин аст, ки онҳо тобеи ин шуғл гарданд.

Аксари инҳо бачаҳое мебошанд, ки ба ҳаёти оворагардӣ одат кардаанд ва дар рафти он ба алоқаҳои ҷинсии бетартибона, истеъмоли маводи мадҳушкунандаву машруботи спиртӣ, майдадуздиҳо машғул мешаванд. Аз шаҳр ба шаҳре рафтан характери бемақсадона ва бартараф нашавандаи онҳо мегардад.

Дар халалдор намудани рафтори ин гурўҳи наврасони-олигофренӣ норасоии ақлии онҳо сабаб мешавад, ба ҳар як ваъдаи одамон бовар карда ҳамроҳи одамони ношинос ба шаҳр ба шаҳре сафар мекунанд, чизҳои дуздидаашонро бо арзиши ночиз мефурушанд ва ё иваз мекунанд; бо сабаби вазъиятро ба назар нагирифта ҳангоми дуздӣ тез ба даст меафтанд.

2. Бачагоне, ки нуқсони муошират доранд. Бачагоне, ки нуқсони муоширати халалдоргардида доранд, аз рӯи нишондоди Н.С.Лебединская мумкин аст нуқсонҳои рафтори онҳо бо сабабҳои гуногун ба вуҷуд омада бошад:

а) бо сабаби қафомонии фикрӣ;
б) бо сабаби халалдор гардидани асаб, ки дар натиҷаи зарба хӯрдани системаи асаб пайдо шудааст ва дар пайи он кўдак тарсончак мешавад. Ҳатто аз муошират ҳам худдорӣ мекунад, то ки ногаҳон зарбахӯрӣ такрор наёбад;
в) халалдор гардидани системаи асаб, ки боиси ба вуҷуд омадани нуқсони нутқӣ ё шунавоӣ гардидааст;
г) мавҷуд будани шакли вазнини таназули асаб, ки дар натиҷаи шароити нодурусти тарбия ва зиндагӣ пеши роҳи инкишофи психикии инсонро мегирад.

Дар тамоми ашколи нуқсонҳои муоширати дар боло номбар гардида характери дуюм бор такрор ёфтан ба назар мерасад. Онҳо ҳангоми ислоҳи нуқсонҳои асабӣ хеле кам мешаванд ва ё ҳангоми ислоҳи нуқсони асосӣ аз байн мераванд. Ба монанди аз ҷиҳати фикрӣ қафомонӣ, нуқсонҳои нутқӣ, ё шунавоӣ ва ё ба воситаи имконоти якранги мақсадноки таълимии бачагон.

Вале ба ҳар ҳол аз меъёр берун баромадани инкишофи психикӣ ба назар мерасад, ки дар натиҷаи он нуқсони муошират дар тамоми соҳаҳои инкишоф ва рафтори бача афзалият пайдо мекунад. Сухан дар хусуси аутизм меравад. Аутизм – аз юн. autose — худ гирифта шуда, варианти махсуси инкишофи ғайримуқарарриро дар назар дорад. Шакли клиникии он тадриҷан то 2,5 — 3 солагӣ ташаккул ёфта, то синни 5 — 6 солагӣ маълум боқӣ мемонанд. Ин шакли мураккаби бо ҳам пайвастшавии нуқсони аввалин, ки дар натиҷаи беморӣ ба вуҷуд омада буд ва ҳам шакли душвори дуюмин, ки дар натиҷаи нодуруст мутобиқшавии ҳам кўдак ва ҳам калонсолон ба вуҷуд омадааст, ба шумор меравад. Нишонаи асосии он аз нуқтаи назари аксарият муҳаққиқон, вазъияти махсуси ғайримуқаррарии психикӣ мебошад, ки дар пайи он дар кӯдак талабот ба муошират аз байн меравад ва ӯ олами ботинии худ дода шуда, аз робита бо одамони гирду атроф худдорӣ менаояд, аз ҳақиқат дурӣ меҷӯяд. Кӯдаки гирифтори аутизм ба олами ботинии ғаму андӯҳи худ дода мешавад. Ў ғайрифаъол мегардад, танҳоӣ меҷӯяд, аз муошират бо бачагон худдорӣ менамояд, ба чашмони одамони гирду атроф нигоҳ намекунад, аз алоқаи ҷисмӣ канорагирӣ менамояд. Гўё дигар одамон дар назар наменамоянд, таъсири педагогиро қабул намекунад. Эҳсосоташ суст буда, характери омехташавӣ дорад ва хеле оддӣ аст.

Инкишофи фикриашон дар байни нуқсонҳои ғайримуқаррарии чуқур, вале номутаносиб меистад. Ба ин гурўҳи бачагон фаъолияти серҳаракату якхелаи муқаррарӣ аксар вақт ғайримақсаднок хос мебошад, ки одатан онро «рафтори саҳроӣ» меноманд.

Инчунин дар онҳо халалдор гардидани инкишофи хоси нутқи шифоҳӣ ба назар мерасад (ба монанди мутизм). Истилоҳи мутизмро соли 1912 психиатри Шветсарӣ Э.Блейер барои муайян намудани шакли махсуси эҳсоси пурҳаяҷони ягон соҳа ва тафаккур, ки талаботи эҳсосоти дохилии инсонро идора менамояд ва аз олами гирду атроф кам вобастагӣ дорад, пешниҳод карда буд.

Бори аввал аутизми барвақти бачагона аз тарафи Л.Каннером соли 1943 пешниҳод карда щуда буд, вале бо сабабҳои гуногун то охир ин намуди нуқсон то ҳоло омўхта нашудааст. Сабаби аутизми барвақти бачагона одатан нокифоя будани кори системаи марказии асаб мебошад, ки дар натичаи сабабҳои зиёд ба вуҷуд меояд. Аз ҷумла нуқсони модарзодии инсон, нуқсони модарзодии ивазшаванда, зарари органикӣ ва таркибӣ дидани системаи марказии асаб, дар натиҷаи нуқсонҳои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, барвақт пайдо шудани раванди ҷараёни маҷзубият (шизофренӣ) ва ғ. Аутизм ба ҳисоби миёна дар 5 : 10 000 дучор омада, бо бартарӣ доштанаш дар байни писарон (1:4) ба назар мерасад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *