Дил

img_dil

Дил яке аз аъзои раисаи бадани инсон аст, ки ба василаи набз паёми бақои ҳаётро мефиристад. Амвоҷи хунро бар раг-раги ҷисми хокӣ мефиристад ва ҳар як силули пайкари одамиро бо қатраҳои хун шодоб мегардонад. Ҳар неку баде, ки дар гирду атрофи мо ба вукӯъ мепайвандад, акси садои он дар паҳнаи вуҷуди қалбамон танинандоз аст.

Дил ба андозаи кафгире беш нест, вале ҷаҳонеро бо тамоми фарозу нишебҳояш, фиғону фарёд ва нармиву дуруштиҳояш дар худ ҷой диҳад. Бори гарони рӯзгорро мутаҳаммил аст ва шарорае аз ошубҳо, омолу орзуҳо, оҳу ҳасрат, азоби ғурбат, ишқе сӯзон ва орзуи нофарҷом аз он таровиш мекунад.

Дило ба боғ бирав машраб аз анор омӯз,
Ки мавҷи хун ба дилу ханда бар даҳон дорад.
(Ҳофиз)

Ҳадаф аз баёни ин боб сирфан шарҳу эзоҳ дар мавриди ҷанбаҳои тиббӣ мебошад, вале аз сӯи дигар ҳангоме сухан аз дил ба миён ояд, шоистагии онро дорад, ки ба паҳлӯҳои отифии он низ ишора гардад, зеро қалб на танҳо як ҷисми хокист, балки ободиест, ки сарваташ эҳсос аст.

Ҳол аз ҳошия берун омада бар сарманзили матн фуруд меоем ва ба иттилоъ мерасонем, ки бемориҳои қалбӣ бар чанд гунаанд ва ҳар кадом авомилеро дорост, ки ба мавҷиби он беморӣ рӯнамо мегардад.

Нахуст бархе аз бемориҳои қалбӣ, ки домангири шумораи зиёди мардум аст, то паймонаи қудрат бо зикри муолиҷа, бо истифода аз таҷоруби утабои қадим ва имрӯз ва низ он чӣ нигоранда дар тӯли солиёни дароз дар ин замина натиҷа гирифтааст, дар ин мухтасар ба арз мерасонем.

Асоситарин бемории қалбӣ, ки ранҷиши беморонро фароҳам месозад, бемории ишимии дил аст, ки онро дар варақаи ташхиси беморон ба номи русии (Ишемическая болезнь сердца), ки мухаффафи он ИБС мебошад сабт менамоянд. Дар ин ҷо мо онро бемории ишемии дил ва мухаффафи онро БИД ишора мекунем. БИД ба ду қисмат тақсимбандӣ мешавад, яке тунд ва дигаре музмин. Қисми тунд шомили стенокардия ва инфаркт миокард мебошад ва шакли музмин иборат аз кардеосклероз аст.

Дар тибби гиёҳӣ ба хотири беҳбудӣ ва пешгирӣ аз ҳамлаҳои шадиди қалбӣ метавон аз нусхаҳои зайл истифода намуд:
Решаи сунбул – ат – тиб (валериана) — 25гр., бодранҷбуя (мелисса) –25гр., арпабодиён-25гр., хоргулак (пустырник)-25гр. Даҳ гр. аз ин таркибро дар 200 гр. оби ҷӯш муддати як соат дам карда соф кунанд ва ба андозаи 50-75 гр.2-3 маротиба дар як рӯз истеъмол намоянд.

НУСХАИ ДИГАР : решаи сунбул – ат — тиб 20 гр., бодранчбуя –10 гр., хоргулак-15 гр., кокутӣ- 15гр. Миқдори 2 қошуқ дар 200 гр. оби ҷӯш 1-2 соат (беҳтараш дар дохили термос) дам дода соф кунанд ва рӯзе 3-4 маротиба 50 громӣ истеъмол намоянд.

Агар ба гиёҳони зикршуда дастрас надоред, метавонед аз дамкардаи гул ё ҷӯшондаи меваи дӯлонаи сурх истифода кунед. Яке аз ифтихороти ин гиёҳ иборат аз он аст, ки шараёнҳоро васеъ намуда дилро аз хун таъмин мекунад ва камбуди оксигенро ҳам коҳиш медиҳад. Дар паҳлӯи он асабро ором ва фишори хунро паст мекунад.

Ман дар қиболи бемории БИД барои ниёзмандон дӯлонаи сурхро дар якҷоягӣ бо чойгиёҳ тавсия мекунам, зеро як ҳавоси хубе, ки чойгиёҳ дорад иборат аз он аст, ки хунро ба василаи шараёнҳо ба осонӣ ба тарафи қалб интиқол медиҳад.

Ч. Дюки амрикоӣ гиёҳи розмаринро дар мавриди бемории БИД пешниҳод мекунад, вале мо наметавонем онро тавсия кунем, зеро ин беморӣ бештар хамроҳ бо фишори баланди хун аст ва хусусияте, ки розмарин дорад фишорро боло мебарад. Мо ин гиёҳро дар таркиби тақвиякунандаҳо дохил мекунем.

ДУЛОНАИ СУРХ ЧИСТ? Дарахтест, ки ба андозаи 4-5 метр баланди дорад ва меваи он сурхи баланд аст ва андозаи он ба нахуд баробар аст.Дар тибби расми ва тибби гиёхи гулу мева ҳатто дар байни мардум барги он низ истифода мешавад.

Дар урупо бештар ба номи кратегус машҳур аст,ки ин ҳамон шакли лотини кратегус сангвинеа мебошад.

Дар оғози садаи бистум дар кишвари Олмон маҳлули алкулии кратегусро барои бемориҳои дил пешкаш карданд ва онро василаи наҷотдиҳанда эълом доштанд. Дар он давра олмониҳо ба кратегус он қадар арзиш қоил буданд, ки онро ба сифати дастоварди миллӣ шиносонданд ва ҳатто хориҷ кардан аз кишвар манъ карда шуд.

Нусхаҳое, ки дар мавриди дил тибби мардумии “ОРИЁН” пешкаши шумо намудааст, аз баҳри бекарони тибби суннатӣ барчида шудаанд ва бидуни дастбурд ба асолат ва муҳтавояшон зикр гардиданд. Ин нусхаҳо аз як сӯ дастрас мебошанд, аз сӯи дигар дар тӯли солиёни зиёд дар мавриди атрофиёни худ тибби мардумии “ОРИЁН” озмудааст ва ҳар кадом ба саҳми худ арзанда мебошанд.

Тибби мардумии “ОРИЁН”

quot;ОРИЁН

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *