Гурда

img_gurda

Гурда, яке аз аъзои раисаи бадани инсон буда, вазифааш иборат аз соф кардани хун аз касофот (ифлосиҳо) мебошад. Бемориҳои гурда ва маҷрои пешоб асосан аз илтиҳобот, санги гурда ва пешобдон, норасоии гурда, инчунин варамиҳои хушфаъол ва бадфаъол иборат мебошад. Мо дар ин боб гуфтори худро асосан ба илтиҳобот ва санги гурда ва пешобдон ихтисос медиҳем, зеро бештар аз ҳама ин ду беморӣ домангири мардум мебошанд.

Махсусан дар шароити кишвари мо ин ду беморӣ ҳамвора рӯ ба афзоишанд ва аз соири бемориҳо хеле ба суръат пеш мераванд.

Илтиҳоби гурда (пиелонефрит)

Тавре, ки тибби асрӣ муайян кардааст, илтиҳоб ё газаки гурда дар асари ворид шудани микроб аз узви ҳампаҳлӯ мисли рӯда ё аъзои сурин ба василаи маҷроҳои хунӣ ва балғамӣ ба дохили гурда ба вукӯъ мепайвандад. Яъне дар маҳалле, ки микроб ҷойгузин мешавад, он маҳал илтиҳобӣ мегардад, ки онро дар тибби ҳозира пиелонефрит гӯянд. Ин беморӣ барои муддатзамони беохир гиребонгир аст ва агар ба вақту замон муолиҷа нагардад, фарҷоми он норасоии гурда хоҳад буд.

Нишонаҳо ё алоими илтиҳоби гурда.

Шикояти беморон бештар аз дард дар қисмати миён, беназмии пешобравӣ, сардардӣ, варамиҳо ва сарчархӣ мебошад. Гоҳе нури чашм кам мегардад ва дард дар тарафи дил пайдо шуда нафастангӣ, беиштиҳоӣ, дилбадӣ, қайкунӣ ва таб низ ба вуқӯъ мепайвандад. Дар ҳолати ход (тунд) дарди нороҳаткунанда ҳамроҳ бо табларза, сардардӣ ва дилзанӣ ба миён омада, дар таркиби пешоб лейкотсит ва бактерия беш аз андоза аст.

Ташхиси ибтидоӣ. Нахуст бояд маҳалли дард ва чигунагии он муайян гардад. Масалан, агар танҳо миён дард кунад, ин нишонаи бемории худи гурда аст, вале агар дард аз тарафи гурда ба самти пешобдон тир бикашад, ин маҷрои пешоб аст. Агар дарди сахт ба тарафи поён, яъне байни пойҳо тир бикашад, нишонаи вуҷуди санг аст. Бояд донист, ки агар танҳо қишри гурда бемор бошад, дард эҳсос намегардад, вале агар дард эҳсос шавад, иллат аз васеъшавии ҳолаб аст (лоханка), ки сабабгори он вуҷуди санг ё илтиҳоби шадид аст. Албатта дар ин сурат мумкин аст ҷоришавии пешоб кам гардад ва як нороҳатии дигаре аз қабили гидронефрозро ба вуҷуд орад. Бояд ташхиси дақиқ ва мушаххас ба василаи  муоинаи телевизионӣ (УЗИ) ва муоинаи лаборатории пешоб анҷом бигирад. Дар муоинаи телевизионӣ андоза ва маҳалли ҷойгиршавии санг муайян мегардад ва таҷзияи пешоб аксууламали ишқорӣ ё турушӣ будан, сафеда, лейкотсит ва навъи намакҳоро ошкор месозад. Чунин маълумот ҳангоми муолиҷаи кимиёвӣ ва гиёҳӣ дар назар гирифта шуда мувофиқи он доруи лозим таҷвиз мегардад.

Тарзи муолиҷаи илтиҳоби гурда.

Дар тибби асрӣ муолиҷаи илтиҳоби гурда ба василаи антибиотикҳо сурат мегирад ва махсусан ҳангоми ҳод (тунд) будани ин беморӣ эъҷоб мекунанд то нобудии комили лейкотситҳо муолиҷаро идома диҳанд.

Дар тибби гиёҳӣ муолиҷаи пиелонефрит, вобаста ба истеъдод ва маҳорати табиб ё гиёҳшинос мебошад. Хидматгузори Шумо Садрӣ (тахаллус — Банисадр) дар қисмати муолиҷаи бемориҳои урологӣ бо доштани таҷоруби қиблагоҳ ва тамоми дунёи гиёҳшиносӣ, билохира таҷрибаи шахсии худам ҳамеша муваффақ будам ва тавонистаам он бемороне, ки ҳеҷ васила ба онҳо корагар набуд, чорасозӣ кунам ва дигар гурдаро ба истилоҳ фаромӯш кунанд. Агар аз як баландие садо занам, шояд анбуҳи лашкаре аз собиқ беморони гурда сафороӣ кунад.

Он чӣ дар ин фушурда пешкаш мегардад, на ин аст, ки ман бо он муолиҷа мекунам, зеро аз як сӯ 50 дарсади маводро аз хориҷ дастрас мекунам ва аз сӯи дигар сиррест, ки ба ҷои зарру тилло ба фарзанду набера ба мерос хоҳад монд.

Албатта дар ин ҷо ман махсусан бемории норасоии гурда шакли громелуронефритро дар назар дорам, ки дар муолиҷаи он чӣ дар кишварҳои хориҷ ва чӣ дохил ҳамеша муваффақ будам.

Аммо бо васфи он ҳам нусхаҳои зайл метавонанд дар ҷихати «шикастани шохи» гурдаи бемор кӯмаки босазо намоянд.

Нусха: тархунро майда карда, як қошуқи ошхурӣ дар 200 гр. оби ҷӯш дар дохили термос муддати як соат дам карда соф кунед ва рӯзе 3- 4 маротиба 1 то 2 қошуқӣ истеъмол намоед.

Нусхаи дигар: ҳамешабаҳор (календула), чойгиёҳ ва риши ҷувориро ба андозаи баробар бигиранд ва мисли нусхаи боло таҳия карда истеъмол намоянд.

Нусхаи дигар: ҳамешабаҳор, бобуна, чойгиёҳ, роҳдавак  ва риши ҷувориро ба андозаи мусовӣ бигиранд ва мисли нусхаи боло истифода намоянд.

Нусхаи дигар: тухми зағирро ба миқдори 2 қошуқ дар як литр об муддате биҷӯшонанд ва миқдори як қошуқӣ аз гиёҳони газна, чойгиёҳ ва бобуна илова кунанд ва муддате дам дода соф кунанд. Рӯзе 3-4 маротиба 50 громӣ истеъмол намоянд.

Нусхаи дигар: тухми зағир хосияти нармкунанда, мусаккини дард ва пешобронӣ дорад. Дар паҳлӯи ин, тухми зағир зидди газак аст ва дар бемории варами рӯдаҳо ва гурдаю пешобдон низ таҷвиз мегардад.

Тарзи таҳия: ду қошуқи ошхӯрӣ тухми зағирро дар ним литр об муддати 10-15 дақиқа биҷӯшонанд, сипас хунук кунанд ва ним истаконӣ онро ним соат пеш аз ғизо 3 маротиба дар як рӯз истеъмол кунанд.

Нусхаҳое, ки дар мавриди гурда тибби мардумии “ОРИЁН” пешкаши шумо намудааст, аз баҳри бекарони тибби суннатӣ барчида шудаанд ва бидуни дастбурд ба асолат ва муҳтавояшон зикр гардиданд. Ин нусхаҳо аз як сӯ дастрас мебошанд, аз сӯи дигар дар тӯли солиёни зиёд дар мавриди атрофиёни худ тибби мардумии “ОРИЁН” озмудааст ва ҳар кадом ба саҳми худ арзанда мебошанд.

Тибби мардумии “ОРИЁН”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *