Мӯи сар

img_muy

Мӯшикофиҳо дар он андоми зебо кардаам,
То камарро аз миёни зулф пайдо кардаам.
(Калими Кошонӣ)

Боре, агар шоир ҳусни дилдодаро тасвир намояд, нахуст зулфу мижгонро бар тарозуи ҳусн фурӯ мегузорад ва ин мавзӯро хеле латиф баён мекунад. Хирмани мӯй бар зебоии ҳусн меафзояд ва соҳиби онро дилработар ҷилва медиҳад. Ҳатто нигоранда низ…дӯстдори рӯи хушу мӯи дилкаш аст, мадҳуши чашми маст, вале софу беғаш аст.

Он чӣ дар ин мухтасар баён мешавад, иборат аз авомили резиши мӯй ва тарзи пешгирӣ, муолиҷаи резиши мӯй ва бемориҳои пӯсти сар мебошад.

Инсонҳо ба мурури вакт вобаста ба синну сол анбӯҳи мӯй, абрӯ ва мижгонро аз даст медиҳанд, ки ин як амри табии мебошад. Вале гоҳе авомиле дар кор аст, ки нисбати онҳо дар айни шубоби ҷавонӣ аз хирмани мӯй коста мешавад, ва мӯйҳо ҳамагӣ ба иттифоқи ҳам маҳали иқомати худро тарк мекунанд.

Бемориҳои пӯсти сар ба монанди сабӯсак, вайронии фаъолияти ғадудҳои чарбӣ, шуои рентгенӣ (ҳангоми  муолиҷаи бемории саратон), тағъироти гармонӣ ва бемории ғадуди сипаршакл, кор бо доруҳои кимиёвӣ, меросӣ будан, асабоният ва ғайра авомили умдаест, ки дар қиболи онҳо резиши пеш аз вақти мӯи сар иттифоқ меафтад.

САБӮСАКИ САР ВА ПЕШГИРӢ АЗ РЕЗИШИ МӮЙ

Сабӯсаки сар ҳамроҳ бо хориш ва чарбии беш аз ҳадди пусти сар ё хушкии он яке аз авомили резиши мӯй ва кал шудан мебошад. Дар тибби расмӣ собит шудаст, ки решаи ин бемории мӯй аз системи гипофиз ва ғадудҳои таносулӣ маншаъ мегирад ва меросӣ будан, навъияти ғизо ва бемориҳо аъзои дохилӣ низ дар он нақш доранд.

ЧИГУНАГИИ ПАЙДОИШИ САБӮСАКИ САР

Умуман, сабӯсакҳо худ ҳуҷайраҳои мурдаи пӯсти сар мебошанд, ки аз ҳуҷайраҳои зинда ҷудо шуда ба шакли сабӯс берун меоянд ва мерезанд. Дар бисёрии маворид ин раванд натиҷаи вайроншавии фаъолияти ғадудҳои чарбӣ мебошад, ки ба илтиҳоби пӯст мунҷар мешавад.

Тарзи муолиҷа: муолиҷаи сабӯсаки сар асосан бояд ба созмондиҳии гардиши хун дар решаи мӯй, бартараф сохтани худи сабӯсак ва илтиҳоби пӯсти сар равона гардад.

Нусха: барои мӯйҳои равғании сабӯсакдор пӯсти дарахти балут, буймодарони маҳинбарг ва гули ҳамешабаҳорро бигиранд пӯсти балутро биҷӯшонанд ва ин ду гиёҳро дар  он ҷӯшонда дам кунанд ва баъди шустан сарро бо он обкашӣ кунанд.

Нусха: барои мӯйҳои сабӯсакдори хушк: таркибе аз гули бобуна, сапали шутур ва гулу барги гиёҳи думи гов бисозанд, ва миқдоре аз ин таркибро дар оби ҷӯш дам кунанд ва сарро бо он тар карда банданд.

Нусха: ҷиҳати аз байн бурдани сабусак: равғани кастона ва керосини тозаро ба миқдори баробар бо ҳам якҷо карда, ҳафтае 2 бор ба сар бимоланд.

Нусха чиҳати ҷилавгирӣ аз сафед шудани пеш аз вақти мӯй ва тақвияти он: сарро бо дамкардаи барги чормағз ҳафтае 2 бор бишӯянд.

Нусхаҳое, ки дар мавриди мӯи сар тибби мардумии “ОРИЁН” пешкаши шумо намудааст, аз баҳри бекарони тибби суннатӣ барчида шудаанд ва бидуни дастбурд ба асолат ва муҳтавояшон зикр гардиданд. Ин нусхаҳо аз як сӯ дастрас мебошанд, аз сӯи дигар дар тӯли солиёни зиёд дар мавриди атрофиёни худ тибби мардумии “ОРИЁН” озмудааст ва ҳар кадом ба саҳми худ арзанда мебошанд.

Тибби мардумии “ОРИЁН”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *