Таътил ва ё талафи вақт

img_tat

Ҳамасола бо наздикшавии фасли тобистон ҳамагон фикри таътилро мекунанд. Табиист, ки баъд аз як соли кории пурталотум инсон ниёз ба истироҳат кардан дорад. Чун пас аз танаффуси муваққатӣ шахс бо нерӯи тозаи ҷисмониву рӯҳӣ боз метавонад ба натиҷаҳои беҳтар ноил гардад. Аммо саволе ба миён меояд, ки усули дуруст ва муфиди таътилгузаронӣ чӣ гуна бояд бошад? Оё таътил танҳо иборат аз соатҳои тӯлонӣ рӯ ба рӯи оинаи нилгун нишаста вақт «куштан» аст?

Гумон намекунам, ки ҷавоб ба саволи боло мусбат хоҳад буд, зеро таътил кардану истироҳат намудан танҳо аз сарфи нодурусти вақт иборат нест. Дар асл мавсими истироҳатро бо вақткушӣ гузаронидан аз ноҷо сарф кардани нақд (маблағ, даромад) бадтар аст. Зеро бо мурури вақт соҳиби нақд шудан мумкин, аммо вақти аздастдодаро бо нақд ҳам баргардонидан муҳол аст. Чун вақти гарон аз даст равад, бо қабзаи пур аз неъмат ҳам онро баргардонида намешавад. Пас ҳини таътил ҳам аз вақткушӣ бояд ҳазар кард. Чӣ тавре дили инсон аз масрафи беҳадафи нақд розӣ намегардад, пас аз талафи вақти гарон низ ҳамчунин нороҳат бояд шуд.

Бинобар гуфтаи Имом Шофеӣ таътил талафи вақт ва беҳадаф гузаронидани замон нест. Баръакс таътил аз кори давомнок дилозурда шуда, қувваи ақлониву ҷисмониро ба кори дигари маъқул равона кардан аст. Аз ин ҷо бармеояд, ки таътил ин бар зиён гузаронидани вақти аз нақд ҳам гаронбуда нест, балки сарфаи муфиди замон ҳам барои ақл ва ҳам барои ҷисм аст. Таътилро метавон бо китобхонӣ барои инкишофи қобилиятҳои шахсӣ дар соҳаи шуғлдошта ва ё илми муфиде, ки ҳам барои инкишофи маънавӣ ва ҳам барои инкишофи ақлии инсон мусоидат мекунад, сарф намуд.

Имом Абӯ Юсуф вақтгузаронии беҳтаринро дар илмомӯзиву китобхонӣ медонист. Ӯ ҳатто дақиқаашро зоеъ накарда, доим дар шуғли илму омӯзиш буд. Ҳатто орзӯи маргро ҳини илмомӯзӣ мекард. Зеро ба ақидаи шахсияш, расидани марг ҳини шуғли илмомӯзӣ ва бо чунин ҳолат дар ҳузури Илоҳӣ ҳозир гаштан, худ шараф аст. Валии бузург Ҳазрати Ҳасан Басрӣ, ҳангоми нақл доир ба вақтгузаронии саҳобагон чунин нуқтаро қайд мекунад: «Ман ба замони чунин ашхоси кариме расида будам, ки чӣ тавре шумоён аз сарфаи бемавриди моли худ ҳазар мекунед, онҳо низ аз талафи вақти гаронашон дар ҳазар буданд. Дар назари онҳо маънои таътил вақткушӣ набуд, балки аз кори машғулбуда муваққатан дам гирифта, ба кори дигар пардохтан буд».

Вақте ба олими Басра Абдуллоҳ бин Амир дӯсташ таклиф мекунад, ки биё, вақт ҷудо карда ҳамроҳ аз ҳар масоили рӯзмарра сӯҳбат кунем, ў кӯтоҳ ва ибратомез мегўяд: «Агар офотбро дар ҷояш нигоҳ дорӣ, сипас ман бо ту аз ҳар масоили рӯзмарра сӯҳбат карда, ҳамроҳ вақт мекушем». «Маънои офтобро нигоҳ доштан чист?»- пурсид дӯсташ. Абдуллоҳ ҷавоб дод: «Офтоб дар ҷояш таваққуф намекунад. Он доим дар гардиш аст. Ҳамин тавр вақт ҳам доим дар гардиш аст. Ё вақтро дар ҷояш дор, ки бо ҳам сӯҳбат кунем ва ё аз роҳам як тараф ист, то ки вақти равони аз нақд ҳам гаронро дар ғафлат нагузаронем».

Пас таътил ин замони талаф ва куштани вақт набуда, балки фурсати боз ҳам беҳтару муфидтар гузаронидани дақиқа ва сонияҳои ҳаёт аст. Вақти аз даст рафтаро бо нақди зиёд ҳам баргардонида намешавад. Расули Акрам Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи вассалом) дар яке аз аҳодиси муборакашон чунин мефармоянд: «Инсон ба қадри ду неъмат намерасад: яке саломатӣ ва дуюмин вақти холӣ». Ҳоло вақти он аст, ки мафҳум ва моҳияти таътилро барои худ аз нав кашф кунем.

«Навид.tj»