Торт Original

Маҳсулоти лозима:
Барои бисквити  сафед:
Тухм   4 дона, шакар  1 стакан, об  ним пиёла, хокаи нармкунанда 2 қошуқчаи чойӣ, орд.
Барои бисквити  шоколадӣ:
Тухм   4 дона, шакар 1 стакан, об ним пиёла, хокаи нармкунанда 2 қошуқчаи чойӣ, орд, какао 3 қошуқчаи чойӣ.
Крем:
Як қутӣ маска  250 гр, як қутӣ  ширқиём, ним қутӣ ширқиёми пуштагӣ.
Тарзи тайёр намудан:

Зардии тухмро аз сафедиаш ҷудо мекунем, ба зардии тухм об ва ним истакон обро ҳамроҳ карда, бо миксер то сафедчатоб шуданаш лат мезанем. Сафедии  тухмро низ бо ҳамроҳии ним истакон шакар, бо миксер лат мезанем то ба мисли қаймойқ сахт  шуданаш.
Баъдан сафедии тухмро ба болои  зардӣ рехта, орд ва хокаи нармкунанда ҳамроҳ карда, боз бо миксер лат мезанем.
Қолабамонро каме равған молида, хамири тайёр шудаамонро мерезем ва ба тафдони тасфидаи 150 дараҷа то пухтанаш мегузорем.
Ҳамин тарз бисквити шоколадиамонро низ  тайёр мекунем.
Тарзи тайёр намудан крем :
Маскаро бо миксер якчанд дақиқа лат мезанем, то сафедча шуданаш, баъдан хокаи ванилин ва ширқимёҳоро ҳамроҳ  карда, боз  лат задан мегирем.
Ба  бисквитҳои тайёршуда  каме қандоб мепошем  ва крем  мемолем.
Торти мо тайёр, иштиҳои том.

 

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин