Халқи тоҷик-халқи созанда

Миллати тоҷик аз даври қадим,
Ҳастиашро ба сухан бунёд кард.
З-ин ки афкори бузургонаш ба завқ,
Мардуми рўи ҷаҳон аз ёд кард.

Миллати тоҷик аз давраҳои дури таърих бо эҳёи анъанаҳои писандидаи хеш мавҷудияташро дарак дода, дар олами фарҳангу адаб мақому манзалати чашмрас ба даст овардааст. Бузургони ин миллати кӯҳанбуёд дар рушду нумӯи илмҳои ҷудогона саҳми беназир доранд. Ҳазорон ҷилд рисолаву девон ва тазкираҳои онҳо, ки мероси пурғановати моро ташкил медиҳад, ҳанӯз гулшани адаби сайёраро зиннат медиҳад.
Даврони истиқлолият ба корҳои созандаи нав заминаи мусоид фароҳам овард. Мардум калиди дари иқболи худро дар эҷоду бунёди сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ тасаввур намуда, дар ин ҷода корҳои назаррасеро анҷом дод.
Анҷоми нақби «Истиқлол», оғзи сохтмонҳои «Сангтӯда1», «Сангтўда2», «Роғун» ва дигар роҳҳои дохилу хориҷи кишвар далели раднопазири азми созандаи халқи мост.
Албатта, ҳама ин комёбиҳои беназир танҳо ба афкори рӯшани абармардони ин миллати соҳибфарҳанг муяссар мегардад. Оре:

Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест,
Боз рўяд шоиру шеъру пасованди дигар.

Саъю талоши Сарвари давлат вусъат додани корҳои ободонии диёр қобили ситоиш аст. Рўз аз рўз беҳтар гардидани вазъи моддии марум аз ояндаи нек мужда мерасонад. Қарору фармонҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ барои назми ҳаёту фаъолияти сокинони кишвар равона карда шудааст.
Хушбахтона дар Конститутсия, ки расман шиносномаи миллат ном гирифта барои зиндагии осоиштаи мардум заминаи мусоид фароҳам омадааст.
Ҳар сокини Тоҷикистон барои зиндагии ибрахбахш ҳақ дорад ва касе наметавонад ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол намояд.
Эъмори давлати тозабунёд кори саҳл набуда, заҳмату ҷоннисории зиёдеро тақозо менамояд. Моҳияти истиқлолият дар он аст, ки мардум ба асли хеш баргашта, аз нав баъзе анъанаҳои бомурури замон аз байн рафтаро зинда мегардонад.
Таъмини ҳастии миллат дар ин замони пуртазод кори ниҳоят душвор аст. Пас ҳар шахси ватандўст муваззаф аст, ки барои ободии ватани хеш талош намояд ва муқаддасоти меҳанашро азиз бидонад. Зеро:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон беҳтар.

Соли 2010, ки соли мубораки маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст, ҳамаи моро ба сўи қуллаҳои фатҳношудаи илму техникаи навтарин ҳидоят мекунад.
Танҳо илму фарҳанг метавонад инсонро хушбахту бахтиёр гардонида, аз душвориҳои замон ва мушкилот раҳо намояд.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин