Ваҳдат пайвандгари имрӯзу фардост


Ваҳдат! Ин калима дар радифи Модар, Сулҳ, Ватан барои ҳар кадоми мо муқаддас аст. Махсусан, барои мардуме, ки тӯли солҳои гуногун аз дасти аҷнабиёни арабу турк ҷабру зулми беандоза дидааст, он гиромитар аз ҳар вожаи дигар аст. Бе ваҳдати миллӣ пайванди ногусастании дирӯзу имрӯзу фардо, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодони номдор, ҳифзи мероси гаронқадри таърихию фарҳангӣ маъно надорад. Он мавриди қаробати ҳамдигарӣ ва фатҳи қуллаҳои нав, таконбахши азму талошҳои мост. Бо чунин арзиш мо вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм муҳофизат намоем. Барои муваффақ шудан ба ин нуқта мо бояд истилоҳи «кӯлобию хуҷандӣ, помирию қаротегинӣ» - ро аз байн дур созем. Дар он сурат мо парчами якдилиро баландтар бардошта метавонем. Ваҳдат дар адабиёти классикии мо бо вожаҳои «якдилию ҳамзабонӣ» ҳаммаъност. Бузургтарин вассофи он Мавлоно Ҷалолуддини Румист.Аз рӯйи ақидаи ӯ инсон бояд дилҳоро аз ҳам фасл не, ба ҳам васл намоянд.
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив