Органоидҳои ҳуҷайраи растанӣ


Накшаи дарс:
1. Органоидхои як кабат мембранадор
2. Органоидхои ду кабат мембранадор
3. Органоидхои хучайрахое, ки хусусияти нимавтономи доранд.
4. Ахамияти биологии пластидхо.
5. Маълумот оиди чӣ гуна сохт доштани хлоропластҳо.
 
Мо то ин дам сохти ситоплазма ва вазифаи онро дида баромадем.
Ситоплазма барои дигар органоидҳои ҳуҷайра ҳамчун муҳит буд. Органоидҳои ҳуҷайра дар муҳити ситоплазмагӣ ҳаёт мегузаронанд ва байни ҳамдигар доду гирифт мекунанд. ҳар як органоиди ҳуҷайра сохт ва вазифаи муайянро дорад.
Органоидҳо аз қисми беруна мембрана иҳота шудааст.
Мо имрeз бо шумоён органоидҳое, ки бо як мембрана маҳдуд мебошад, дида мебароем.
Тeри эндоплазматикӣ. Тeри эндоплазматикӣ ҳам яке аз органоидҳои ҳуҷайра буда, Портер дар соли 1945–1946 кашф кардааст. Тeри эндоплазматикӣ иборат аз каналчаҳо, вакуола ва систернаҳо буда мембранаи махсусе, ки аз се гурeҳи молекулаҳо: сафеда-равған–сафеда, ки таркибан ба мембранаи беруна монанд аст, иҳота шудааст. Тeри эндоплазматикӣ шохронда шуда буда, ҳамаи ситоплазмаро дарбар мегирад. Тeри эндоплазматикӣ шакли муайяни доимӣ надорад, он дар протсесси фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра тағъйир ёфта меистад.
Дар натиxаи чуқур омeхтани тeри эндоплзматикӣ аниқ карда шуд, ки он ду хел мешавад. Тeри эндоплазматикӣ (ноҳамвор, ҳамвор) гранулярӣ, агрогранулярӣ. Дар сатҳи гранулярӣ сафедаҳо, ферментҳо, синтези полисахаридҳо дида мешавад.
Таркиби кимиёвии он иборат аз сафеда, липоид, фосфолипоид ва ферментҳо мебошад.
Fайр аз обсабзи зангор бактерия дар ҳамаи ҳуҷайрахо дучор мешавад.
Вазифаи тeри эндоплазматикӣ. Тeри эндоплазматикии ноҳамвор дар қисми болои он дар рибосомҳо xойгир шудааст, синтези сафедаи захирагӣ ва ферментҳои махсус ҳосил мекунанд. Fайр аз ин он барои расиши мембранаи ҳуҷайрагӣ ҳамчун марказ ба шумор меравад. Инчунин боз барои ҳосилшавии вакуола, лизосомаҳо, диктиосомаҳо ҳам иштирок мекунад.
Тeри эндоплазматикии ҳамвор нисбат ба тeри эндоплазматикии ноҳамвор суст тараққӣ кардааст ва ҳатто дар баъзе ҳуҷайраҳо дучор намешавад. Тeри эндоплазматикии ноҳамвор ва ҳамвор бошад барои синтези равғанҳои эфирӣ, смола ва каучук иштирок мекунад.
Аппарати Голдж. Аппарати Голдж, ки аз тарафи олими Италия Ка Голдж соли 1898 кашф карда шуд.
Аввалин бор аппарати Голдж дар ҳуҷайраи ҳайвон дертар дар ҳуҷайраи растанӣ аниқ карда шуда буд. Дар ҳуҷайраи растаниҳо аппарати Голдж кулли диктиосома мебошад. Аппарат аз найча ва қисмҳои васеъ шуда иборат мебошад.
Диктиосома аз калимаи грекӣ гирифта шуда, маънояш диктиом–тeр, сома–тана мебошад. Шумораи он дар ҳуҷайра гуногун мешавад ва он ба фазаи тараққиёти ҳуҷайра вобастагӣ дорад ( аз 10–50 то якчанд садҳо шуданаш мумкин).
Дар диктиосома синтез ва xамъшавии секресияҳо пеш аз ҳама полисахаридҳои аморфӣ, ба монанди моддаҳои пектинӣ, гемиселлюлоза ҳосил мешавад.
Аппарати Голдж полисахаридҳои ҳосил шударо ба плазмолема мегузаронад. Плазмолема xилди ҳуҷайраи расиш карда истодаи ҳуҷайраро пурра мекунад. Барои сохтани девораи ҳуҷайра хизмат мекунад ва моддаҳои часпак ҳосил мекунад.
Рибосома. Рибосома ҳаxман бисёр майда буда наздик 20-нонометр (аз минимикрон хурд ё кам мебошад, ташкил меёбад, ки он иборат аз рибонуклепротоидҳо комлекси РНК ва якчанд молекулаи сафеда мебошад.
Рибосома дар намуди озод дар ситоплазма дучор мешавад ва асосан дар рeи тeри ноҳамвори эндоплазматикӣ xойгир шудааст. Рибосомаҳои яктоиро моносомҳо мегeянд, ки рибосом аз 4 то 40 якxоя дучоршавандаро полерибосомҳо ё полисомҳо мегeянд. Дар рибосома синтези сафеда ба вуxуд меояд, яъне вазифаи ҳосилкунии материяи зиндаро ба зиммаи худ гирифтааст. Fайр аз ин рибосома дар митохондрия ва пластидҳо дучор мешавад, ҳаxмаш майда мебошад.
Заррачаҳои диаметраш 17–23 нм аз сафедаи РНК иборатанд. Дар онҳо туршиҳои аминӣ пайваст шуда, сафеда ҳосил мекунад.
Лизосома. Ин органоид дар гиалоплазма дучор мешавад. Вазифаи синтези ферментҳоро адо мекунад. Дар вақти лозимӣ пайвастагиҳои макромолекулаи биологӣ ва монанди кислотаи нуклеинӣ, сафедаҳо, полисахаридҳо ва липоитҳоро вайрон мекунад. Дигар вазифаи лизосома дур кардани баъзе органоидҳои ҳуҷайраи пиршуда мебошад ва ба монанди пластидҳо ва митохондрия мебошад.
Сферосома. Ин органоид ҳам танаи лeнда дорад, таркибаш аз сафеда ва равған иборат мебошад, он ферменти зиёде дорад, ки барои синтези равған иштирок мекунад.
Митохондрия. Ба органоидҳои растание, ки дорои ду қабат мембрана мебошанд, ба ин митохондрия ва пластидҳо дохил мешаванд.
Митохондрия дар ҳамаи ҳуҷайраҳо дучор мешавад, миқдори онҳо дар ҳуҷайраҳо гуногун аст. Дар баъзе намуди обсабзҳо дар ҳуҷайра 1–то митохондрия дучор мешавад.Дар аксарияти ҳуҷайраи растаниҳо якчандто дучор мешавад. Хондриосома–реша. Шаклаш дарозрeя доимо дар ҳаракат мебошад. Ҷамъбаст дар митохондрияҳои дар ҳуҷайра бударо хондриосома меноманд. Чӣ тавре, ки дар боло қайд кардем, митохондрия бо ду қабат мембрана пeшида шудааст. Дар соли 1874 И. Д. Чистяков.
Мембранаи беруна вазифаи назорати мубодилаи модда дар байни митохондрия ва гиалоплазмаро адо мекунад.
Мембранаи дохилӣ бошад аз xиҳати таркиби кимиёвӣ ва шакл аз мембранаи беруна фарқ мекунад. Мембранаи дохилӣ ба қисми дохилаи он дастакҳоро ҳосил мекунад, ки онҳоро криста меноманд. Кристаҳо сатҳи мембранаи дохиларо васеъ мекунад.
Моддаҳои байни кристаҳо дучоршаванда гомогенӣ (якхела) мебошад, ки он матрикси митохондрия, яъне асосашро ташкил мекунад. Дар матрикси митохондрия рибосомҳо дучор мешавад, ки бузургии он аз рибосомаи ситоплазма майда мебошад. Дар дохили матрикс молекулаҳои ДНК–ҳам дучор мешавад. Ба сабаби рибосома ва кислотаи ДНК буданаш---митохондрияро ҳамчун органоиди нимавтономӣ ҳисоб мешавад. Барои он ки рибосома сафедаро синтез мекунад, ки асоси организми зинда ба шумор меравад. Кислотаи ДНК–ка бошад хусусиятҳои ирсии онро мерос мегузаронад. Лекин ба ин нигоҳ накарда протсесси фаъолияти ҳаётии митохондрияро ядро идора мекунад. Дар митохондрия протсесси ҳосилшавии кислотаи адиназин трифосфат ( АТФ ) ба вуxуд омада меистад.
Ин протсесс дар натиxаи вайроншавии ангиштобаи обӣ ҳосилшуда ба ҳуҷайра мемонад, оксиген бошад ба атмосфера хориx мешавад, энергияи хориx шуда кислотаи АДФ–ро ба АТФ мегузаронад. Ин энергияи дар АТФ буда, барои фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра сарф мешавад ва боз ба кислотаи АДФ мубаддал мешавад. ( АДФ–дифосфат, яъне энергия кам мешавад). ( АМФ–монофосфат бениҳоят кам мешавад.)
Митохондрия дар натиxаи тақсимшавӣ зиёд мешавад, миқдори он ба ҳолат ва синну соли ҳуҷайра вобаста мебошад.
Пластидҳо. Пластидҳо ҳам ҳамчун қисми зинданигоҳ дорандаи ҳуҷайра ба шумор меравад. Пластидҳо пигментҳои ба худаш хосаро xаббида гирифта, рангоранг мешавад, бинобар он рангорангии қисмҳои растанӣ ба пластидҳо вобаста аст. Аксар вақт пластидҳо дар растаниҳои дараxаи олӣ, дар намуди донагӣ дучор мешавад. Дар растаниҳои дараxаи паст бошад, дар намуди шаклҳои гуногун (ленташакл, пластинкашакл, сипаршакл)…. дучор мешавад. Пластидҳоро ба вазифаашон ва хосияташон нигоҳ карда ба се гурeҳ тақсим мекунад;
  1. Лейкопласт (беранг).
  2. Хлоропласт (сабз).
  3. Хромопласт (сурх, зардча).
Лейкопласт-ин дар органҳои аз равшанӣ муҳофизат карда истодаи растаниҳо дучор мешавад, ки асосаш строма мебошад. Вазифаи асосии лейкопластҳо ҳосил кардани крахмал мебошад. Инҳо аз қанд крахмали захирагӣ ё ки крахмали дуюмин ҳосил мекунанд. Крахмали якeм дар барг, дар натиxаи фотосинтез ҳосил мешавад. Лейкопластҳо ибтидои пластидҳо буда, ба дигар хели пластидҳо мубаддал шуда метавонанд.
Хлоропластҳо-ранги сабз доранд. Ранги сабзи растаниҳо ба хлоропластҳо вобаста буда, инҳо ҳам монанди лейкопласт дар ҳолати донагӣ дучор мешаванд, ки асоси он донаро сафеда ташкил мекунад. Строма пигменти хлорофилро xаббида донаи хлорофилро ташкил мекунад. Хлорофилл мувофиқи тадқиқоти олими рус Цвет ду хел мешавад:
  1. Хлорофилл (а)–сабзи кабудча.
  2. Хлорофилл (б)–сабзи зардча.
Хлоропласт, миқдори он дар ҳуҷайраҳо гуногун буда, ба ҳисоби миёна дар як ҳуҷайра 36 дона мебошад. Хлоропласт дар стромаи худ чор пигмент дорад:
  1. Хлорофилл (а) С55Н72О5N4Mg
  2. Хлорофилл (б) С55Н70O6N4Mg
  3. Каротин С40Н56
  4. Кстантофил С40Н56О2
Ин чор пигмент бо строма пайваст буда дар намуди донагӣ мебошад.
Аз xихати таркиби кимиёвиаш хлорофилл эфирӣ мураккаб буда, аз кислотаи органикии хлорофиллин ва ду спирти метилӣ ва финил иборат мебошад.
Хлорофилл (а) аз хлорофилл (б) бо миқдори атоми оксиген, ҳидроген аз якдигар фарқ мекунад. Хлорофилл (а) ранги сабзи кабудча дорад, хлорофилл (б) ранги сабзи зардча дорад. Xои асосиро дар молекулаи хлорофилл (а) ва хлорофилл (б) атоми магний бо пайвастагии чор атом азот ишғол мекунад. Дар як донаи хлорофилл 6% хлорофилл мавxуд аст, мондагиаш об, сафеда ва митохондрия мебошад. Донаҳои хлорофилл шаклан ва ҳаxман тағйир ёфта меистад, тағйирёбии он ба кашиши сатҳии он, равшанӣ ва ҳарорат вобаста аст. Дар вақти кам будани равшанӣ шакли он лeнда мешавад. Дар вақти зиёд шудани равшанӣ шакли чечевичкаро мегирад.
Хлорофилл аз равшанӣ ва бо иштироки Fе ҳосил мешавад. Дар ин xо оҳан роли катализаторро мебозад. Дар рафти фотосинтез хлорофилл кадом нурро фурe мебарад? Нури офтоб ба ҳафт ранг xудо мешавад: (тиру камон).
К.А. Тимерязов якумин бор аз кадом нур истифодабарии хлорофилро нишон дод, ва xихати энергетикии фотосинтезро аниқ кард. Дар натиxаи тадқиқоти e маълум гардид, ки дар вақти фотосинтез нури сурх фурe бурда мешавад. Нури сурх энергияи зиёд медиҳад, барои он, ки мавxи нури сурх дароз мебошад.
Хромопластҳо. Хромопластҳо ҳам донагӣ ва ҳам дар дигар шаклҳо дучор шуданаш мумкин аст. Асоси онҳо аз строма буда, вай аз моддаи сафеда иборат аст. Строма ба худ пигменти каротин ва ксантофиллро xаббида гирифта рангоранг мешавад, бинобар он рангорангии гулу мева ба хромопластҳо вобаста аст, ки ин аҳамияти экологӣ дорад. Ин рангорангии онҳо сабаби ба худ xалб кардани ҳашарот ва паррандаҳо мешавад. Дар натиxаи ин гардолудшавӣ ва пахншавии меваҳо ба вуxуд меояд.
 

Саволҳо барои такрор ва мустаҳкамкунӣ:

Саволи 1. Кадом органоидҳои ҳуҷайра бо як қабат мембрана пeшида шудааст?
А) Митохондрия
Б) Пластид
В) Рибосома
Саволи 2. Кадом органоидҳои ҳуҷайра бо ду қабат мембрана пeшида шудааст?
А) Тeри эндоплазматикӣ
Б) Митохондрия
В) Аппарати Голдж
Саволи 3. Вазифаи митохондрия аз чӣ иборат аст?
А) Сафедаро синтез мекунад
Б) Карбонгидридро ҳосил мекунад
В) Энергияро захира мекунад 
Саволи 4. Барои чӣ митохондрияро органоиди нимавтономӣ меноманд?
А) Кислотаи дизоксирибонуклеин ва рибосома дорад.
Б) Ферментҳои гуногун дорад
В) Мембранаи ду қабата дорад
Саволи 5. Барои чӣ ранги хлоропласт сабз?
А) Пигменти хлорофилл «А» ва «Б» дорад
Б) Пигменти ксантофилл дорад
В) Пигмент надорад 
Саволи 6. Дар ҳуҷайра рибосома кадом вазифаро иxро мекунад?
А) Равғанро синтез мекунад
Б) Сафедаро синтез мекунад
В) Карбонгидридро ҳосил мекунад
Саволи 7. Барои чӣ лейкопласт ранг надорад?
А) Строма пигменти бе ранг дорад
Б) Стормаи он пигменти ксантофилл дорад
В) Стромаи он пигмент надорад 
Саволи 8. Комплекси Голдж кадом вазифаро иxро мекунад?
А) Сафедаро синтез мекунад
Б) Равғанро ситез мекунад
В) Полисахаридро синтез мекунад
Саволи 9. Хлоропластидҳо чӣ гуна сохт доранд?
А) Як қабат мембрана
Б) Ду қабат мембрана
В) Мембрана надоранд

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив