Хусусиятхои хоси сохти хучайраи растани ва гуногуни он. Сохти субмикроскопии ситоплазма ва таркиби кимёви


Накшаи дарс: 
  1. Шакл ва буриши хучайра. Маълумот дар бораи протопласт.
  2. Таркиби кимёвии хучайра. 
  3. Хучайра хамчун организм дар якхучайрагихо.
  4. Хучайрахо дар бисёрхучайрагихо хамчун як кисми он.
  5. Гуногунии шакли хучайра. 
  6. Сохти биомембрании ситоплазма.
  7. Таркиби кимёви ва физикавии ситоплазма.
 
Ҳамаи организмҳои зинда, хоҳ растанӣ, хоҳ микроорганизм ё ҳайвон аз ҳуҷайра иборат аст. ҳуxайра ин ягонагии биологӣ буда, дар натиxаи тақсимшавӣ ва деферентасия организми навро ба вуxуд меорад. ҳамаи организми зинда ба ду гурeҳи асоси тақсим карда шудааст:
  1. Прокариотҳо–то ядровӣ, бе ядро.
  2. Эукароитҳо–дорои ядрои муташакил дошта.
Фарқияти асосии ҳуҷайраҳои прокариотӣ аз эукариотӣ дар он аст, ки ДНК–и онҳо дар хромосомаҳо як xо нашудаанд ва бо мембрана пeшида нашудаанд.
ҳуxайраҳои эукариотӣ ба ҳуҷайраҳои алоҳида xудо шудаанд. ДНК–ашон бо сафеда пайваст буда, ва хромосомаҳо муттаҳид шуда, дар ядро xойгир шудаанд.
ҳуҷайраи растанӣ сохти ба худ хос дорад. Пеш аз ҳама ҳуҷайраи растанӣ аз қабати берунаи xилди ғафси селлюлозагӣ ё ки ним селлюлозагӣ ( генеселлюлоза), ки ба ангиштобаҳо тааллуқ дорад, печонида гирифтааст.
Дар ҳуҷайраи ба воя расидаи он бошад, дар қисми маркази он вакуола xойгир шудааст.
Вакуола ва ҷилди ҳуҷайра ин қисми ғайри зиндаи ҳуҷайра буда дар протсесси фаъолияти ҳаётӣ ҳосил мешавад.
Қисми зиндаи ҳуҷайра, ки аз организмҳо иборат мебошад, ин протопласт ном дорад.Протопласт иборат аз ситоплазма ва ядро мебошад.
Ситоплазма бошад, барои дигар организмҳо муҳит ба шумор меравад.
Ситоплазма қисми мураккаби ҳуҷайра буда, дар он ҳамаи организмҳои ҳуҷайра xойгир шудаанд ва байни ҳамдигар муносибати доду гирифт доранд.
Органоидҳои ҳуҷайра иборатанд аз тeри эндоплазматикӣ, митохондрия, пластидҳо, рибосома, сферосома, лизосома ва ғайра.
Фарқияти ҳуҷайраи растанӣ аз ҳуҷайраи ҳайвон дар он аст, ки дар ҳуҷайраи растанӣ органоидҳои ба он хос пластидҳо тараққӣ мекунад, дар ҳуҷайраи ҳайвон бошад, пластидҳо вуxуд надорад. Fайр аз ин дар ҳуҷайраи ҳайвонот xилди мустаҳками ангиштобагӣ ва вакуола ҳам дучор намешавад. Ин фарқияти нишондода шуда ба хусусияти ҳаёт гузаронии онҳо вобаста мебошад. Ба мо маълум аст, ки растанӣ аксар вақт ҳаёти нишаста мегузаронад, бинобар он xилди ҳуҷайраи он ба ғайр аз муҳофизат боз вазифаи механикиро адо карда сабаби мустаҳкамкунии пояи он мегардад. Растание, ки ҳаёти нишаста мегузаронад, дар он вакуола ҳамчун органи захиракунанда хизмат мекунад. Пластидҳо бошад, дар ҳуҷайраи растанӣ барои аз моддаи ғайриорганикӣ синтез кардани моддаи органикӣ хизмат мекунад.
 
Ситоплазма қисми зинда нигоҳдорандаи ҳуҷайра ба шумор меравад. Бе ситоплазма ҳаёт шуданаш ҳеx мумкин нест. Ситоплазма мафҳуми морфологӣ буда, аз комплекси якчанд пайвастагиҳои кимиёвӣ, аз xумла сафеда, ангиштоба, равған, об, ферментҳои гуногун ва ғайра иборат аст. Ситоплазма формулаи кимиёвӣ надорад, лекин тартиби таркибиаш аз элементҳои зерин иборат аст: C, O, H, N, S, Ca, K, (карбон, оксиген, нитроген, ҳидроген, сулфур, калсий, калий).
Ҳаракати ситоплазмаҳо
Ҳаракати ситоплазмаҳо
1. Дар ҳуҷайраи барги элоден 2. Дар ҳуҷайраи муяки традескансия
ҳамаи ин элементҳоро, элементҳои органогенӣ меноманд. Қисми муҳимтарини ситоплазма сафеда мебошад. Таркиби сафеда пайвастагиҳои зиёди азотӣ дорад. Раванди мубодилаи модда асосан бо ёрии сафеда мегузарад.
Энгелс гуфта аст; «ҳаёт шакли мавxудияти xисмҳои сафедагӣ мебошад, ки элементи асосиаш иваз кардани модда мебошад. Агар сафеда набошад, ҳаёт ҳам вуxуд надорад".
Ситоплазма дар солҳои охир дар натиxаи истифодабарии микроскопҳои пуриқтидори электронӣ, сохти субмикроскопии ситоплазма аниқ карда шуд. Яке аз аз муваффақиятҳои ба даст оварда ин муайян кардани сохти мембранаи ситоплазма ба ҳисоб меравад. Маълум гардид, ки дар асоси ситоплазма мембранаи биологӣ xойгир шудааст, ки бузургии он 4–10 нм (нонометр) буда, аз моллекулаи фосфолипоит ва сафеда иборат мебошад.
Структураи асосии мембраинаро моллекулаи липоит ташкил мекунад. Мембрана ин қисми зиндаи ситоплазма аст. Яъне аз хусусиятҳои характерноки мембрана ин доштани сохти русти нeгии он мебошад. Миқдори мембрана ба намуд ва ҳолати фаъолияти он наздик 90 % вазни хушки ситоплазмаро ташкил мекунад. Яке аз хусусиятҳои характернокии биомембрании ин хос гирифтан ва нимгузаронии он мебошад. (Баъзе моддаҳо бо осонӣ, баъзеашон бо мушкилӣ мегузаранд).
Мембранаи берунии ситоплазма, ки бо ҷилди ҳуҷайра ҳамҳудуд xойгир шудааст, «плазмолема» ном дорад. Қабати дохилӣ, ки бевосита бо вакуола ҳамҳудуд мебошад, «тонопласт» ном дорад. Дар мезоплазма ҳамаи органҳои ҳучайра xойгир шудаанд, бинобар он ситоплазма барои органҳои ҳуҷайра муҳити зист ба шумор меравад.
Плазмолема, ки дар зери ҷилди ҳуҷайра xойгир шудааст, асосан вазифаи ба тартиб дарорӣ ва назорати доду гирифти моддаҳо бо ҳуҷайраҳои ҳамсоя хизмат мекунад. Тонопласт бевосита бо вакуола ҳамҳудуд буда, асосан вазифаи мубодилаи модда байни вакуола ва дигар органоидҳои  ҳуҷайраро назорат мекунад ва ба тартиб медарорад.
Ситоплазма ҳамчун як қисми зиндаи ҳуҷайра қобилияти ҳаракат кардан дорад. Дар натиxаи ҳаракат як органоид бо дигар органоид наздик мешавад, ки ин сабаби осон гардидани доду гирифти моддаҳо байни онҳо мегардад. Асосан ду намуди ҳаракати ситоплазмаро фарқ кардан лозим аст.
  1. ҳаракати доиравӣ, ки он дар вақти дар ҳуҷайра як вакуолаи марказӣ будан рeй медиҳад. 
  2. Агар дар ҳуҷайра якчанд вакуола бошад, дар он вақт ҳаракати ситоплазма бисёр xараёнӣ мешавад.
Гиалоплазма, ки онро матрикси ситоплазма ҳам меноманд. Гиалоплазма ин моддаи асосии ситоплазмаи буда, дар дохили он дигар органоидҳои ҳуҷайра xойгир шудааст. Дар он сафедаҳои ҳалшаванда, ферментҳо дучор мешавад, ки барои мубодилаи моддаҳо иштирок мекунад. Барои мубодилаи ангиштобаҳо, равғанҳо, синтези аминокислотаҳо, ферментҳои дар гиалоплазма буда роли асосиро мебозад. Миқдори фермент ва моллекулаҳои сафеда ба ҳолати он вобаста мебошад.
 

Саволҳо барои такрор ва мустаҳкамкунӣ:

Саволи 1. Барои ҳуҷайраи растанӣ кадом хусусиятҳо хос?
А) Сохти доимӣ надошта.
Б) Мавxуд будани вакуол.
В) Доштани ядро
Саволи 2. Xилди ҳуҷайраи растанӣ аз кадом модда таркиб ёфтааст?
А) Моллекуаи равған.
Б) Моллекулаи сафеда
В) Ангиштобаҳо
Саволи 3.Кадом қисми ҳуҷайраи растаниро протопласт ташкил мекунад?
А)Вакуола
Б) ҷилди ҳуҷайра
В) Органоидҳои ҳуҷайра
Саволи 4. Кислотаи нуклеинӣ (КДН) дар кадом органоиди ҳуҷайра xамъ шудааст?
А) Ядроча
Б) Ситоплазма
В) Ядро 
 
Саволи 5. Фарқи ҳуҷайраи растанӣ аз ҳайвон?
А) Ядро дорад.
Б) Пластид дорад.
В) Митохондрия дорад.
 
Саволи 6.Ситоплазмаро (протоплазма) аввалин бор кадом олим ба илм дохил кард?
А) Тимирязов
Б) Симмерман
В) Пуркине
Саволи 7. Мембранаи ситоплазма аз кадом моддаҳо таркиб ёфтааст?
А) Карбонгидрид–сафеда
Б) Фосфолипоид–липопротоид
В) Кислотаи нуклеинӣ ва полисахарид
Саволи 8. Кадом қисми ситоплазмаро плазмолема меноманд?
А) Қисми дохилӣ
Б) Миёнаxой
В) Берунӣ 
Саволи 9. Тонопласт кадом вазифаро адо мекунад?
А) ҳуxайраро муҳофизат мекунад
Б) Вакуоларо иҳота мекунад
В) Равғанро синтез мекунад.
Саволи 10. ҳаракати ситоплазма дар кадом вақт бисёрxараёна мешавад?
А) Дар ҳавои гарм
Б) Дар ҳавои хунук
В) Дар вақти зиёд будани вакуол
Саволи 11. Геолоплазма дар кадом қисми ситоплазма xойгир шудааст?
А) Плазмолейма
Б) Тонопласт
В) Мезоплазма
Саволи 12. Кадом вазифаро геолоплазма иxро мекунад?
А) Барои синтези сафеда иштирок мекунад
Б) Муҳит барои дигар органоидҳо мебошад
В) Моддаҳои фаъоли физиологӣ ҳосил мекунад

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив