1. Кашфиёти микроскоп.
2. Кори олими англис Р. Гук.
3. Давраи асосии таракиёти назарияи хучайра.
4. Заминаҳои пайдоиши назарияи ҳуҷайра.
5. Маълумот оиди ҳамаи организмҳо аз ҳуҷайра иборат буданаш.
Кашфиёти сохти ҳуҷайра ба кашфиётҳои найчаҳои оптикӣ ва микроскоп вобаста мебошад. Найчаи оптикиро аввалин бор бародарҳо Янсенҳо дар Голландия ихтироъ карда буд, ки ин сабаби ба вуҷуд омадани микроскоп гардид. Микроскопи аввалинро олим Галлилей дар соли 1610 ихтироъ карда буд. Номи микроскоп ба олими немис Иогана Фэбер вобаста мебошад. E аввалин шуда ба микроскопи Галлилей ихтироъ карда, дар соли 1625 акси телескоп-микроскоп ном дод.
Намуди умумии микраскопи “Биолам”
1. Чашмак 2. Тубус 3.Револвер 4.Обектив 5.Мизи ашёгузор 6.Конденсор 7.Оинача 8.Дастаки тубусдоранда 9.Тобаки макрометрики 10. Тобики микрометрики 11. Поя.
Аввалин бор объекти растанигӣ (биологияро), олими Англия Роберт Гук мушоҳида карда буд. E аз пробка бо микроскопи такмилдодаи худ сохти ҳуҷайраро мушоҳида кард ва ба он ҳуҷайра ном дод, ки ин ба солҳои 1660–1665 тааллуқ дорад. Р. Гук мушоҳидаи худро ҷамъбаст карда монографияи худро дар ин соҳа ба ҷамъияти биологҳои табиӣ пешкаш намуд. Дертар аз ин олими Англия Грю ва олими Италия Малпиги аз як дигар бехабар сохти ҳуҷайраи растаниро омeхта ҳар ду ба як хулоса омаданд ва ба монографияи худ «Анатомияи растаниҳо» ном доданд. Бинобар он асосгузори анатомияи растаниҳо олимон Грю ва Малпиги ба шумор мераванд (1671). Дар соли 1676 олим Левин Гук, дар зери микроскопи мукаммал кардаи худ организмҳои якҳуҷайрагиро мушоҳида кард. Он чӣ, ки ба чашми инсон ноаён буд, Л. Гук онро кашф карда барои инсон пешкаш кард.
Баъди аз чоп баровардани асари Малпиги, Грю ва Левин Гук дар соҳаи омeзиши сохти дохилии ҳайвонот ва растанӣ, хусусан ҳуҷайраи онҳо бисёр олимон кор кардаанд ва монографияи худро аз чоп бароварданд. Дар соли 1831 олим Роберт Браун дар ҳуҷайра ядроро ихтироъ кард.
Олими чех Ян Пуркине 1837–1840 ва Гуго Мол 1805–1872 дар бораи протоплазмаи ҳуҷайра маълумот дода ва ин терминро ба фан дохил карда буд. Кашфиёти назарияи ҳуҷайра ҳам ба ин солҳо тааллуқ дорад. Дар соҳаи назарияи ҳуҷайра бисёр олимон кор кардаанд. Олими Франция Де Труше, олими Рус Горонинов, олими Америка Окен ва ғайра аз ин xумла мебошанд. Лекин асосгузори назарияи ҳуҷайра олимон Шлейден ва Шван мебошад. Шлейден ва Шван (1810–1882) исбот намуд, ки ҳамаи организми зинда аз ҳуҷайра ва маҳсули он ташкил ёфта аст. ҳуxайра дар натиxаи тақсимшавӣ зиёд ё афзоиш мекунад. Ф.Энгелс ба кашфиёти назарияи ҳуҷайра баҳои баланд дода чунин гуфта буд: Дар асри 19 се кашфиёти бузургро қайд кардан лозим аст:
- Қонунии доимии энергия, ки аз тарафи олим Ломоносов кашф карда шуда буд.
- Қонуни тараққиёти олами органикӣ, ки аз тарафи Ч. Дарвин кашф карда шудааст.
- Охирон кашфиёт ин назарияи ҳуҷайра аст, ки ба олимон Шлейден ва Шван тааллуқ дорад.
Табиатшиносони асри 17 ва 18 табиати зиндаро ба се тақсим кардаанд: олами растаниҳо, олами ҳайвонот ва олами минералҳо.
Дар бораи пайдоиши онҳо далелҳои лозимӣ набуд. Бинобар он дар тараққиёти биология назарияи ҳуҷайра яке аз этапҳои асосии таърихӣ ба шумор меравад. ҳоло ягон соҳаи фанни биология ё ки, ба он наздик вуxуд надорад, ки дар он назарияи ҳуҷайра иникос наёфта бошад.
ҳар як назарияи ба вуxуд омада аз он xумда назарияи ҳуҷайра ҳам ба фактҳои муайян такя мекунад. Фактҳои ҷамъбаст карда шуда нисбати вобастагии онҳо аз мавқеашон маънидодҳои гуногун дорад.
Таърихи назарияи ҳуҷайра роҳи дуру дарозе тай карда аст, зеро саршавии он ба аввалҳои асри 17 тааллуқ дорад, ки то солҳои 30–eми асри 19-ро дар бар мегирад. ҳоло аз кашфиёти назарияи ҳуҷайра зиёда аз 100 сол гузашта аст. Дар ин фосида дар биология кашфиёт ва таъғиротҳои зиёде рeй дода аст, ки ин сабаби мулоҳизаҳои зиёди философӣ гардида аст. Тараққиёти ҳозираи биологиро ба назар гирифта, дар бораи аҳамияти назарияи ҳуҷайра дар рафти эволютсияи олами органикӣ дуруст баҳо додан лозим аст.
Заминаҳои пайдоиши назарияи ҳуҷайра. Тараққиёти ҷамъияти инсони ва талаботи рeзафзуни он инсонро водор мекунад, ки боигариҳои табиатро омeзад ва онро ба қадри имкон барои беҳбудии ҳаёти худ истифода барад. Оқилона истифодабарии олами растанӣ ва ҳайвонот бе тараққиёти илму фан имконнопазир аст. Тараққиёти илму фан бошад, ба кашфиётҳои нав ба нави ҳамон соҳа вобаста мебошад.
Заминаҳои аввалин барои кашфиёти назарияи ҳуҷайра ба охирҳои асри 16 ва аввалҳои асри 17 тааллуқ дорад. Дар охирҳои асри 16 дар мамлакатҳои тараққӣ карда академияҳо кушода шуданд, ки дар он пешрафт ва кашфиётҳои фаннҳои табии муҳокима карда мешуд.
Дар асри 17 бошад, бевосита ба кори академия намояндагони ҳокимият ҳам иштирок доштанд. Ин тавр академияҳо дар Англия, Франсия, Италия (Рим), ташкил шуда буд, ки дар он олимон кашфиётҳои худро дар соҳаи табии пешкаш мекарданд. Дар асри 17 Франсис Бэкон методи нави омeзиши табиат бо роҳи индуксияро пешниҳод кард. Аз рeи нишондоди Бэкон илм бояд таxрибавӣ бошад, индуксия, анализ, муқоиса, мушоҳида, таxриба бояд оқилона истифода шавад.
Дар он давра таълимоти Бэкон яке аз таълимотҳои прогресиявӣ ба шумор мерафт. Заминаи нахустине, ки ба назарияи ҳуҷайра поя гузошт, ин ихтироъи микроскоп ва кашфиёти ҳуҷайра мебошад. Истифода барии микроскоп бо мақсади илми аввалин бор бо ташаббуси Федоренко Чези дар академияи Рим, табиатшиноси Италия Стеллути (1577-1646) обекти биологии оруи асалро нахустин бор дар зери микроскоп омeхта буд.
Лекин асосан омeзиши объектҳои биологӣ бо микроскопи мукаммал аз худ кардан ба олими Англис–физик, математик Роберт Гук тааллуқ дорад. Дар соли 1662 Роберт Гук ба ҷамъияти олимони «таxрибагузор»-и назди подшоҳони Англия адо мегардад. Роберт Гук мушоҳидаҳои худро оиди омeзиши объектҳои биологӣ xамъ намуда, дар соли 1665 монографияи худро, ки он «микрография» ном дошт, нишондиҳанда эxод кард. Он иборат аз 200 саҳифа ва 38 таблиса ва расм буд. E дар кори худ аввалин шуда нафакат дар пeк, балки дар дигар қисмҳои растанӣ ҳам ҳуҷайраро мушоҳида карда буд. Роберт Гук ҳамчун физик қонуни деформасияи чандирии поя, назарияи чадирӣ, назарияи мавxи равшанӣ ва дигар қонунҳоро кашф карда буд. E системанок ба омeзиши растанӣ ва ҳайвонот шурeъ кард. Малпиги ҳуҷайраҳоеро, ки дар қисмҳои растанӣ мушоҳида карда буд, халтачаҳо ва найчаҳо номида буд.
Грю мустақилона дар органҳои растанӣ ҳуҷайра ва рагҳоро мушоҳида карда ба он тасвири пурра дода буд. Грю ҳуҷайраҳои паренхимиро бо кeпуки пива муқоиса карда, ба он ҳубобчаҳо ном дод, ки он то асрҳои 19 қабул карда шуд. Грю нисбати ба Гук дар омeзиши ҳуҷайра пеш рафта ба ҳамаи организмҳои растанӣ хос буданашро исбот карда буд, лекин ҳаммаи органҳои растанӣ аз ҳуҷайра инкишоф ёфтанашро намедонист. Грю дар биология аввалин шуда термини бофтаро дохил карда буд ва ба тараққиёти морфологияи ҳозира роли асосиро бозид. Корҳои иxрокардаи Малпигӣ ва Грю дар соҳаи омeзиши сохти растанӣ дар бораи структураи бо ҳам монанди растаниҳо маълумот дода бошад ҳам, лекин ҳуҷайраро ҳамчун ягона элементи растанӣ буданашро намедонистанд, бинобар он ҳам аз назарияи ҳуҷайра дур буданд. Кори олими Голландия Антон Левен Гук, дар омeзиши обекти биологӣ пас аз кори Малпиги ва Грю xои намоёнро ишғол мекунад. Левен Гук бо микроскопи ихтирокардаи худ, ки аз як линзаи калонкунанда (ба монанди лупа) иборат буд, дар омeзиши биология як дунёи нави организмҳои микроскопиро кашф кард. Ба ин кори худ, ҳудуди ҳастии организмро васеъ намуд. E аввалин шуда дунёи микроорганизмҳоро кашф карда буд.
Дар асри 17 дар соҳаи омeзиши сохти ҳуҷайра кор карда дар дохили ҳуҷайра моддаи гомогенӣ вуxуд дорад, ки аз бофта таркиб меёбад мегуфтанд. Лекин дар бораи ҳуҷайра ва структураи ягонаи олами растаниҳо сухан намерафт. Кашфиётҳои дар соҳаи омeзиши ҳуҷайра кардаи олимон асри 17 ҳамчун фактҳои алоҳида ҳамчун замина барои бунёди назарияи ҳуҷайра мемонд. Сабаби асосии дар асри 18 ва аввалҳои асри 19 пастшавии омeзиши сохти ҳуҷайра вобаста ба корҳои Карл Линней мебошад. Барои он, ки дар он вақт обрe ва эътибори К. Линней дар ривоx ва равнақи биология зиёд буд, бинобар он олимон барои омeзиши систематикаи растаниҳо шурeъ карда буданд.
Дар асри 18 кор кардан бо микроскоп суст шуда бошад ҳам, лекин олим Бюфарон аз принсипи систематикии К. Линней даст кашида, идеяи ягонагии табиати органикиро пешниҳод намуд. E дар бораи монандии сохти дохилии растанӣ ва ҳайвонот гуфта буд. "Xудо кардани олами органикӣ характери сунӣ дорад, лекин табиат онро xудо намекунад". Кори олим Бюффонро олимон Добонтон, Гентер Балуменбах дар соҳаи методӣ муқоисавӣ давом доданд ва Кюве анатомияи муқоисавиро «аналогия» номида буд. Назарияи преформасия, ки ибтидои худро дар асри 17 сар карда буд, дар асри 18 ривоxу равнақ ёфт.
Назарияи эпигенез барои ташакулёбии назарияи ҳуҷайра роли муҳимро бозида буд. Тарафдорони ин назария дар назди олимон вазифаи омeзиши «морфогинез»-ро гузошта буданд, (дертар гистогенез), яъне омeзиши протсесси шаклгирии организм, ки дар оянда онро Шван дар асоси назарияи ҳуҷайра гузошта буд. К.А. Волф олими немис, e аввалин шуда дар зидди назарияи информасионӣ баромад карда ба ивази он назарияи эпигенезисро (назарияи пайдоиш) пешниҳод намуд. Лекин назарияи Волф ҳам аз метофизика озод набуд. Барои он, ки дар Германия тарафдорони назарияи преформасия хиёд буд, бинобар он барои кор кардан ба олими xавон имконият надоданд, e маxбур шуд, ки таклифи Россияро қабул карда ба Петербург ояд ва ба унвони академик соҳиб гардида дар ин xо кори сар кардаи худро давом дихад. E дар бораи пайдоиши ҳуҷайраи растанӣ ва ҳайвонот сухан ронда бошад ҳам норасогиҳои зиёде дошт. Дар кори Волф идея ягонагии структураи микроскопии растанӣ ва ҳайвонот ва конуни умумии тараққиёти он дида мешуд. Лекин Волф назарияи ҳуҷайраро кашф карда натавонист, сабаб дар он аст, ки холо дар дасти e материалҳои пурра дар ин соҳа набуд. Кори Волф барои назарияи ҳуҷайра кeшиши аввалин ба шумор мерафт.
Дар аввалҳои нимаи дуюми асри 20, дар адабиётҳои собиқ иттифоқ паҳн гардида буд, ки гeё олими рус Горянинов панx сол пеш аз Шван идеяи назарияи ҳучайраро пешниҳод карда буд (1834). Дар ин бора аввалин бор олими рус Б.М. Козо-Полянский маълумот дода буд (1946), ки онро дертар олим Б.Е. Райков (1951) дастгирӣ кард.
Тараққиёти назарияи ҳуҷайра ва кашфиёти он бе восита ба кашфиёти ядро алоқаманд мебошад. Аввалин бор ядроро Левен Гук дар соли 1700 дар эротросити моҳи дида, онро дар расм нишон дода буд. Дертар эротросити бисёр мeҳрадоронро олим Хюсон (1777) дида, онро дар расмҳои кашидаи худ пешниҳоди Фонтан (1781) ядроро дар рихинаки пeст мушоҳида карда онро ғурeша (шариков) номид, лекин дар ҳама ҳуҷайра будани он ва вазифаи он номаълум буд. Дар ҳуҷайраи растаниҳо ядроро (1802) бори аввал олим Бауер нишон дода буд. Лекин ядро ҳамчун қисми асосии ҳуҷайраи растанӣ буданашро олими Англия гуфта буд, бинобар он кашфиёти ба номи у алоқаманд мебошад (1833). Дар гистологияи ҳайвонот соли 1836 термини ядро аз тарафи олим Валентин қабул карда шуда буд. Дар дохили ядро Валентин ядрочаро дида онро аввалин бор тасвир намуда буд.
Дар соли 1838 мақолаи ботаники xавон Маттнос Шлейден бо номи «Материалҳо ва фитогенез» аз чоп мебарояд, ки ин барои тараққиёти омeзиши ҳуҷайра давраи якум буд ва ин муаллифи мақола бо ҳамроҳии Шван асосгузори назарияи ҳуҷайра ба шумор рафтанд.
Шлейден дар бораи ҳосилшавии ҳуҷайра кор карда баъзе хулосаҳои худро пешкаш мекунад. Барои ҳосилшавии ҳуҷайра Шлейден ядроро ҳамчун қисми асосии он нишон медиҳад. Аз рeи фаҳмиши Шлейден ҳуҷайраи нави ҳосил шуда дар дохили ҳуҷайраи модарӣ ба вуxуд меояд. Ин норасогии Шлейденро дeсти e Шван ҳам қабул карда буд.
То кори Шлейден ядро дар ҳуҷайраи растанӣ ва ҳайвонот аниқ буд, лекин фақат дар кори Шлейден ядро ҳамчун аломати асосии монандии қисми дохилии ҳуҷайраи олами растаӣ ва ҳайвонот нишон дода шуда буд. Ин аломат барои кори Шван зинаи асоси шуд, ки e назарияи ҳуҷайраро ба вуxуд овард.
Дар кашфиёти назарияи ҳуҷайра Шлейден ба Шван ҳам муаллиф набуд. Муаллифи кашфиёти назарияи ҳуҷайра Шван ба ҳисоб меравад.
А) 1. Ҷилди ҳуҷайра 2. Ситоплазма 3. Вакуола 4. Ҳаста
Б) Тасвири сохти ҳуҷайраи растани (таҳти микраскопи электронӣ)
1. Ҳаста 2.ҳастаи хурд 3. ҷилди ҳаста 4. Масомаҳо (ковокии ҳаста). 5. Вакуола 6.Хлоропласт 7. Митохондрия 8. Аппарати Голджи 9. Тӯри эндоплазматикӣ 10. Рибосомаҳо 11. Девораи ҳуҷайра 12.Ковокиҳои девораи ҳуҷайра 13. Плазмодесмаҳо
Саволҳо барои такрор ва мустаҳкамкунӣ:
Саволи 1. Аввалин бор микроскопро кӣ ихтироъ намуд?А) Янсенҳо
Б) Роберт Гук
В) Галилей
Саволи 2. Номи микроскопро ба илм кадом олим гузошт?
А) Галилей
Б) Левен Гук
В) Иоган Фэбер
Саволи 3. Кашфиёти сохти ҳуҷайра ба кадом олим вобастааст?
А) Лиминчук
Б) Роберт Гук
В) Грю
Саволи 4. Олим Грю ва Малпиги барои пешрафти биология чиро ба илм гузошт?
А) Морфология растаниҳо
Б) Физиологияи растаниҳо
В) Анатомияи растаниҳо
Саволи 5. Аввалин бор организмҳои як ҳуҷайравиро кӣ омeхта буд?
А) Роберт Гук
Б) Малпиги
В) Левен Гук
Саволи 6. Олим Фелекс Фантон аввалин бор ядрои ҳуҷайраро кадом сол мушоҳида карда буд?
А) 1781
Б) 1790
В) 1760
Саволи 7. Кадом олим ядроро структураи доимии ҳуҷайра номида онро ба илм гузошта буд?
А) Малпиги
Б) Роберт Браун
В) Фелекс Фантон
Саволи 8. Аввалин бор кӣ дар бораи ядроча пурра маълумот дод?
А) Роберт Браун
Б) Шлейден
В) Пуркине
Саволи 9. Асосгузори назарияи ҳуҷайра кадом олимон мебошанд ва ба кадом сол тааллуқ дорад?
А) Пуркине 1840–1841
Б) Шлейден Шван 1838–1839
В) Дарвин 1835–1836
Саволи 10. ҳамаи организмҳо аз ҳуҷайра иборат буданашро аз олимони рус кӣ гуфта буд?
А) Тимирязев
Б) Навасин
В) Горянинов
Комментарии (0)