Меҳнат ин заҳмат, ранҷ ва машаққат аст. Агар меҳнат азобу ранҷ бошад, пас шараф ва ифтихор дар пушти он ниҳон аст. Инсон, то ки ба мақсуди дил расад, заҳмат мекашад. Инак, саволе пайдо мегардад: меҳнат метавонад ба инсон сарбаландӣ оварад? Хостам ақидаи худро рӯйи коғаз оварам.
Оре, шахс маҳз ба воситаи меҳнати ҷисмониву ақлониаш аз қабили кишоварзӣ, чорводорӣ, шоириву нависандагӣ, омӯзгорӣ, духтурӣ, пазандагиву дӯзандагӣ ва ҳоказо обрӯву эътибор пайдо намуда, дар ҷамъият сарбаланд мегардад. Ғайр аз ин, меҳнат инсонро тарбия намуда, омили асосии шарафмандии ҷавонон мегардад. Афроди танбалу коргурез бошад, на соҳиби касбу ҳунар асту на соҳиби шараф. Одами оқибатбин дар зиндагӣ мақсад дораду аз болои худ кор мекунад ва мақоли «Аз бекор Худо безор» шиори ӯст. Ҳар як касбу кор ба худ хос машаққат дорад. Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, аз меҳнати сангин наҳаросида, ба пеш гом занем, ана он вақт мукофоташро хоҳем гирифт. Завқи ҳаёт дар меҳнат аст. Меҳнат бо баробари обрӯ касро соҳибкор ва соҳибдавлат мегардонад, ки омили фароғат дар зиндагӣ.
Зи меҳнат нони беминнат барояд,
Зи меҳнат ганҷи пурқимат барояд.
Ба замми ин тани солиму зебо,
Яқин аз ҳосили меҳнат барояд.
Ба кас дунё зи меҳнат бовафо аст,
Валекин нозу бекорӣ ҷафо аст.
Каси меҳнатқарину поквиҷдон,
Мудом хушбахту некӯному комрон.
Дар охир бояд гуфт, ки меҳнат ба маънои томаш мазмуни зиндагии манфиатдор дар ҳаёти инсон. Аз ин сабаб, меҳнатдӯст будан шахсро шарафмандтарин аҳли олам гардонида, аҳли оила ва атрофиёнро аз худ розӣ мегардонад.
Комментарии (1)