Садриддин Айни - омӯзгор ва тарбиятгари насли наврас


НАҚША

Муқаддима
1. Тулӯи хуршеди маонӣ
2. Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ва ақидаҳои дидактики ӯ
3. «Таҳзибуссибён» аввалин китоби дарсии мактабҳои нав
4. Мақолаҳои илмӣ – оммавии Садриддин Айнӣ дар матбуот оиди мактабу маориф
 Хулоса

Муқаддима

Садриддин Айни«Фикри соиб ва ҳаракати дуруст пайдо намешавад инсонро, магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад магар аз мактабу мадорис»
 С. Айнӣ

Оре, устод дуруст мефармояд. Танҳо тавассути дониш ва тарбияи дуруст мо метавонем фотеҳи қуллаҳои баланди инсонӣ шавем. Тарбия чӣ маъно дорад? Кадом шахс тарбиятгар буда метавонад? Посухи ин суханҳоро фанни педагогика кайҳо ба мо гуфтааст. Беҳтараш аввал ба ин мафҳумҳо шинос мешавем.
 Тарбия – раванди мақсадноку муташаккилест, ки инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро таъмин намуда, ӯро ба меҳнату фаъолияти ҷамъиятӣ омода месозад. Агар ба чашми таҳқиқ назар намоем, хоҳем дид, ки инсонҳо танҳо тавассути тарбия ба дараҷаи баланди тамаддун расидаанд. Пушида нест, ки ҳар миллате, ки тарбияро дуруст ба роҳ мондааст, ба дараҷаи баланди тараққиёт расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки тарбия ва таълим дар педагогика аз ҳамдигар ҷудонашаванда ҳастанд. Пас таълим чист?

Таълим – раванди махсуси мақсадноку муташаккил аст, ки дар рафти он хонандагон донишҳо, маҳорату малакаҳо пайдо мекунанд ва ҷаҳонбиниашон ташаккул, ақлу қобилияташон инкишоф меёбад. Ба кори таълим муаллим роҳбарӣ мекунад. Маълум аст, ки таълим тарбия мекунад ва тарбия таълим медиҳад.
 Таълимгар ё муаллим кист?

Муаллим пеш аз ҳама инони ҳамаҷиҳата тайёр мебошад, ки кори таълиму тарбияро аз рӯи талаботи педагогика бо истифодаи методҳои гуногун пеш мебарад ва ба хонандагон дониш, маҳорат ва малака медиҳад. Кори муаллим ниҳоят пуршараф мебошад. Аз ин ҷост, ки дар ҷомеа ҳама ба муаллим эҳтиром доранд ва ӯроб о ифтихору эҳтиром «устод» мегӯянд. Дар адабиёти класикии тоҷику форс муаллим аз мақоми махсус бархурдор аст. Адибони мо муаллимро ба суханҳои хеле баландмазмуну самимӣ васф кардаанд ва ҳатто ӯро бештар аз падар лоиқи эҳтиром донистаанд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
 (С. Шерозӣ)

Саидои Насафӣ муаллимро асоси фаъолияти муваффақ медонад. Ба андешаи ӯ бидуни муаллим ба комёбиҳо ноил шудан ғайриимкон аст:

Бе муаллим зери гардун муътабар натвон шудан,
 Моҳи навро рафта – рафта чарх оламгир кард.

Бузурги дигар мефармояд :

Ҳар, ки бе устод кард оғози кор,
 Кору бори ӯ надорад эътибор.

Бузургии муаллимро тамоми адён ва пайғамбарону бузургони онҳо эътироф кардаанд. Агар ба чашми таҳқиқ назар созем мебинем, ки ҳамаи шахсони маъруфу машҳур аввал аз таълитму тарбияи муаллим гузаштаанд.
 Дар кори кӯчак ва шогирдонаи худ ман тасмим гиритам, ки дар бораи фаъолияти омӯзгорӣ ва ҷабҳаҳои тарбиявии осори яке аз чеҳраҳои маъруфи илмӣ – адабӣ ва сиёсӣ, шоиру нависанда, таърихнигор аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ сӯҳбат намоям. Албатта, ин кори шогирдонаи ман орӣ аз камбудиҳо нест. Бо умеди он, ки устодон маслиҳатҳои хешро барои такмили ин кор дареғ намедоранд, камар ба таълифи ин мавзӯъ бастам. Дар баробари истифодаи адабиёти гуногун кӯшиш намудам, ки фикрҳои шахсии худро дар ин мақола ҷой диҳам. Умед мебандам, ки кори кучаки ман мақбули табъи нозуки хонандагони ҳӯшманд мегардад.

1. Тулӯи хуршеди маонӣ

Тавлиди ӯ тулуи як хуршед буд. Хуршеде, ки тавонист дар оянда синаи зулматро шикофад ва бо нури маърифати хеш ҷаҳонро равшанӣ бахшад. Ин офтоб аз куҷо буд? Кай тулуъ кард?
 Офтоби осмони маърифат Садриддин Саидмуродхоҷаи Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар рустои Соктареи Ғиҷдувони Аморати Бухоро ба дунё омадааст.

Садриддин дар шашсолагӣ ба мактаб меравад. Аммо чуноне, ки дар «Мактаби кӯҳна» мегӯяд, бо сабаби дар мактаби писарона савод набароварданаш ӯро падар ба мактаби духтарона мегузаронад. Вай чанд сол дар назди Бибихалифа сабақ омӯхта, аз девонҳои Ҳофиз, Бедил ва Навоию Фузулӣ як андоза баҳравар мегардад.
 Тобистони соли 1889 ба Бухоро ва атрофи он касалии вабо меояд. Садриддини хурдсол дар давоми 40 рӯз падару модари худро аз даст медиҳад. Баъдҳо ба дастгири маорифпарвар Садри Зиё (падари Муҳаммадҷон Шакурӣ) ба бухоро рафта 19 сол таҳсил менамояд. Шиносоӣ бо аҳли илму фарҳанги Бухоро дар ташаккулёбии минбаъдаи Садриддин мусоидат менамояд.

Ибтидои соли 1917 бо сабаби рӯй додани ҳодисае Садриддин Айни маҷбур мешавад, ки Бухороро тарк намояд.
 Бо таъсири инқилоби февралии рус фаъолияти ислоҳотталабии ҷавонбухориён вусъат пайдо кард. Амири Бухоро Олимхони манғит маҷбур мешавад, ки дар хусусии ислоҳот фармон барорад. Ин танҳо доме буд барои таъқибу қатли ислоҳотхоҳон. Ҳокимияти амирӣ Садриддин Айниро низ гунаҳкор дониста дастгир менамояд ва 75 чуб зада ба зиндон мепартояд…

Айнӣ дар 45 солагӣ (соли 1923) хонадор шудааст ва фарзандонаш – Камолуддин, Халифа ва Лутфия дар шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омадаанд.

Баҳори соли 1951 шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Академияи илмҳои Тоҷикистони Шӯравӣ табдил ёфт. Садриддин Айнӣ аввалин президенти он интихоб мешавад. Ин устодро водор мекунад, ки ба пойтахти кишвар Сталинообод (ҳоло Душанбе) ояд ва ҳаёти минбаъдаи худро онҷо гузаронад.

Устод Садриддин Айни моҳи майи соли 1954 дар Сталинобод бемор мешавад ва 15 июли ҳамон сол вафот мекунад. Оромгоҳи ин шахсияти бузург дар боғи шимолии Душанбе ки номи ӯро дорад ҷойгир мебошад ва зиёратгоҳи хосу ом аст. Боиси ифтихори ман аст, ки тобистони соли 2011 ба зиёрати оромгоҳи устод мушарраф гардидам.

Аз устод Айни мероси бойи адабию таърихи ва илмӣ нишон мондааст, ки ҳар яке бо гаронбаҳои ҳамсанги ганҷи Қорунанд.

2. Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айни ва ақидаҳои дидактики ӯ

Устод Садриддин Айнӣ ҳангоми ҳаёт бисёр фаъолияти густурдаи ҷамъиятӣ, инқилобӣ ва адабӣ дошт. Доир паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти Айнӣ бисёр тадқиқот бурда шудааст ва осори зиёде низ матбуъ аст. Дар ин боби кори худ мо атрофии фаъолияти омӯзгори Садриддин Айнӣ сӯҳбат менамоем.

Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айни ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст :
1. Таълим дар мактабҳои усули нав.
 2. Таълифи китобҳои дарсӣ.

Соли 1906 дар Бухоро Абдураҳмон Саъидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айни дарсҳои Саъидиро бо забони тоҷикӣ барои талабагони тоҷикзабон тарҷума мекард. Вақте, ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Абдувоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ кушода мешавад, фаъолияти омӯзгории садриддин Айнӣ боз ҳам васеъ мешавад.

Лозим ба ёдоварист мактабҳои усули нав аз макотиби маъмули амирӣ кулан фарқ мекарданд. Хонандагон дар мактабҳои амирӣ, ки Садриддин Айнӣ усули дарсгузарии онҳоро дар асари «Мактаби кӯҳна» тасвир кардааст, чанд соли умри худро зоеъ карда боз бесавод мемонданд. Хонандагони мактаби кӯҳна танҳо кур – курона хондану аз ёд кардани Қуръон ва дигар китобҳои диниро меомӯхтанду халос. Ин боиси он мегашт, ки бачаҳо бесавод мемонданд.

Дар макотиби усули нав бошад, хонандагон дар давоми чанд моҳи таҳсил хондану навиштанро аз бар мекарданд. Дар мактабҳои мазкур ғайр аз улуми динӣ боз ба бачаҳо илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқро низ меомӯзонданд. Ҳамаи ин боис шуд, ки муллоҳои мутаассиб зидди макотиби нав ва муаллимони онҳо балво бардоранд. Уламои дин, ки ба дарки аслии таълимоти ислом напмерафтанд, муаллимони мактаби навро «кофир» ва мактабро «шайтонхона» эълон карда, аз мардум даъват менамуданд, ки фарзандони худро ба мактабҳои кофирӣ надиҳанд. Дар ҳама ҷо муассисон ва муаллимони мактабҳои навро таҳқир мекарданд таҳдид менамуданд, балои охири замон мехонданд.

Махсусан Абдувоҳиди Мунзим ва Садриддин Айнӣ зери фишорҳои зиёд қарор доштанд. Аммо пешаи муқаддаси омӯзгориро тарк накарданд, ҳатто лаҳзаҳое будааст, ки барои амон ёфтан аз чанги душманон либоҳои занонаро ба бар карда суйи мактаб рафтаанд.

Оқибат ғазаби амир корашро кард. Мактабҳои усули навро баста муаллимони онро ҷазо доданд. Аз ҷумла Садриддин Айниро низ бо баҳонаҳои гуногун дастгир карда 75 чуб (дарра) мезананд. Дар таърихи 9 марти соли 1918 бошад барои қасосситонӣ бародари Садриддин Сироҷиддинро ба қатл мерасонанд. Садриддин Айнӣ ба ин муносибат марсияи пурсӯзу гудозе навиштааст, ки банди аввалинаш чунин аст :

Дӯстон ! Фоҷиаи сахт биомад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану, нур аз басарам.
Хабаре омаду рафт аз дулу ҷон тоқату ҳуш,
Баъд аз ин кай шавад аз ҳушу дилу ҷон хабарам.
Хабар ин аст, ки ба теғи ситам кушта шудаст,
Додарам, қуввату рӯҳу дилу қути ҷигарам.
Ҷигарам об шуду рехт, зи ду чашми торам,
 Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам…

Пас аз интишори ин марсия, ки заволи давлати амириро мехост, таҳқибу таҳдиди Айнӣ боз зиёдтар мешавад. Садриддин Айнӣ бо ёрӣ ва дастгирии инқилобчиёни Самарқанд ба шаҳри Тошкант фирор мекунад ва аз 22 апрел то 22 октябри соли 1918 дар он ҷо мемонад. Баробари бартараф шудани хатар ба Самарқанд баргашта дар яке аз мактабҳои усули нав боз ба касби омӯзгорӣ машғул мешавад. Садриддин Айнӣ нисбати миллати шарифи тоҷик бетараф набуд, бинобар ин ҳамеша сайъ мекард, ки ҷавонон ва толибилмони тоҷикро босавод намояд. Садриддин Айнӣ ҳамчун муаллим ва тарбиятгари насли наврас бисёр корҳоро ба сомон расонидааст. Фаъолияти педагогии Айнӣ танҳо бо дарс гуфтан дар мактабҳои усули нав ба охир намерасад. Ҳамчунин Садриддин Айнӣ барои макотиби мазкур китобҳои дарсӣ навиштааст, ки поёнтар дар ин бора муфассал гуфта мегузарем. Ғайр аз ин дар осори адабии худ Садриддин Айнӣ кӯшиш намудааст,ки таълиму тарбия ва ғояҳои онҳоро байни насли наврас ва ҷавонон тарғиб намояд. Аз ҳамаи он асарҳои адабии Садриддин Айнӣ ки номгӯи эшон метавонад чанд саҳифаро банд намояд, мо фақат баъзе паҳлуҳои тарбиявии «Ёддоштҳо» – и устодро, ки ҳамаи воқеъаҳои он ҳаётӣ мебошанд дида мебароем. Адабиётшинос ва академик Муҳаммадҷон Шукурии Бухороӣ соли 1966 китоби «Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ» – ро нашр мекунад, ки дар он ҳамаи паҳлӯҳои «Ёддоштҳо» ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд, аз ҷумла паҳлӯи тарбиявии асар низ таҳқиқи адабиётшиносӣ гардидааст.

Дидактика ва панду ҳикмат дар «Ёддоштҳо» бисёр истифода шудааст.
 Чунончи дар «Ёддоштҳо» ҳоҷӣ Абдулвоҳид мегӯяд : «Барои ҳар кас ақли боҷасорат лозим аст. Инчунин ҷасорати беақлона ҳам фоида надорад». Ин суханон дидактикаи ошкоро мебошанд. Вале дар образи шахсе мисли Абдулвоҳиди Садри Сарир ин тарз ҳикматгӯӣ магар сохтакорӣ мебошад? Не ин ҷумлаи ҳикматомез ба характери ӯ, ки шоиру донишманди куҳансол аст, комилан мувофиқ мебошад.

Дар «Ёддоштҳо» абёти ҳикматомези Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Исо ва чандин шоири дигар истифода гардидаанд.
Масалан, дар замони кӯдакии Айни кӯдаконро бо деву аҷина тарсонида ором мекардаанд. Дар «Ёддоштҳо» Айнӣ ин нуқтаро қайд карда, ҳамзамон сухани падарашро, ки дар кӯдакӣ ба ӯ байти Саъдиро гуфта буд, менависад ва аз он байт тарбияи нотарсию ҷасорат гирифтани худро низ дар овони кӯдакӣ изҳор менамояд.
 Он байт чунин аст :

Дев ба одам наёмезад матарс,
 Бал битарс аз одамони девсар.

Мазмуни байт таъкид менамояд, ки аз чизҳои мавҷуднабуда – деву аҷина тарсидан нашояд. Бояд мо аз инсонҳои девахлоқу пастфитрат битарсем ва аз эшон дурӣ ҷӯем.

«Нутқи ҳикматомези баъзе қаҳрамонон, панду ҳикмати шоирони классик , масалу афсона ва латифаҳо, унсурҳои насри мусаҷҷаъ ва мисли инҳо дар «Ёддоштҳо» барои ороиши зоҳирӣ наомадаанд»,- менависад М Шакурӣ дар китоби худ. Мавсуф сабабҳои истифодаи дидактикиро дар «Ёддоштҳо» – и Айнӣ чунин шарҳ медиҳад : «Ҳар як кадоми онҳо (ақидаҳои дидактикӣ П.М) ба яке аз воситаҳои муҳими тасвири муккаммали ҳаёти гуногуну мураккаб ва характери комили инсонӣ табдил ёфтаанд. Онҳо барои нишон додани хисатҳои хоси мардуми тоҷик ва зиндагонии ӯ, барои кушодани тарзи тафаккури халқ ва ҳаёти маънавии вай роли хеле калон бозидаанд. Онҳо асосӣ ҳаётӣ доранд».

Дар идомаи фикри худ академик М Шакурӣ аҳамияти бузурги адабӣ ва дидактикии «Ёддоштҳо»-ро таҳлил намуда менависад : «Дар «Ёддоштҳо» на танҳо манзараҳои аҷиби зиндагии меҳнаткашон, рӯҳӣ исёнкоронаи халқ ва боварии комили ӯро ба ояндаи дурахшони ӯ мебинем, балки тасвири меҳнатдӯстӣ ва қувваи бузурги бунёдкорию эҷодкории халқ, ақлу заковати ӯ, ҳикмати ҳаёт ва меҳру муҳаббате, ки халқ нисбат ба илму дониш ва санъату адабиёт дорад бештар мавқеъ пайдо кард.»

Дар осори назмии Садриддин Айнӣ низ ақидаҳои дидактикӣ хеле зиёданд. Бузургтарини онҳо – ин даъват ба илмомӯзӣ мебошад. Садриддин Айнӣ мегӯяд :

Биёед эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад…
Биёед, эй рафиқони маонӣ,
Ба ҳам гардем ҷӯёи маонӣ.
Зи илму маърифат гар баҳра ёбем,
Тавон бозӯи нодонӣ битобем.
В-агарна ҷаҳл бар мо ҳамла орад.
 Димор аз рӯзгори мо барорад…

Садриддин Айнӣ кӯдакону наврасонро ба илмомӯзӣ даъват карда, таъкид менамояд, ки инсони бедонишу бекор дар ҷомеъа мақоме надорад. Аз ин рӯ моро лозим аст, илм омӯзем, маънои ҳаёт ва ҳаводиси зиндагиро донем. Агар мо аз илму маърифат баҳравар шавем, яъне соҳиби дониш гардем, метавонем нодонию ҷаҳолатро аз худ созем. Баръакс, агар бе илму маърифат ба воя расем ҷаҳлу нодонӣ ба мо ҳамла меорад ва мо дар асорати он заифу нотавон ва қашшоқ мемонем. Порчаи шеърии боло хеле муассир буда, мазмуни баланди тарбиявӣ дорад.

Ҳамин тавр, Садриддин Айнӣ дар шеърҳои худ низ мардумро ба омӯхтан ва доштани ахлоқи ҳамида даъват менамояд, ки гувоҳи дигари фаъолиятии педагогии вай мебошад.

3 «Таҳзибуссибён»-аввалин китоби дарсии мактабҳои нав

Фаъолияти педагогии Садриддин Айнӣ асосан дар ду самт ҷараён доштааст, ки яке аз онҳо таълифи китобҳои дарсӣ мебошад. Садриддин Айнӣ аз таҷрибаи дар мактабҳои Абдураҳмон Саъидӣ, Абдулвоҳиди Мунзим ва Абдуқодири Шакурӣ андӯхтааш истифода карда барои толибилмони мактабҳои нав се китоби дарсӣ навиштааст. Онҳо «Тартилул Қуръон» (соли 1909), «Заруриёти диния» (соли 1914) ва «Таҳзибуссибён» (соли 1910; 1917) мебошанд, ки ҳар кадом аз нигоҳи илмиву усулӣ, забону тарзи нигориш ва фарогирии маводи таълимиву тарбиявӣ гуногуну ҷолибанд. Гарчанде, ки «Таҳзибуссибён» пас аз ду китоби аввал интишор ёфтааст, муҳаққиқон онро ҳамчун нахустин китоби мукаммали синфҳои ибтидоии мактабҳои усули нав эътироф кардаанд.

«Таҳзибуссибён» аввалин бор соли 1910 дар матбааи «Новое дело» ба табъ расидааст. Нашри дуюми он ба соли 1917 рост меояд. Садриддин Айнӣ дар бораи моҳияту камбудиҳои ин китоби дарсӣ баъдан чунин гуфтааст: «Дуруст аст ,ки бо хоҳиши он замон дар ин китоб чизҳои динӣ ҳам буд, аммо ҳарчӣ бошад ҳам, як чизи нав буд».

Нашри якуми асар аз 41 боб ва нашри дуюмаш аз 43 боб иборат аст. Дар нашри якуми «Таҳзибуссибён» бобҳои зерин ҷой дода шудаанд: «Бачаи тарбиятдида» , «Бачаи боодоб», «Падар ва модар», «Устоз-муаллим», «Мактаб», «Аҳмадҷони соҳибмарҳамат», «Ҳикоят дар қоидаи мактаб», «Маснавӣ дар васфи мактаб», «Мактаб бояд чӣ гуна бошад?», «Қисме аз эътиқод», «Бачаи росткор», «Ҳикояти Тош», «Одами боақл ва соҳиби бахти баланд», «Одами бадбахт» , «Ҳикояти Араббек ва бародаронаш», «Чорбоғи Араббек» , «Бачаи боақл», «Бачаи боҳуш», «Ҳикояти муаллим ва шогирд», «Санасоли қамарӣ», «Идҳо», «Фасли шамсӣ», «Фасли баҳор», «Фасли тобистон», «Фасли тирамоҳ», «Фасли зимистон», «Имтиҳон», «Ҳикояти закӣ», «Зиндагӣ», «Хоб», «Ҳаво», «Маишати зиндагӣ » , «Гӯсфанд», «Гов», «Асп», «Хар», «Зиёфат», «Нон», «Палав», «Манту», «Соири таомҳо» ва қасидаи арабии «Қасидаи Ҳойия».

Садриддин Айнӣ дар нашри дуюм қиссаи «Хонадони хушбахт», шеърҳои «Заминро бояд нафурӯшед», «Мактаб», «Боз мактаб», «Саҳаргоҳон» ва «Қасидаи форси»-ро низ дохил кард.

Мо ин инҷо мухтасаран қиссаи «Хонадони хушбахт»-ро дида мебароем. Қиссаи мазкур дар ҷанри номаи насрӣ навишта шудааст, яъне тавассути мактубҳои ду ва якчандтарафа иншо гардидааст.

Ин қисса (мукотиботи Муҳаммадфарид ва падару модар , бародарону хоҳаронаш ва ҷавоби онҳо) на танҳо дорои мавзӯъ ва мазмуну ғояи тарбиявию ахлоқӣ мебошад, балки ҷаҳонбинӣ ва ақидаи сиёсию синфӣ ва иҷтимоии Садриддин Айнӣ, аз ҷумла меносибати ӯро оид ба мақоми зан дар ҷамъият дар бар гирифтааст. Садриддин Айнӣ оид ба зиндагӣ, муомилаву муносибат таълиму тарбияи хонадони Муҳаммадюсуфи завҷаи ӯ ва фарзандонаш ба воситаи мукотиботи тарафайн маълумоти фаровон медиҳад. Он мактубҳо хусусияти тарбиявию ахлоқӣ ва дидактикӣ дошта мазмунашон ба бобҳои дигари асар марбут аст. Устод Садриддин Айнӣ дар «Хонадони хушбахт» на танҳо қонунияти ҷанри адабии эпистолярӣ (нома) – ро риоя намудааст, балки ба «Гулистон» ва «Бӯстон» – и Саъдӣ низ такя кардааст.

Муаллиф дар «Таҳзибуссибён» талабагонро бо аввалин унсурҳои гуногуни илмҳои табиӣ, ҷамъиятӣ шинос намуда, дар бораи табиат, ҳайвонот, наботот ва дӯстдории онҳо, либосу хӯрок, урфу одат ва тарзи зиндагонии нек, тавсифи маориф, савоб, оид ба таърих, нуҷум ва ғайра маълумот медиҳад. Аз мутолиаи баъзе бобу ҳикояҳои «Таҳзибуссибён» маълум мегардад, ки Садриддин Айнӣ ҳангоми иншои он бо намунаҳои ҷудогонаи осори педагогӣ, махсусан алифбои К. Д. Ушинскқй, Л. Н. Толстой ва китобҳои мактабҳои ҷадидии туркӣ, тоторӣ, озарӣ, ӯзбекӣ ва ғайраҳо шинос будааст. Садриддин Айнӣ ҳамчун педагог мавзӯъҳоро мувофиқи синну сол ва савияи дониши талабагон баён мекунад, дар баъзе бобу қиссаҳо саволҳою ҷавобҳои кӯтоҳу саҳеҳро пешкаш менамояд.

Аксари ҳикояҳои «Таҳзибуссибён» бо порчаҳои шеърӣ тақвият ёфтаанд.
 Соири маводҳои китоби дарсии «Таҳзибуссибён» ба китобҳои нави дарсӣ, ки дар замони истиқлолияти Тоҷикистон нашр шудаанд, роҳ ёфтаанд. Масалан, қиссаи «Хонадони Хушбахт» ва баъзе шеърҳои он дар китобҳои дарсии «Забони модарӣ»-и синфҳои 2,3,4 ва 5 чоп шудаанд.

Яке аз он шеърҳо «Айёми баҳор» ном дорад, ки онро пешниҳоди хонандагони азиз мегардонем:

Айёми баҳору бомдодӣ,
Вақти фараҳ асту гоҳи шодӣ.
Дар ҷониби марғзор бинӣ ,
Ҳар сӯй гулу лолазор бинӣ.
Ҳаст оби равон равон ба ҳар сӯ,
Сабз аст зи сабзаҳо лаби ҷӯ.
Навхеста сабза, гул шукуфта ,
Наргис лекин ҳанӯз хуфта .
Гул хурраму барги ток хурррам,
 Аз сабза тамоми хок хуррам.

Ҳамин тавр, ҳамаи ҳикоёту шеърҳои «Таҳзибуссибён» ҷанбаи тарбиявию ахлоқӣ дошта, то ҳоло низ аҳамияти худро гум накардаанд.

Муродулло Почозода, донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи англисии Омӯзишгоҳи Омӯзгории н. Мастчоҳ

4. Мақолаҳои илмӣ – оммавии Садриддин Айнӣ дар матбуот оиди мактабу маориф

Фаъолияти рӯзноманигории Садриддин Айнӣ хеле барвақт оғоз ёфта то охири умри ӯ давом мекунад. Айнӣ дар рӯзномаҳои даврони инқилобӣ –«Шӯълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» ба сифати муҳаррири адабӣ ва мушовир фаъолият доштааст.

Устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз аз солҳои 1919-1920 дар рӯзномаи «Шӯълаи инқилоб » бо имзоҳои мустаори «С.М», «С.Х», «Қ.А», «С.Қ», «С.А», «М.» ва дар маҷаллаҳои ҳаҷвии ӯзбекии «Таёқ» ва «Машраб» бо имзоҳои «Бир кечалик футурист», «Сарсон», «Баттол», мақола, фелетон ва шеърҳои ҳаҷвӣ менавишт. Баъдтар дар рӯзномаи ӯзбекии «Меҳнаткашлар товӯшӣ» ва рӯзномаи тоҷикии «Овози тоҷик» фаъолияти публитистии Садриддин Айнӣ инкишоф ёфт .

Аксарияти мақолаҳои Садриддин Айнӣ дар бораи маориф ва ташкили мактабҳои тоҷикӣ навишта шуда, дар онҳо роҳҳои ҳалли проблемаҳои соҳа нишон дода шудаанд.

Дар давраи тақдирсози тақсимоти ҳудудҳои миллӣ дар матбуот «Қавми тоҷик ва рӯзнома » (1924) , «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик» (1924), «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷик » (1924), «Тоҷикони кӯҳистон» (1924), «Қобиляти ташкилотӣ дар тоҷикон»(1924), «Матбуоти тоҷик» (1926) ном мақолаҳои публитсистии Садриддин Айнӣ чоп шудаанд.

Дар мақолаи «Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии Тоҷикистон » , ки дар газетаи «Овози тоҷик», 6 марти соли 1925, саҳифаи 3 чоп шудааст, Садриддин Айнӣ дар бораи мушкилоти нашри китобҳои дарсии тоҷикӣ барои мактабҳои Тоҷикистон сухан гуфта, даъват менамояд, ки бояд барои мактабҳо китобҳои арзанда таҳия ва нашр карда шаванд. Вай менависад: «Ҳар китобе , ки барои Тоҷикистон тартиб меёбад, бояд дар Самарқанд ва Бухоро бо иштироки касоне , ки филҷумла бо маишат, урфу одат , истилоҳоту шеваи тоҷикон вуқуф доранд, тартиб ёбад. То ки дар натиҷа мисли «Баҳори дониш» китобе, ки ба атфоли тоҷикон душворӣ мекунад, ба майдон наояд Садриддин Айнӣ дар мақолаи мазкур ҳамчун педагоги дисӯз пешниҳод менамояд, ки бояд китобҳои мактабии тоҷикон аз ҷиҳати забон душворӣ надошта бошанд.

Дар мақолаи «Сайф ва қалам» («Шуълаи инқилоб», № 40, аз 17 июни соли 1920 саҳифаи 1-3) Садриддин Айнӣ таъминкунандаи асосии ҳуқуқи башарро ду қуввва медонад, яке сайф (шамшер), дигаре қалам.

Садриддин Айнӣ дар ин мақола мегӯяд: «Дар олами маданият ду қувват аст, ки таъмини ҳуқуқи бани башар бе воситаи ин ду мумкин нест. Ин ду қувват сайф ва қалам аст». Дар идомаи мақола устод Садриддин Айнӣ сайф-шамшерро дар ҷои ҷисм ва қаламро ҷои ҷон медонад. Ба андешаи ӯ ҷисм (сайф) бе ҷон (қалам) ва ҷон бе ҷисм вуҷуд дошта наметавонад. Дар идома менависад : «Олами ислом ҳар шараф ва манзалате ки дид, ба воситаи сайфу қалам дид, ба ҳар хорӣ ва мазаллате, ки афтод ба сабаби аз даст додани ин ду афтод».

Дар охири мақола устод Садриддин Айнӣ аз мардум даъват менамояд, ки бояд сайфу қаламро аз даст нагузоранд, зеро ҳаёти инсонҳо аз ҳамин ду қуввати бузург вобастагӣ дорад : «Агар мо шараф хоҳем, агар номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, бо иборати кӯтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем бояд, ки фурсат нагузаронда, чанг ба домони сайфу қалам занем. … Моро лозим аст, ҳарчи пештар ва бештар ба шоҳроҳи маориф ва танвири афкор роҳсипор гардида, аз байни худамон аҳли қаламҳои намоён ба майдони мубориза расонем»

Дар мақолаи «Масъалаи маориф ва китоб», ки дар шумораи 81 – и «Шӯълаи инқилоб» аз 1 августи соли 1921, саҳифаи 2-3 нашр шудааст, Садриддин Айнӣ асоси тараққӣ ва тамаддуни ҳар миллат ва қавмро вобаста ба маориф ва макотиб медонад.

Вай асоси бесаводии мардумро аз 2 чиз медонад :
1. Камтаҷрибагии муаллимон.
 2. Нарасидани китобҳои дарсӣ.

Дар ҳамон замон (солҳои 20 – уми асри 20) ҳамин 2 чиз сабаби асосии қафомонии маориф буд.
 Дар мақола омадааст : «Камтаҷрибаи муаллимин як амри табиист, ки бо мурури айём кам – кам зоил хоҳад шуд. Чунончи, муаллимине, ки дар авоили инқилоб ба маслаки таълим даромада буданд, имрӯзҳо хеле соҳибтаҷриба шудаанд, ононе, ки пастар дар ин маслак қадам ниҳодаанд, пастар соҳиби таҷриба хоҳанд шуд. Таҷриба ба қонуни тадриҷ вобастааст.

Аммо сабаби дуввумӣ, ки бекитобист, сабаби асосии адами истифода аз макотиби ҳозира аст. Ҳарчанд масъалаи китоб чанд бор ба сафҳаи матбуот музокара ёфт, модом, ки ҳанӯз китоби кофӣ ба майдон наёмадааст, такрори музокараи ин масъалаи муҳимаро аз аҳамми матолиб медонем… Ҳанӯз як асари намоён ба майдон намеояд.»

Дар идомаи мақола устод Садриддин Айнӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки барои чопи китобҳои тоҷикӣ ҳеҷ кӯшише аз ҷониби зимолдорони вақт (мусалламан мӯҳр дар дасти пантуркистон буд) мушоҳида намешавад: «Барои форсиёни Туркистон танҳо китобчаи «Соли нахустин» интишор ёфт, ғайр аз ин чизе ба назар намерасад ва барои омода кардани китоби форсӣ кушише ҳаст ё нест, ин ҳама ба мо маълум нест.

Агар аҳвол ба-дин минвол давомат кунад, махориҷи мофавқуттоқа, ки ҳукумат дар роҳи маориф мекашад ҳама ҳадар ва беасар меравад. Бинобар ин ба шӯъбаҳои маориф ва ҳамаи маорифхоҳон лозим аст, ки ин масъаларо аз ҳама масоил аҳамтар дониста дар, ин бора кӯшишҳои ҷиддӣ ба кор бурда, то сари таҳсили оянда, кам ҳам бошад, як қисм китоби мактабии … форсиро ҳозир намоянд».

Чуноне ки аз порчаи боло огоҳ шудед устод Садриддин Айнӣ дар мақолаи «Масъалаи маориф ва китоб» бо як дилсӯзии амиқ ва ғамхории мутлақ дар бораи тараққиёти маорифи кишвар, ки нав аз инқилоб баромадаасту дар чанги пантуркистон ҷон меканад, сухан мегӯяд.

Дар мақолаи «Ҳафтаи атфол чист?» («Шӯълаи инқилоб» №67 аз 17-уми феврвли соли 1921, саҳифаи 1-2) устод Садриддин Айнӣ кӯдаконро бо як дӯстии падарона, ки хоси ҳар як педагог аст, тавсиф намуда, таъкид мекунад, ки бояд атфол шахсони бо илму дониш шуда ба воя расанд.
 Дар мақола омадааст:

«Ин атфол киёнанд? Ин атфол шахсоне ҳастанд,ки дар оянда соҳиби мамлакат, соҳиби ҳуқуқ, соҳиби маданият, соҳиби саориф, соҳиби инсоният мешаванд, яъне инсони оянда ва пойдор дорандаи насл ва шарафи бани башар эшон ҳастанд.»
 Дар идомаи мақола устод Садриддин Айнӣ аз беаҳамиятии волидон нисбати атфоли худ изҳори ташвиш менамояд: «Пас чаро падаронашон эшонро тарбият намекунанд? Пас чаро инҳо ба муованат ва ёрмандии дигарон муҳтоҷанд?»

Дар охири мақола муаллиф ба ин саволҳо посух гуфта, роҳҳои тарбияи атфолро барои падарону модарон ва омӯзгорон нишон медиҳад.

Дар мақолаи «Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ», ки дар рӯзномаи «Шӯълаи инқилоб» № 86, аз 22 сентябри соли 1921, саҳифаи 1–2 чоп шуда буд, тасмими Ҳукумати Шӯравиро барои барҳам додани бесаводӣ ва хонондани калонсолон дастгирӣ намуда, баъзе фикрҳои худро барои босавод кардани ҷомеа пешниҳод намудааст. Вай менависад: «Ин қазияи аз офтоб равшан аст, ки то касе соҳиби хату савод ва дорои дониш набошад, агар дунё аз адолат пур шавад, боз ҳам беҳуқуқ ва маъзур хоҳад монд.»

Садриддин Айнӣ даъват менамояд, ки дар се моҳи зимистон, яъне дар мавсими бекорӣ бояд мардум барои саводомӯзӣ бештар талош намоянд ва дониш омӯзанд.

Дар як мақолаи дигар Садриддин Айнӣ аҳолии кӯҳистони тоҷикро нисбати дигар сокинони Туркистон (дар ибтидои асри 20 як қисми бузурги Осиёи Марказиро бо шумули шаҳрҳои калони тоҷикнишин чун Бухоро Самарқанд, Хуҷанд, Фарғона ва ғайраҳоро Туркистон мегуфтанд) босаводтар медонад: «Аҳолии кӯҳистон нисбат ба соири ҷойҳои Туркистон бисёртар соҳиби хату савод ҳастанд. Дар аҳди кӯҳна мадрасаҳои Бухоро ва Самарқанро бисёртар талабаҳои тоҷикони кӯҳистон ишғол мекарданд. Аҳолии кӯҳистон, умуман соҳиби заковат ва зеҳни соф буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд. Шеъру адабиётро дӯст медоранд.»

Дар мақолаи «Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон», ки дар рӯзномаи «Овози тоҷик», 14 октябри соли 1924, саҳифаи 2 чоп шудааст Садриддин Айнӣ бо як эҳсоси баланди миллатдӯстӣ исбот менамояд, ки тоҷикон мардуми саросар бесавод нестанд, онҳо низ метавонанд дар мақомҳои роҳбарӣ фаъолият намоянд. Дар мақола омадааст: «Қобилияти ташкилоти шӯроӣ дар тоҷикони кӯҳистон аз соири қавмҳои Туркистон бештараст. Заминаи ташкилотӣ дар усули идораи шӯроӣ синфи коргар ва ранҷбар аст, ки ин синф дар қави тоҷик феълан мавҷуд аст…

Ин коркуноне, ки аз ранҷбарон мерасанд, дар кӯҳистон роҳбар шуда бираванд, умед аст, ки вилояти мухтори тоҷикро мувофиқи дастурамали Ҳукумати Шӯроӣ ба хубӣ идора намоянд…
 Ба ҳар ҳол дар нахустин маротиба қадре ҷидди кӯшиш кардани бародарони фирқагии узбак ва роҳбарони шӯравии Туркистон лозим аст…».

Агар мо танҳо номҳои ҳамаи мақолаҳои устод Садриддин Айниро, ки дар бораи мактабу маориф чоп кардааст дар ин ҷо нависем даҳҳо дафтари дигар лозим мешавад. Бо сабаби адами шароит мо танҳо баъзе мақолаҳои барҷастаи Садриддин Айниро, ки дар газетаҳои «Шӯълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» нашр шудаанд, дида баромадем. Лозим ба ёдоварист, ки мақолаҳои мазбур ва дигар маълумоти ба онҳо марбутро ман аз ҷилди 9 – уми «Куллиёт» – и Садриддин Айнӣ, ки соли 1969 дар Душанбе нашр шудааст, дастрас намудам. Китоби мазкур ҳамаи он мақолаҳое, ки устод дар давоми ҳаёти худ дар рӯзномаю маҷаллаҳои гуногун интишор додаст, дар худ ҷой додааст. Ҳамаи мақолаҳои устод Садриддин Айнӣ бо як дилсӯзию хайрхоҳӣ нисбати миллати шарифи тоҷик ва муқаддасоти он навишта шудаанд.

Муродулло Почозода, донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи
 англисии Омӯзишгоҳи Омӯзгории н. Мастчоҳ

Хулоса

«Ин боғ зи нахли кӯҳан оростаам,
В – он нахл ба теғи хома пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба Шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.»
 (Садриддин Айнӣ)

Ин абёт далели фаъолияти масъулиятшиносонаи устод Садриддин Айнӣ мебошанд. Шумо дар боло бо тарҷумаи мухтасари ҳоли устод айнӣ шинос шудед. Ба фаъолияти педагогии ӯ низ ошно гардидед. Ҳангоми таҳлили китобҳои дарсии таълифнамудаи устод Айнӣ мо дидем, ки ӯ ҳамчун як педагоги воқеӣ хусусиятҳои синнусолӣ ва дигар виҷагиҳои кӯдаконро ба инобат гирифта асарҳои дарсӣ таълиф намудааст. «Ёддоштҳо» як асари мукаммали Айнист, ки қариб ҳамаи китобҳои дигараш дар вай дида мешаванд, яъне аз рӯи воқеаҳои ҳаётии муаллиф навишта шудааст. Мо дар боло ба баъзе ақидаҳои дидактикии китоби «Ёддоштҳо» ва якчанд шеърҳои ӯ шиносоӣ пайдо кардем. Ҳамчунин, бо баъзе мақолаҳои ҷасуронаи Садриддин Айнӣ, ки дар солҳои гуногун навишта шудаанд ошно гаштем, ки дар бораи мактабу маорифи тоҷик баҳс мекарданд. Хуб, аз ҳамаи инҳо чи хулоса баровардан мумкин? Мақсади мо аз навиштани ҳамаи инҳо чӣ будааст? Умуман, чаро ман аз миёни номгӯи зиёди корҳои курсӣ ин мавзӯъро интихоб кардам? Аввал ба саволи охирон ҷавоб мегардонам.

Дар тахтаи эълонҳо мавзӯъҳо зиёд буданд, вале дили ман ҳамин мавзӯъро интихоб кард. Чаро? Аз як ҷиҳат иртиботи касб аст, яъне чун дар оянда ман ҳам иншоаллоҳ педагог мешавам, бароям ифтихор аст, ки аз фаъолияти педагогии Қаҳрамони Тоҷиккистон Садриддин Айнӣ огоҳ бошам ва аз таҷрибаи бойи ӯ дар мактаб истифода намоям. Аз ҷиҳати дигар, мавзӯъ хеле ҷолибу шавқовар аст ва шахсро водор менамояд, ки ба адабиёти гуногун муроҷиат кунад. Ин ҷиҳат низ ба ман маъқул аст. Пас аз ҷустуҷӯйҳои зиёд ва мутолиаи китобҳои гуногун ман гарчанде ки ноқис бошад ҳам, ин кори курсиро навиштам ва хеле ифтихор менамоям, ки дар ин мавзӯъ паҷуҳиш анҷом додам. Пас аз навиштани ин кори курсӣ рости гап бароям хулосабарорӣ душвор аст. Боз дафтарро варақгардон менамоям ва сатрҳои он маро ба таҳрик медароранд. Чашмам ба суханони устод меафтад, ки онҳоро аз осораш барои тақвияти фикри худ иқтибос овардаам: «Барои ҳар кас ақли боҷасорат лозим аст.» ин сухан ба ман ҷасорат мебахшад. Ва ман, ки як донишҷӯе беш нестам аз фаъолияти пурбаракат ва муқаддаси фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин Президенти Академияи илмҳо устод Садриддин Айнӣ хулосабардорӣ менамоям, албатта дар такя ба осори адабиётшиносон барои кори кӯчаки шогирдонаи худ.

Хулосаи ман аз навиштаҳоям чунин аст :
1. Садриддин Айнӣ як педагоги соҳибтаҷрибае мебошад, ки камтар аз педагогҳои маъруф К. Д. Ушинский ва Л.Н. Толстой нест.
2. Китоби дарсии ӯ «Таҳзибуссибён» дорои мазмуни баланди тарбиявӣ буда бо гузашти зиёда аз 100 сол аз соли таълиф то ҳол қиммати хешро аз даст надодааст.
3. Устод Садриддин Айнӣ дар асарҳояш ақидаҳои дидактикӣ ниҳоят зиёд дорад, ки намунаи онҳоро мо дар «Ёддоштҳо» дидем.
4. Мақолаҳои Садриддин Айнӣ дорои аҳамияти баланди илмӣ буда аксари онҳо қисмати маорифи тоҷикро дар солҳои авали инқилоб ҳал кардаанд, яъне пас аз интишори онҳо дар макотиби тоҷики беҳбуди мушоҳида шудааст.
5. Садриддин Айнӣ як инсони ҷасур буд, аз гуфтани ҳақиқат наметарсид, ки мо инро ҳангоми таҳлили мақолаҳои ӯ дидем.
6. Садриддин Айнӣ нисбат ба созандагони ояндаи миллат – кӯдакон бетараф набуд, ҳамеша сайъ менамуд, ки онҳо соҳиби маърифат гарданд. Ин гувоҳи дигари педагоги воқеӣ будани ӯст.
 7. Садриддин Айнӣ ҳамчун омӯзгор ва тарбиятгари насли наврас тавонист соҳиби унвони баланд қаҳрамони Тоҷикистон гардад, агарчӣ дар формони Президенти кишвар гуфта шудааст, ки ин унвон барои поягузорӣ дар истиқлолияти миллӣ ба ӯ дода шудааст. Охир танҳо омӯзгори асил метавонад ба дарки аслии маънои муқаддаси истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ расад.

Бешак устод Садриддин Айнӣ тимсоли истиқлолият асту истиқлолият ҳосили заҳмати Садриддин Айнӣ ва пайравони ӯст.

Бозор Собир – шоири маъруфи тоҷик хеле хуб гуфтааст:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
 Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд!

Адабиёти истифодашуда
1) Х. Асозода , А. Кучаров , «Адабиёти тоҷик» , китоби дарсӣ барои синфи 11, ш. Душанбе -2007.
2) «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» , ҷилди 3 ш. Душанбе -2004.
3) С. Айнӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик » , чопи дуюм, Душанбе нашриёти «Адиб » соли 2010.
4) С. Айнӣ , «Куллиёт» , ҷилди 9 , ш. Душанбе , соли 1969.
5) М. Шакуров, «Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо» -и С. Айнӣ», ш. Душанбе , соли 1966.
 6) А. Сайфуллоев , «Романи устод Садриддин Айнӣ- «Дохунда» ш. Душанбе, соли 1966.

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив