Баъдҳо маҷмўаҳои «Оташбарг» (1974; 1984 бо алифбои ниёгон), «Гули хор» (1978), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Бо чамидан, бо чашидан…» (1987), «Чашми сафедор» (1991), (1998) «Аз Ватан вақте ки мерафтам», «Аз «Гули хор» то «Симхор» (2003) ба табъ расидаанд. Бозор Собир шеърҳои зиёдеро аз эҷодиёти шоирони шинохтаи ҷаҳонӣ чун Ҷ. Байрон, С. Есенин, А. Рембо, М. Валеко, П. Неруда, Э. Межелайтис тарҷума намудааст. Шеърҳои шоир ба забони русӣ ва як қатор забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд. Фаъолияти Бозор Собир ҳанўз аз шеърҳои аввалинаш пайроҳаи хоси эҷодӣ эҷодӣ интихоб мекунад ва ба мавзўъҳои одиву «назарногир» рў меорад. Дар шеърҳои «Мо кўдакон будем», «Кўдакиям ҳанўз гирён аст», «Чашм бар ҳошияи сабзи уфуқ», «Кўдакӣ ку?», «Бачаҳои деҳотӣ» айёми кўдакии пурҷўшу хурўши бачагони деҳотӣ бо тамоми паҳлуҳояш мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтааст. Дар шеъри «Кўдакиям ҳанўз гирён аст» ҳаёти нобасомони бачаҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ниҳоят муассир ифода гардидааст:
Бачаҳоям барои ханда маро,
Гоҳ-гоҳе ба ноз мепурсанд,
Ки гаҳи кўдакии хеш магар,
Мегиристам барои ширу шакар?
Шукри тақдирашон, намедонанд,
Дар ҷаҳон гиряест дардовар,
Гиряе баҳри як буридаи нон,
Гиряе, гиряе барои падар,
Ки сари гиряи сағирон аст,
Гиряи гиряҳои инсон аст.
Такрори пайдарпайи калимаи гиря (гиряе, гиряе ё ки гиряи гиряҳо) чӣ қадар талх ва дардовар будани ҳаёти фарзандони аз падар маҳрумро пеши назар меорад. Дар эҷодиёти шоир тасвири ҳаёти бачагӣ ба деҳа пайванди ногусастанӣ дорад. Васфи Деҳа барои қаҳрамони лирикӣ азизтарин ва муқаддастарин макон Ватан аст, ки тамоми эҳсосоти ўро фаро гирифтааст:
Ман Ватанро аз қафои пода пайхас кардаам,
Рўзу шаб бо панҷ ҳисси зотиям ҳис кардаам.
Бо забону чашму гўшу бо димоғу дасту по,
Бо чамидан, 2 бо шамидан, 3 бо чашидан, бо самоъ…
(«Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан…»)
Мафҳуми Ватан ва муносибати ватандор ба он махсусан ба воситаи санъати бадеии лаффу нашр (дар мисраъҳои банди аввал шарҳ ёфтани панҷ ҳисси зотӣ) возеҳу омўзанда ифода ёфтааст. Мавзўи Ватан дар ашъори Бозор Собир васеъ ва доманадор мебошад. Он аз кулбаи падарӣ ва деҳаи Сўфиён сар карда, то ноҳияи Файзобод, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳатто тамоми минтақаи форсизабо-нонро фаро мегирад. Аз ин ҷиҳат, «Тоҷикистон», ки дар шакли шеъри озод суруда шуда, аз панҷ банд иборат мебошад, ҷолиб аст. Дар ин шеър Бозор Собир аз камзаминии сарзамини Тоҷикистон маънии амиқи ватанхоҳӣ бардоштааст:
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Ҳар куҷое рафтам аз оғўши ту
Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам,
Пойи худро раҳ ба раҳ афшонда рафтам,
Аз заминат
(Сарзамини камзаминам),
Гарди хоке кам накардам.
Дар бандҳои минбаъда тасвир инкишоф меёбад. Садоқат ва самимияти қаҳрамони лирикӣ ба Тоҷикистони кўчак ба дараҷаест, ки ба кам накардани гарде аз хоки Ватан қаноат надорад. Ў аз сафар дар чашмаш қатраи об ва дар мижгонаш гард меорад, то бар хоку оби Ватан афзояд:
По ба ҳар хоке ниҳодам,
Гарди хокеро гирифтам дар сари мижгон,
То ба саҳроят фишонам,
Хоки саҳроят шавад як зарра бисёр.
Дар шеъри «Тоҷикистон» баён сода, самимӣ ва мушаххас мебошад. Шоир тасвирро ба воситаи такрори калимаи Тоҷикистон қувват медиҳад. Ба обу хоку санг, ки ҷавҳари сарзамини Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, бандҳои алоҳида мебахшад. Дар ҳар банд чун «Қатрае дар чашм, гарди хоке дар сари мижгон, даст бурдан бар сари санг» таркибҳое оварда мешавад, ки боиси ифоданокии баён мегарданд. Махсусан Бадахшонро ба модар ва сангҳоро ба тифлони аз банди пистони Бадахшон канда монанд кардани шоир таровати бадеии тасвирро афзун намудааст. Дар банди хотимавӣ садоқат ва масъулияти ватандории қаҳарамони лирикӣ ҷамъбаст шудааст. Шоир ба воситаи такрор ва мафҳумҳои тазодии каму бисёр, озарму озор парастиши берўю риё ва холисонаи Ватанро талқин мекунад:Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам,
Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Ашъори Бозор Собир дар баробари мавзўъҳои ватану ватандорӣ, табиат, ишқу муҳаббат масъалаҳои таърихӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва пандуахлоқиро низ фаро гирифтаанд. Шоир ба шахсиятҳои маъруфи адабиёту фарҳанги тоҷик чун Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода, Ш. Ҳусейнзода, Темур Собиров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҳим Ҳошим, Ҷумъаи Одина шеърҳо бахшидааст. Таваҷҷўҳ намоед ба банди аввал шеъри «Айнӣ»:Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Сарзамини мо худ аз осори ў сар мешавад,
Ин замин бо ў ба дунёе баробар мешавад.
Шеъри Бозор Собир саросар сўзу гудоз аст, зеро чи хеле ки худ мегўяд, шоирро дарду ғам шоир мекунад:Гўянд, ки шеър мояи дарду ғам аст,
Шоир нашавад касе, ки ў беалам аст.
Ҳар қатраи вожае, ки дар дафтари мост,
Чун хуни чакида аз димоғи қалам аст.
Масъалаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ашъори Бозор Собир ҳанўз аз солҳои 70-уми асри хх мавқеъ пайдо мекунанд. Дар шеърҳои «Дар оғўши кўҳистон», «Забони модарӣ», «Теғи Сино», «Ман худамро кушта-кушта», «Асп» тақдири таърихӣ, рўҳи миллӣ ва мавқеи иҷтимоии халқи тоҷик мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтаанд. «Дар оғўши Шеъри «Дар оғўши кўҳистон» дар шакли шеъри нав ва дар кўҳистон» баҳри рамал (рукни аслиаш фоилотун: -V - -) суруда шуда, аз ҳафт банд иборат аст. Бозор Собир аз услуби тамсилии тасвир истифода карда, ҳодисаи табиии акси садоро воситаи баён қарор додааст. Дар банди аввал ба воситаи санъатҳои талмеҳ (Бадахшон, Зарафшон), муболиға (қуллахои осмонбўс) ва сифатчинӣ (ҳамзабон, ҳамтақдир, ҳамдард) масъалаи ягонагӣ ва ҳамтақдирии Ватану ватандор ба миён гузошта мешавад:
Кўҳ гуфтам ман,
Бадахшон кўҳ гуфт,
Қуллаҳои осмонбўси Зарафшон кўҳ гуфт.
Кард овози маро такрор кўҳистони ман,
Ҳамзабон, ҳамдард,
Ҳамтақдиру ҳамармони ман.
Дар чор банди минбаъда паҳлуҳои гуногуни акси садо, ки аз овози норасои қаҳрамони лирикӣ ҳосил шудааст, тафсил меёбанд. Шоир кўҳу кўҳпораҳои Тоҷикистонро ба паҳлвонону қаҳрамононе монанд кардааст, ки бо як садо саф мекашанд. Овози норасои қаҳрамони лирикӣ «лаҳзае дар кўҳҳо печида аксандоз» мешавад ва ба бонгу фарёд табдил меёбад. Моҳияту мўҳтавои шеър дар бандҳои охир ифода меёбад: Тухми мо дар рўйи олам он қадар бисёр нест,
Лек то кўҳу камар барҷо бувад,
Халқи мо он қадр каммиқдор нест.
Бо хурўше,
Балки бо як норасо фарёд ҳам
Медиҳад овоз кўҳистону дар оғўши он
Мо фаровон мешавем,
Мо ҳазорон мешавем.
Шеъри «Дар оғўши кўҳистон» дар хонанда эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ бедор мекунад. Кўҳҳои Тоҷикистон такягоҳ ва қуввату дармони аҳолии ин сарзамин мебошанд ва тоҷикон метавонанд бо ин мулки кўҳсори худ дар дунё мавқеи сазоворе дошта бошанд. «Забони Дар шеъри «Забони модарӣ» иқтидору мавқеи забони оламгири модарӣ» тоҷик тасвир меёбад ва таъкид мегардад, ки халқи тоҷик маҳз ба туфайли забони пуриқтидораш мавҷудияти худро нигоҳ доштааст. Ин шеър аз 11 банд иборат буда, бозгўи дарди таърихии миллат ба шумор меравад. Талошу ҷонбозиҳои мардуми тоҷик баҳри ҳифзи забони модарӣдар банди зерин чунин ифода ёфтааст:
Оҷ1 гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард,
Тахт гум карду забонро гум накард,
Бахт гум карду забонро гум накард.
Дар ин порча Бозор барои баёни боз ҳам равшан ва сареҳи фикр аз такрори таркиби «забонро гум накард» истифода кардааст. Шоир калимаи забонро ба калимаҳои оҷ, тоҷ, тахт, рахт, бахт, ки рамзи дороию давлатдорӣ мебошанд, муқобил мегузорад ва бо ҳамин аз тамоми дигар дороиҳои моддиву маънавӣ барои халқи тоҷик афзалтар будани забони модариро таъкид менамояд. Аз ин рў, забони модарӣ барои халқи тоҷик рамзи мавҷудият, давлатдорӣ ва қудрату эътибор мебошад. Ин фикр дар банди ҷамъбастӣ табиӣ, самимӣ ва образнок ифода ёфтааст: Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик
Забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ў,
То забондор аст, бисёр аст ў,
Бешумор аст,
Беҳисоб аст,
Беҳад аст.
Таъкидҳои шоир (сарҳади тоҷик забони тоҷик аст, то забондор аст, бешумор аст, беҳисоб аст, беҳад аст), такрори калимаи забон ва зарбу оҳанги он ба мақтаи шеър қувваи баланди ифоданокӣ ато намудаанд. Агар дар шеъри «Дар оғўши кўҳистон» сангу кўҳ боиси афзунии халқи тоҷик гардида бошанд, пас дар шеъри «Забони модарӣ» ин маъниро забони модарӣ ба ҷо овардааст. Ин хулосаҳои некбинона ҷанбаи омўзандагии шеърҳои мазкурро тақвият медиҳанд. «Теғи Сино» Шеъри «Теғи Сино» аз 8 банди чаҳормисраъгӣ иборат аст ва чун шеърҳои зикргардида дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф ё мақсур навишта шуда, қофияи бандҳояш дар шаклҳои гуногун ( ааба; абвб; аабб) ба назар мерасад:Аз азал дорўи тоҷик решаи хор асту лек, - а Бўйи Сино мекунад ин халқ аз даври қадим. – б Метавонӣ аз забони пиру кампираш шунид, - в Дасти ман не, дасти ман не, дасти Луқмони Ҳаким.1 –б Фоилотун / фоилотун / фоилотун /фоилон
-V- - / -V - - / -V- - / -V~ Бозор дар банди боло фарзанди халқи тоҷик будани Абўалӣ ибни Синоро бо ифтихор қайд карда, баъд ба воситаи талмеҳҳои Искандар, Қутаиба, 2 Чингиз, Султон Маҳмуд таваҷҷўҳи хонандаро ба таърихи фоҷиабори халқи худ ҷалб менамояд. Ҳамаи шоҳону лашкаркашони номбурда дар асрҳои гуногун сарзамини тоҷикро ғорат карда, мардуми маҳалиро ба асорат гирифтор намуданд. Вале халқи тоҷик аз нав қомат рост карда, боз аз паи ободии мамлакат риёзат мекашид. Шоир ин маъниро ба воситаи устураи мурғи самандар басо ҷолибу нишонрас баён намудааст:
Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест,
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст.
Он ки месўзад, вале аз тўдаи хокистараш
Мекунад парвоз чун паррандаи оташпараст.
Бозор Собир барҳақ халқи тоҷикро ба мурғи самандари афсонавӣ монанд кардааст, ки гўё дар оташ зиндагӣ мекардааст. Вале агар самандар аз оташ берун баромада натавонад, мардуми печидафарёди тоҷик аз тўдаи хокистараш боз эҳё мешавад. Тасвир дар банди охир шеъри «Теғи Сино» ба воситаи ба ҳам муқобил гузаштани ду теғ – теғи хунрези Чингиз ва теғи дармонбахши Сино хеле муносиб ҷамъбаст шудааст: Соате Чингиз девори Бухороро шикаст,
Дар миёнаш тир, теғи тези хунрезаш ба даст.
Халқи тоҷик теғи дармонбахши Синоро гирифт,
Теғи дармонбахши Сино рўи дунёро гирифт.
Калимаи теғ бо тавсифҳои тезу хунрез якҷо шуда, симои бадҳайбати Чингизхони ғоратгарро пеши назари хонанда намоён месозад. Вале ҳамин калима бо тавсифи дармонбахш омада, ба симои ҳакимона ва нуронии табиби ҷаҳонӣ Ибни Сино ишора мекунад. Теғи Сино рамзи теғи ҷарроҳӣ аст, он ба оламиён дармон мебахшад. Ва хушбахт аст халқи тоҷик, ки чунин нобиғаро ба мардуми олам пешкаш кардааст. «Асп» Дар эҷодиёти Бозор Собир пайванди инсону табиат хеле қавӣ ба қалам омадааст. Ва ин ҳолат, алалхусус, дар шеъри «Асп» барҷаста ба назар мерасад. Шеъри «Асп» аз даҳ банди чаҳормисраъгӣ иборат аст ва дар он як лаҳзаи ширину бебадали айёми ҷавонии қаҳрамони лирикӣ тасвир ёфтааст. Дар тасвири асп хаёли шоир ба дуриҳо парвоз карда, лаҳзаҳои аз чилсола пештарро ба ёд меорад:Пояш сафеду гардану пешониаш сафед,
Соқаш дарозу тахтаи пушташ дарозтар.
Зери шикам ба тахтаи пушташ кашида сар,
Чашмаш мисоли лахчаи сўзанда дар назар.
Таносуби калом, ташбеҳу истиора ва тавсифҳои маҷозӣ барин воситаҳои тасвир на танҳо сурати зебову қомати дилкаш, инчунин рафтори ҷолибу табиати накўи ин ҳайвони ба инсон садоқатмандро равшан намудор сохтаанд. Ин асп «сар то по сарак – сараку резу печу тоб» аст, «дар подаи касофати маркаб намечарад» ва «хўйи фаришта дораду онро фаришта қашоғу мезанад». Ҳар як лавҳаи тасвир, аз ҷумла, таркибҳои ашқари гардуннавард, аспи бодпо, дар пои асп кишан назадан, наълаш моҳи навро ба хотир овардан, шиҳаи мастонааш ба гўш нишастан меҳри ин ҷонварро дар дили хонанда боз ҳам амиқтар ҷой мекунад. Асп рамзест, ки Бозор Собир ба воситаи он симои падар ва кулбаи падариро пеши рў овадааст ва ба ин восита шоир образи аспро тамомият бахшидааст, зеро тасвири асп бе савори он ноқис ба назар мерасад. Шеъри «Асп» бо санъати бадеии таҷоҳули ориф (саволгузориҳои беҷавоб) басо муассир ва ҳаяҷоновар ҷамъбаст гардидааст:Тай шуд ҳазорҳо раҳу ҷуз дар раҳи хаёл
Бори дигар надидамат, эй аспи бадпо.
Ту то куҷо давидию ку он савораат?
Ўро ту дар ҷавонияш афкандӣ дар куҷо?
Комментарии (0)