- Воҳидҳои забони тоҷикӣ
- Тартиби алифбои забони тоҷикӣ
- Тағйиротҳо дар алифбои забони тоҷикӣ
Ба тартиби муайян навиштан ва номбар кардани ҳарфҳо алифбо ном дорад. Калимаи “алифбо” аз номи ҳарфҳои аввали алифбои араби алиф ва бо ташкил ёфтааст. Алифбои имрузаи тоҷикӣ дар асоси алифбои русӣ тартиб ёфтаасттва аз 35 ҳарф иборат аст. Калимаҳо дар луғатҳо, руйхатҳо, журнали синф, китоби рақами телефонҳо аз руи тартиби ҳарфҳо оварда мешаванд.
Аа Бб Вв Гг Ғғ Дд Ее Ёё Жж Зз Ии ӣ Йй Кк Ққ Лл Мм Нн Оо Пп Рр Сс Тт Уу Ӯӯ Фф Хх Ҳҳ Чч Ҷҷ Шш ъ Ээ Юю Яя.
Халқи тоҷик дар тӯли зиёда аз ҳазор сол аз хати арабиасоси форсӣ истифода намуданд ва тамоми осрҳои ҷаҳонишада ба ҳамин хат навишта шудаанд. Дар охири солҳои 20-ум и ХХ дар Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалисти Тоҷикистон иқдоми аз алифбои форсӣ ба алифбои лотинӣ гузаштан пеш омад, олимону зиёиёни он давра ба ин розӣ набуднд ва саркашӣ менамуданд, аз ин сабаб моҳи январи соли 1929 раиси КИМ ҶШС Нусратулло Махсум фармоиш дод, ки гузаштан ба алифбои лотинӣ ҳатмӣ ва маҷбурист. Ҳамин тавр алифбои лотинӣ ва имлои забони тоҷикӣ бо алифбои лотинӣ то соли 1936 дар Тоҷикистон пурра ҷорӣ карда шуд вале ин дер давом накард, зеро аллакай дар охири солҳои 30 -юми ҳамин аср кишварҳои турктабор ба алифбои русӣ гузаштанро оғоз намуданд бо ҳамин ҳамаи давлатҳо ИҶШС ба алифбои криллӣ гузаштанд ин давраи сеюми гузариши алифбои тоҷикӣ ба дигар хат буд. Соли 1939 анҷумани аввалини муаллимони аълочии Тоҷикистон барпо гардид ва иштирокчиён талаб намуданд, ки алифбои тоҷикӣ аз алифбои лотинӣ ба криллӣ гузаронида шавад. Моҳи феврали соли 1940 конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба алифбои нав доир гардид, ки дар он алифбои нави русии тоҷикӣ қабул гардид. Ин алифбо аз 37 ҳарф иборат буд.
Комментарии (1)