Чистонҳо


Чистонхо
Як чодари зангорӣ,
Шабҳо пуру рӯз холӣ.

(Осмон ва ситораҳо)

Гуле дидам, ки он бе хор бошад,
На дар дашту на дар бозор бошад.
На кас ӯро харад, не кас фурӯшад,
Ҳамеша дар сараш бозор бошад.

(Илм)

Ҳамдаме дорам, ки бе овоз суҳбат мекунад,
Бе даҳону бе забон нақлу ривоят мекунад.
Ҳушу гӯшу ақл афзун мекунад гуфтори ӯ,
Аз кадомин фан, ки хоҳӣ, ӯ ҳикоят мекунад.

(Китоб)

20 Мисли тарбуз лӯндаву аммо нарӯяд аз замин,
Бе замин аммо намешуд шакли вай тарбуз барин.
Гар ту ҳастӣ бохабар аз илму олам, чист он?
Бе ҳамон ҳаргиз надонӣ рӯйи олам инчунин.

(Глобус – кураи арз)

Як саволе аз ту дорам, эй ҷавони боҳунар,
Дар биёбоне бидидам як аҷоиб ҷонвар.
Мӯрпову морчашм, лайлакпару аждаршикам,
Филгардан, шерсина, уштурзону аспсар.

(Малах)

Аз осмон афтад, намешиканад,
Аз дарахт афтад, мешиканад.

(Барф)

Худаш якта, чашмаш садта.

(Элак)

Ҳавзи сангин , оби рангин,
Мори печон, гули хандон.

(Чароғ)

Об дар об чӣ бошад?
Ҳавзи гулоб чӣ бошад?
Оташ расад ях кунад,
Ба ин ҷавоб чӣ бошад?

(Тухм )

Он чист, ки ҷилваҳо карду шукуфт,
Чун ханда задӣ, зи шарм рухро бинуҳуфт.
Бе он ки ба умри хештан дам бизанад,
Ҳар чиз, ки аз ту дид, филҳол бигуфт.

(Оина)

Дорад даҳону забон надорад,
Сад чӯб занӣ, фиғон надорад.

(Моҳӣ)

21 Он чист, ки панҷ хона дорад,
Дар нармии худ нишона дорад.
Ҳар хонаи ӯ пур аст аз барф
Чӣ турфа, ки барф дона дорад!

(Ғӯза)


Комментарии (2)

    Мухаммад 19 сентября 2024 08:49

    Чистонхо бо чавобхо даркор

    Махмуд 20 октября 2024 17:47

    Чанд харф якчо шавад
    Маъние пайдо шавад 
    Агар номашро ёбед 
    Дар дилу чон чо шавад

    Чанд харф якчо шавад
    Маъние пайдо шавад
    Агар номашро ёбед 
    Дар дилу чон чо шавад 

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив