Қаҳрамонони халқи тоҷик


1. Устод С. Айнӣ

 

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 уми сентябри соли 1997 ба асосгузори  адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии  «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Садриддин Айнӣ соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани  Ғиҷдувони Бухоро ба Дунё омада, соли 1954 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) вафот кардааст.

    Асарҳои илмию насрии ӯ чунинанд: «Таҳзибу-с-сибён» (1909), «Ахтари инқилоб» (1923), «Одина», «Дохунда» (1930), «Ғуломон» (1936), «Ятим» (1940), «Ёдоштҳо»(1947-48).  Асарҳои ӯ аз солҳои 20-уми асри XX то имрӯз ба 29 забони халқҳои Дунё тарҷумаю нашр шудаанд. Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО, 100 солагии устод Айнӣ ҷашн гирифта шуд.

 

2. Бобоҷон Ғафуров

 

бобочон ГафуровНа танҳо таърихи халқи тоҷик, балки  илми шарқшиносии собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ ва  ҷаҳонро бе номи Бобоҷон Ғафуров  тасаввур кардан номумкин аст. Бобоҷон Ғафуров яке аз аввалин  сарбозони  инқилоби маданӣ, яке аз  ташкилотчиёни илму ирфон дар Тоҷикистон, яке аз арбобони намоёни партиявӣ ва давлатии Тоҷикистон буда, саҳми ӯ дар тараққиёти иқтисодиёт ва маданияти Тоҷикистон хеле бузург аст. 

Ин фарзанди барӯманди халқи тоҷик 31 декабри соли 1909 дар деҳаи Исфисори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди имрӯза таваллуд шудааст. Падари ӯ Ғафур Сангинов, ки аслан касби боғбонӣ дошт, дар даргоҳи бойҳои маҳаллӣ муздурӯ мекард ва муддате чанд коргари роҳи оҳан низ будааст. Бобоҷони хурдсол низ чанд муддат муздури карда, аз сини 8-солагӣ хидмати яке аз бойҳои маҳаллиро  ба ҷо меовард. 

Дар Рушду камол ва пешрафти маънавии  Бобоҷон Ғафуров, ки худ иқрор шудааст, пеш аз ҳама, ба модараш сипосгузор аст. Модари ӯ Розия Озод (1893-1957) дорои маънавияёти бои ботинӣ   ва истеъдоди фитрии шоирӣ буда, шахси равшанзамире буд. +, ки бисёр маҳрумиятҳоро дида буд, тавонист фарзандони худро дар   роҳи инсондӯстию накӯкорӣ ба воя расонад ва дар сиришту замири онҳо ахлоқи инсони меҳнатқаринро парварад. Дар сарнавишт ва тақдири  минбаъдаи Бобоҷон Ғафуров тарбиятгарон, муаллимон ва устодони минбаъдаи ӯ низ нақши калон бозидаанд. Муррабии меҳрубон ва устоди хирадманди Ғафуров поягузори адабиёти советии тољик, донишманди забардасти таърих ва адабиёти классикии тоҷик устод Садриддин Айнӣ буд.  Солҳои 1922 ӯ дар парваришгоҳи бачагони деҳаи  Қистақуз зиндагӣ ва таҳсил намуда, соҳиби маълумоти ибтидоӣ гардид. Дар синни 18-солагӣ корманди фаъоли комсомол шуд: аввал ба ҳайси мудири бюрои бачагон, сипас ба сифати мудири шӯъбаи маданияти комитети комсомолии район кор кард.   Охири соли 1928 ӯ бо роҳхати комсомол барои таҳсил дар курсҳои Олии ҳуқуқшиносон, ба шаҳри Самарқанд  фиристода шуд. 

Пас аз хатми он муддате дар Комиссариати халқии адлия ба сифати ёрдамчии комиссар ва баъдтар чун мудири шӯъбаи комиссариат кор кардааст. Солҳои 1931-1935 Бобоҷон Ғафуров дар Институти умумииттифоқии коммунистии   ҷураналистика, ки дар он ҷо ходимони намоёни партиявӣ, публистистони ботаҷриба, мутахассисони шинохтаи илм ва   маданият дарс мегуфтанд, таҳсил кард. Андӯхтани захираи дониши бой ва доманадор дар соҳаи илми таърих, такмил ва суфта гаштани маҳорати тадқиқотчигӣ ва таҷрибаи илмӣ, амиқ дарк карда тавонистани моҳияти замони худ ба Б. Ғафуров имконият доданд, ки  барои амалӣ кардани орзуи деринааш оид ба офаридани таърихи халқи тоҷик, иқдом намояд. Ҳамин тавр соли 1947 китоби ӯ бо номи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» бо забони  тоҷикӣ нашр гардид. 25 феврали соли 1952 шӯрои илмии Институт таърихи маданияти қадими Академияи Илмҳои СССР ба муаллифи китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» Б. Ғафуров унвони доктори илми таърихро муносиб дид. Соли 1951 бошад Ғафуров академики илмҳои РСС Тоҷикистон  интихоб шуд. Китоби «Тоҷикон»-и  Б. Ғафуров бошад асари ягонае баҳисоб мерафт, ки таърихи халқи тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ғалабаи  инқилоби Октябр дар бар гирифтааст. Аз ин сабаб олимони хориҷа низ ба ин китоб таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд. Ҳамчунин саҳми Бобоҷон Ғафуров дар амри ривоҷу равнақ додан ва таҳкими робитаҳои байналхалқии шарқшиносии советӣ, баланд бардоштани  обрӯи ҷаҳонии он басо бузург аст. Дар ин ҷода ӯ вазифаи раиси Комитети  советӣ оид ба лоиҳаи асоси Юнеско «Шарқ - Ғарб» ва президенти Ассотсиатсияи байналхалқӣ оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказиро ба ӯҳда дошт.

Шаҳри Ғафуров, кӯчаи ба номи академик Ғафуров, музеи Ғафуров колхозу ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров, стипендияи ба номи Ғафуров, мактаби ба номи Ғафуров, унвони Олии Қаҳрамони Тоҷикистон.  Ин ҳама   қадрдониҳо аз он сабаб аст, ки олими   маъруф, шарқшиноси машҳур, арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, академик Бобоҷон Ғафуров бо донишу фазилат, хидматҳои некӣ ва наҷиби худ дар дили халқ маскан гирифтааст. Номи ин марди асил ба мисли аҷдодону саромадони бузурги халқ, каҳрамонони миллат дар авроқи таърих абадӣ нақш бастааст. Кори ӯ зиндагиву роҳи тайнамуда, мероси бою пурарзишаш омӯхтанисту намунаи ибрат барои наслҳои оянда мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмон,   8-уми сентябри соли 1997 ба таърихшинос ва шарқшиноси шинохтаи тоҷик, академик муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров унвони Олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

       Бобоҷон Ғафуров соли 1909 дар деҳаи Исфисори шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.

       Аз суннатҳои ҳикматомези Бобоҷон Ғафуров:

       «Онҳое, ки хизмати худро барои хурдан таҳқир мешуморанд, бузург нестанд»

 

3. Мирзо Турсунзода

 

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   7-уми майи соли 2001 ба шоири халқии Тоҷикистон, ҳодими намоёни ҷамъиятӣ, академик Мирзо Турсунзода унвони Олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

         Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав таваллуд ёфта, соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.

       Асарҳои Мирзо Турсунзода: «Байрақи зафар» (1932), «Писари Ватан» (1942), «Арӯс аз Масква» (1945), «Водии Ҳисор», «Ман аз Шарқи озод» (1951), «Чароғи абадӣ»(1958), «Садои Осиё»(1956), «Ҳасани аробакаш»(1954), «Ҷони ширин» (1960), «Шеърҳо ва достонҳо»(1988).

 

4. Эмомалӣ Раҳмон

 

Эмомали Рахмон    Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  11 декабри соли 1999 унвони Олии «Қаҳрамони  Тоҷикистон» дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон 5 -уми октябри соли 1952 дар шаҳри Данғараи вилояти Хатлон, дар оилаи  деҳқон ба дунё омадааст. 

    Эмомалӣ Раҳмон 16-уми ноябри  соли 1992 дар иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1994 дар интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 

    Аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон: «Бебаҳотарин сарвати Тоҷикистон ин нерӯҳои зеҳнии ақлӣ, яъне аҳли зиё, аҳли маърифату эҷод аст», «Китоб натанҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи  муҳими тарбияи маънавии инсон аст», «Инкишофи фарҳанги миллӣ, қабл аз ҳама, ба мактабу маориф ва таълиму тарбияи насли наврас вобастагии қавӣ дорад».

 

5. Нусратулло Махсум (Лутфуллоев)

 

Нусратулло МахсумФаъолияти Лутфулло Нусратулло ба даврае рост омад, ки аксарият мардуми  на танҳо Руссия, балки аҳолии генерал-губернатории Туркистон низ миёни ду қувва, ду сохт-сохти  таназзулёбандаи подшоҳию амирӣ ва сохти нав монда буданд.

 Нусратулло Махсум роҳи наверо, ки  инқилобчиён ҳам дар Руссия ва ҳам дар Осиёи Миёна пеш гирифта буданд, интихоб кард. Зеро тартибу низоми  аморати Бухороро дар зодгоҳаш Чашмаи Мизии Ғарм ва ҳангоми мардикориҳояш дар Қӯқанду дигар шаҳрҳо омӯхта, бо ин низом ба пешрафти ҷомеа боварӣ надошт.

Фаъолияти Нусратулло Махсум, аслан аз соли 1920, аз соли ба узви ҳизби коммунистӣ   дохил шуданаш, оғоз мегардад. Ҷасорату матонати Нусратулло Махсум аз давраи дар  мақоми Раиси КИМ-и Бухорои Шарқӣ буданаш баръало эҳсос шуд. + баъди шинос шудан ба  хулосаҳои комиссияи тақсимоти миллии ҳудудӣ дар Тошканд моҳи сентябри соли 1924 норозигиашро тавассути нома ба котиби генералии КМ РКП (б) И.В. Сталин ба таври зайл иброз мекунад:

  1. Сарҳадҳои «Вилояти Автономии Тоҷикистон» нодуруст муайян гардидаанд. Аксари мавзеъҳо, ки аҳолии зиёдашон тоҷикон ҳастанд дар  ҳамсоягӣ бо марзҳои майяншудаи  вилояти Тоҷикистон қарор дошта, берун аз ҳудудҳои худ дар  қаламрави Узбекистон мондаанд.

            2. Қарор дар бораи дар ҳайати  Узбекистон ҳамчун вилояти автономӣ таъсис ёфтани Тоҷикистон ҳуқуқҳои тоҷиконро роҷеъ ба худмуайянкунӣ поймол мекунад, дар ҳоле, ки чунин ҳуқуқҳо ба узбекҳо ва туркманҳо дода шудаанд».

            Ҳамчунин, дар  идомаи номааш пешниҳод мекунад, ки масъалаҳои зерин бояд мавриди баррасӣ қарор гиранд:

            1. Дар бораи ба ҳудуди Тоҷикистон дохил кардани +ротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Соҳа, Риштон ва  Учқӯрғон, хамчунин мавзеъҳои дигаре, ки теъдоди зиёди аҳолиашон тоҷиконанд;

2. Ба Тоҷикистон додани   имконоти пурра ва комилан озоди ташкилшавӣ бо назардошти он принсипҳое, ки ба Туркманистон ва Узбекистон дода шудааст ва бе ягон тобеъият.

Мавқеъи  ҷуғрофӣ ва шумораи аҳолии Тоҷикистон ба  шартҳои ҳамчун ҷумҳурии мустақил арзи вуҷуд карданаш пурра мувофиқат мекунад. Ба хотири ҳифзи  манфиатҳои меҳнатӣ, фарҳангӣ ва рушди иқтисодии меҳнаткашони тоҷик, ҳалли масоили зикршуда дар самтҳои дар боло ишорагардида зарур аст».

Моҳи ноябри соли 1924 дар   Тошканд Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис меёбад, ки аввалин раиси он Нусратулло Махсум таъин гардид. Охирҳои моҳи декабр кормандони Ревком аз Тошканд то Когон бо қатора омаданд. Аз сабаби набудани роҳи оҳан қисме аз роҳбарон тавассути ҳавопаймо 16 январи соли  1925 ба Душанбе расиданд.  Боқимондаи ҳайат, ки наздики сад нафар буданд, 5 феврал бо роҳҳои пурхавфу хатар вориди пойтахти навтаъсис шуданд.

Раиси Ревком, ки маънии роҳбарии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дошт, дар баробари масъулияти бузург, имкониятҳои бузургро низ ба ихтиёри Нусратулло Махсум дода буд. Дар он шабу рӯз теъдоди онҳое, ки аз тарсӣ бо истилоҳ «кофиромад» худро ба қаламрави Афғонистон мезаданд, рӯз то рӯз меафзуд. Албатта, дар ин кор саҳми онҳое, ки низоми навро намехостанд аз ҷумла босмачиён кам набуд. Агар аз як ҷониб муқовимати шадид ва амалҳои тороҷгаронаи босмачиён сарвари давлатро ба ташвиш меовард, аз ҷониби дигар фирори оммавии аҳолии мавзеъҳои ҳаммарз бо  Афғонистон ӯро ором намегузошт. Аз ин рӯ талошҳои зиёд меварзид, то   фирориён ба Ватан  баргарданд. + ба хубӣ медонист, ки тарки ватанкардагон чӣ дар убури марз аз ду ҷониб озор медиданд ва чӣ дар он сӯи Ому рӯзгори осуда надоштанд. Авфи онҳое, ки ба доми босмачиён гирифтор шуда буданд ва ба манзилҳои истиқоматиашон таъмин гаштани фирориён аз иқдомҳои наҷиби Нусратулло Махсум буд. 

Дар номае, ки ба Бюрои сиёсии КМ РКП (б) «Роҷеъ ба марзбандҳои миллӣ дар Осиёи Миёна» ирсол шудааст, аз ҷумла омадааст:

«Ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои рушди озоди тоҷикон ва гузаронидани  корҳои зиёд дар соҳаи советикунонии  кишваррро бо он тасдиқ кардан мумкин аст, ки  дар соли 1927 ба чораҳои  қатъии Афғонистон нигоҳ накарда, (мусодираи амволи онҳое, ки хоҳиши ба  Ватан баргаштан доранд ва ғ. ба Тоҷикистон 60 000 фирорӣ баргашт.

Чораҳои амиқи ояндаи   Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба бозгардонидани теъдоди зиёди тоҷикон (зиёда аз 250 000), ки солҳои фронтҳои граҷданӣ 1923/24 ва 1925, аз Тољикистон ба Афѓонистон фирор карда буданд, мусоидат хоҳад кард».

Дар баробари ҷой додан ва ба озуқа таъмин кардани фирориён, аз байн бурдани дастаҳои  босмачиён, ҷалби ахолӣ ба ҳаёти шӯравӣ декабри соли 1926 Ревком фаъолияташро дар Тоҷикистон қатъ намуд. Ва аз ҳамон давра КИМ ҶАШСТ арзи ҳастӣ кард, ки раисаш Нусратулло Махсум интихоб шуд. 

Аз ин давра ва баъд талошҳои Нусратулло Махсум ва ҳамсафонаш барои ба  Ҷумҳурии Иттифоқӣ табдил додани Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Аз қисмати охири мактуби дар боло зикршуда бармеояд, ки ӯ барои ба ҳадафҳояш расидан санаду рақамҳои воқеъиро ҳамчун далели раднашаванда пеш меорад.

Талошҳои пайиҳами Нусратулло Махсум ва чанд тан сарсупурдагони миллат беасар намонд. Моҳи октябри соли 1929 Тоҷикистон ҳафтумин Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ эълон гардид.

+ дар вазифаи шахси аввали ҷумҳурӣ то охири соли 1933 фаъолият кард. Аз соли 1934 то июли соли 1937 дар Маскав таҳсил намуд.

Соли 1937 барои аксари ходимони сиёсию давлатӣ ва фармондеҳони баландрутбаи  Шӯравӣ соли ҳаёту мамот буд. Аз ҳар кадоме аз ин гуна ашхос гумону шубҳае пайдо мешуд, бо иттиҳоми «душмани халқ» будан, аввал ба маҳкама кашида, сипас ӯро қатл мекарданд.

Сарнавишти аввалин раиси Ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Махсум низ чунин буд. 8-уми июли соли 1937 пас аз нисфирӯзӣ се нафар низомӣ дари хонаашро  дар Маскав кӯфтанд. Бо ворид шудани «меҳмонон» зану фарзандонаш берун баромаданд. Акнун ордену медалҳо ва камарбанду силоҳи шахсиаш ба назар наменамуд. Он вақт охирин дидор бо фарзандонаш буд. Декабри соли 1937 ҳукми қатл содир мешавад. Он вақт ӯ 56 сол дошт.

Пас аз бист сол бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олии СССР бегуноҳии Нусратулло  Махсум собит мегардад.

 

6. Шириншоҳ Шоҳтемуров

 

Шириншох ШохтемурШириншоҳ Шоҳтемур зодаи ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Падари Шириншоҳ Шоҳтемур Шоҳғузанфар ва модараш Майсара ном доштанд. Ҳаёти хонаводагии онҳо чун зиндагии тамоми мардуми кӯҳистон хеле фақирона буд. Чун саидон ва ашрофон буданд, мардуми ин ҷамоаро ҳамчун одамони босавод хуб мешинохтанд. Ин буд, ки   соли 1856, вақте ки Русияи подшоҳӣ Помирро мустамликаи худ кард, Шириншоҳи наврас ҳам назди худ ният гузошт, то ба сафи сарҳадбонони рус шомил шавад. Дар он давра, ки як қисми Помир таҳти ҳукмронии амири Бухоро қарор дошт, Шириншоҳ мехост Бадахшонро ободу барои озод гардонидани мардумаш саҳм гузорад. Вақте синни ӯ ба 8-9 солагӣ расид,  падару модараш аз Дунё гузашта, оилаи серфарзанди онҳо бепарастор монд. Шириншоҳ дар сини 13-солагӣ қарор дод, то ба отряди руссҳо пайвандад. Ба ғайр аз ин ӯ дар назди охон Шоҳзодаэрон сабақ омӯхта, ашъори Шамси Табрезиву Хоҷа Ҳофизро пурра аз бар кард. Баъдтар ба мактаб-омӯзишгоҳи руссии сарҳадбонон дохил шуда, забони русиро хуб аз худ намуд. Соли 1914 Шириншоҳ бо Топарнин ном афсари рус ба Тошканд рафта, донишҷӯи шӯъбаи  руссии мактаби муаллимтаёркунӣ гардид. Ин вақт Инқилоби Октябр шурӯъ шуд ва ӯ ба инқилобчиён ҳамроҳ гардида, барои бунёди ҳаёти осоишта камар баст.

Шириншоҳ Шоҳтемур аввал бо яке аз хешовандони дури худ оиладор шудааст, аммо баъдтар аз ӯ ҷудо шуда бо Александра Михайловна Кисилёва ном русдухтар қисматашро пайваст. Онҳо соҳиби ду писар бо номи Шириншоҳ ва  Рустам шуданд. + бо ҳамсараш Александра вақте шинос шуд, ки дар вазифаи котиби дуюми Комитети Марказии  Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон кор мекард. Чанде баъд Шириншоҳ Шоҳтемур ба Институти профессураи сурхи шаҳри Москва дохил шуд. Дар он ҷо И.В. Сталин ба онҷо аз курси марксизм-ленинизм лексия мехонд. Сарварии донишгоҳро бошад Н. Бухарин ба зимма дошт. Шоҳтемур ҳанӯз таҳсилашро нисф накарда буд, ки таъҷилан ба Душанбе даъват гардид ва раиси КИМ-и Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ яке аз ҷонишинони М.И. Калинин интихоб гардид. Баъдтар узви КИМ-и Иттиҳоди Шӯравии Сотсиалистӣ гашт. Як муддат Ш. Шоҳтемур раиси Президиуми Комитети Марказии Тоҷикистон ва ҳамсараш инсруктори Комитети ҳизбии шаҳри Душанбе буданд. Зиндагиашон хушбахтона мегузашт, аммо ин хушбахтӣ дер давом накард. Моҳи марти соли 1937 Шириншоҳ дар Пленуми Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон бо изтироб дар бораи паст шудани  нақши шӯроҳо, ҳодисаҳои вайрон кардани Сарқонуни Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ сухан ронд.  Маълум гардонд, ки сабабгори тамоми вайрониҳо нишондодҳои нодурусти сталинӣ аст. Ҳамин тавр Шириншоҳи равшанфикр ба таъқибот дучор шуд. Тобистони соли 1937, ба иҷлосияи V Шӯрои Олии ИҶШС ба Москва даъват гардид. Аҳли оилаи Шириншоҳ дар меҳмонхонаи метрополи Москва ҷой гирифтанд, вале баъди ду рӯзи аз паи корҳои хидматӣ гардиданд, Шириншоҳ ва тамоми авлоди Шоҳтемуровҳоро «душмани халқ» эълон намуда ҳабс, бадарғаву қатл карданд…

Айни ҳол фарзандони Шириншоҳ дар шаҳри Москва зиндагӣ мекунанд. Баъдан, бегуноҳии Шириншоҳ Шоҳтемурро исбот карданд.  

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив