Модар, чӣ калимаи муққадас аст. Ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бемисл аст.
Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан аст.
Шоир беҳуда нагуфтааст:
Якшаба он ранҷ ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Дар ҳақиқат модар ягона шахси мунису ғамхор барои мост. Ҳар нафас аз аҳволи мо пурсидан аст.
Модар худаш намехӯраду фарзандашро мехӯронад, дили софу беолоиш дорад.
Барои фарзандаш тайёр аст, ки ҳатто ҷони худро фидо кунад.
Мо фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Нагузорем, ки қатраи оби чашмаш резад, дилаш зиқ шавад. Зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст.
Бузургон дар васфи модар шеърҳои зиёде гуфтаанд, ҳофизон онҳоро ба оҳанг дароварда сурудаанд.
Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро хушбахт созем, то ҳастем барояш хизмат кунем. Кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад.
Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад. Дар дунё ғайр аз модарам касеро то ин дараҷа дӯст намедорам.
Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.
Дар Ҷумҳурии мо 8-уми мартро ҳамчун рӯзи модарон эълон карданд, дар ин рӯз тамоми он нафароне, ки модар доранд, тӯҳфа ба даст гирифта ба аёдати модар мераванд.
Ҳар нафар кӯшиш мекунад ки тӯҳфааш боарзиш бошад ва ба модар писанд ояд ва лаҳзае ҳам бошад, модарро хурсанду хушбахт дидан мехоҳанд. Лекин тамоми ин тӯҳфаҳо дар назди меҳру муҳаббати модар ночиз аст. Мо як умр агар хизматашро кунем ба як шаби бедорхобие, ки модар барои фарзанд мекашад баробар шуда наметавонад. Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд. Зинда бод модар.
Комментарии (0)