Ҳабиб Юсуфӣ соли 1916 дар оилаи мударрис дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсола вай ба Текникуми педагогии мардонаи тоҷикии шаҳри Самарқанд дохил шудааст. Дар соли 1935 техникумро хатм намуда, дар мактабҳои миёна аз забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Вале фақат дарс гуфтан ҷавони донишдўстро қонеъ намекард. Бинобар ин тирамоҳи соли 1936 ў ба факултаи филологияи шўъбаи шабонаи Дорулфунуни давлатии Ўзбекистон дохил шуд. Таҳсили шабона ўро қонеъ карда натавонист. Аз сентябри соли 1937 ба шўъбаи рўзона гузашт.
Шароити хуби мактаби олӣ ба Ҳабиб Юсуфӣ имконият дод, ки аз ҷиҳати ғоявӣ ва сатҳи дониш зуд инкишоф ёбад. Баъд аз хатми таҳсил соли 1940 ба Душанбе омада, дар Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали Тоҷикистонии Академияи фанҳои Иттиҳоди Шўравӣ ходими илмӣ таъйин шуд.
Ҳабиб Юсуфӣ шоир, тарҷумон ва ходими илмӣ буд. Ў дар як муддати кўтоҳ асарҳои Пушкин ва Лермонтовро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд.
Ҳабиб Юсуфӣ моҳи марти соли 1942 ба сафҳои Армияи Советӣ даъват шуд. Ўро аввал ба Омўзишгоҳи ҳарбии миномётии шаҳри Пенза фиристоданд. Ҳабиб Юсуфӣ техникаи ҳарбиро омўхта бо рутбаи лейтенанти хурд ба ҳимояи Ленинград фиристода шуд. Дар яке аз мактубҳояш, ки 19-уми ноябри соли 1943 навишта буд,»… Он рўзҳо дур нестанд, ки душмани малъунро аз дарвозаҳои ин шаҳри азим дур андозем» гуфтааст.
Ҳабиб Юсуфӣ дар байни афсарону аскарони қисмаш ҳамчун инсони оддӣ, хоксор, дўст ва рафиқи хуб, соҳиби дониши баланд шинохта шуда буд. Ў аз мутолиаи китоб ғофил намешуд. Дар яке аз мактубҳояш ҳатто ишора намудааст, ки ў китоби Л.Н. Толстой «Ҷанг ва сулҳ»-ро бо забони русӣ хонда истодааст.
Ҷанговар ва афсари ватандўст бозгашти худро фақат бо роҳи сарҳадҳои ғарбии мамлакат ва аз дохили Берлин муайян намуда, «…агар саломатӣ бошад, роҳи мо ба Самарқанд ва Сталинобод ба воситаи Берлин аст…» навишта буд.
Аммо дили пурҷўшу хурўш, ки саршори муҳаббат ба ватан буд, 15 феврали соли 1945 аз тири фашистони манҳус абадӣ аз кор монд, вале номи ў дар дили хонандагонаш абадӣ гашт.
Ҳабиб Юсуфӣ шеъргўиро барвақттар оғоз карда бошад ҳам, ба таври расмӣ соли 1936 шеърҳояшро эълон намудааст. Соли 1939 нашр шудани аввалин маҷмўаи шеърҳои ў «Таронаи ватан» шўҳрати ўро зиёд ва эътирофи умум гардонид.
БА ВАТАН
Гар, ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон,
Дил барои меҳри ту, эй меҳри ман, бошад макон.
Дил, бидон, аз баҳри ту як лаҳза ҳам бегона нест,
Ҳамчу мурғе карда андар шохи меҳрат ошён.
Ту чунон маҳбубаи ошиқнавозӣ, меҳри ту
Ҷо гирифта дар дили меҳнаткаши рўи ҷаҳон.
Шавқати дил, шодии дил, ҳастии дил бо ту аст,
Ҳар чӣ мехоҳӣ, бифармо, дил ба фармонат равон.
Аз чӣ ман дилро макон дар синаи худ додаам?
3-он ки меҳри ту намуда синаи дилро макон.
Хирмани ғамҳои дилро оташи меҳри ту сўхт,
Доимо дилро баҳор асту баҳораш бехазон.
Дил дар огўши чу бўстони ту доим хуррам аст,
Бо ҳазорон дилбарони дилрабои дилситон.
Дил куҷо тоқат намояд душманат гар дам занад,
Аз барои дафъи ў кўшиш намояд ҳар замон.
Ҳамчу Маҷнун дил ба саҳрои ҷунун овора нест,
Масти ҷоми меҳнат асту ёр бо лайливашон.
Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,
То шавам чун қаҳрамонони ту ман ҳам қаҳрамон.
БА ҲАР КУҶОТ РАВАМ, ДИЛ ДИЁРИ МАН ГЎЯД
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,
Забони ман зи ҳама бештар ватан гўяд.
Ватан, чу нағмасарой аст дил, зи ишқи ту,
Туро хазинаи илҳоми хештан гўяд.
Ба ин таронаву ин рангу бў, ки ҳастӣ ту,
Сазад саросари саҳни туро чаман гўяд.
Дар оғўши ту ҳазорон диёру шаҳр бувад,
Ба ҳар кучот равам, дил диёри ман гўяд.
Ҳазор як сифататро адо нахоҳад кард,
Ҳазор шоир агар асрҳо сухан гўяд.
Тамоми ҳастии худро фидо кунад ба ту халқ,
На сар, на қалб, на дида, на ҷон, на тан гўяд.
Ту з-он қавӣ, ки ба ҳар ҷой халқи заҳматкаш
Туро замини ману такягоҳи ман гўяд.
Хушам, чу ишқи ту Ширин шудастам, ар халқам
Маро дар ишқи ту Фарҳоди кўҳкан гўяд.
Бигираму бигузорам, ватан: «Қалам бигзор,
Бигир теғу ба фарқи адў бизан» — гўяд.
Соли 1938.
МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДУСТТАР
Вақти он аст,
Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ! Вақти он аст,
Эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ
То ба душман ҳамла орам,
Решааш буррӣ зи бех,
То расӣ,
Манҳус — анчарро1 кунӣ бешоху барг!
Як чаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,
То ватанро дўст дорад,
дўст дорад то абад.
Сад чаҳон нафрат ҳам аз баҳри разилони фашизм,
То фашистонро кунад
Бо нафраташ гўр оқибат!
Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрўз ман
Ин ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар!
Чун ман ин сон байни майдон пурдилу фирўзманд, Дорадам имрўз аз ҳаррўза ёрам дўсттар:
Он на ман бошам амон бидҳад ба душман мушти ман,
Он на ман, к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре.
«Он на ман бошам, ки рўзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре».2
Вақти он аст,
Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст,
Эй сухан,
Ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ,
Манҳус — анчарро кунӣ бешоху барг!
1. Анчар-(ангар)-номи дарахти заҳрдор
2. байт аз Саъдии Шерозист
Комментарии (0)