Нақша:
1.Соиби Табрезӣ-чароғи оламафрӯзи адабиёти тоҷик
2.Маҳорати Соиби Табрезӣ дар сурудани ғазал
3. Мавзӯъҳои марказии ғазалиёти шоир
4. Услуб ва сабки баёни Соиб
5. Аҳамияти тарбиявии ғазалиёти Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ яке аз он адибонест, ки осори ӯ дарёест, барои ҷавонони имрӯза. Соиб аз ҷумлаи он ситорагони тобони илму адаб аст, ки бо гузашти солҳо боз ҳам дурахшонтару пурнур гардида, ба дилҳо сурур, ба дидагон нур ва ба вуҷудашон ғайрату ҷасорат бахшида, роҳи зиндагиву мубориза ва талошҳои онҳоро равшан месозад.
Бузургтарин симоҳои адабию фарҳангӣ, марди табъаш латифу суханаш чун мусиқӣ форам- Соиби Табрезӣ дар қарни 17 умр ба сар бурдааст. Ӯ зодаи Исфаҳон буда, соли 1603 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соиб аз табақаи бозаргонӣ буда, ба ӯ муяссар шуд, ки аз тамоми илмҳои замонаш бархурдор гардад. Илмҳои фалсафа, ҳикмат, “Қуръон”-у тафсир, ҳадису фиқҳ, сарфу наҳв, луғат, адабиёт, калом, мантиқ, қофия ва ғайраро ба хубӣ омӯхтааст. Соиб дар ҷавонӣ ба зиёрати Макка ва Мадина рафта, пас аз адои Ҳаҷ каме дар Кобул, Исфаҳон муҳити сукунат гирифт. Ҳарчанд зиндагии шоир дар Исфаҳон хуб буд ва ӯ соҳиби унвони маликушшуаро гардид, вале поёни умри шоир дар зодгоҳаш гузашт. Шоири зиндаёд соли 1677 аз олами ҳастӣ чашм пӯшид.
Ашъоре, ки Соиб баъд аз марги худ барои насли оянда ба мерос боқӣ гузошт, номи нек ва осори гаронбаҳои адабии ӯ мебошад. Дар ҳақиқат, эҷодиёти Соиб хеле бою серпаҳлӯ аст. Дар байни маҳсули адабии Соиб ғазал чи аз нуқтаи назари миқдор ва чи аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар маҷмӯъ ба қалами Соиб 120000 байт тааллуқ дорад. Албатта, чун ғазал ба забон гмрмфта мешавад, ҳатман ишқ ба ёд меояд. Ишқу исёнҳои ботинии инсон, садои қалбҳои лабрези муҳаббат, сӯзи ошиқу бемеҳрии маҳбуба моҳирона дар ғазал мавқеъ пайдо кардаанд:
Зиҳӣ рӯят баҳори зиндагонӣ,
Ба лаълат зинда номи бенишонӣ.
Бадомӯзи ҳавас ошиқ нагардад,
Намеояд зи гулчин боғбонӣ.
Аз мӯҳтавои ғазали мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мавзӯи марказии он ишқ буда, дар он васфи маҳбуба, ҷузъиёти зебоиҳои ҳусни ӯ, то тандозае дур афтодани ошиқ ва тадриҷан ба ҳиҷрон гирифтор шуданаш, шикебоии ошиқ, нози маҳбуба, дурӣ ҷустани ӯ аз ошиқ, вале ин ҳамаро аз гардиши рӯзгор, аз ҳукми тақдир, аз печидагиҳои зиндагӣ дидани ошиқ ба назар мерасад.
Дар баробари ин ҳама, то ҳадде моҳияти андарзӣ гирифтани образи лирикии ошиқ ба мушоҳида мерасад, ки яке аз сифатҳои хеле нозуки сабки сухани Соиб, хосса услуби ғазалсароии ӯст.
Дар ғазалиёти Соиб ишқи байни инсонҳо, шӯру валвалаҳои қалбии инсонӣ, ҳиссиёти латифи одамӣ, нози ошиқу истиғнои маҳбуба, тараннуми муҳаббати поки ошиқон мавқеи калон дорад. Ӯ дар ин ҷода аз пешиниён ба ашъори Саъдӣ бештар рӯ меорад:
Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,
Мусаллам нест тӯтиро дар айёмат шакархойӣ.
Дар ғазалҳои шоир бевафоии дунё, назарфиребии он, гузашти умр мисли лаҳзае таъбир карда мешаваад, ки ҳадаф ҳушдор додан аз тағофул варзидан мебошад. Гузашти умри ройгон монанд ба чизест, ки ба дами шамшер мебошад ва аз раҳоӣ дигар илоҷу чорае надорад ва ҳадафи эҷодкор он аст, ки барои баҳра бардоштан аз умр, аз зиндагӣ кореро метавон интихоб кард, роҳеро метавон пеш гирифт, то ин ки дар охир ангушти ҳайрат нагазӣ, яъне ин роҳи ирфон, маърифати ҳақ мебошад.
Соиб аз шуарои қаблӣ таҷрибаи хислатҳои ҳамидаи инсониро аз қабили халқдӯстӣ, накӯкорӣ, мардумнавозӣ, илмдӯстӣ, ҳунаромӯзӣ, ёрӣ ба дармондагону ниёзмандон, нафърасонӣ, хоксориву фурӯтанӣ, дурандешиву олиҳимматӣ, саховатмандиву хайрхоҳӣ ва ғайраро пазируфта, онро бо тобишҳои нав пешкаши мардум намудааст:
Дона беҳтар дар замини нарм боло мекашад,
Сарфарозӣ бештар, чун хоксорӣ бештар.
Соиб ба ин масъалаҳо ақидаи хоссаи худро дорад. Ба андешаи ӯ ғайбат сарчашмаи аъмоли бад аст. Ба назари шоир, махсусан забонро бояд эҳтиёт кард, зеро бурротарин шамшер аст, ки дигар ба ҳам намеояд:
Ҳар киро теғи забон нест ба фармон, Соиб
Оқибат куштаи шамшери забон мегардад.
Дар баробари мавзӯъҳои ишқӣ, маю мусиқӣ, баҳору васфи табиат ва ғайра дар ғазалиёти Соиб мавзӯъҳои дигар, аз ҷумлаи дӯстию рафоқати инсонҳо, дастгирии ҳамдигар, ёрӣ ба дармондагону бечорагон, ҳимояи аҳли меҳнату фуқаро, васфи илму дониш, хираду ақл, маърифату маънавиёт, мувофиқвти қавлу амал, гуфтору кирдор манзур мебоошад. Соиб дар баробари васфи хислатҳои ҳамида дар ҳамин поя сифатҳои разилаи инсониро сарзаниш мекунад ва дар ғазалҳояш ба хубӣ нишон медиҳад. Дар баробари ин, амалу кирдорҳои зишт, қабоҳати инсонӣ, мардумозорӣ, танбалию пурхӯрӣ, хобу хашм, бадтинатию сиёҳдилӣ, муфтхӯриву дилозорӣ, такаббуру ҳавобаландӣ, худхоҳиву худписандӣ, ғаммозиву ҷоҳилӣ, дунҳиммативу пасттинатӣ, мумсикиву бахилӣ, золимпешагиву ҳаққимардумхӯрӣ, ҷафокориву бепарвоиро сахт ба зери танқид мегирад. Ба ин маънӣ, ки шахси пастҳиммат ба сарзамини мақсуд нахоҳад расид, мегӯяд:
Ба ҳеҷ ҷо нарасад, ҳар ки ҳимматаш паст аст,
Пари шикаста хасу хори ошёна шавад.
Дигар аз қавитару муҳимтарин хусусиятҳои лирикии Соиб ҷанбаи андарзӣ, моҳияти мавъизатӣ касб кардани он аст. Албатта, ин яке аз хусусиятҳои сабки ҳиндӣ буда, маҳз тавассути ашъори Соиби Табрезӣ тақвият пайдо намуд. Чунончӣ
Умр рафту хор-хораш дар дили бетоб монд,
Мушти хошоке дар ин вайрона аз селоб монд.
Ҳадаф ва муроди шоир пушаймонӣ аз умри бадҳадафрафта ва тағофулварзӣ буда, қаҳрамони лирикӣ аз рӯзгори сипаришудааш пушаймон шудааст. Мақсад аз хор-хори умр ҳасрат аст, ки дар дил мондааст ва мурод аз селоб гузаштани ноаёни рӯзгор мебошаду мушти хошок ҷисми фарсудаи рӯзгордида.
Муҳимтарин хусусияти таркибии девони Мирзо Муҳаммадалии Соиби Табрезӣ он аст, ки ӯ ашъори худро табақабандии аҷоиб мекунад. Яъне ашъори ишқии худро, ки дар он нозу истиғнои маъшуқа, васфи зебоиҳои вай, ҳусну ҷамоли ӯро васф кардаасат, таҳти унвони “Миръот-ул-ҷамол” меорад. Ашъоре, ки дар он ҷузъиёти ҳусни зоҳирии маҳбуба, чун чашму абрӯ, холу зулф, асбобҳои ороишӣ мисли шонаву оина ситоиш карда мешаванд, онро “Ороиши нигор” меномад ва ё худ шеърҳои ба васоити шодӣ, хушгузаронии умр, яъне маю майгусорӣ бахшидаи худро унвони “Майхона” гузоштааст.
Дуруст аст, ки Саъдӣ ихтироъкунандаи шакли хуби ғазал аст, дуруст аст, ки Анварӣ дар қасида дурғӯгӯйиро ба осмонҳо баровардааст, дуруст аст, ки Фирдавсӣ да роҳи зинда кардани афсонаҳои Эрони қадимяк ҷаҳони адабиёти номурданӣ-“Шоҳнома”-ро ба вуҷуд овардааст. Лекин фазилати Соиби Табрезӣ аз дигарон на танҳо дар ин аст, ки ӯ шакли хуби ғазалро эҷод кардааст ва на танҳо дар ин аст, ки ӯ ғазалсарои хуб аст, балки фазилати Соиби Табрезӣ дар ин аст, ки ғазалҳои ӯ ҳаётианд, аз зиндагӣ, аз инсон ва инсонпарастӣ гап мезанад.
Комментарии (0)