Шеърҳо дар васфи модар


Шеърҳо дар васфи модарМодар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад. Вақте ки фарзандаш 1-2 сола мешавад, модар ба вай аввалин калимаҳоро ёд медиҳад.

Модар

Гуянд, маро чу зод модар.
Пистаи ба дахон гирифтан омухт.
Шабхо бари гахвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омухт.
Лабханд ниход бар лаби ман.
Бар гунчаи гул шукуфтан омухт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шевае рохрафтан омухт.
Як харф-ду харф бар забонам.
Алфоз ниходу гуфтан омухт.
Пас, хастии ман зи хастии уст.
То хастаму хаёт дорамаш дуст.
рач Мирзо)

Салом модар

Бо номи ту ин калом, модар,
Бар шири ту эхтиром, модар!
Хар соату субху шом, модар,
Аз чону дилам салом, модар!
 
Ту ранч кашида рузу шабхо,
Бусида маро ба шахди лабхо.
Бо мехри бузургу бо талабхо,
Хурди гами ман мудом, модар.
 
Эй модари мехрубону дилбанд,
Ман аз ту хазор бор хурсанд.
Хаёт оташи мехр бахри фарзанд,
Андар дили хар калом модар.
 
Бо ёди мухаббату вафоят,
Бо хурмати шири чонфизоят,
Такрор намоям аз бароят.
Сад бори дигар салом, модар!
(Аминчон Шукухи)
Дунёи фарзанд
Буди дунёи ману рафти зи дунё, модарам,
Ман бурун аз хоку ту дар хок танхо, модарам.
Аз канорат то шудам махрум дар айёми гул,
Шуд канорам аз сиришки шур дарё, модарам.
Дар бахоре, ки табиат чун чавони хандаруст,
Гиряруям дар гамат дар боги гулхо, модарам.
Дар чавони дасти шафкат аз сарам бардошти,
Бекасам бигзошти дар рохи фардо, модарам.
Рухарошон сохти, гесупарешон сохти,
Коматам карди дуто, эй ганчи якто, модарам.
Мехрубонихои дунё бо ту зери хок рафт,
 
Кас наёзад суйи ман дасти тасалло, модарам.
Пасту болои чахон болои хам гам медихад,
Бо ту яксон менамуд ин пасту боло, модарам.
Хамчу гури ту динам аз орзухо сард шуд,
Эй чахони содаи ишку таманно, модарам.
Зуд рафти, зуд рафти аз чахони ношикеб,
Ношикебо модарам, эй ношикебо, модарам.
Рафт дар тобути ту хам буд, хам нобуди ман,
Воалам аз дасти дунёи фиребо, модарам.
Бурди аз лаб хандаам, эй шуълаи ояндаам,
Водарего, модарам, сад водарего, модарам!
Фарзанди газалгу
Ба куйи охират рафти, сари куйи ту менолам,
Хама суйи Худо ноланд, ман суйи ту менолам.
Ту дар зери замини, бе туам руйи замин холист,
Ба руйи ин замин дар хасрати руйи ту менолам.
Ду дастат бо хама раъша мададгори хаётам буд,
Ба ёди дасти ларзону мададчуйи ту менолам.
Чи суд аз кухи Чилмехроб бе мехроби абруят,
Ман аз махрумии мехроби абруйи ту менолам.
Зи кухи Осиё гар нолахои обшор ояд,
Фузун аз у чу фарзанди газалгуйи ту менолам.
Такону карди бахри ман тамоми умр рохи бахт,
Ман акнун рузу шаб андар такопуйи ту менолам.
Зи ман шоиртарс буди, ки лафзи нобам омухти.
Ба ёди он хама алфози дилчуйи ту менолам.
Ало модар, пихил кун шири покатро, ки то хастам.
Хама суйи Худо ноланд, ман суйи ту менолам.
Дар мазори модар
Ниходам дастаи гул ин сахар руйи мазори ту,
Гуле аз орзухои чавонию бахори ту.
Намегунчад ягон дар гушаи хобу хаёли ман,
Ки ин оромгохи тусту хатми рузгори ту.
Карореро намедонисти дар руйи замин умре,
Чи сон дар зери хок осуд чони бекарори ту?
Чу дунёе, хамин дируз бар ман фогиха доди,
Ки хар чое равам, бошам ба чойи ёдгори ту,
Кунун имруз гуратро зиёрат мекунам, модар,
Агарчи нест дигар дар рахам чашмони чори ту.
Ба пои турбатат бишкаста, чуйи ашк сар додам,
Ки руяд сабзаву гул бар мазори хоксори ту.
Бихондам сурае хам, то ки рухат шод гардонам.
Ки шояд бишнавад охи маро Парвардгори ту.
Ту азбаски малак буди дар ин дунё, дар он дунё
Худо омурзгори ту, малоик низ ёри ту.
Ту бо пурсандахо он чо мадоро кун барои ман
Ба уммеде, ки оям низ рузе бар канори ту…
Туй модар
Замину осмони ман туи модар, туи модар.
Чахони бекарони ман туи модар, туи модар.
Дар ин дунё, ки берахмиву бемехрист бунёдаш,
Ягона мехрубони ман туи модар, туи модар.
Диламро дар чахон чуз ту касс бехтар намедонад,
Бехин хамдостони ман туи модар. туи модар.
Зи руят нур меборад ба руйи зиндагониям.
Чароги дудмони ман туи модар, туи модар.
Забони мардуми омухти, на дарси сарфу нахв.
Хам устоди забони ман туи модар, туи модар.
Гарам шоир намезоди, кучо ман шеър мегуфтам?
Газалхои равони ман туи модар, туи модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди човидони ман туи модар, туи модар.
(Лоик Шерали)
 
Модарам
Навбахори гулфишони дилкушоям, модарам,
Куввати нону дилу акли расоям, модарам.
Ман зи лутфи беканори ту расидам бар камол,
Барки фикру равшании дидахоям, модарам.
Аллахои фораму панду насихатхои ту,
Шуд суруди зиндагии бобакоям, модарам.
Дар сарат бишкуфта гулхои сафеди орзу,
Боиси авчи ману нашъунамоям, модарам.
Бар кади хамгаштаву чини чабинат чон фидо,
Аввалу анчоми ман, субхи сафоям, модарам.
( Наимчон Назири)
Арзи фарзанд
Модар, сари кабрат омадам боз,
Бо мехру мухаббат омадам боз.
То мужда зи фасли гул расонам.
Гул чинаму руйи кабр монам.
То пеши ту шархи хол гуям,
Аз кисмати худ мисол гуям.
Эй пораи калб гуфта буди
В-эй чораи калб гуфта буди.
То захри азоби дил шавад нуш,
Чу канда зи оби чуйи худ нуш.
Хохи, ки зи ёди лавхи мардум
Номат нашавад  дар ин замон гум,
Мебош мудом гамбарораш,
Бардор ба души хеш бораш.
Дар бар рухи пастхиммати нуш,
Аз бахри баландноми мекуш…
Ин панди ту гашт нарлбонам.
То ки ба баланди пой монам.
Бишкуфт нихоли орзуят.
Во гашт гирехх чустучуят.
Холо хама модарони дилбанд
Хонанд маро ба хеш фарзанд.
Гуяд сухан, садоят ояд,
Савти нави мудаоят ояд.
Имдодгари хануз моро,
Чун аввала чокдуз моро.
Модар, ана боз омадам ман,
Бо руйи ниёз омадам ман.
Баргуй чи кор карданамро,
Аз нав чи карор карданамро…
(Чонибек Кувноков)


ДАСТИ МОДАР

Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Кишвари гул-гулшукуфон хостӣ,
Ба ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,
Қасрҳову кушкҳо андохтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дар рӯи замин,
Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин,
Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб,
Дилпурона давлати олиҷаноб,
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,
Ашми шаҳло карда во аз хобби ноз,
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ,
Ба ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ,
Бо ҳамон дасте,ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо,
Пока кардӣ ашки чашмони маро,
Бо ҳамон дасте, ки гул бӯ кардаӣ,
Шонаро бар кокулу мӯ кардаӣ,
Сӯйи фатҳи тоза кун аз сидқи дил
Кафзанон фарзандҳоятро гусел!
Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1963

МОДАРАМ

Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯйи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро бар ҳар як кӯю дар,
Унки то имрӯз, модар, кӯйи ту дар ёд нест.
Рафтам аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷӯ,
Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугӯ,
Гӯш кардам рафта ҳар як ҷунбиши шохи дарахт,
Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам рӯбарӯ.
Рӯд мегуфтам, ки аз ӯ оби маро нӯшида буд,
Кӯҳ мегуфтам, ки дар оғӯши ман кӯшида буд,
Ғуза мегуфтам, ки карбоси маро пӯшида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав дӯшида буд.
Чашма мегуфтам, ки омад кӯза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,
Барқ мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.
Шаҳд дар комаш ҳамеша талхтар аз заҳр буд,
Ҳам шариат, ҳам тариқат сарвари бақаҳр буд,
Модари бечораи ту, мухтасар, сар то ба по,
Як зани н-осудаю як муштипар дар даҳр буд.
18
Як зани дигар, ки дар деҳ беш аз сад сол дошт,
Модарат, -мегуфт ӯ, -дар кунҷи лаб як холл дошт.
Куларӯ, занҷирмӯ, дар қадду қомат чун ниҳод,
Гар саволе ояд аз мулло, забони лол дошт.
Модарам, дар ёди ту манн гашту гузоре мекунам,
Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,
Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари қабрат мазоре мекунам.
Дӯст дорам, модарам, бо ёди ту қишлоқро,
Рӯдҳои нуқрагину нилгун офоқро,
Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,
Ҳамзамон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро.
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, маар сарам ояд ҳавои модарам,
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!
Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1966

ДИЛИ МОДАР

Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд.
Агари мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман,
Агари борҳо бегонаи дилсанг дидам ман,
Ба умеде, ки бинам чоҳканҳоробар зери чоҳ,
Намурдам, гарчи бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман.
Намурдам, зистам, фарзанди худамро калон кардам,
Шаби тӯйи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам ман.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
Ба келин пешкаш кардам, дуо чун модарон кардам.
Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,
Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,
Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!
Муаллиф: Мипрзо Турсунзода

ЗАН, ЗАН АСТ

Синну соли зан ба кас пурсидан аз одоб нест,
Синну соли хешро гуфтан ба занҳо хос нест.
Зан, за насту дар ҳама ҳолат чун зан мемонад он,
Ин муаммоест, ки ҳоҷат ба пурсу пос нест.
Аз зани имрӯзаи мо ҳикмату эъҷоз пурс,
Дар фазои зиндагӣ кайфияти парвоз пурс.
Дар замин зан меравад, сайри кавокиб мекунад,
Давраи мо кард занро дар ҳунар мумтоз, пурс.
Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рӯйи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пайи мо.
Мард бошӣ, байрақи болои сар кун номи зан,
Сабт дар бобби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чу шамсу қамар кун номи зан.
Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1941

ДАР ЁДИ ҶАВОНӢ

Агар бинам туро, орам ба ёдам навҷавониро,
Ба мисли чашмаҳо ҷӯшу хурӯши зиндагониро,
Ҳама лутфу адоҳои ниҳониву аёниро,
Ба ёд орам баҳореро, ки ҳарду лола мечидем,
Ба ғайр аз рӯйи ҳамдигар мо чизе намедидем.
Ту тозон сӯйи дар меомадию боз дар мешуд,
Дамиданҳои субҳ аз омаданҳои ту сар мешуд,
Намедонистам он рӯзамчӣ сон рӯзи дигар мешуд,
Рақиби айбҷу дигар ба ҳоли ман намехандид,
Муҳаббат дар вафодорӣ дигар маро намесанҷид.
Шукуфта дилбари озод ун гулдаста мегаштӣ,
Ба ҳар як тори мӯят сад ҷавонро баста мегаштӣ,
Дилеро ёфта, дигар диле бишкаста мегаштӣ,
Намешуд ҳеҷ кас аз дидани ҳусну ҷамолат сер,
Ҳаё гардида буд аммо ба пойи ошиқон занҷир.
Туро бо тӯҳфаҳои комсомол табрик мекардам,
Таманно дар дил аз бахти зани тоҷик мекардам,
Худамро бо висолат сӯхта наздик мекардам,
Рухат медидаму мерафт аз ёдам ҳама дардам,
Дигар ман ҳеҷ парво аз ғами дунё намекардам.
Ба ёд орам замонеро, ки ту хомӯш ҳам будӣ,
Парешон дар паси деворҳо рӯпӯш ҳам будӣ,
Ғарибу бенавову кӯҳи ғам дар дӯш ҳам будӣ,
Намуда даст оташкобу мӯ ҷорӯб дар хона,
Гила аз хештан мекардиву даъво зи бегона.
Даме, ки аз миёни обу оташҳо гузар кардӣ,
Ба сӯйи зиндагии нав далерона сафар кардӣ,
Ба ҳар як рушноӣ ту ҳарисона назар кардӣ,
Зани зеботарину номдори Шарқ гардидӣ,
Азизи Тоҷикистон, ифтихори Шарқ гардидӣ.
Саломат бош, ҷоно, ки бақои умри ман ҳастӣ,
Насими навбаҳори пурсафои умри ман ҳастӣ,
Ту охир ибтдою интиҳои умри ман ҳастӣ,
Маро аз ту тамоми умр ёрои ҷудоӣ нест,
Ба ҷонат сад қасам, ки дар сириштам бевафоӣ нест.
Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1941


Бо нураш гарчӣ ин хуршеди ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар
Ба ин пурӯувватӣ бо меҳри модар!
Фақат модар ба ҳар гармову сармо,
Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо,
Накарда мижа таҳ биншаста шабҳо,
Бипарвард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.
Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,
Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.
Агар хоре занад бар пои фарзанд,
Дили модар шавад ғамгин муқаррар.
Барои фикру ёди пурумедаш,
Барои ҳурмати мӯи сафедаш,
Ба ҷон ҳам ҳурмату иззат кунедаш,
Набошад то ки чашмаш ҳеч гаҳ тар
***
Ишқам, умедам, хаётам туи, эй модариҷон модарам,
Қалбам, садоям, навоям туи, эй модариҷон модарам.
Ширин забонӣ, дармони ҷонӣ, эй модариҷон модарам,
Танҳо бароям ту меҳрубонӣ, эй модариҷон модарам.
***
Модар, модар ба ҷон баробар модар,
Дубора нашуд ба кас муяссар модар.
Нолам зи ғамат, хок бар сар гирам,
Кошке бимирам дар пеши пои модар.
***
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
* * *
Як мушт зи хоки модари хушназарам,
Мушти дигаре зи хоки поки падарам
Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд
Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.
* * *
Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.
* * *
Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.
* * *
Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд,
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.
* * *
Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.
* * *
Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу мӯҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.
* * *
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ
Нахустин устоди ман ту будӣ.
* * *
Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?
* * *
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.
* * *
Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

Сари гӯри ту биншастам даме чанд,
Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

* * *
Дареғо, модари пирам, дареғо,
Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дареғо.

* * *
Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман
Барои модари миллат бимирам!

* * *
Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман,
Худои умри ман, пайғамбари ман.
Сарам дар бистари марг аст имрӯз
Биё аз гӯру биншин бар сари ман

Комментарии (1)

    Фируз 26 ноября 2023 05:08

    Маро бисуду фуру рехт харчи дандон буд,
    Набуд дандон логар чароги тобон буд.

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив