Нақша:
1.Мафҳуми “Ҷомеаи шаҳрвандӣ” ва хусусиятҳои он2.Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давлати соҳибистиқлол
3.Нақши созмонҳо, анҷуманҳо дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ
Пеш аз он ки дар бораи падидае ҳарф бизанем, бояд мафҳум ва моҳияти онро дарк намоем. Мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳарчанд солҳои зиёд вирди забон аст, вале то ҳанӯз барои донишмандони тоҷик он қадар равшан нест ва аз тарафи муаррихон, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносону файласуфони мо ба дараҷаи зарурӣ тадқиқ нашудааст. Аз ҷумла, масъалаҳои мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши унсурҳои он дар пешгириву ҳалли низоъ умуман баррасӣ нагардидаанд. Аз ин рӯ, оид ба мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ, инкишофи он ва нақши ин рукни мардумсолорӣ дар пешгириву ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ баҳс менамоем.
Ғояи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 80-уми асри ХХ ба вуҷуд омада буд ва дар бисёр ҳолат бо ин мақсад мафҳуми «давлати ҳуқуқбунёд»-ро истифода мекарданд. Оид ба ғояи ҷомеаи шаҳрвандӣ фақат дар маҷаллаҳои даврӣ ва ВАУ сухан ва ишораҳо шудаасту халос. Он дар ягон конститутсияи кишварҳои ИДМ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодаи худро надорад ва танҳо ба баъзе унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба монанди моликияти хусусӣ, иқтисоди бозаргонӣ, ҳуқуқи инсон ишораҳо шудааст. Ғояи ҷомеаи шаҳрвандӣ баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар шароити Тоҷикистони имрӯза маъмул гардид, лекин то ҳол дар ин замина ягон асари калонҳаҷм таълиф нашудааст.
Бояд қайд намоем, ки ба ғояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ файласуфон бештар диққат додаанд ва таърихшинсон қариб ба он таваҷҷӯҳ зоҳир накардаанд. Барои мисол, ғояи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар китоби «Таърихи Аврупо», ки дар ҳаҷми 2 ва 4 ҷилд нашр гардидааст, аслан зикр нашудааст. Мақолаҳои дар аввали солҳои 90-уми асри ХХ дар нашрияҳои чопшуда на таърихи ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки таърихи таълимоти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Олимон В.Бартолд, Б.Ғафуров, М.Осимов, И.С.Брагинский, А.Ҷалилов, М.Диноршоев, Т.Раҳмонов, Г.Зокиров, А.Маҳмадов, Қ.Расулов ва дигарон оид ба ин масъалаҳо ҳарф зада бошанд ҳам, ба таърихи он камтар аҳамият додаанд. Муҳаққиқон Н.Неъматов, Р.Зоиров, Ш.Каримов ба баъзе паҳлӯҳои таърихи ҷомеаи шаҳрвандӣ равшанӣ андохтаанд. Ҳуқуқшинос Р.Зоиров бисёр дуруст қайд мекунад, ки «аҳамияти ҷомеаи шаҳрвандиро мо шояд то кунун ба пуррагӣ дарк накарда бошем. Мумкин аст, ки хоҳиши расидан ба онро дошта бошем, вале боварамон комил нест, то дар ин хусус бо тамоми овоз эълон созем».
Мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар якҷоягӣ бо мафҳумҳои «давлат», «ҳокимият», «сиёсат» ва ҳатто «низоъ» ҷавҳари илмҳои ҷомеашиносиро ташкил медиҳад. Ҷолиби диққат мебошад, ки ҳангоми саршавии бозсозиҳои бузург ва ислоҳоти қарни ХХ сиёсатшиноси шинохтаи олмонӣ Р.Дарендорф дар яке аз мақолаҳои илмии худ ба хонандаи Шӯравӣ муроҷиат карда гуфта буд, ки «барои демократияи нав чизи муҳимтарин ва аз ҷиҳати стратегӣ лозим бунёди асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад».
Ҷомеашиносони муосир муътақид баронанд, ки дар бораи «ҷомеаи шаҳрвандӣ» аввалин бор мутафаккири юнонӣ Афлотун изҳори назар кардааст. Ба қавли ин донишманди бузург, ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандиро бевосита талаботу манфиатҳои одамон ташкил медиҳад. Афлотун дар асари машҳури худ «Давлат» вобаста ба тақсими меҳнат ҷомеаи шаҳрвандиро ба се гурӯҳ ҷудо намуда, онро асоси ташаккулёбии давлат мешуморад. ӯ табақаҳои иҷтимоӣ ва меҳнатиеро, ки ба туфайли он талаботи худро қонеъ мегардонанд, ба «ҷомеаи шаҳрвандӣ» мансуб медонад.
Аммо ба андешаи Уэйд Дэвис ва Г.Т.Тавадов, шарҳи васеътари «ҷомеаи шаҳрвандӣ»-ро донишманди дигари қадим Арасту пешниҳод кардааст. Уэйд Дэвис қайд менамояд, ки назарияи аъанавии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мафҳуми «koinonia politiky»- Арасту сарчашма гирифтааст ва ибораи юнонии «polis» муродифи «ҷомеаи шаҳрвандӣ» мебошад. Ба қавли Арасту, «пеш аз он ки чӣ будани давлатро муайян созем, нахуст бояд мафҳуми «шаҳрванд»-ро бидонем, чунки давлат бевосита ҷамъи шаҳрвандон аст». Бо вуҷуди он, донишмандони бузург Арасту ҳаёти шаҳрвандонро таҳлил намуда, онро ба фаъолияти ғайридавлатӣ низ мансуб медонад, чунончи иқтисодӣ, оилавӣ, маънавӣ ва ғайра. Ба қавли Арасту, аъзои ҷамъияти сиёсӣ будан маънии онро дорад, ки шаҳрванд бевосита узви давлат мебошад.
Умуман, оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳазорсолаҳо боз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Хулоса ин аст: «ба ғайр аз давлат чизи мустақили дигаре вуҷуд дорад, ки аз рӯи қонунҳои худ ба давлат мутеъ нест ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» буда, аз унсурҳои хос иборат аст. Зикри он ба маврид аст, ки «ҷомеаи шаҳрвандӣ» мафҳуми шартист, чунки ҷомеаи «зидди шаҳрвандӣ» мавҷуд нест. Барои тақвияти ин андеша гуфтан мумкин аст, ки на ҳар ҷомеаи дорои шаҳрванд амалан шаҳрвандист ва на ҳар давлате, ки дар он ҳуқуқ вуҷуд дорад, ҳуқуқбунёд аст.
Масъалаи «тақсим»-и ҷамъият ва давлат аз тарафи муҳаққиқ Н.Маккиавели ба миён гузошта шудааст. Вай давлатро на аз назари илоҳӣ, балки аз назари таҷриба ва тафаккур баҳо медиҳад. Ба назари Маккиавели, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз се арзиши асосӣ иборат аст: сулҳ ва амнияти шаҳрвандон; истифода аз захираю сарватҳо ва роҳат бурдан аз неъматҳо; ҳуқуқи ҳар як инсон ба эътиқод ва ҳимояи озодии он. Н. Маккиавели бар ақидае буд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси ахлоқ ба вуҷуд омадааст, давлат бошад, баръакс ба воситаи зӯрӣ ва истисмор худро шиносонидааст. ӯ дар рисолааш қайд кардааст, ки давлат кӯшиш менамояд ҳамашаклҳои фаъолият, аз ҷумла фаъолияти ҷамъиятиро заиф сохта, онҳоро аз байн барад, то садди роҳи инкишофу иқтидори давлат нагарданд.
Дар асрҳои 17-18 тадқиқоти пурқимату андешаҳои солими Г.Гросий, Т.Гоббс, Ҷ.Локк, Ш.Монтескю, Ж.Ж.Руссо оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳор гардидаанд. Мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳамчун ибораи соф илмӣ маҳз дар қарни 17 дар асарҳои Т.Гоббс вомехурад. Вай дар асари худ «Оид ба шаҳрванд» исбот месозад, ки «давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқамандӣ надорад ва ба сифати ҳокимияти болоӣ ба корҳои шахсии шаҳрвандон мудохила намекунад»(1, 228). Т.Гоббс дар байни мафҳумҳои «давлат» ва «ҷомеаи шаҳрвандӣ» фарқгузошта, бартариро ба давлат медиҳад.
Мутафаккири бузурги И.Кант чунин махсусиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиро пешниҳод карда буд:
1. Озодии узви ҷамъият.
2. Баробарии он бо дигар аъзои ҷамъият.
3. Истиқлоли узви ҷамъият ҳамчун шаҳрванд (2,312).
Ин ғояи пурқимат бевосита асоси назари ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад. Беҳуда нест, ки В.Гумболдт таълимоти фалсафии И.Кантро қабул намуда, бо мисолҳои айнӣ кӯшиш кардааст, ки тазод в а фарқро дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат нишон диҳад. В.Гумболдт дар китоби худ «Таҷрибаи таъсиси ҳудуди фаъолияти давлат» хусусиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба таври зайл баён доштааст:
1. Низоми миллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки аз тарафи афроди алоҳида ташкил карда мешаванд.
2. Ҳуқуқи табиӣ ва ҳуқуқи умумӣ.
3. Инсон.
Давлат, ба ақидаи В.Гумболдт, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин тафовут дорад:
1. Аз низоми муассисаҳои давлатӣ иборат аст.
2. Дорои ҳуқуқи позитивие мебошад, ки давлат мебарорад.
3. Шаҳрвандон.
Бояд қайд намоем, ки В.Гумболдт талаботу манфиатҳои инсонро дар таълимоти худ дар мадди аввал гузошта, нишон медиҳад, ки давлат фақат воситаест, ки дар амалисозии талаботи инсон нақши асосӣ мебозад. Бо вуҷуди ин, вай низ моҳияту хусусиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба пуррагӣ нишон дода натавонистааст.
Дар омӯзиши ҷомеаи шаҳрвандӣ файласуфи бузург Ф.Гегел хизмати босазое кардааст. ӯ дар асри худ «Фалсафаи ҳуқуқ» ҷомеаи шаҳрвандиро таҳлил намуда, онро бо давлат пайвастааст, лекин ҳам оила ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандиро а з давлат афзалтар донистааст (3,95). Мувофиқи ақидаи Ф.Гегел, «ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, маҷмӯи талаботест, ки бар моликияти хусусӣ асос ёфта, инчунин дин, оила, табақа, сохтори давлатдорӣ, ҳуқуқ, қарз, ӯҳдадориҳо, маълумот, қонунҳо ва алоқаҳои ҳуқуқӣ мабдаъҳои он мебошанд» (1,228). Дар баробари ин, ба андешаи ӯ, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ аз низоъҳо холӣ нест.бино ба таълимоти Ф.Гегел нақши инсон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳоят бузург мебошад. «Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳар шахс барои худ мақсад аст ва дигарон барои вай ҳеҷанд. Аммо бе муносибат бо дигарон ӯ наметавонад комилан бо мақсади худ ноил гардад», -менависад Ф.Гегел гуфтан ба маврид аст, ки дар таълимоти ин файласуфи бузург низ костагиҳо вуҷуд доранд, аз ҷумла, Ф.Гегел нақши ҳизҳои сиёсӣ ва намояндагии ҳизбҳоро дар мақомоти ҳокимият чандон пураҳамият нишон надодааст, аммо ин қадри таълимоти ӯро кам намекунад.
Асосгузорони таълимоти марксистӣ К.Маркс ва Ф.Энгелс низ оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асарҳои худ ибрози андеша кардаанд. К.Маркс дар асри худ «Идеологияи немис» ва Ф.Энгелс дар мақолаи «Карл Маркс» ба ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳ нишон додаанд. Мувофиқи таълимоти онҳо, асоси ҷомеаи шаҳрвандиро моликияти шахсӣ ташкил медиҳад ва он давлатро нобут мекунад. Мувофиқи ақидаи К.Маркс, соҳаи фаъолияти бевоситаи иқтисодӣ, маданӣ, идеологӣ, ҳаракату қувваҳои сиёсӣ, умумиятҳои иҷтимоии одамон ва ғайра ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
«Манфиат ягона чизест, ки аъзои ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳамдигар наздик намуда, мепайвандад. Ҳамбастии ҳақиқӣ дар байни аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаёт аст», - навишта буд К.Маркс. баъдтар ӯ ба хулосае омад, ки бе ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтани давлати ҳуқуқбунёд имконнопазир аст, яъне ҷомеаи шаҳрвандиро давлат муқаррар намекунад, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ давлати ҳуқуқбунёдро муқаррар месозад.
Баъди сад соли вафоти К.Маркс ва 150 сол аз баёни ақидаҳои Ф.Гегел мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ аз нав дар маркази баҳсҳои илмӣ қарор гирифт.дар солҳои 90-уми асри ХХ ва ибтидои асри 21 вобаста ба масъалаи мазкур аз тарафи олимони рус К.С.Гочиев, В.П.Ступишина, Е.Н.Гуренко, О.И.Шкаратан, Б.Я.Замбровский, Д.В.Олшанский, И.И.Кварченко, Р.А.Пул, Б.И.Славний, Ю.А.Красин, Н.И.Матузов ва дигарон асарҳои зиёди мукаммали илмӣ чоп шудаанд (4). Дар илми муосири тоҷик асосан муҳаққиқон Р.Зоиров, Ш.Каримов, Г.Зокиров, А. Маҳмадов, М.Диноршоев ва Т.Раҳмонов ба омӯзиши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва унсурҳои хоси он машғул шудаанд. Аз олимони хориҷӣ дар ин самт корҳои тадқиқотии М.Люин,У.Дэвис, Р.Слим, Д.Метюз, К.Барнс ва дигаронро метавон номбар кард.
Дар заминаи андешаҳои мутафаккирони гузашта ва олимони замони муосир гуфта метавонем, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмӯи муносибатҳои шахсӣ, оилавӣ, ҷамъиятию иқтисодӣ, маданӣ, динӣ ва ғайра мебошад, ки берун аз тобеияти давлат ва бе дахолати давлат инкишоф ёфта, барои худ одамон шароит муҳайё месозад (6).
Баъди баёни кӯтоҳи пасманзари таърихӣ доир ба пайдоиши мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ, мо ба марҳилаҳои пайдоиши нишонаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Точикистон равшанӣ меандозем.дар муддати зиёда аз даҳ соли охир дар майдони сиёсии кишварамон ҳодисаҳои зиёде рух доданд ва онҳо аз тарафи ҷомеашиносон баҳои муносиб гирифтанд. Дар ҳамин марҳилаи пур аз ихтилоф раванди демократикунонии сиёсии ҷамъияти имрӯза оғоз гардид ва аввалин нишонаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зуҳур намуданд.
Қобили қайд мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бахши ғайридавлатӣ аввалин қадамҳои худро мегузорад. Дар ин давра ҳизбҳои сиёсӣ низ ба фаъолият шурӯъ карданд. Замони Шӯравӣ сохторҳои иҷтимоие буданд, ки ба давлат такя менамуданд ва шаклҳои анъанавии иттиҳодияҳо, маҳалла, ҷамоат нишонаҳои беҳтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб мерафтанд. Аммо онҳо натиҷаи ташаббуси шаҳрвандон набуданд. Фақат дар давраи бозсозии горбачёвӣ дар охири солҳои 80-уми асри ХХ нахустин ҳаракатҳои шаҳрвандон ба вуҷуд омаданд, ки манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятиро муҳофизат мекарданд. Аввалин ҷамъияти сиёсӣ дар ҷумҳурии мо мафҳуми «Рӯ ба рӯ» ба ҳисоб меравад, ки аксарияти аъзои он ҷавонон ва олимони муқими пойтахти ҷумҳурӣ буданд. Дар моҳи августи соли 1990 Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ба вуҷуд омад.Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ), ки то ин давра ба таври пинҳонӣ фаъолият мекард, дар соли 1991 ба қайд гирифта шуд.
Дар ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ шумораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ афзуд, ки ҷамъи умумиашон беш аз ҳафтод адад буд. Аз рӯи мақсад, хусусият ва ҳадафҳои оинномавиашон онҳоро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан мумкин аст:
1. Созмонҳои сиёсӣ.
2. Созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ.
3. Созмонҳои минтақавӣ, маҳаллӣ.
4. Созмонҳои ақаллиятҳои миллии маскуни Тоҷикистон.
5. Анҷуманҳои мазҳабӣ.
1. Созмонҳои сиёсӣ
а) Ҳизби коммунисти Тоҷикистон
б) Ҳизби демократи Тоҷикистон
в)Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон
г) Конгресси халқҳои Тоҷикистон
д) Бахши тоҷикии ВКП (б)
е) Ҷамъияти «Ленин ва Ватан»
ё) Ҳизби ваҳдати халқ
ж) Ҳизби озодии иқтисодӣ
з) Ҳизби меҳнати озод
и) Ҳизби ватанпарасти Тоҷикистон
й) Ҳизби халқии меҳнат
к) Ҳизби ҷумҳуриятхоҳони Тоҷикистон
л) Ҳизби демократии деҳқонони Тоҷикистон
м) Ҳизби халқии Тоҷикистон.
н) Ҷабҳаи наҷоти миллӣ
о) Ҷунбиши ислоҳоти демократӣ.
2. Созмонҳои сиёсии ҷамъиятӣ
а) Ҷунбиши мардумии «Растохез»
б) Ҷамъияти «Лаъли Бадахшон»
в) Ҷунбиши мардумии «Эҳёи Хуҷанд»
г) Ҷунбиши халқии ҷамъиятии «Меҳнат»
д) Ҷамъияти «Ошкоро»
е) Ҷунбиши халқии «Ваҳдат»
ё) Иттиҳодияи занони Тоҷикистон
ж)Иттиҳодияи собиқадорони Афғонистон
з) Ҷамъияти «Дирафши Ковиён»
и) Анҷумани адабии «Килки озод»
й) Ҷамъияти «Пайванд»
к) Ҷамъияти «Ориёнои бузург»
л) Ҷунбиши мардумии «Якдилӣ»
м) Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон
н) Ҷамъияти ҷавонони озод
о) Иттифоқи ҷавонони демократи «Бохтар»
п) Ҷамъияти «Ватан»
3. Созмонҳои минтақавӣ, маҳаллӣ
1. Ҷамъияти «Эҳёи Яғноб»
2. Ҷамъияти «Эҳёи Ҳоит»
3. Ҷамъияти «Зарафшон»
4. Ҷамъияти «Меҳри Хатлон»
5. Ҷамъияти «Истаравшан»
6. Ҷамъияти «Ҳисори Шодмон»
7. Ҷамъияти «Водии Ҳисор»
8. Ҷамъияти «Меҳри Ватан»
9. Ҷамъияти «Нури Зидӣ»
10. Ҷамъияти «Тахористон»
11. Ҷамъияти «Эҳёи тамаддуни Бухоро»
12. Ҷамъияти «Самарқанд»
13. Ҷамъияти «Ҳамдилон»
14. Ҷамъияти «Ғозималик»
4. Созмонҳои ақаллиятҳои миллӣ
1. Ҷамъияти русҳои Тоҷикистон
2. Ҷамъияти ӯзбекҳои Тоҷикистон
3. Анҷумани кореягиҳои советии Тоҷикистон
4. Ҷамъияти арманиҳои Тоҷикистон ба номи М.Маштопс
5. Ҷамъияти гурҷиҳо
6. Ҷамъияти осетинҳо «Алан»
7. Ҷамъияти тоторҳои Қрим
8. Ҷамъияти тоторҳои Тотористон
9. Ҷамъияти украинҳо
10. Ҷамъияти фарҳангии яҳудиён «Ҳоверим»
11. Ҷамъияти немисҳо «Видергебург»
5. Анҷуманҳои мазҳабӣ
1. Идораи рӯҳониёни мусалмони Тоҷикистон
2. Ҷамъияти «Носири Хусрав»
3. Калисои православӣ
4. Калисои католикӣ
5. Адвентистҳои рӯзи 7
6. Ибодатгоҳи боптистҳо ва еванилистҳо
7. Синагогаи яҳудӣ
8. Ҷунбиши Кришна.
Ҳар яке аз ин ҷамъиятҳо мақсаду вазифаҳои худро доштанд, ки он аз маҳалгароӣ то мансабталошию ҳокимиятхоҳиро дар бар мегирифт. Албатта, ин сабабҳои айнӣ ва зеҳнии худро дошт. Ташкили созмонҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон як роҳи осони худнамоӣ ва расидан ба мансаб ба ҳисоб мерафт. Аз тарафи дигар, бахши зиёди созмону ҳизбҳои пайдошуда ба номашон вуҷуд доштанд ва мардум аз рӯи мансубияти роҳбаронашон ба ин ё он маҳал ба онҳо аъзо мешуданд. Дар ҷумҳурие, ки ба бемории маҳалгароӣ гирифтор буд, нерӯҳои мазкур мардуми бе ин ҳам парокандаро азҳам ҷудо сохта буданд. Бахше аз ин қувваҳо дар зери пардаи динӣ фаъолият мекарданд ва ин чиз мардуми Тоҷикистонро дар ин марҳила аз дарки аслии воқеият дур месохт. Баъди шикасти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ идеологияи ягона мавҷуд набуд ва идеологияи гурӯҳ, маҳал, ноҳия вилоят, синф ва дигар ҷараёнҳои сиёсию динию мазҳабӣ бояд пойбанди мафкураи ягонаи миллӣ мегардиданд. Аммо афсӯс, ки ин кор ба амал наомад ва ҳодисаҳои минбаъда дар ҷумҳурии мо бар зарари миллат сурат гирифтанд. Аксарияти ҷомеашиносони худиву хориҷӣ эҳтимоли дар ин замина дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадани таркиши иҷтимоиро дар ҳамон солҳо пешгӯи мекарданд.
Омили дигари ташаккул ёфтани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои анъанавӣ ва муассисаҳои худидоракунии мардуми таҳҷоӣ мебошанд. Дар ҳар давру замон сокинони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, тоҷикон ба урфу одат ва анъанаҳои миллӣ эҳтироми хоса доштанд, ки ин то ҳанӯз мушоҳида мешавад. Анъанаҳои ҳар як минтақа хусусиятҳои ҳамон маҳалро ифода мекарданд. Сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик,профессор А.Н.Маҳмадов муассисаҳои анъанавиро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардааст:
1. Машварати кӯҳансолон;
2. Ҷамъомадҳои мардона;
3. Анъанаи сарварӣ (гурӯҳҳо);
4. Табақаҳои рӯҳониён (саидзодаҳо, ҳоҷиҳо, тӯраҳо);
5. Пирҳо (устодони маънавӣ) (5, 55).
Дар ин радиф ҳамчунин дохил м ешаванд: ҷамъоатҳо, масҷид, чойхона, сардорони оилаҳои бонуфузи маҳал, занҳо, шӯрои кӯҳансолон, мӯйсафедон ва ғайра. Аз давраҳои қадим ин гурӯҳҳо дар байни омма нуфузи калонеро соҳиб буданд ва бо сарварии онҳо кандани ҷӯйбор, сохтани иншоот барои обёрӣ, ташкили ҳашар, дар маҳал баҳри ободонии деҳа, сохтани осиё ва ғайра ба роҳ монда мешуд. Ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он, чи тавре ки муҳаққиқон К.Абдуллоев ва К.Барнс қайд мекунанд, ин гурӯҳҳо ба мардум дар ташкили дастаҳои худмуҳофизатӣ аз силоҳбадастон, таъмини озуқа ва дигар намудаҳои ёрӣ, тақсими кӯмаки башардӯстона, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ дар бозсозиҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ нақши назаррас бозидаанд (6,29).
Дар шароити имрӯза яке аз муассисаҳои муҳими давлатдории асили демократӣ ва аз ҷумлаи рукнҳои асосии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мавҷудияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ мебошад. Дар ҷомеашиносии муосир ҷамъиятро ба се ва дар дигар ҳолатҳо ба чаҳор бахш тақсимбандӣ мекунад ва таъкид месозанд, ки фақат ҳамин қисматҳо ба ҳамкории иҷтимоӣ вобаста шуда метавонанд:
1. Давлат
2. Сохторҳои молиявӣ.
3. Созмонҳои ғайриҳукуматӣ (СҒҲ).
4. Воситаҳои ахбори умум (ВАУ).
Дар охири солҳои навадум теъдоди умумии СҒҲ бар асоси ҳисоботи омории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 955 адад мерасид. Аз ин шумора 64-тоаш байналмилалӣ, 631-тоаш ҷумҳуриявӣ ва 260-тои боқимонда маҳалӣ буданд. Аз рӯӣ самти корбарӣ СҒҲ-ро дар Тоҷикистон ба 5 гурӯҳ ҷудо мекунанд:
1. Фаъолияти маърифатӣ (байни донишҷӯён, масъалаҳои ҳуқуқӣ, гендер, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бозомӯзӣ).
2. Масъалаҳои иҷтимоӣ (гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ).
3. Кӯдакона (то синни мактабӣ ва баъд аз он).
4. Эҳёи ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ.
5. Воситаҳои ахбори умум (ВАУ).
Бояд гуфт, ки шумораи СҒҲ соли 1993 ҳамагӣ 33-то буд ва дар соли 2002 ба 1241 адад расид (7). Албатта, боиси хушнудӣ ва нишонаи беҳбудии кор мебошад, ки СҒҲ-и гуногун ва дигар муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз як тараф, ва худи сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, ба хусус, сохторҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва худидора, аз дигар ҷониб, ба устувор гардидани робитаву ҳамкории байниҳамдигарӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Аммо дар байни созмонҳои гуногуне, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд, шумораи ташкилотҳое, ки бевосита ба масъалаи низоъ ва роҳҳои пешгирии он сарукор дошта бошанд, начандон зиёд аст.
Ба ақидаи бисёре аз мутахассисон, дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта раванди сулҳ бештар бо иштироки сиёсатмадорони сатҳи боло маҳдуд шуда буд ва бархе аз онҳо манфиатҳои шахси худро аз манфиатҳои миллату ҷамъият болотар медонистанд. Барои мисол, мо чанд талоши сулҳҷӯёнаро, ки бенатиҷа монда буданд, зикр мекунем. Ба ҳамагон маълум аст, аст, ки дар оғози сар задани низоъ дар ҷумҳурӣ гуфтушунидҳо дар сатҳи боло не, балки дар сатҳи поин сурат пазируфта буданд. Ҷавонмардони ҳар ду тарафи даргир дар байни ду майдони мухолиф дар шаҳри Душанбе гуруснанишинӣ сар карданд, аммо он ҳосиле надод. Дар сатҳи болоӣ кӯшиши музокирот рӯзи 7-уми маи соли 1992 байни Президенти ҷумҳурӣ, Девони вазирон, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмону ҷунбишҳои мардумие, ким о қаблан онҳоро номбар карда будем (яъне, муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон), ба вуҷуд омад. Аммо бо айби бархе аз садрнишинон ва шахсони мансабдор ин гуфтушунид натавонист пеши роҳи низоъро гирад. Гуфтушуниди дигари ба ҳамин монанд дар ашҳри Хоруғ рӯзҳои 25-27-уми июли соли 1992 баргузор гардид, ки дар он намояндагони 84 ҳизбу созмон, рӯҳониёну кормандонҳои ҳар ду тарафи даргир, раисони вилоятҳову ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иттифоқҳои касабаю мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд. Ин ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ барои пешгирии низоъ бесамар ба анҷом расид. Баъди он ки Созишномаи оштии Хоруғ амалӣ нагардид ва низоъ дар ҷумҳурӣ ба дараҷаи баланди худ расид, чанд намояндаи зиёиёни тоҷик кӯшиш карданд, ки дар ҳалли ин қазия саҳм гузоранд. Бо ин мақсад онҳо «Кумитаи сулҳ»-ро таъсис доданд, аммо роҳи пешгирифтаи равшанфикрон низ хато баромад ва кумитаи мазкур дар сулҳи Тоҷикистон нақше бозида натавонист.
Ба ҳамин монанд кӯшишҳо аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятии «Ватан», «Меҳри Хатлон», аз тарафи шаҳрвандони минтақаҳо дар ошхонаи Сайёди деҳаи Себистони ноҳияи Данғара, шаҳри Норак ва ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат) ба амл омаданд. Ҳамчунин муроҷиатномаҳои мардуми дарвозиасли минтақаи Кӯлоб, муроҷиатномаи равшанфикрони кӯлобии маскуни шаҳри Душанбе пайдо шуданд, вале онҳо низ натавонистанд низоъро пешгирӣ созанд. Ба нокомӣ дучор гардидани ин ташаббусҳо сабабҳои айниву зеҳнӣ дошт, зеро моҳияти низоъ аз зиддияти асосие иборат аст, ки барои ҳаллу фасли он иштирокчиён ба ҷанг шурӯъ мекунанд. Дар мисоли ҷумҳурии мо ин масъала маънои расидан ба ҳокимиятро дошт. Онро ба даст овардани яке аз гурӯҳҳои даргир имконияти ба захираҳо соҳибшуданро медод. Дар навбати худ,мабдаъҳои низоъ дар Тоҷикистон барои ин гурӯҳи ғолиб вазифаҳои давлатӣ, мансабҳо дар сохторҳои ҳокимияти марказӣ, минтақа ва маҳалҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дар низои байни тоҷикон гурӯҳҳои даргир аз рӯи усули ба ҳамагон маълум, яъне маҳаллию қавмӣ (хуҷандӣ, мастчоҳӣ, панҷакентӣ, исфарагӣ, аштӣ, қистакӯзӣ, конибодомӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, ишкошимӣ, ванҷӣ, дарвозӣ ва хатлонӣ) муттаҳид шуда буданд.
Сабаби асосии падидаи мазкур дар он буд, ки худшиносии фарҳангию миллии тоҷикони имрӯза аз чаҳор рукн-минтақавӣ (вобаста ба зодгоҳ-ман кӯлобӣ, ғармӣ, хуҷандӣ, бадахшӣ), миллӣ (ман тоҷикам), таърихию фарҳангӣ (ман форсизабонам) ва динӣ (ман мусулмонам) иборат мебошад. Дар бисёр ҳолат асоси ифтихори тоҷикон маҳалли онҳо ба ҳисоб мерафт ва он боиси сар задани низоъ дар байни ҳаммиллатон мегардид.
Аз ин рӯ, ба андешаи инҷониб, иштироки ҳамаи бахшҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли қазияи низоъ ва раванди сулҳ ба тарзи зайл бояд сурат гирад:
1. Таъсири ҷомеа, яъне ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба омма имконият медиҳанд, ки муҳим будани масъаларо оид ба сулҳ дарк намоянд ва дар навбати худ кӯшиш кунанд, ки бо фишор ба тарафҳои даргир сулҳ ва осоиштагиро барқарор созанд.
2. Барномаи халқӣ маънои онро дорад, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ҳам робита ва ҳамкорӣ намуда, худ низ мустаҳкам мегарданд, то ин ки сабаб ва сарчашмаҳои низоъро муайян сохта, роҳҳои ҳаллу пешгирии онродарёбанд. Масалан, онҳо метавонанд барномаи гуфтугӯи давомдорро таҳия кунанд.
3. Дар раванди муколама ташкилотҳои ҷамъиятӣ миёнаравӣ намуда, ба он мусоидат мекунанд, ки гурӯҳҳо низоъро хотима бахшанд ва сари мизи музокирот нишинанд. Шартҳои он:
Ҷонибори гуфтугӯ будани тарафҳои даргир;
Раванди пайваста ва бардавоми сулҳофарӣ.
4. Гуфтугӯҳои ошкоро бо ёрии роҳбаладон (фасилитаторҳо). Мақсади онҳо ҳамчун тарафи сеюм (дар низои тоҷикон Конфронси Дартмут чунин нақш дошт) бовар кунонидани ҷомеа, ки сулҳ барои ҳамагон лозим ва муҳим аст ва аз оқибатҳои ногувори мухолифат бояд андеша кард. Барои мардуми тоҷик чунин оқибат аз байн рафтани миллат, давлатдорӣ ва истиқлолияти миллӣ ба ҳисоб мерафт.
5. Назорати созишномаи сулҳ. Дар ин ҳолат ташкилотҳои ҷамъиятӣ назорат мекунанд, ки тарафҳои даргири низоъ созишномаро қатъиян риоя намоянд.
Комментарии (2)