Таърихи мухтасари фанни ботаника


Нақшаи дарс
  1. Маълумот дар бораи фанни ботаника пеш аз милод ва асрҳои миёна.
  2. Тараққиёти фанни ботаника дар давраи аз нав бедоршавӣ (асрҳои XV – XVI).
  3. Давраи метафизика дар таърихи ботаника.
  4. Роли (р) олимони рус дар тараққӣёти фанни ботаника.
  5. Дар пешрафти фанни ботаника саҳми олим К.Ленин аз чӣ иборат буд.
  6. Дар асри миёна дар соҳаи омӯзиши олами растани кадом олим саҳми худро гузаронидааст.
 
Ботаника фан дар бораи растаниҳо буда, шакл, сохт, тараққиёт, паҳншавӣ ва дигар хусусиятҳои ҳаёти онҳоро меомeзад.
Ботаника ҳамчун фан қонуниятҳои ҳаёти растаниҳоро омeхта, роҳҳои идора кардани ҳаёти онҳоро нишон медиҳад, ва манфиати амалиёти хоxагии инсонро дар назар дорад.
Инсон аз давраҳои қадим ба растанӣ кордор буд. Дар давраҳое, ки ботаника ҳамчун фан вуxуд надошт, инсон растании фоиданок ва зарароварро мешинохт ва онҳоро бо аломатҳои умумиаш ба гурeҳҳо xудо мекард.
Растаниҳои дарахтӣ, буттагӣ, алафӣ, гулсангҳо, ушнаҳо, обсабзҳо, замбeруғҳо ва номҳои растаниҳои себу      мешавад.
Аз асрҳои 17–18 сар карда флорографияи қадим дигар вазифаҳои навро ба пеши худ гузошт. Вазифаҳои ояндаи он аниқ кардан ва тасвир кардани олами гуногуни растаниҳо дар районҳои алоҳида, дар мамлакатҳои гуногун ва ниҳоят дар тамоми сайёраи мо мебошад. Ин вазифа бисёр мураккаб аст, бинобар он то ҳол ҳалли он пурра ба охир нарасидааст.
Ботаника монанди дигар фанҳо дар натиҷаи талаботи амалияи ҷамъияти инсони ба вуxуд омадааст ва ин таърихи дуру дароз дорад.
Чӣ тавре, ки аз таърихи тараққиёти маданияти инсон, маълум мегардад, шиносшави инсон якумин бор бо растанӣ аз он ибтидо ёфт, ки дар натиҷаи истифодабарии он ғизо, пeшок ва доруворӣ ба вуҷуд омада буд.
Аз таърихи дунёи қадим ба мо маълум аст, ки дар давраи ибтидоӣ, занҳо бо деҳқонӣ ва мардҳо ба шикорчигӣ машғул буданд. Дар он вақт фан набуд, лекин ҳаёту зиндагӣ деҳқониро талаб мекард. Мардҳо дар вақти боз гаштан аз шикор ба қароргоҳи худ меваҳоро меоварданд ва донаки онро бе шуурона мепартофтанд, агар он ба xои мувофиқ фарояд, боз сабзида меваи нав ҳосил медод.
Инсон ин ҳодисаро медид, дар натиҷа масъалаи кишт ба миён омад. Лекин, гузаштан аз ҷамъкунӣ ба шакли соддаи кишт дар давраи то таърихи тӯлонӣ бо роҳҳои гуногун ба амал меомад.
Дар охирҳои давраи сангин ва дар аввалҳои давраи бронза одамон пурра бо кишту кор ва чорвопарварӣ машғул буданд. Дар он вақт инсон аввалан бешуурона, дертар бошуурона растаниҳоро интихоб намуда намудҳои беҳтарини онро зиёд мекард.
Чӣ хеле, ки маълум аст, растаниҳои давраи қадим: гандум, xав, зағир, шолӣ, соя, пахта, xуворимакка ба шумор меравад.
Ба гурeҳи дигар растаниҳо, ки онро инсоният дертар маданӣ гардонидааст, xавдор, xави русӣ, вика, чина, xав, нахeд дохил мешаванд. Фактҳои охирини кишти xавдор ба ду ҳазор сол пеш аз ин рост меояд. Канакунҷит, баъзе хели картошка, помидор дар намуди растаниҳои бегона дар назди истиқоматгоҳи инсон месабзад. Хосияти ғизогии онро инсон дертар пай бурда, пас онро растании маданӣ гардонид.
Назар ба дигар давлатҳо дар Осиё, Хитой, Миср, Ҳиндустон маданияти ҷамъияти инсонӣ пеш рафта буд. Дар Миср тахминан 5–4 ҳазор сол пеш аз эраи мо инсон ба кишти гандум, xав машғул буд. Аз баъзе ёдгориҳое, ки дар Миср боқӣ монда аст, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки 4–3 ҳазор сол пеш аз эраи мо хоxагии қишлоқ дар Миср бисёр пеш рафта будааст. Дар давраи қадим пеш аз эраи мо дар соҳаи растанӣ, олими машҳури он давра Арасту, ки зиёда аз 300 асар навишта аст, дар xилди 5-уми асари худ дар бораи олами растанӣ сухан ронда буд.
Ботаника ҳамчун фан асоси худро аз Теофраст оғоз мекунад. Теофраст–шогирди Арасту буда, 300–200 сол пеш аз эраи мо дар Юнон умр ба сар бурдааст. Теофраст таснифи растаниҳоро кор карда баромад. E ҳамаи растаниҳоро ба дарахтӣ, буттагӣ, нимбуттагӣ ва алафӣ, ҳамаи растаниҳои хушкиро ба ҳамешасабз ва баргрез xудо намуд. Пас аз корҳои Теофраст истифодабарии маводҳои кӯҳна одат шуда монд, ки ин равия дар корҳои Плинея (24–79 то эраи мо) ҳам дида мешавад. Дар кори Плинея бисёртар ахбороти дар бораи растаниҳои дар тиб ва агрономия истифода баранда, ки зиёда аз 1000 намудро дар бар мегирифт, акс ёфта аст. Лекин таснифи растаниҳоро e кор карда набаромада буд, фақат растаниҳои дарахтиро ба растаниҳои экзотикӣ, хушбӯй, мевадиҳанда ва ғайра xудо карда буд. Пас аз Плинея бошад, дар асри IX Абeалӣ ибни Сино бо ин кор шуғл варзид.
Дар соҳаи омeзиши растаниҳои доруворӣ дар асри IX олими бузурги тоxик Абeалӣ ибни Сино бисёр корҳои шоён карда аст. E як чанд ҷилд асар оиди қонунҳои тиббӣ таълиф намуда дар xилди дуюми асари худ, дар бораи растаниҳои шифобахш ва истифода барии онҳо дар тиб маълумоти мукаммал додааст. Асарҳои Абӯалӣ ибни Сино ҳоло ҳам қимати худро гум накардаанд, ва дар тибби халқӣ истифода мешаванд.
Дар асри 13 олим Алберт Великий дар бораи таърихи табиати зинда асар эxод кард, ки асари e дар замони худ беҳтарин ба шумор мерафт. Алберт Великий дар омeзиши олами растанӣ аз Теофраст пеш рафт. E растаниҳои якпаллагӣ ва дупаллагиро фарқ карда метавонист.
Алберт Великий алоқамандии мева ва гулро нишон дода буд. Номи илмии шолиро ҳам, ки (ориз) буда ба e вобаста мебошад, то ҳоло истифода мебарем.
Тараққиёти минбаъдаи тамоми фанҳо аз он xумла фанни ботаника ҳам ба асри 15, охирҳои асри 16 тааллуқ дорад. Дар ин аср капитализми савдо рe ба тараққӣ овард. Аврупоиён бо растаниҳои қитъаи ҳиндустон, Хитой, Америкаи Ҷанубӣ шинос шуданд. Аввалин бор дар Аврупо, дар Италия боғи ботаники ташкил карда шуд, ки дар он растаниҳои дигар ҷойҳо парвариш карда мешуданд. Дар ин давра аввалин бор олими Италия Луки Гана дар намуди гербария нигоҳ доштани растаниро пешниҳод намуд, ва барои тараққиёти фанни ботаника асос гузошт.
Дар асри ХVII дар соҳаи ботаника олим К. Линней саҳми худро гузошт. E растаниҳои замони худро омeхта, онҳоро ба як низоми муайян даровард. Таснифоти e сунъӣ бошад ҳам, барои тараққиёти фанни ботаника сабаб гардид. Fайр аз ин К. Линней бо як тартиби муайян тасвир кардани растаниро пешниҳод намуд. Аз ҳамаи корҳои шоёни e дар биология дубора номбаркунии растанӣ ва ҳайвонот мебошад. Мисол: тут ин авлод (исм), тути сиёҳ ин намуд. Саг ин зот, (саги хонагӣ ин намуд). Ботаника монанди дигар фанҳои биология асоси илмии худро, баъди аз чоп баровардани осори Ч. Дарвин (пайдоиши намудҳо) бо роҳи интихоби табии дар соли 1859 шурeъ мекунад.
Дар асри 18, дар Москва ва Петербург, дар Россия аввалин боғҳои ботаникӣ бунёд шуданд. Дар ҳамон вақт маркази илмии Россия Академияи фанҳои Петербург буда, соли 1725 кушода шуд ва асосгузори он Пётри 1 буд. Дар инкишофи илми табиатшиносӣ аввалин академики рус М.В. Ломоносов (1711–1765) нақши муҳим дошт.
 

Саволҳо барои такрор ва мустаҳкамкунӣ:

Cаволи 1. Барои ба вуxуд омадани фанни ботаника чӣ сабаб шуд?
А) Ба киштукор шурeъ кардан.
Б) Xамъ овардани тухм ва мева.
В) Талаботи рeзафзуни инсон
Саволи 2. Асосгузори аввалини фанҳои табии аз он xумла набототшиносӣ кӣ буд?
А) Роберт Гук.
Б) Линней.
В) Арасту.
Г) Теофраст.
Саволи 3. Асосгузори фанни ботаника кадоме аз олимони номбурда аст?
А)Арасту.
Б) Ламарк.
В) Теофраст.
Г) Линней.
Саволи 4. Олими Юнон Теофраст дар асари худ чанд намуди растаниро тасвир намуд?
А) 400
Б) 500
В) 550
Г) 650
Саволи 5. Аввалин бор кадом олим дар асари худ оиди гулҳои растании каду маълумот дода онҳоро ба нарина ва модина xудо карда буд?
А)Линней
Б) Дарвин
В) Ламарк
Г) Теофраст 
Саволи 6. Кадом олим дар асари худ дар бораи растании хурмо маълумот дода онро растании духонагӣ номида буд?
А)Ламарк
Б) Арасту
В)Мичурин
Г) Теофраст
Саволи 7. Асари олим Рим Плиней, ки аз 37 xилд иборат буд чӣ ном дошт?
А) Омeзиши табиат.
Б) Мавҳум дар бораи табиат.
В) Таърихи табиат. 
Саволи 8. Аз 37 xилди асари Плиней чанд xилдаш ба олами растанӣ бахшида шудааст?
А) 15–том
Б) 16–том.
В) 18–том
Саволи 9.Дар асри миёна дар соҳаи омeзиши олами растанӣ кадом олим саҳми худро гузоштааст?
А) Абeмаҳмуди Хуxандӣ.
Б) Берунӣ.
В) Абeалӣ ибни Сино
Саволи 10. Дар пешрафти фанни ботаника саҳми олим К. Линней аз чӣ иборат буд?
А) Растаниро муайян намуд.
Б) Таснифоти табиӣ эxод кард.
В) Техникаи тасвиркунии растаниҳоро муайян сохт.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив