Расми 1. Муҳити дохилии корхонаи истеҳсолӣ
Муҳити дохилии корхона- ин маҷмўи одамон, воситаҳои истеҳсолот, пул ва ахбор мебошад. Натиҷаи таъсири мутақобилаи қисматҳои муҳити дохилӣ маҳсулоти тайёр (кори иҷрошуда, хизмати расонидашуда) ба ҳисоб меравад (расми 1.).Муҳити берунаи корхона, ки бевосита самаранокии кори онро муайян мекунад ин, пеш аз ҳама, истеъмолгарони маҳсулот, таъминкунандагони қисматҳои истеҳсолӣ ва сохторҳои давлативу аҳолии дар гирду атрофии корхона воқеъгашта мебошанд (расми 2).
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «корхона» ҳамчун субъекти мустақили хоҷагидорӣ, ки барои истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа ва гирифтани фоида фаъолият мекунад, баромад менамояд.
Расми 2. Муҳити берунии корхонаи истеҳсолӣ
Вазифаҳои муҳимтарини корхонаи амалкунанда инҳоянд:- Ба даст даровардани даромад аз фаъолияти соҳибкории корхона;
- Таҳлили бозор ва дарёфти талабот ба маҳсулоту хизмати корхона;
- Баланд бардоштани сифати маҳсулот ва таъминсозии рақобаттобоварии он;
- Таъмин намудани истеъмолкунандагон бо маҳсулоти корхона;
- Таъмин намудани ҳайати кормандони корхона бо музди меҳнат, шароити мусоиди кор ва имкони рушди касбӣ;
- Бунёди ҷойҳои корӣ барои аҳолие, ки дар гирду атрофи корхона истиқомат доранд;
- Ҳифзи муҳити атроф: замин, об, ва ҳавзаи ҳавоӣ;
- Нагузоштани бозистӣ дар кори корхона (номунтазамии таъминот, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор, пастравии даромаднокии истеҳсолот ва яку якбора камшавии ҳаҷми истеҳсолот).
- Манфиати соҳиби корхона;
- Ҳаҷми сармоя;
- Вазъияти дохилии корхона;
- Мақсадҳои корхона (расми3.).
Расми 3. Шаклгирии мақсадҳои корхона
Танҳо соҳиби корхона, новобаста аз мақому имтиёзот, метавонад назди ҳайати кормандони корхона вазифагузорӣ кунад. Соҳиби корхона дар асоси манфиатҳои пешбинӣ намудааш на танҳо ҳуқуқи вазифагузориро дорад, балки як андоза маҷбур ҳам ҳаст, ки ин корро кунад, вагарна шахси дигар ин ҳолро ба манфиати худаш метавонад истифода барад. Дар шароити муносибатҳои бозорӣ муҳимтарин вазифаи корхона ба даст даровардани фоида бо роҳи фурўши маҳсулоти истеҳсолнамуда (кори иҷрокарда ё хизмати расонидашуда) мебошад. Дар асоси хамин фоидаи бадастовардашуда талаботи иҷтимоиву иқтисодии ҷамоаи меҳнатии корхона ва соҳиби воситаҳои истеҳсолот қонеъ гардонида мешавад.
Идорае, ки ягон вазифаи хоҷагидориро муайяну мушаххас мегардонад, бояд шароити воқеии иҷроиши онро бо назардошти вазифаҳои иҷрокунандаи корхона ба ҳисоб гирад.
Вобаста ба шакли моликият корхона дар шароити худмаблағгузорӣ ва ҳисоби пурраи хоҷагӣ амал мекунад. Вай дар бастани шартнома бо истеъмолкунандагони маҳсулот, таъминкунандагони ашёи хому сўзишворӣ, қабули супоришҳои давлатӣ соҳибихтиёр аст.
Вазифаҳои асосии корхонаро метавон чунин муайян намуд:
- Тайёр кардани маҳсулоти истеъмоли шахсиву истеҳсолӣ;
- Расонидан ва фурўхтани маҳсулот ба истеъмолкунандагон;
- Хизматрасонии пас аз фурўши маҳсулот;
- Коркарди стратегия ва тактикаи амалиёти корхона дар бозор;
- Муҳофизати муҳити атроф;
- Таъмини рақобатпазирии корхона, маҳсулот ва нигаҳдории обрўи баланди (имиджи) корхона;
- Такмили ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идоракунӣ;
- Таъмини моддӣ-техникии истеҳсоли маҳсулот дар корхона;
- Идоракунӣ ва ташкили меҳнати ҳайати кормандон дар корхона;
- Банақшагирӣ ва афзоиши ҳамаҷонибаи ҳаҷми истеҳсолот дар корхона;
- Ташкили самараноки фаъолияти соҳибкорӣ;
- Пардохти андозҳо, ҳиссаҷудокуниҳои ҷорӣ ва ҳатмии буҷавӣ;
- Риоя намудани меъёру стандартҳо ва санадҳои меъёрии давлатӣ.
- Истифодаи дастовардҳои навини илмӣ-техникӣ дар истеҳсолот.
- Андозаҳои корхона;
- Мансубияти соҳавӣ;
- Дараҷаи махсусгардонӣ ва кооперикунонӣ;
- Мавҷудияти инфрасохтори иҷтимоӣ;
- Шакли моликият;
- Муносибат бо сохторҳои ҳукуматӣ.
Маъмурият ва ҳайати кормандони корхона вазифадоранд, ки маҳсулоти хушсифату бозоргир истеҳсол намоянд. Сифати баланду нархи мақбул барои интихобу нигаҳдории бозори фурўш хеле муҳим аст. Маҳсулоти пастсифат чун маҳсулоти гароннарх харидорро водор менамояд, ки таъминкунандаеро ҷўяд, ки аз вай ҳамин маҳсулотро бо сифати баланд ё нархи арзон харида тавонад. Ба хотири аз даст надодани харидорон мутахассисони корхона бозори фурўшро доимо омўхта, барои тезонидани пешрафти илмӣ-техникӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо дар истеҳсолот, беҳкарди сифати маҳсулот ва камкунии арзиши аслии вай чора меандешанд. Амалан, сиёсати иқтисодии мамлакат ва инкишофу рушди иқтисодиёти миллӣ дар коллективи меҳнатии корхонаҳои истеҳсолӣ арзи вуҷуд карда, ояндаи он аз натиҷаҳои фаъолияти онҳо вобастагӣ дорад. Зеро корхона дар комплексҳои соҳавию ҳудудии истеҳсолии кишвар ҷузъи асосӣ ба ҳисоб меравад.
Корхонаҳое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти якҷинса махсус гардонида шудаанд, соҳаҳои мувофиқи истеҳсолоти моддиро ташкил медиҳанд: саноат, хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нақлиёт ва ғайра. Ғайр аз он, корхона ва ташкилотҳо андозаву ҳудудҳои махсусгардонии шаҳрҳо, шаҳракҳову вилоятҳо ва ҷойгиршавиашонро муқаррар менамоянд. Таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, меҳнат ва маишати аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои марказӣ ва маҳаллӣ амалӣ мегардад. (Расми 4.)
Расми 4. Корхонаи истеҳсолӣ-зинаи асосии истеҳсолот.
Хулоса, корхонаҳо ва колективи меҳнатии онҳо унсурҳои асосии ташкилдиҳандаи комплексҳои соҳавию ҳудудӣ мебошанд. Яъне, аз ҳамин воҳидҳо вазорату раёсатҳо ва вилояту шаҳрҳо шакл мегиранд. Аз ҳамин лиҳоз, дар ҳама гуна ҳуҷҷати корхона чун зинаҳои асосии комплекси хоҷагии халқ қайд гаштааст. Сохтор ва таркиби идоракунии иқтисодиёти мамлакат тавре тартиб дода шудааст, ки фаъолияти узвҳои функсионалии корхона дар онҳо инъикос мешаванд.
Вазифаи низоми идоракунии хоҷагидорӣ дар ҳама зинаҳо-аз девони вазирон то роҳбари корхона, сардори коргоҳ ва устои он ягона аст: таъмини кори маҳсулноки ҳайати кормандони ҳар як корхона, яъне ҳар як коргар дар ҷои кори худ бояд машғули фаъолияте бошад, ки барои ҷамоаи меҳнатӣ, истеъмолкунандаи маҳсулот, ғанигардонии бозор зарур аст.
Ҳамагуна фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ё муассисаҳои илмӣ, тиҷоратӣ ба мавҷудияти боигариҳои моддӣ вобастагӣ дорад ва ҳамагуна қарори хоҷагидорӣ ё техникӣ танҳо дар корхонаи истеҳсолӣ дар ҷои кори мутахассис, хизматчӣ ё коргари он амалӣ мегардад. Тамоми фаъолияти корхонаҳо ба ахбори илмӣ-техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ асос ёфтааст.
Ин навиштаҳо ҳаргиз маънои онро надорад, ки берун аз ҳудуди корхона ташиклотҳои идоракунии хоҷагидорӣ, ташклотҳои илмию миёнаравӣ лозим нестанд. Баръакс, бе мавҷудияти чунин сохторҳо корхонаҳо на ҳама вақт ба дараҷаи техникии истеҳсолот мустақилона баҳои ҳақиқӣ медиҳанд, самти муносиби ривоҷи истеҳсолотро муайян мекунанд, талаботи харидоронро ба истеҳсоли маҳсулоти корхона ва талаботи худро ба ашёи хом, масолеҳу сўзишворӣ, бо имконоти таъминкунандагон мувозӣ менамоянд. Хусусан, корхонаҳои хурд дар ташкили истеҳсолот ва баланд бардоштани сифати маҳсулот ба кўмаки беруна сахт ниёзманданд.
Албатта, сухан дар бораи пурра барҳамдиҳии ҳуқуқи дахолати сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти дохилии корхона намеравад. Балки давлат аз болои фаъолияти корхона, самаранокии фаъолияти он назорат мебарад ва фаъолияти онро ба воситаи фишангҳои иқтисодӣ танзим мекунад.
Комментарии (1)