Ташаккули маърифати шаҳрвандӣ ҳамчун масъалаи мубрами илми педагогика


Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлиди арзишҳои миллию демократӣ бо қолабҳои шӯравии мақсаду вазифаҳои таълиму тарбия дар ҳолати мухолиф қарор гирифтанд. Аз тарафи дигар, илми педагогикаи замони пешин ба методологияи марксистию ленинӣ асос ёфта, мақсаду вазифаҳои идеологияи коммунистиро иҷро мекард. Дар ин шакл педагогика ба иҷрои супориши иҷтимоии давлати демократию ҷомеаи шаҳрвандӣ қодир набуд. Ин хулоса аз солҳои нахустини фаъолияти мактабу маорифи даврони истиқлолият ба миён омад. Бо дар назардошти ин ҳолат бояд чунин методологияе рӯи кор меомад, ки ҷавобгӯи арзишҳои воқеан миллӣ ва башардӯстона бошад, то ки инсонҳоро бо ҳамдигар муқобил нагузошта, ба ташаккули шахсияти мустақил, дорои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, эҳтироми қадру қимати инсон ва рушди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шуда бошад. Ин методология гуманизм ном дорад, ки он моли умумибашарӣ буда, дар тӯли ҳазхорсолаҳо ташаккул ёфта ва то замони мо омада расидааст. Бояд гуфт, ки дар бунёди методологияи гуманистӣ ниёгони шӯҳратманди тоҷику форс низ саҳмгузоранд. Ҳамин тариқ, педагогика аз қолабҳои манфии даврони шӯравӣ орӣ гардида, дар соҳаи маорифи мамлакати тозабунёди Тоҷикистон ба ин методологияи воқеан башардӯст рӯй овард. Дар натиҷаи ин таҳаввулот шакл ва мазмуну мундариҷаи идораи соҳаи маориф, таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти адолатпеша дар муассисаҳои таълимии кишвар тағйир касб кард.

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар коркарди асосҳои методологияи гуманистӣ, ҷиҳатҳои гуногуни назарӣ ва татбиқи амалии онҳо дар илми педагогикаи миллӣ ва тавассути он дар мазмуну мундариҷа ва технологияи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии мамлакат Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар канор намонд. Масъалаи мазкури бунёдии илми педагогика ҳамеша дар маркази диққати корҳои таҳқиқотии ин муассисаи илмӣ буд ва дар оянда ҳам аз назари он дур нахоҳад монд.

Таи чанд сол аст, ки дар шӯъбаи таълими фанҳои ҷомеашиносии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф якчанд масъалаи методологӣ мавриди таҳқиқот қарор гирифт, аз он ҷумла даврабандии нави таърих, методологияи гуманистӣ, таърих ҳамчун тамаддуни миллат ва башар, технологияи нави таълими фанҳои ҷомеашиносӣ, тарбияи шаҳрвандӣ ва маърифати шаҳрвандӣ. Дар мақолаи мазкур танҳо як масъала – ташаккули маърифати шаҳрвандии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад.

Дар ҷомеаи демократӣ маърифати шаҳрвандӣ яке аз қисматҳои муҳимтарини фарҳанг, ҳастии маънавию ҳуқуқӣ ва ахлоқию иҷтимоии давлат, ҷомеа ва шаҳрвандро ташкил менамояд. Яъне бе маърифати шаҳрвандӣ ин нерӯи сегона – давлат, ҷомеа ва шаҳрвандро тасаввур кардан имконнопазир аст. Бинобар ин, маърифати шаҳрвандӣ барои инсон ва шаҳрванд ниҳоят зарур буда, дар давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷараёни аз бар кардан, аз он истифода бурдан, ташаккул ёфтани шахсияти фард бо инсон ва шаҳрванд тамоми умр ҳамроҳӣ мекунад ва дар ин ҷода бо ӯ ва давлату ҷомеа нафъ меоварад.

Аз проблемаҳои муҳимтарини рушди устувори демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан дар зери тобеияти манфиатҳои идеологияи коммунистӣ қарор дошт, бунёди ҷомеаи шаҳрвандии босалоҳият аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Яке аз механизмҳои ин падидаи муҳим маърифати шаҳрвандӣ мебошад, ки он имрӯз бояд ҳамаи гурӯҳҳои иҷимоии ҷомеаи Тоҷикистонро дар бар бигирад. Дар ҳамин таҷассум ёфтааст рӯзмаррагии татбиқи маърифати шаҳрвандӣ, аз он ҷумла дар таълимгоҳҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ дар марҳалаи имрӯзаи рушди миллии Тоҷикистон.

Мақсади бунёдии маърифати шаҳрвандӣ ташаккули шаҳрвандест, ки ба ҷомеаи шаҳрвандии муосир ва давлати ҳуқуқбунёд ҳамгиро ворид гардидааст.Ин маром тавассути ҷараёни муттасил иҷтимоитгардонии шахсият ба даст оварда мешавад. Шаҳрванд бояд қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро донад ва онҳоро эҳтиром кунад, дар бораи давлат, интихоботи демократӣ ва соҳаи салоҳияти шаҳрвандӣ донишҳои мукаммал дошта бошад, ба воқеияти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ аз назари интиқодӣ баҳо диҳад ва масъалаҳои гуногуни ҷомеаро таҳлил карда тавонад ва бо одамони дигар дар ҳамкорӣ бошад, дар ҳаёти ҷамъиятии ҷомеа фаъолона ширкат варзад, ватанпарасту башардӯст бошад, таърихи миллат, урфу одату анъанаҳо ва арзишҳои дигари фарҳангӣ ва ахлоқи миллиро донистаю шинохта, дар ҳаёти худ ифода бурда тавонад ва ғайра.

Мувофиқи воқеияти Тоҷиикистон муҳаққиқони шӯъбаи таълими фанҳои ҷомеашиносии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф иҷрои коркарди назариявӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот оид ба маърифати шваҳрвандиро дар Тоҷикистон дар 4 марҳала даврабандӣ намуда, ба дар ин самти муҳим ба таҳқиқот ва таълифи натиҷаӯои он шурӯъ намуданд.

Дар марҳалаи аввал (солҳои 2004-2005) омӯзиши назариявии масъалаи тарбияи шаҳрвандӣ ҳамчун проблемаи умумипедагогӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол оғоз гардид. Натиҷаи асосии ин таҳқиқот таҳияи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (4) мебошад, ки он аз соли 2006 сар карда дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳамчун санади меъёрии педагогӣ ва методологӣ оид ба тарбияи шаҳрвандӣ мавриди истифодаю баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дар марҳалаи дуюм (солҳои 2006-2007) бо мақсади омӯзиши ҳолати рушди маърифати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шӯъбаи таълими фанҳои ҷомеашиносии Пажӯҳишгои рушди маорифи АТТ бо чанде аз созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ва Барномаи «Ҷомеаи шаҳрвандӣ»-и Хазинаи Оғохон ҳамкорӣ дошт, ки дар натиҷаи ин фаъолият рисолае бо номи «Рушди маърифати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамо (1)» рӯи чопро дид. Дар ин рисола сатҳ, махсусият ва самтҳои асосии ташаккули маърифати шаҳрвандии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеаи Тоикистон инъикос гардидааст. Таҳқиқот дар ин марҳала имконият фароҳам овард, ки доираи пажӯҳиш оид ба вазъи маърифати шаҳрвандӣ дар 15 соли истиқлолият кишвар мусоидат карда, доираи омӯзиши масъалаи маърифати шаҳрвандӣ фарогир ва бо воқеияти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон алоқаманд дар сатҳи проблемаи умумимиллӣ ва стратегияи рушди демократии Тоҷикистон алоқаманд арзёбӣ карда шавад.

Дар марҳалаи сеюм (соли 2008) натиҷаҳои ин таҳқиқот дар рисолаи «Масъалаҳои назариявии дурнамои стратегияи рушди маърифати шаҳрвандӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон (2)» банду баст гардиданд. Ин таҳқиқот имконият дод, ки кормандони илмии шӯъба ба марҳалаи нави таҳқиқоти масъала қадам биниҳанд. Стратегияи мазкур дар навбати аввал таҳияи Консепсияи маърифати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар дошт ва ин кор иҷро ҳам шуд. Дар қисмати аввали он, ки «Масъалаҳои умуминазариявии маърифати шаҳрвандӣ» ном дорад, мақсаду вазифаҳо, мазмуну мундариҷа, заминаҳои назариявию амалӣ, моҳият ва аҳамияти маърифати шаҳрвандӣ, ҷузъҳои ҳуқуқӣ, намунаҳо ва рукнҳои асосии маърифати шаҳрвандӣ инъикос гардидаанд. Дар қисмати дуюми Консепсия, ки «Хусусиятҳои маърифати шаҳрвандии бахши давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ» номгузорӣ шудааст, хусусиятҳои маърифати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърифати шаҳрвандӣ дар оила, муассисаҳои томактабӣ, макотиби таҳсилоти умумию касбӣ ва баъди таҳсилоти олӣ, маърифати шаҳрвандӣ дар сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорӣ инъикос гардидаанд. Қисмати сеюми Консепсия аз «Дурнамои татбиқи Консепсияи маърифати шаҳрвандӣ ва чашмдошт аз натиҷаҳои он» иборат аст.

Таҳқиқоти масъалаҳои дурнамои стратегияи маърифати шаҳрвандӣ тартибу низом, мазмуну мундариҷа ва ҷанбаю ҷузъиёти консептуалии маърифати шаҳрвандӣ ва технологияи иҷрои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати илмию методологӣ асоснок намуда, дар баробари ин, самтҳои корро оид ба ин масъалаи бунёдии барои ҷомеаи демократӣ ва соҳаи маорифи он муҳим муайян сохт.

Стратегияи рушди маърифати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи Барномаи таълимии маърифати шаҳрвандиро барои ҳамаи ҷузъҳои иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон дар назар дошт, ки он чунин номгузорӣ шудааст: «Маърифати шаҳрванӣ: Барнома ва асосҳои методологии татбиқи он (5)». Барномаи таълимии мазкур аз 3 қисмат иборат аст. Бахши бунёдии он дар 5 фасл мураттаб гардидааст – мазмуни маърифати шаҳрвандӣ дар бораи давлат ва ҷомеа; маърифати шаҳрвандӣ дар соконститутсионӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд; маърифати шаҳрвандӣ аз рӯи махсусияти миллию қавми (этникӣ)-и инсон ва шаҳрванд; маърифати шаҳрвандӣ дар асоси арзишҳои умумибашарӣ.

Дар қисмати якуми барнома аз он ҷумла моҳияти давлати демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрванд, фаъолияти иқтисодии давлат ва ҷомеа, ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ҷомеа, моҳияти мафҳуми «шаҳрванди Тоҷикистон», маърифати шаҳрвандӣ дар асоси хотираи таърихии миллат, маърифати шаҳрвандӣ дар асоси идҳою анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои маънавию ахлоқии миллат, маърифати шаҳрвандӣ дар асоси арзишҳои гуманистии умумибашарӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои муосири башар дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои байналмилалӣ таҷассум ёфтаанд.

Қисмати дуюми Барнома «Маърифати шаҳрвандӣ дар соҳаҳои фаъолияти давлат ва ҷомеа» ном гирифта, он низ аз 5 фасл иборат аст: мазмуни маърифати шаҳрвандӣ дар мактаби таҳсилоти умумӣ; маърифати шаҳрвандӣ дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ; маърифати шаҳрвандӣ дар сохторҳои давлатӣ; мазмуни маърифати шаҳрвандӣ дар сохторҳои соҳибкорӣ; маърифати шаҳрвандӣ дар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. Дар ин қисмати барнома дар баробари масъалаҳои маърифати шаҳрвандӣ дар фаъолияти давлат ва ҷомеа, маърифати шаҳрвандӣ дар муассисаҳои таълимии умумӣ ва касбӣ, маърифати шаҳрвандии хизматчиёни давлатӣ, маърифати шаҳрвандии соҳибкорон, аз он ҷумла доир ба иқтисоди бозоргонӣ, истифода аз таҷрибаи пешқадами соҳибкорон ва симои ахлоқию маънавии онҳо, маърифати шаҳрвандӣ дар фаъолияти иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои эҷодӣ, ташкилоту муассисаҳои маърифатию варзишӣ ва беҳдошти саломатӣ, ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои кӯдакона, занона ва ҷавонон, ташкилотҳои ашхоси имконияташон маҳдуд ва зарарпазир оид ба маърифати шаҳрвандӣ донишҳои бунёдӣ гирд оварда шудаанд.

Барномаи бунёдии маърифати шаҳрвандӣ дорои моҳияти методологӣ буда, дар назар дорад, ки барои ҳамаи ҷузъҳои иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ барномаҳои мушаххаси маърифати шаҳрвандӣ ва мувофиқи онҳо китобҳои дарсию дастурҳои таълимию методӣ ва маводи дигари дидактикӣ таҳия ва дастраси ниёзмандон гардонида шаванд, аз он ҷумла барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ низ. Мувофиқи талаботи ин барнома дар як вақт бо забони русӣ ду китоб-«Введение в курс гражданского образования» барои омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ (5) ва «Введение в курс гражданского образования» барои хонандагони ин таълимгоҳҳо (6) таълиф карда шуд, ки онҳо саривақт рӯи чопро диданд.

Дар марҳалаи чорум (соли 2009) барои муассисаҳои таълими умумӣ ва касбӣ таҳия карда шуд: Барномаи таълимии маърифати шаҳрвандӣ барои синфҳои 10-11 мактаби таҳсилоти умумӣ (15), ки он бо сабабҳои воқеӣ ҳанӯз рӯи чопро надидааст, Барномаи маърифати шаҳрвандӣ барои таълимгоҳҳои миёнаи касбии педагогӣ (8) ва Барномаи курси махзсуси «Маърифати шаҳрвандӣ» барои таълимгоҳҳои олии касбӣ (9). Ҳарсе барнома ҳам аз ҷиҳати назариявию методологӣ ва ҳам аз ҷиҳати мазмуну мундариҷаи худ ба «Маърифати шаҳрвандӣ: Барнома ва асосҳои методологии татбиқи он» такя мекунанд.

Дар ин марҳала таълими маърифати шаҳрвандӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Коллеҷи омӯзгории воқеъ дар шаҳри Душанбе ҳамчун курси махсус сурат гирифт ва он натиҷаи хуб ҳам дод. Дар баробари ин, барои боз ҳам баланд бардоштани сифату самаранолкии таълими маърифати шаҳрвандӣ дар ин таълимгоҳҳо барои омӯзгорони онҳо дар 4 минтақа–шаҳру навоҳии тобеи марказ, вилояти Суғд ва минтақаҳои Кӯлобу Қурғонтеппаи вилояти Хатлон курсҳои омӯзишии 5-рӯза ташкил карда шуданд.

Марҳалаи мазкур барои муассисаҳои таълимии соҳаи маориф моҳияти ҷамъбасткунандаи мобайнӣ дошт. Дар ин марҳала оид ба маърифати шаҳрвандӣ ду китоби дарсӣ дар шакли курси лексияҳо таълиф карда шуд, ки яке «Маърифати шаҳрвандӣ (11)» ва дигаре «Асосҳои маърифати шаҳрвандӣ (12)» ном дорад. Омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ ва 2 муассисаи таълимии олии касбӣ (ДМТ ва ДДОТ) аз ин китобҳои таълимӣ таъмин карда шуданд.

Марҳалаи охирини корҳои таҳқиқотии шӯъбаи таълими фанҳои ҷомеашиносии ПРМ АТТ бо таҳияи лоиҳаи Консепсияи миллии маърифати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди он ба Вазорати маорифи Тоҷикистон анҷом пазируфт. Вале татбиқи пурраи барномаи бунёдии маърифати шаҳрвандӣ дар кулли сохторҳои давлатӣ, соҳибкорӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳанӯз анҷом наёфтааст. Ин кор марҳалаи нави худро аз пешниҳоди мо баҳри ворид сохтани фанни маърифати шаҳрвандӣ ба нақшаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ оғоз хоҳад кард.

Кор аз болои ҷанбаю самтҳои мухталифи маърифати шаҳрвандӣ дар ҳамкории самараноки эҷодию таълимӣ бо муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қисме аз таълимгоҳҳои таҳсилоти умумӣ ва касбии кишвар сурат гирифт.

Дар баробари ин, ба таҳқиқот гурӯҳи калони муҳаққиқон, аз онҷумла Кунтувдий Н.А., Ҷононов С., Бобосодиқова Г.Б., Шаснович И.В.. Ниёзова Л., Лутфуллоев М., Каримова И.Х., Афзалов Х.С., Қурбонова Ш.И., Хуромонов О., Давлатов Ф., Солиев Б.Х., Солиев Ш.Х., Ашуралиев М.И ва ғайраҳо ҷалб карда шуданд, ки онҳо потенсиали илмию таҳқиқотии шӯъбаи таълими фанҳои ҷомеашиносиро оид ба маърифати шаҳрвандӣ афзун намуданд. Ин аст, ки лоиҳаи «Консепсияи миллии маърифати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва ба Вазорати маорифи Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шудааст.

Ҷараёни таҳқиқот дар фазои ошкорбаёнӣ, ҳусни тафоҳум ва робитаи самаранок бо созмонҳои ҳамкор дар дохили кишвар ва истифода аз таҷрибаи пешқадами хориҷӣ сурат гирифт, ки ин омил ба пешгирӣ намудани камбудию норасоиҳои таҳқиқот ва самаранокии татбиқи натиҷаҳои он мусоидат намуд .

Дастхатҳои ҳамаи маводи таҳқиқотӣ- лоиҳаҳои барномаҳои таълимии маърифати шаҳрвандӣ, рисолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ, китобҳои дарсӣ (дар шакли курси лексияҳо) ва лоиҳаи консепсияҳо пешакӣ дар семинару мизҳои мудаввар бо доираи васеи иштирокчиён аз муассисаҳои давлат, мутахассисон, омӯзгорон, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифта, фикру андешаҳои иштирокчиён оид ба ҷараёни таҳқиқот ва натиҷаҳои он ба назари эътибор гирифта ешуданд.

Ҳамаи лоиҳаҳои дастхатҳо дар Шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуда, танҳо баъди тавсияи он ба дасти чоп супорида мешуданд.

Таваралӣ Зиёзода


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив