9-уми сентябри соли 1991 халқи тоҷик ба орзуи деринаи хеш расид, ки ин ҳам бошад, соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Албатта, ин неъмати бузург бо муборизаву талошҳои бепоёни фарзандони фарзонаи тоҷик ва нафарони бонангу номус ва озодихоҳу ватанхоҳи миллат дар тӯли беш аз ҳазор сол ба даст омад. Ва имрӯзҳо мардуми шарифи кишвар бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии Ватани азизи хеш дар фазои софу беғубори он баҳри ободии ин диёри аҷдодӣ бо маром дар ҷабҳаҳои гуногуни зиндагӣ кору фаъолият доранд.
Вале ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки дар баробари соҳибихтиёр гардидани ҶТ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ҷумла, воқеоти оғози солҳои 90-уми қарни ХХ, ки ба ҳамагон маълум асту дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун давраи мудҳиштарин сабт гардидааст, ҳамчунин гузаштан аз як сохти давлатдорӣ ба сохти дигари он, аниқтараш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷомеаи сармоядорӣ ва рӯй овардан ба иқтисодиёти бозоргонӣ ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бетаъсир намонд. Бар асари ҳамаи тағйиротҳои дар боло зикр гардида тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ муддате пурра аз рушдёбӣ бозмонда рӯ ба харобшавӣ ниҳоданд.
Зеро табиист, ки дар натиҷаи аз як сохт ба сохти дигар гузаштан ё воқеаҳои сиёсӣ саноат, хоҷагии қишлоқ, иқтисодиёти давлатҳо рӯ ба таназзул меоранд. Чунин вазъият ба паст гардидани сатҳи моддию маънавии аҳолӣ, зиёд гаштани бемориҳо, зиёд шудани теъдоди оилаҳои камбизоат сабаб мегардад.
Дар ин миён пастравии соҳаи асосии ҳар як давлату кишвар – маориф низ аз эътибор соқит нест. Ба хусус паст шудани сифати таълиму тарбия дар мактабҳо, хароб гаштани базаи моддӣ-техникии онҳо, фаъолиятро тарк намудани муаллимони соҳибтаҷриба бинобар сабаби басо ночиз будани музди меҳнат. Инчунин аз сабаби кам гаштани ҷойҳои корӣ сатҳи бекорӣ дар байни аҳолӣ хеле зиёд шуд, ки ин ҳама боиси афзудани миқдори ҷинояткориву қонуншиканӣ дар байни аҳолӣ, махсусан дар байни ҷавонону наврасон гардид.
Худ аз худ маълум аст, ки бо паст рафтани сифати фаъолияти соҳаи маориф ва дур мондани насли наврас аз таълим, миқдори ҷинояткорӣ дар байни наврасон меафзояд. Хушбахтона, имрӯзҳо бо ба пешравиҳои назаррас ноил гаштани ҶТ дар ҳамаи соҳаҳо, минҷумла дар соҳаи маориф ва бо баланд шудани сатҳи некӯаҳволии
мардум теъдоди ҷинояткорӣ дар байни наврасон дар қиёс ба солҳои 90-ум хеле ва хеле коҳиш ёфтааст. Албатта, ҳамаи ин бо тадриҷан ислоҳ намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои дахлдор ба даст омадааст.
Аммо ҳанӯз ҳам ёфт мешаванд қонунвайронкуниҳо ва ё ҷинояткориҳое, ки бо иштирок ва айбдории наврасону ноболиғон содир гаштаанд. Барои мисол тавре аз суханронии муовини сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, ки аз тариқи Телевизиони «Пойтахт» шоми 3.09.2009 намоиш дода шуд, бар меояд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе танҳо дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ 2573 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 128 адади онро ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон содир гаштаанд, ташкил мекунанд. Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар сифати кори мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар муассисаҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ҷой доранд.
Аз ин рӯ, мутахассисону масъулини соҳаҳои дар боло зикр гаштаро мебояд камбудиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кории хеш ҳарчӣ зудтар бартараф намуда, муборизаро баҳри пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон боз ҳам пурзӯр гардонанд ва дар ин самт чораҳои наву иловагиро ба кор бурда, тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Аслан боиси таассуф аст, ки наврасон ба ҷои таҳсил дар мактабҳо ва машғул шудан ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ даст ба ҷинояткорӣ ва хосатан ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мезананд. Вале ин ҷо ягон ҷои тааҷубовар нест, зеро содир гаштани ҷиноят дар қатори калонсолон аз ҷониби ноболиғон дар ҳама давру замон ба назар мерасид. Даврони шӯравӣ, ки дар он айём сифати кори таълиму тарбия дар мактабҳо пурра ба талаботи давру замон ҷавобгӯй ба ҳисоб мерафт ва сатҳи бекориву аз таҳсил дур мондан низ дар байни ноболиғон дар муқоиса ба замони феълӣ хеле ва хеле кам ба чашм мерасид, аммо бо вуҷуди ин даст задани ноболиғон ба ҷиноят дида мешуд.
Барои он ки ба ин масъалаи муҳим ба хубӣ сарфаҳм равем, қабл аз ҳама моро мебояд хусусиятҳои психологию физиологӣ ва ҳамчунин доираи синну соли ин табақаи аҳолиро, яъне давраи наврасиро дониста бошем. Зеро бидуни донистани хусусиятҳои махсуси табиати наврасон ба дарки табиати ҷиноятпешаи онҳо сарфаҳм рафтан душвор аст ва ҳарф задан атрофи қазияи мазкур ба мақсад мувофиқ нест. Бо ин ҳадаф ин ҷо каме таваққуф намуда, ба шарҳи мухтасари он мегузарем.
Давраи наврасӣ дар як қатор адабиёти илмӣ ҳамчун давраи гузариш ва ҳамзамон душвор арзёбӣ гардидааст. Чунки гузаштан аз айёми кӯдакӣ (бачагӣ) ба ҷавонӣ маҳз дар ҳамин давраи хеле кӯтоҳ рост меояд, аз ин рӯ он бо душвориҳои зиёд ҳам барои наврас ва ҳам барои калонсолон мегузарад. Худ қазоват намоед, дар як давраи нисбатан басо кӯтоҳ аз сар гузаронидани тамоми тағйиротҳои куллию ҷаҳишмонанде, ки дар организми наврас ба вуҷуд меоянд, аз ҷумла дар кори системаҳои дилу раг, нафаскашӣ, такяву ҳаракат, системаи асаб, кори нимкураҳои майнаи сар, фаъолияти мушакҳои бадан, ғадудҳои ҷинсӣ, мубодилаи моддаҳо, ҳамчунин ба кори худ шурӯъ намудани ҳормонҳои ҷинсӣ ва ғайра албатта, душвориҳои зиёд ба бор меоранд. Дар баробари тағйиротҳои физиологӣ дар заминаи онҳо як қатор дигаргуниҳои психологӣ низ мушоҳида мегарданд. Аз ҷумла, дар ҳамаи ҳодисаҳои психикӣ чӣ дар протсессҳои психикиву (маърифатӣ) протсессҳои эмотсионалӣ-иродавӣ ва чӣ дар хусусиятҳои психикиву ҳолатҳои шахс.
Барои мисол танҳо ҷараёни инкишофи ирода ва сифатҳои онро, ё худ хислатҳои иродавии характерро дида мебароем, зеро даст задан ва ё назадани наврасон ба содир кардани аъмоли бад (ҷинояту қонуншиканиҳо) бештар вақт аз инкишофи дараҷаи он вобастагӣ доранд. Бинобар ин, бояд изҳор дошт, ки сустиродагӣ назар ба тамоми дигар давраҳои таҳсили хонандагон дар мактаб маҳз дар давраи наврасӣ бармало ба чашм мерасад. Махсусан, аз рушди мӯътадили худ ақиб мондани сифатҳои иродавӣ, ба монанди: мақсаднокӣ, мустақилӣ, қатъият, суботкорӣ, худдорӣ, боинтизомӣ ва ғайра дар давраи хурди наврасӣ мушоҳида мегардад, вале кам нестанд наврасони калоне, ки дар онҳо ҳам чунин ҳолат дида нашавад. Аз ин рӯ, наврасон ба душвориҳои кори таълиму тарбия тоб оварда наметавонанд, зуд ва ба осонӣ ба таъсири дигарон дода мешаванд, ҳамчунин дар риоя кардани бечунучарои меъёрҳои одобу ахлоқ ба душвориҳои зиёд мувоҷҷеҳ мегарданд.
Ногуфта намонад, ки ирода дар ин давра худ аз худ суст намешавад, балки тағйир ёфтани мавқеи наврасон дар муҳити иҳотакарда (хосатан дар оила) ва мураккаб гаштани фаъолияти таълимӣ (инчунин дигар намудҳои фаъолият), ҳамчунин зиёд шудани талабот нисбати онҳо чӣ аз тарафи омӯзгорону волидон ва чӣ аз тарафи дигарон албатта, ҳамаи ин дараҷаи баланди ташаккули сифатҳои иродавиро тақозо мекунанд ва ҳамзамон ҳолати мазкур боиси он мегардад, ки дар назари оддӣ гӯё ирода дар ин давра худ аз худ суст мешуда бошад.
Умуман, ба ҳамин монанд тағйиротҳо дар дигар тарафҳои ҳодисаҳои психикӣ низ ба амал меоянд, ки замина барои содир гаштани ҷиноят аз ҷониби наврасон мегарданд.
Дар натиҷаи баамалоии тағйиротҳои номбаршуда ахлоқи онҳо низ дигар мешавад ва дар рафтори наврасон аксар маврид зумрае аз хислатҳои манфӣ падид меоянд, ки ҳамаи ин рафтори эшонро барои ба осонӣ табиати ҷиноятиро ба худ гирифтан моил мегардонанд ва аз ҳамин ҷост, ки онҳо аксар вақт ба таъсири бади атрофиён, ба хусус ҳамсолон дода шуда, илова бар ин бо сабаби таъсири баъзе омилҳои иҷтимоӣ даст ба ҷинояту халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар қонуншиканиҳо мезананд.
Лозим ба таъкид аст, ки қисми зиёди ҷиноятҳое, ки бо айбдории ноболиғон ба
вуқӯъ мепайванданд, аз ҷониби наврасони ба қавле «душвортарбия» ба амал меоянд. Дар ҳамин замина бояд гуфт, ки ёфт мешаванд баъзе педагогону коршиносони ҳатто соҳибтаҷрибае, ки тағйиротҳои чанд сатр болотар ишора шударо ҳамчун сабаби «душвортарбия» гаштани наврасон ва даст задани онҳо ба қонуншиканӣ медонанд, ки ин хатои маҳз аст. Ин дар он ҳолест, ки илми равоншиносӣ кайҳо боз собит намудааст, ки набояд тағйиротҳои дар организми наврас ба вуҷуд омада ҳамчун сабаби «душвортарбия» гаштани наврасон ва ба қонуншиканӣ даст задани онҳо дониста шаванд, зеро онҳо танҳо ҳамчун замина барои каҷрафторӣ хизмат мекунанду халос. Ва маҳз дар заминаи онҳо дар сурати набудани шароити хуби таълиму тарбия, сарфи назар гардидани хусусиятҳои фардиву синнусолии наврасон аз тарафи калонсолон (аксар вақт бо иллати надонистан) ҳамчунин бо таъсири бади муҳити иҷтимоӣ наврасон метавонанд дар ин давраи басо ҳассос майли каҷрафторӣ намоянд ва даст ба қонунвайронкунӣ зананд.
Илова бар ин, илми криминология низ дар навбати худ исбот намудааст, ки ҳеҷ гоҳ дар вуҷуди инсон табиати ҷинояткорӣ дида намешавад ва он танҳо дар натиҷаи тарбияи нодуруст ва таъсири бади шароити муҳити иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.
Дар мавриди доираи синну соли давраи наврасӣ ҳаминро бояд гуфт, ки оғози давраи наврасӣ барои ҳар ду ҷинс як хел нест ва он мувофиқи қонуни табиат дар духтарон нисбат ба писарон тақрибан 2 сол барвақтар сар мешавад. Бо назардошти маҳз ҳамин нуқта дар қисми зиёди адабиёти ҳозираи педагогию психологӣ оғози онро ҳангоми таҳсили хонандагон дар синфи охирини зинаи ибтидоии таҳсилот (IV)
яъне аз синни 9-10 то 15-16 солагӣ медонанд. Тибқи нишондоди адабиёти мазкур он ба ду давра: хурди наврасӣ, ки хонандагони синфҳои IV, V, VI ва калони наврасӣ, ки хонандагони синфҳои VII, VIII, IX-ро дар бар мегирад, ҷудо мешавад. Мутаносибан он баробар ба синну соли 10-12 ва 13-15 аст. Овардани ин нишондиҳандаҳо аз он хотир аст, ки надонистани он кори таълиму тарбияро барои тарбиятгарон то андозае метавонад душвор созад, ҳамчунин ҷиҳати бурдани корҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ин гурӯҳи ноболиғон мушкилиҳо пеш орад. Зеро инкишофи ҳар ду ин давра аз ҷиҳати равониву ҷисмонӣ аз ҳам тафовути зиёд дошта, ҳар кадом хусусиятҳои хоси худро дорад.
Дар давраи наврасӣ ба қавли педагоги машҳури замони шӯравӣ В.А.Сухомлинский одам бори дуввум аз сари нав тавлид меёбад. Ин гуфтаи Сухомлинский ба он далолат мекунад, ки маҳз дар ҳамин давра инкишофи ҳамаҷонибаи инсон, аз он ҷумла ахлоқи ӯ сурат мегирад. Аз ин хотир тарбиятгаронро мебояд бо дарки амиқи ҳамин гуфтаҳо дар айёми наврасӣ ба хотири
ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли наврас пайваста тадбирҳои судманд
андешида, баҳри дар онҳо ҳосил кардани ахлоқи накӯву рафтору одоби ҳамида саъю талош варзанд. Вагарна бо гузашти ин айём дар солҳои баъдина ислоҳи камбудиҳои дар замири онҳо падид омада мушкил ва ҳатто ислоҳнопазир хоҳанд гашт. Чунончӣ Абӯшакури Балхӣ фармудааст:
Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон
Бигардонад ӯро чу хоҳад чунон.
Чу гардад калон боз натвонадаш,
Ки аз кажжию хам бигардонадаш.
Илми ҳуқуқшиносӣ ба ҷои истилоҳи наврас бештар мафҳуми ноболиғро ба кор мебарад. Аз нигоҳи ин илм давраи ноболиғӣ синнусоли 14-18 соларо дар бар гирифта, кӯдакони ҳанӯз ба синни 14 нарасида хурдсол маҳсуб меёбанд. Вале новобаста аз ин даврабандиҳо чӣ аз нигоҳи улуми педагогию психологӣ ва чӣ аз нигоҳи илми ҳуқуқшиносӣ тибқи моддаи 1-и қисми якуми «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак» ашхоси ба синни 18 нарасида кӯдак дониста шудаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аслан қонуншиканиҳое, ки аз тарафи наврасону ноболиғон ба қайд гирифта мешаванд, бештари онҳо характери маъмурӣ дошта, аммо кам нестанд ҳуқуқвайронкуниҳое, ки характери ҷиноятӣ доранд.
Ҳуқуқвайронкунӣ – ин ҳаракат ва ё беҳаракатие, ки қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда мешавад ва зидди қоидаҳои мавҷуда ё санадҳои меъёрии амалкунанда нигаронида шудааст, ки он ба сохт ва тартиботи давлатӣ, ҷамъиятӣ, шахсият, ҳуқуқи моликиятӣ, озодии шахрвандон таҷовуз мекунад. Ҳуқуқвайронкунӣ ин рафтори ғайриқонунӣ мебошад, аз ин рӯ нисбати содиркунандагони он чораи маҷбурии давлатӣ пешбинӣ карда шудааст. Он чизе, ки қонун манъ накардааст, қонуншиканӣ ҳисоб намешавад.
Мувофиқи таълимоти илми ҳуқуқшиносӣ ҳуқуқвайронкунӣ ду намуд дорад: ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ.
Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҳаракат ё беҳаракатии зидди ҳуқуқӣ иборат буда, гунаҳкорона (қасдан ё беэҳтиётона) муқобили тартиботи ҳуқуқӣ содир карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқвайронкунии нисбатан сабук буда, зарари он ба давлат, ҷамъият ва шахсият назар ба ҷиноят камтар аст, аз ин рӯ содиркунандагони он соҳиби доғи судӣ намегарданд.
«Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳкоронаи барои ҷамъият
хафноке, ки Кодекси ҷинятии ҶТ ба таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад».
Ҷиноят намуди вазнини ҳуқуқвайронкунӣ буда, ба давлат, ҷамъият ва шахсият зиёни ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, содиркунандагони он дар ҳолати мукаллафӣ ва ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синну соли муқарраршуда расидан аз рӯи дараҷаи вазнинии ҷиноят тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки ҷиноят аз рӯи дараҷаи хатарнокиаш ба ҷамъият ба чор намуд (дараҷа) тақсим мешавад: ҷинояти сабук ва ё на он қадар вазнин, миёна, вазнин ва махсусан вазнин.
Тавре аз сӯҳбати мутахассисон ва таҳлили манбаъҳо бар меояд ҷиноятҳое, ки аз ҷониби наврасону ноболиғон чӣ дар алоҳидагӣ ва чӣ аз тарафи гурӯҳи наврасон содир мешаванд, маъмулан ин дуздии амволи ғайр, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ ба шахсони алоҳида, таҷовуз ба номус, авбошӣ ва ҳатто одамкушӣ мебошад.
Ин ҷо лозим ба тазаккур аст, ки одатан дар наврасон вобаста аз тарбияи оилавӣ хислати эгоистӣ ва молпарастиву пулпарастӣ дида мешавад, ки ин аз сабаби ҳанӯз аз овони хурдӣ дар хонадон дар чунин рӯҳия тарбия ёфтани эшон, яъне дар натиҷаи аз тарафи волидайн манбаи хушбахтӣ дониста шудани пулу мол, ҳамчунин аз тарафи аъзоёни оила барои ба даст овардани даромади бештар пайваста талош варзидан, ки инро сохти ҷомеаи сармоядорӣ тақозо мекунад, ба ғайр аз ин, тамошо кардани филмҳои ҳунарие, ки тарғибгари ҳамин хислат ҳастанд, падид меоянд.
Аз ҳамин ҷост, ки наврасоне, ки бо ҷурми даст доштан ба содир кардани ҷиноят боздошт мешаванд, миёни ҷиноятҳои гуногун дуздии амволи ғайр мавқеи марказиро ишғол мекунад. Табиист, ки ин намуди ҷиноят нерӯи зиёди ҷисмониро талаб намекунад, аз ин рӯ он метавонад ҳанӯз аз хурдсолӣ дар рафтори бача мушоҳида гардад ва сари вақт аз ҷониби калонсолон ислоҳ нагардидани ин амали бача ва бинобар ин борҳо такрор гардидани он метавонад тадриҷан ба одат табдил ёбаду дар солҳои наврасӣ боиси бештар ба ин намуди ҷиноят даст задани ноболиғон гардад.
Дар заминаи суханони боло бояд гуфт, ки асосан даст задани ноболиғон махсусан наврасон ба ҷинояту ҷинояткорӣ сабаб ва ваҷҳҳои гуногун дорад. Ваҷҳҳои асосие, ки наврасонро ба содир намудани ҷиноят водор месозанд, ин нишон додани далериву ҷасорат, хоҳиши касб кардани нуфузу эътибор дар байни ҳамсолон, ишғол намудани мавқеи муайян дар байни онҳо ва намоиш додани ғайриоддиву беҳамтоии худ мебошад.
Дар байни сабабҳои зиёде, ки боиси роҳи ҷинояткориро пеш гирифтани наврасон мешавад, яке аз ҷойҳои асосиро мавҷудияти камбудиҳои ҷиддӣ дар
тарбияи оилавӣ ва таҳким ёфтани он бо норасоиҳои тарбияи мактабӣ ишғол менамояд, ки ин нуқтаро таҳлили ақоиди олимони соҳа нишон медиҳад.
Сабаби дигари рӯ овардани наврасон ба ҷинояткорӣ бекорӣ аст. Аз ин хотир педагоги машҳури давраи шӯравӣ А.С.Макаренко ба муаллимон муроҷиат карда изҳор доштааст, ки шогирдонро ҳаргиз бекор нагузоранд, доимо онҳоро ба ягон коре машғул доранд, зеро сабаби ҳамаи нохушиҳо, содир кардани ҷиноятҳо ва зиёдшавии сафи онҳо маҳз аз бекорист.
Илова бар ин, ба беназоративу хунукназарӣ роҳ додани падару модарон нисбати тарбияи фарзандони хеш ва бад-ин васила коста гардидани хулқу атвори наврасон ва гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳу равияҳои ҷиноятпеша борҳо дар суханрониҳои президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бобати рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад. Ҳамчунин ин суханон бо он тақвият бахшида мешаванд, ки воқеан қисмати зиёди вақти наврасону хонандагон дар назди падару модарон сипарӣ мегардад, аз ин лиҳоз волидонро мебояд барои дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намудани фарзандон ба тарбияи онҳо ҳарчӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.
Дар ҳақиқат бекорӣ наврасонро «душвортарбия» ва содиркунандаи аъмоли зишт мегардонад.
Чӣ хеле ки аз мушоҳидаи таҳлилҳои илмии дар оғози солҳои 90-уми садаи ХХ
анҷом додаи олими соҳаи педагогика Г.В.Кашкарев маълум гардид, 70,5% қонуншиканиҳое, ки бо иштироки бевоситаи ноболиғон содир шудаанд, дар вақтҳои фориғ аз дарс ба амал омадааст. Ӯ ин гуфтаҳояшро бо он асоснок кардааст, ки қонуншиканиҳое бо иштироки хонандагон то соати 17-и аср ба амал меоянд, 29,5%-ро ташкил мекунанд, вале ин нишондиҳанда аз соати 17-и аср то 1-и шаб ба 70,5% мерасад.
Г.В.Кашкарев ҳамзамон қайд мекунад, ки вақти холӣ худ аз худ хонандагонро ба рафтори зиддиқонунӣ намебарад, балки ташкили ғайриоқилона ва ғайримақсадноки он, инчунин дар ин муддат машғул нашудан ба корҳои фоидаовар боиси ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мегардад.
Умуман, перомуни сабабҳои мухталифи ҳуқуқваронкунии наврасону ноболиғон, ки ҳамаи онро ин ҷо баён кардан имкон надорад, танҳо ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки атрофи ин масъалаи басо мубраму ҳалталаб ҳуқуқшиносону педагогон ва криминологони варзидаи рус: В.Н.Кудрявцев, К.Е.Игошев, Г.М.Миньковский, А.П.Тузов, В.В.Панкратов, В.П.Ревин, А.Б.Сахаров ва дигарон, ҳамчунин олимони тоҷик М.Муллоев, Л.М.Нусратов ва С.Ш.Носиров тадқиқот бурдаанд ва ин паҳлӯи масъала дар адабиёти гуногуни бевосита ба ҳамин мавзӯъ бахшидашуда ба таври муфассал дарҷ ёфтааст.
Дар радифи ҳамаи он сабабҳое, ки болотар зикр ёфтаанд, яке аз сабабҳое, ки аз ҳама бештар махсусан боиси ҳуқуқвайронкунии наврасон мегардад ва ин ҷо онро мебояд махсус таъкид кард, ин дар сатҳи ниҳоят паст қарор доштани донишу (маърифат) фаҳмиши ҳуқуқии наврасон ва дар хусуси аъмоли характери ҷиноятидошта тасаввуроти кофӣ надоштани онҳо мебошад.
Умуман, ба қавли олими соҳаи педагогика Кашкарев Г.В. ҳамаи сабабҳои қонуншикании ноболиғон характери иҷтимоӣ-педагогӣ доранд ва аз ин ҷиҳат бартараф кардани онҳо имконпазир аст.
Воқеан ҳам имрӯзҳо аз тариқи васоити ахбори омма ва бе он ҳам равшан дидан мумкин аст, ки маърифати ҳуқуқии наврасон дар сатҳи хеле ва хеле паст қарор дорад, на танҳо наврасон, балки қисми зиёди аҳолии кишвар. Ғайр аз ин, ҳодисаҳои бо иллати надонистани ғайриқонунӣ будани амали худ ба ҷиноят даст задани наврасон низ вуҷуд дорад.
Ин ҳолат, агар аз як тараф аз ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудани тарбияи ҳуқуқӣ дар мактабҳо, ҳамчунин аз сифати пасту нокифоя будани кори муассисаҳои таълиму тарбиявӣ ҷиҳати аз худ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби хонандагон дарак диҳад. Аз сӯи дигар табиист, ки худи хонандагон низ меъёрҳои ҳуқуқиро омӯхтан намехоҳанд ва барои аз бар кардану донистани онҳо кӯшише ба харҷ намедиҳанд (ба истиснои бархе аз хонандагони фаъол). Зеро қисми зиёди онҳо бар он боваранд, ки гӯё надонистани қонун ва аз боиси беэҳтиётию нафаҳмидани оқибати амали хеш содир кардани ҷиноят шахсро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекарда бошад.
Вале бар хилофи ин қонунгузории ҷиноятии ҶТ пешбинӣ менамояд, ки қонунро надонистан, ё ки ҷиноят будани кирдори худро нафаҳмидан, ё ки дар ҳолати мастӣ, нашъамандӣ гуноҳ содир намудан шахси ҷинояткорро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.
Албатта, дар самти мубориза бар зидди қонуншикании наврасон ва пешгирӣ кардани содир гаштани ҷиноят аз тарафи онҳо пеш аз ҳама фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳамчунин муассисаҳои вазорати адлия, ба монанди суду прокуратура ва мақомоти қудратӣ (намояндагӣ (инспекция) оид ба кор бо ноболиғони назди шӯъбаҳои ноҳиявии корҳои дохила) хеле назаррас аст. Аммо фаъолияти онҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ дар байни ноболиғон танҳо дар он сурате самараи дилхоҳ хоҳад дод, ки агар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, падару модарон, ташкилотҳои ҷамъиятию ғайридавлатӣ низ дар ин кори басо мушкил ширкати фаъолона варзанд.
Лозим ба тазаккур аст, ки аз як тараф авзои кунунии иҷтимоии ҷомеа, дараҷаи пасти зиндагии мардум, инкишофи нигилизми (шубҳаназарӣ) ҳуқуқӣ дар байни қисмати зиёди аҳолии кишвар, аз сӯи дигар таъмин намудани волоияти қонун дар ҷумҳурӣ пеш аз ҳама зина ба зина ба ҳар роҳу восита баланд бардоштани донишу
маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ва махсусан наврасонро, ки онҳо насли созандаву пешбарандаи ояндаи ҷомеа ҳастанд, тақозо менамояд. Баланд бардоштани донишу фарҳанги ҳуқуқии наврасон омили муҳими пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни онҳо мебошад.
Аз ин рӯ, амалӣ гардонидани ҳамаи ин ҳадафҳо боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи мактабҳо ногузир шуморида, ҳамзамон пеш аз ҳама омӯзгоронро водор месозад, ки ҷиҳати татбиқи амалии рушди маданияти ҳуқуқии наврасон бо истифода аз усулҳои нави таълиму тарбия ва захираву имкониятҳои мавҷудаи соҳаи маориф тарбияи ҳуқуқиро шурӯъ аз оғози таҳсили хонандагон дар мактаб ба таври лозимӣ ба роҳ монанд. Зеро тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун чораи пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни талабагон нақши махсус бозида, воситаи муҳими пешгирӣ кардани ҷинояткории ноболиғон мебошад.
Изҳор доштан лозим аст, ки вазифаи тарбияи ҳуқуқӣ қабл аз ҳама ташаккул додани ақидаи ҳуқуқӣ, ҳарҷониба инкишоф додани шуури ҳуқуқи демократӣ ва баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии мактабиён мебошад. Дар натиҷа ҳисси эҳтироми хонандагон нисбат ба қонунгузориҳои ҷумҳурӣ афзуда, онҳо аз содир кардани кирдорҳои зидди ҷамъият огоҳонида мешаванд.
Дониши ҳуқуқӣ, фаҳмиши ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ қариб, ки бо ҳам ҳаммаъно буда, дар якҷоягӣ мафҳуми маданияти
ҳуқуқиро ифода мекунанд.
Маданияти ҳуқуқӣ ин, маҷмӯи ақида, эътиқод ва дониш атрофи асноду меъёрҳои ҳуқуқие, ки аз тарафи давлат ҷиҳати ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ қабул гардидаанд, мебошад, ки он дар натиҷаи тарбияи ҳуқуқии шахс ба вай дода мешавад.
Маданияти ҳуқуқӣ аз маҷмӯи қисмҳои ҳуқуқшиносӣ ва рафтори ҳуқуқӣ иборат аст. Аз ҷумла вай донишҳои амиқу мукаммали ҳуқуқшиносӣ, малакаҳои ҳуқуқӣ, амал, рафтор ва фаъолияти ҳуқуқиро талаб мекунад. Натанҳо донистани қонунҳо, балки бечунучаро риоя кардани онҳо, мубориза барои риоя кардани иҷрои қонунҳо низ зарур аст.
Чӣ хеле ки, аллакай болотар ишора гардид, фаҳмиши ҳуқуқии шахс дар мактаб зимни тарбияи ҳуқуқӣ инкишоф дода мешавад. Бояд донист, ки тарбияи ҳуқуқӣ ҳанӯз аз давраи пеш аз мактабӣ оғоз гардида, сипас ҳангоми таҳсили хонанда дар мактаб он маҷрои ҳақиқии худро пайдо карда, бо низоми муайян ҷараён
мегирад. Талабагон, аллакай ҳангоми таҳсил дар синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо як қатор мафҳуми арзишҳои миллӣ, ба монанди Нишону Парчами давлатӣ, Суруди милливу Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва бо ҳаёту корнамоиҳои қаҳрамонони миллат шинос мегарданд. Дар омӯзиши ҳамаи ин нақши фанҳои таълимӣ хеле калон буда, алалхусус омӯхтани фанни «Ифтихори ватандорӣ» ва «Қоидаи ҳаракати роҳ» аҳамияти бузургро соҳиб аст.
Дар ин давра шинос намудани хонандагони хурдсол бо мафҳуми арзишҳои миллӣ ба онҳо барои минбаъд дар синфҳои болоӣ баҳри омӯхтани мафҳуму ҷузъияёти қонунгузориҳои ҶТ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Лозим ба тазаккур аст, ки минбаъд хонандагон аснои таҳсил дар синфҳои миёнаи мактабӣ зимни омӯзиши фанҳои мухталафи ҷамъиятӣ як қатор мафҳумоти қонунгузориҳо ва меъёрҳои ҳуқуқиро ба таври илмӣ аз худ мекунанд. Ҳамаи ин албатта, барои зина ба зина густариш ёфтани фарҳанги ҳуқуқии наврасон ба таври амиқ мусоидат мекунад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки сабаби шурӯъ аз таҳсили талабагон дар синфҳои ибтидоӣ ба тарбияи ҳуқуқии эшон машғул шудан аз он ҷиҳат аст, ки мактабиёни хурдсол ҳанӯз аз ҷиҳати психологӣ сусту ноустувор ҳастанд ва ба ҳар гуна рафтору кирдор зуд майл мекунанд. Бинобар он аз лиҳози ахлоқию ҳуқуқӣ инкишоф додани онҳо амри зарурист. Ҳамчунин ин гуфтаҳоро бо мақоли халқии «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» тақвият бахшидан мумкин аст.
Чӣ хеле ки таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ ва санҷиши сотсиологии ҳуқуқвайронкунандагони ноболиғ нишон медиҳанд, шахс ҳанӯз аз синни 14 солагӣ қудрати содир кардани ҷиноятҳои гуногунро пайдо менамояд. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо бадбахтона содир гаштани ҷиноят аз ҷониби наврасони 11-сола низ ба чашм
мерасад. Ин ҳама албатта, бесабаб нест, зеро шахс дар синни 11-солагӣ ақлану ҷисман то дараҷае ба камол мерасад ва давраи хурди наврасӣ ҳам аз ҳамин синнусол оғоз меёбад, вале дараҷаи мукаллафиятро шахс маҳз дар синни 14-солагӣ соҳиб мегардад. Аз ин рӯ, ҳар амалу рафтори ҷинояткоронаи шахс дар паи худ ҷавобгарии ҷиноятиро низ пайдо мекунад.
Биноан, бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни наврасон ҳанӯз дар давраи хурди наврасӣ баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии онҳо зарурат пайдо мекунад. Ҳамчунин бо ҳамин мақсад ва бинобар сабаби атрофи қонунгузории ҷиноятии ҶТ маълумоти кофӣ надоштани аксарияти онҳо зимни бурдани корҳо оид ба тарбияи ҳуқуқӣ ба наврасон доир ба аз кадом лаҳза ҷавобгарии юридикиро пайдо кардани амали ҷинояткоронаи онҳо маълумот додан лозим аст.
Тавре аз қонунгузории ҷиноятии ҶТ бар меояд, шахсе, ки аз 11 то 14-солагӣ ҷиноят содир мекунад, бинобар сабаби ҳанӯз хурдсол буданаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардида, вале нисбати ӯ ҳатман чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ бурда мешавад ва бо ин мақсад ба мактаб-интернатҳои махсус фиристонида мешавад. Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки агар дар ҳамин
синнусол даст ба ҷиноят задани наврас аз боиси хунукназарии падару модар нисбати тарбияи ӯ сар зада бошад, он гоҳ аз волидайн ва ё шахсони ивазкунандаи онҳо ҷарима ситонида мешавад.
Шахсоне, ки дар синни аз 14 то 16-солагӣ даст ба содир кардани ҷиноят мезананд, дар сурати содир гаштани танҳо ҷинояти вазнин ва ё махсусан вазнин бо ҳукми додгоҳ (суд) ба мӯҳлати на зиёда аз ҳафт сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Аммо дар сурати содир кардани якчанд ҷиноят лоақал як адади он ҷинояти вазнин ва ё махсусан вазнин бошад, пас ба мӯҳлати то 10 сол метавонанд аз озодӣ маҳрум карда шаванд.
Дар навбати худ ноболиғоне, ки дар синни аз 16 то 18-солагӣ ҷиноят содир мекунанд, дар ҳолати гуноҳи ниҳоят вазнинро соҳиб гаштан ба мӯҳлати на беш аз 12 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд, ки ҳамаи ин ба хотири пешгирӣ намудани содир гардидани ҷинояти нав аз тарафи онҳо тадбиқ карда мешавад ва моҳияти ҷазо ҳам аз ҳамин иборат аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки албатта татбиқи ҷазо нисбати ноболиғон назар ба калонсолон хусусиятҳои фарқкунанда дошта, як қатор имтиёзу сабукиҳоро ҳамзамон чӣ дар ҷараёни мурофиаи судӣ ва чӣ дар ҷараёни мурофиаи ҷиноятӣ дар бар дорад, ки ин ҳам бошад, бо сабаби аз рӯи нишондоди «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак» ҳанӯз кӯдак будан ва дараҷаи пурраи мукаллафиятро соҳиб нагаштани онҳо аст.
Ғайр аз ин бояд донист, ки шуурона дарк кардани меъёрҳои ахлоқ ва ҳамеша риоя кардани он аз тарафи наврас бешубҳа барои ӯ фаҳмидани меъёрҳои ҳуқуқиро осон мегардонад. Дар ин ҷода нақши падару модар хеле бузург аст, чунки маҳз эшон метавонанд фарзандони хешро ҳанӯз аз овони хурдӣ бо меъёрҳои ахлоқ шинос намуда, зарурияти риоя кардани онҳоро фаҳмонанд ва бад-ин васила дар рушди ахлоқиву ҳуқуқии онҳо ҳиссагузор бошанд. Аз ҳамин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқӣ бо тарбияи ахлоқӣ робитаи ногусастанӣ дошта, ҳар ду дар якҷоягӣ таъмингари пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ миёни наврасон аст.
Инчунин бо мақсади боз ҳам баландтар бардоштани савияи дониши ҳуқуқии мактабиён ва ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткориву қонуншиканӣ дар байни онҳо алоқаи хонандагони мактабро бо инспексия оид ба корҳои ноболиғони назди шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳо ба роҳ мондан лозим аст.
Тарбияи ҳуқуқии хонандагон дар мактаб на танҳо зимни омӯзиши фанҳои гуногун сурат мегирад, балки ҳангоми ташкил ва гузаронидани як қатор чорабиҳои беруназсинфию беруназмактабӣ амалӣ карда мешавад. Умуман, баҳри таҳким бахшидани донишҳои назариявӣ ва ҳосил намудани маҳорату малакаҳои амалӣ шаклҳои беруназсинфию беруназмактабии тарбияи ҳуқуқӣ аҳамияти калон доранд. Зеро бидуни ташакили фаъолияти амалии хонандагон тарбияи ҳуқуқӣ ва рушди ҳуқуқшиносии демократӣ ғайриимкон аст. Ба ҷумлаи шаклҳои беруназсинфию
беруназмактабии тарбияи ҳуқуқӣ инҳо дохил мешаванд: фаъолияти маҳфилҳо оиди омӯхтани соҳаҳои қонунгузории ҶТ, ҳамасола гузаронидани озмуну олимпиадаҳои мактабӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ғайра, иштироки амалии хонандагон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, доир намудани соатҳои саволу ҷавоб (мубоҳиса) дар байни талабагони фаъоли мактаб, ҳамчунин гузаронидани баҳсу мунозира атрофи масъалаҳои ҳуқуқӣ, баровардани рӯзномаҳои деворӣ, доир намудани вохӯриҳо бо кормандони муассисаҳои адлияву умури дохила, ташкил кардани саёҳат ба муассисаҳои дахлдор оид ба ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо фаъолияти кормандони он, (боназардошти имконият) зеро «шунидан кай бувад монанди дидан» гуфтаанд, ҳамасола дар ҳаракати якмоҳаи таъмини бехатарии роҳ ва воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард ширкат варзидани хонандагони наврас, ҳар сол доир ба аз худ кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо гузаронидани мусобиқаҳои анъанавӣ, албатта бо иштироки намояндагони бозрасии давлатии автомобилӣ ва ғ. ҳ.
Дар охир наметавон як чизро нодида гирифт, ин ҳам бошад, нақши воситаҳои ахбори омма дар болоравии савияи дониши ҳуқуқии наврасон. Воқеан ҳам имрӯзҳо васоити ахбори омма дар ҳаёти аҳли ҷомеа аҳамияти ниҳоят калон доранд. Умуман, ҳаёти кунунии одамонро бидуни васеъ истифода кардан аз воситаҳои коммуникатсияи оммавӣ ва сару кор гирифтан бо онҳо тасаввур кардан нашояд. Зеро васоити коммуникатсияи оммавӣ, ки ба онҳо садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаи ҷаҳонии «Интернет» дохил мешаванд, моро баробари он, ки ҳар соату ҳар лаҳза бо иттилооти наву тоза чӣ аз дохили кишвар ва чӣ аз хориҷи он шинос менамоянд, ҳамзамон тарбия низ мекунанд. Чунки ҳангоми хондану дидану шунидани онҳо мо аз ҳар ҷиҳат тарбия ёфта, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, дараҷаи донишу маърифати хешро афзун менамоем.
Дар ҳамин замина нақши воситаҳои ахбори оммаро дар тарбияи ҳуқуқӣ ва боло рафтани дараҷаи дониши ҳуқуқии наврасон махсус бояд таъкид намуд. Агар бобати як худи намоишномаҳои телевизионӣ сухан ронем мебинем, ки қариб ҳамарӯза аз тариқи шабакаҳои мухталифи ватаниву хориҷӣ барномаву филмҳои ҳуҷҷатӣ ва ҳунарии зиёд намоиш дода мешаванд, ки дорои мазмуну мундариҷаи ҳуқуқиву криминилистикӣ ҳастанд.
Албатта, тамошо кардани ин қабил намоишномаҳо аз як тараф аҳамияти калон дошта бошанд ҳам, аз тарафи дигар метавонанд ба ахлоқи наврасон таъсири манфӣ низ расонанд. Аз ин рӯ, падару модаронро зарур аст, ки ҷиҳати ташкили тамошову пасон муҳокимаи оқилонаву судманди онҳо аз ҷониби наврасон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд ва тадбирҳои мушаххасро рӯи кор оранд.
Ниҳоят хуб мешуд, агар мактабҳо низ бобати таъмини рушди ҳамаҷонибаи шогирдон махсусан, дар тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии онҳо аз дастовардҳои навини
имрӯзаи илму техника ба монанди видео ва аудио дастгоҳҳо, компютеру дигар воситаҳои ҷадиди техникӣ ба таври васеъ истифода намоянд ва бо ин роҳ раванди таълиму тарбияи насли наврасро оптималӣ, яъне созгор гардонанд.
Умуман, ҳамаи омӯзгорону волидайн муввазаф ҳастанд, ки ба хотири баланд бардоштани маданияту фарҳанги ҳуқуқии наврасон аз шаклу усулҳои муосири таълиму тарбия ва имконияту захираҳои мавҷуда дар ин соҳа ҳарҷониба истифода баранд ва бад-ин васила дар пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ миёни ноболиғон саҳмгузор бошанд. Зеро бояд донист, ки ҳар корро аз ислоҳаш дида пешгириаш осонтар аст.
Умед Ҳамидов – аспиранти соли сеюми кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Комментарии (0)