Раванди тарбияи ҳуқукии наврасони хурдсол ва дар ин замина васеъ намудани доираи шуури ҳуқуқии онҳо яке аз тарафҳои ҳадафи асосии мактаб мебошад. Дар муассисоти таълими ҳатмӣ бо роҳҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Дар робита ба ин мебояд изҳор дошт, ки ҷараёни густаришёбии тафаккури ҳуқуқии муҳасилини синфҳои V- VI аслан дар доираи омӯзиши амиқи мӯҳтавои фанҳои гуногуни таълимӣ, ҳамчунин зимни иштироки фаъоли эшон дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои созмони талабагии «Ворисони Сомониён» ва ҳамзамон аснои таъмини ширкати бевоситаи наврасон дар раванди корҳои беруназсинфӣ сурат мегирад. Яке аз вазифаҳои асосии мактаб дар самти таъмини тарбияи ҳуқуқии наврасон ин истифодаи босамару саривақтӣ аз имконоти тарбиявӣ ва таконбахши фанҳои мухталифи таълимӣ мебошад. Албатта бо ин мақсад имконоти тарбиявии ҳамаи фанҳои таълимиро, ки дар ин зинаи синну сол ба толибилмон омӯзонида мешаванд, як хел истифода кардан ғайриимкон аст. Чунки ҳар кадоме аз онҳо дорои мазмуни барномавии худ буда, на ҳамаи онҳо дар раванди ташаккулёбии сатҳи маърифати ҳуқуқии мактабиёни наврас як хел асар мекунанд. Одатан, баҳри ноил гаштан ба комёбиҳои назаррас дар ин самт аснои фаъолияти таълимӣ истифода кардан аз фанҳои ба равияи табиӣ-гуманитарӣ шомил буда, назар ба фанҳои равияи риёзӣ-техникӣ нисбатан қулаю мусоид мебошад. Ҳарчанд ки зимни таълими фанҳои равияи риёзӣ-техникӣ низ ҷиҳати минбаъд саҳл гаштани ҷараёни азбаркунии донишҳои ҳуқуқӣ аз сӯи наврасон заминаҳои боэътимод гузошта мешаванд. Суханони мазкур, инчунин бо он асоснок кунонида мешавад, ки донишҳои ҳуқукӣ худ ба гурӯҳи илмҳои гуманитарӣ мутааллиқ буда, аз ин нигоҳ робитаи наздики он маҳз бо ана ҳамин қабил фанҳо возеҳтар эҳсос мегардад.
Мебояд ёдовар шуд, ки ба гурӯҳи илмҳои табиӣ-гуманитарӣ, ки дар рушди тафаккури ҳуқуқии наврасони хурдсол то ҷое мусоидати фаъол менамоянд, пеш аз ҳама чунин фанҳои таълимӣ дохил мешаванд: адабиёт, таърих, ботаника, география ва ғайра. Инак, дар баробари баёни номгӯи баъзе аз улуми равияи табиӣ-гуманитарӣ мегузарем ба ифшои имконоти тарбияи ҳуқуқии ин қабил фанҳо, ки омӯзгорони ҳар кадоми онро мебояд ҳини дарс гуфтан ғайр аз мақсади асосии мавзӯоти баррасишаванда ба ин паҳлӯи масъала низ диққати ҷиддӣ зоҳир созанд.
Басо қобили қайд аст, ки яке аз фанҳои таълимие, ки дар байни улуми равияи гуманитарӣ мақоми бисёр олиро сазовор буда, ҳамзамон ҷиҳати рушди ахлоқи ҳамидаву рафтори писандидаи насли наврас соҳиби саҳми ниҳоят арзанда мебошад, адабиёт ба шумор меравад. Дигар хел карда гӯем, адабиёт худ ганҷинаи ҳикматҳосту оинаи ибратҳост. Чаро ки ҳар як сатри фанни мазкур саршор аз панду андарзҳои бузургони илму адаб дар боби тарғиби ахлоқу рафтори накӯ буда, бидуни муҳобот мавриди таълими адабиёт имкони васеи ҳамоҳанг сохтани мавзӯоти он бо меъёрҳои ҳуқуқӣ вуҷуд дорад.
Аз таҳлили мӯҳтавои китоби адабиёт аён гардид, дар фанни мазкур дар қатори мавзӯоте, ки мушаххасан ифодакунандаи меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд, инчунин дар доираи он бештар хислатҳои ахлоқӣ, аз ҷумла хислатҳои нек, амсоли некию накӯкорӣ, ростию покӣ, дӯстию рафоқат, хоксорию ватандӯстӣ, адлу инсоф, раҳму шавқат, ҷавонмардию саховатмандӣ, фурӯтанию беозорӣ ва дигар фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ тарануму ситоиш ёфта, аз тарафи дигар хислатҳои нопоки одамӣ, мисоли дурӯғгӯӣ, фиребу найранг, кибру ғурур, ҷоҳилию коҳилӣ, бадгӯӣ, кинаву бахилӣ, риёву ситам ва ғайра сахт маҳкум гаштаанд. Бешубҳа наврасонро зимни таълими фанни мазкур дар рӯҳияи бохабарӣ аз ин ҳама хислатҳо тарбия намудан, дар онҳо огаҳии комилро аз аъмоли хайру шар чӣ аз лиҳози ҳуқуқиву ахлоқӣ ҳосил намуда, ҳамзамон чунин ҳолат қисми бештари эшонро ба анҷом додани корҳои хубу муфид ҳам баҳри хешу ҳам баҳри диёр водор хоҳад кард.
Новобаста аз он, ки қисми бештари доираи мазмуну мӯҳтавои адабиётро дар синфҳои V – VI намунаҳо аз эҷодиёти гуҳарбори адибони форсу тоҷик ташкил мекунанд, вале яқинан қариб ҳамаи онҳо мутобиқ ба талаботи давру замони муосир буда, ҳанӯз ҳам аз шумули мавзӯоти ахлоқии дардхӯри замон ҳисоб меёбанд. Зимнан лозим ба тазаккур аст, ки ашъори оламшумули адибони классики мо фарогири анқариб тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ-маънавӣ буда, дар онҳо асосан мавзӯҳои ахлоқӣ аз ҳар ҷиҳат баррасӣ ёфтаанд. Аммо дар ҳамин радиф дар миёни асару ҳикоёти ба масоили ахлоқӣ бахшидаи адибон ҷо-ҷо дахли эшонро ба мавзӯоти феълан характери ҳуқуқидошта низ, албатта бештар дар шакли ахлоқӣ вохӯрдан мумкин аст.
Баҳри тақвияти суханони мазкур ин ҷо овардани номгӯи чанд намунаи ашъор аз эҷодиёти баландмазмуни чанд тан аз адибон, ба монанди: «Оби шир бурд тамоми рамаро» – Унсурулмаолии Кайковус, ҳикояте дар мавриди дуздӣ накардан – Муҳаммад Авфии Бухороӣ ва қитъае дар шакли назм бо номи «Тамаъкор набудан» – Ибни Ямин, ки басо ба маврид аст, далели возеҳи гуфтаҳои болоянд. Масалан, дар ҳикояи «Оби шир бурд тамоми рамаро», ки ҷузъи асари тарбиявӣ ва ягонаи У. Кайковус «Қобуснома» мебошад, амали «қалобӣ» ба истилоҳи русиаш «мошенничества» зери тозиёнаи танқид гирифта шудааст. Дар бастагӣ ба ин, имрӯзҳо чунин амал яке аз намудҳои ҷинояти дараҷаи сабук ба шумор рафта, он метавонад дар шаклҳои мухталиф, дар аксар ҳолатҳо бо моҳирона истифода карда тавонистан аз технология ва дастовардҳои замони муосир, ҳатто аз сӯи наврасон амалӣ гардад. Аз ин рӯ, омӯзгори фанни адабиётро зарур аст, ки бо дарназдошти он, ки чунин амал яке аз шаклҳои паҳнгаштаи ҷиноят дар ҷомеа, хоса миёни ҷавонон ба шумор меравад, мавриди шарҳи мазмуни ҳикояти номбурда дар баробари эзоҳи ҷанбаи ахлоқии он, ҳамзамон аз ҷиноят будани амали қалобӣ ба наврасон ёдовар шавад. То ки эшон, на танҳо атрофи аз лиҳози ахлоқӣ кирдори зишт будани он, балки дар ҳамин радиф ба гурӯҳи аъмоли зиддиқонунӣ шомил будани амали мазкур боварӣ ҳосил намуда, дар ҳолатҳои мусоидаткунанда ба содир кардани қалобӣ аз он шуурона даст кашанд ва ҳаргиз майли ба он даст заданро ҳосил накунанд. Ҳамчунин бо ин мақсад муаллимро мебояд ба хонандагон чанд мисол аз ҳаёти воқеӣ оварда, мӯҳтавои ҳикояти мазкурро бо шароити имрӯз тавъам гардонад, то ки наврасон дар ҳаёти худ ҳеҷ гоҳ ба содир кардани фиребгариву қалобӣ роҳ надиҳанд ва ҳамеша ҳалолкору покиза бошанд.
Ғайр аз ин, боз ҳам дар адабиёти синфи 6-ум ҷойи дигар ҳикояте андар боби дуздӣ накардан, ки назар ба қалобӣ амали нисбатан нангинтар мебошад, аз асари «Ҷомеулҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ оварда шудааст. Дар бастагӣ ба ҳамин ин ҷо мавриди ёдоварист, ки дар ҳақиқат амали дуздӣ, на танҳо дар замони пеш, ки дар он ҳангом тибқи муқаррароти қонуни шариат ашхоси ба чунин амал даст задаро ба муҷозоти сахт гирифтор мекарданд, яъне дастонашро мебуриданд, то ки дигарбора ба чунин амал даст зада натавонаду аз сӯи дигар, ин ҳолат ба дигарон низ ҳамчун огаҳӣ аз оқибати чунин кирдор бошад, балки имрӯз низ ҳамчун ҷинояти дараҷаи вазнин дониста мешавад. Дар ин ҳикояти М. Авфии Бухороӣ, ки дар ин китоб на як, балки зиёда аз бист ҳикояти пандомӯзи ӯ гирдоварӣ шудаанд, аслан сухан дар хусуси пинҳон намондани ҳеҷ як амали дуздӣ ва ҳатман дер ё зуд ошкор гаштани он меравад. Ҳамчунин дар хотимаи он аз мавҷудияти ҳатмии ҷавобгарӣ дар пайомади ҳар амали дуздӣ гуфта мешавад, ки маводи басо хубест ҷиҳати дар шогирдон бедор кардани ҳисси нафрат нисбати афроди ба чунин кирдори нангин дастзананда, яъне рабояндаи амволи ғайр мебошад. Умуман, бо истифода аз мӯҳтавои ин ҳикоят муаллими фанни адабиёт имкон дорад, ки аз як тараф тарбияи ахлоқӣ-ҳуқуқии муҳасилинро дуруст ба роҳ монад, аз сӯи дигар дар дили ҳанӯз камолнаёфтаи шогирдон ҳисси оштинопазириро нисбати амали дуздӣ ва ҳамзамон нисбати шахсони бо чунин тадбир соҳиби молшаванда бедор созад.
Зимнан, нашояд фаромӯш сохт, ки тамаъкориву тамаъҷӯӣ дар ҳар давру замони мавҷудияти тамаддуни инсонӣ аз ҷумлаи аъмоли манфур ва хилофи талаботи меъёрҳои ахлоқӣ-ҳуқуқӣ буда, аз ин лиҳоз бузургони илму адаб дар пайи комилан решакан сохтани он ҳамвора тадбирҳо меҷустанд.
Илова бар ин, зимни маънидоду аз бар намудани қитъае бо номи «Тамаъкор набудан», ки моли шоири забардасти асрҳои миёнаи машриқзамин – Ибни Ямин мебошад, хонандагон метавонанд атрофи воқеан боз як амали феълан ҷиноӣ, яъне ришвахориву ришваситонӣ маълумоти қазоӣ ҳосил намоянд. Дар воқеъ аз амалиёти характери корупсионодошта, ки имрӯзҳо бо он сари ҳар қадам аснои истифодакунӣ аз намуди хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ вохӯрдан мумкин аст, мардуми зиёди аксар мамолики ҷаҳон, аз ҷумла аҳолии кишвари мо низ дар ранҷ мебошанд. Аз сӯи дигар мавҷудияти аз меъёр зиёди чунин ҳодиса, ки дар ҳоли ҳозир боиси то як андоза аз пешрафти муназами хеш ақиб мондани сатҳи иқтисодии баъзе давлатҳои ҷомеаи ҷаҳон гаштааст, дар шуури наврасон бедор кардани тасаввуротро бобати амали зишту хилофи қонун будани тамаъкорӣ тақозо менамояд. Зеро рушди муназаму босуботи иқтисодиёти ҳар мамлакат аз ба дараҷаи максималӣ вуҷуд надоштани пеш аз ҳама тамаъкориву тамаъҷӯӣ дар қаламрави он вобаста аст. Дар адабиёти синфи 5 аз он ҳамчун баррандаи номуси одамият ёд мешавад, аз ин рӯ дар дили ҳар нафар ҳанӯз аз овони наврасӣ коштани тухми адоват нисбати ин амали номатлуб нишони возеҳ аз маърифати волои ҳуқуқӣ-ахлоқии ӯ мебошад.
Дар фароварди андешаҳо оид ба таҳлилу муайянсозии нақши фанни адабиёт дар рушди маънавӣ ва дар ин поя фароҳам гаштани заминаҳо оид ба камолоти ҳуқуқии насли наврас як нуқтаи муҳимро ин ҷо месазад ба ҳайси пешниҳод иброз дошт. Бисёр хуб мебуд, агар мураттибони китоби дарсии адабиёт барои синфҳои ҳам V ва ҳам VI ҷиҳати мусоидат намудан ба раванди нисбатан саҳлу осон сурат гирифтани рафти хулосабарории мустақилона аз ҷониби хонанда оид ба дарки ҳадафи аслӣ аз баёни ҳар пораи назму наср аз эҷодиёти ин ё он адиб дар поёни ҳар намунаи ашъор хулоса дар ҳаҷми ду-се ҷумла бо забони имрӯз оварда мешуд. Зарурати ин нуқта боз аз он ҷиҳат бар меояд, ки намунаи ашъори классикие, ки дар ин китоб гирдоварӣ шудаанд, бо вуҷуди дар поёни қисми зиёди онҳо мавҷуд будани луғатнома, бешак ин қабил ҷузъи асарҳо аз лиҳози дарки амиқи мазмун барои аксар наврасони имрӯза то андозае дастрас нестанд. Чунин ҳолат барои дар фаҳми хонанда ҷой кардани мазмуни онҳо шарҳу эзоҳи ҳатмии омӯзгорро талаб менамояд, ки аз сӯи дигар бад-ин тарз ранг гирифтани кор раванди дар вақтҳои холигӣ мустақилона таъмин гаштани идроки ғояи асосии онҳоро барои шогирдон ғайриимкон ва ҳаваси маърифатии эшонро коста хоҳад кард. Бар замии ин, ҷойи пӯшида нест, ки дар таҷрибаи амалӣ низ ҳанӯз якчанд сол муқаддам – аз рӯзи нашри чунин китобҳои дарсӣ борҳо доираи васеи волидайн ва ҳатто бархе аз муаллимони ҳамин фан тариқи васоити ахбори омма дар боби воқеан дорои мазмуну мундариҷаи душвор будани ин китобҳо, ки ба идроки пурраи баъзе аз ҷумлаву ибораҳои он ҳатто худи эшон оҷизӣ эҳсос мекунанд, изҳори нигаронии ҷиддӣ карда буданд. Бинобар ин, бо дарки ин ҳама далелҳо пешниҳоди мазкурро дар мавриди нашри дигарбораи китоби номбурда бо ворид сохтани тағйироту иловаҳо дар ояндаи начандон дур то як андоза ногузир шуморидан мумкин аст.
Дар қатори якчанд фанҳои гуманитарӣ нақши омӯзиши фанни таърих ҳанӯз аз ибтидои давраи таҳсили хонандагон дар синфҳои миёнаи мактабӣ ҷиҳати ҳосил кардани огаҳии комил аз ҷониби наврасон бобати ҳанӯз IV – V ҳазорсола муқаддам, яъне аз замони воридшавии инсоният ба таърих оғоз ёфтани раванди қабулшавии қонунҳои гуногун аз сӯи аҳли башар бо мақсади ба низомдарории муносиботи ҷамъиятӣ, бағоят бузург дониста мешавад. Зимнан, мактаббачагон имкон доранд, ки мавриди омӯзиши системаноки «Таърихи дунёи қадим» дар синфи 5 ва «Таърихи асрҳои миёна» дар синфи 6 атрофи як қатор ҳаводису воқеоти мухталифи таърихӣ ва дар робита ба онҳо оид ба қабулу ҷорӣ гардидани қонуну санадҳои гуногуни ҳуқуқӣ дар соири мамолики дунё тасаввуроти саҳеҳ пайдо кунанд. Ба гунаи мисол, метавон аз қонунҳои давраи ғуломдорӣ дар асрҳои IV – III пеш аз милод, ки асосан мазмуни ин қабил қонунҳо ҳомии манофеи ғуломдорон буда, бештар ба зулми ғуломон равона гардида буданд, ёдовар шуд.
Ин ҷо мавриди басо гуфтанист, ки омӯзгори фанни таърихро мебояд, ҳини таълими нуқтаи боло ба шогирдон дар хусуси он, ки қонунҳо дар он замонҳои таърихӣ бештар ба нафъи табақаи ҳукмрони ҷомеа қабул мешуданду аз онҳо баҳри аҳолии мазлум қариб, ки суде набуд, таъкид ба амал орад. Зеро итминон ҳаст, ки бо иқдом гирифтани муаллим аз ин амал ҳисси бовариву эҳтироми шогирдон нисбати маҷмӯи қонунгузориҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки мазмуни кулли онҳо баҳри тамоми қишри аҳолӣ яксон аст, дучанд хоҳад афзуд. Аз ҷониби дигар, амалӣ сохтани ин тадбир ҷиҳати коҳиш додани майли наврасон ба вайрон намудани муқаррароти қонунгузориҳои гуногун ва содир намудани рафтори ғайриқонунӣ, ки бинобар асари омилҳои мухталиф зоҳир мегарданд, аз фоида холӣ нест.
Ҳамчунин дар китоби синфи 5 дар бораи «Қонунҳои Хаммурапи», ки дар змони худ низоми қонунҳои башардӯстона маҳсуб меёфт, маълумоти хеле ҷолибу мушаххас дарҷ ёфтааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ қонуни номбурда ҳанӯз дар авввали ҳазорсолаи II пеш аз милод аз тарафи шоҳи Бобул Хаммурапи мураттаб шудааст, ки он фарогири қисми зиёди ҳаёти иҷтимоии мардум буда, иҷрои ҳар боби он барои тамоми аҳолии сарзамин ҳатмӣ дониста мешуд. Дар сурати иҷро нагаштан барои амали ноҷо ҷавобгарӣ, яъне ҷазо муқаррар шуда буд.
Ифшои ин иқтибос аз он ҷиҳат бар меояд, ки ҳар омӯзгори фанни таърихро зарур аст, ба хотири мусоидат намудан дар самти таъмини тарбияи ҳуқуқии насли наврас ҳангоми омӯзонидани мазмуни сикли фанҳои табиӣ-гуманитарӣ, аз он ҷумла таърих оид ба мавҷудияти низоми қонунҳои мураккаб ҳанӯз дар замонҳои аз мо хеле дур ба талабагон маълумоти дақиқ пешниҳод созад. Зеро толибилмон дар натиҷаи ин амал дарк хоҳанд кард, ки қонунҳо, на танҳо феълан, балки аз замонҳои хеле қадим арзи ҳастӣ доранду волоияту риояи онҳо барои ҳар пиру барно ҳамеша ногузир боқӣ мемонад.
Ғайр аз ин, дар китоби Таърихи дунёи қадим дар хусуси на як худи Қонунҳои Хаммурапи, балки мавриди баёни таърихи ҳар давлати мутамаддин, аз ҷумла Ҳиндустон, Юнон ва Рими қадим оид ба низоми қонунҳои дар ин давлатҳо баҳри идоракунии мамлакат қабулгардида, инчунин дар бораи тарзи корбарӣ ва сохтори ҳокимияти қонунбарори қисме аз онҳо маълумоти бисёр ҷолибу хонданӣ оварда шудаанд.
Масалан, оид ба қабул гардидани Қонуни будоӣ солҳои 80-уми пеш аз милод дар Сейлони Ҳиндустони қадим. Ҳангоми шарҳи таърихи Юнони қадим бошад, оид ба ҷорӣ гардидани маҷмӯи қонунҳо дар қаламрави Афина аз тарафи Драконт ном шоҳи эвпатриён (с. 621 п.а.м.), инчунин пас аз ҳукмронии ӯ с. 594 пеш аз милод оид ба падид омадани ислоҳоти ҳуқуқии Солон ном шоҳи дигари ин сарзамин, ки қонунҳои баровардаи ӯ ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакатро дар бар мегирифт ва ҳамзамон дар хусуси «Шӯрои 400» – органи қонунбарори мамлакат, ки аз сӯи ҳамин шахс таъсис ёфта буд, маълумоти хуб дарҷ ёфтааст. Ҳамчунин маълумот дар хусуси Қонуни Ликург ном донишманди спартагӣ, ки қонуни вай ҳатто унсурҳои майдтарини ҳаёти спартагиҳоро фаро мегирифт, низ аз доираи боби Таърихи Юнони қадим берун нест.
Ягона давлате, ки аз тарафи амалдорону императоронаш дар замонҳои қадим (асрҳои I – II милодӣ) ба иншои мазмуни қонунҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегашт, бо ваҷҳи он, ки туфайли қонунҳои дуруст навишташуда дар мамлакат тартиботи хубро ҷорӣ намудан имконпазир аст, ин Рими қадим буд. Ҳамин буд, ки дар айёми мавҷудияти давлати Рими қадим дар ин сарзамин ҳуқуқшиносони машҳуру маъруфи рӯи олам, ба монанди: Ситсерон, Юлиан ва Гай ба арсаи ҷаҳон омада, баҳри таълифи низоми қонунҳои мураккаб доир ба тарзи идоракунии давлат, тарзи гузаронидани мурофиаи судӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти хоҷагии халқ пайваста заҳмат мекашиданд.
Ногуфта намонад, ки қонунҳои давлати Рим дар тамоми ҷаҳони муосир машҳур аст. «Таҳкурсии ҷомеаи ҳуқуқбунёдро, – ки имрӯзҳо роҳи бунёди чунин ҷомеаро дар ояндаи начандон дур кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон пеш гирифтааст, – маҳз римиҳо дар замони ҷумҳурӣ будани давлати худ кор карда баромадаанд». Ин ҳама маълумотро ҳам дар китоби Таърихи дунёи қадим вохӯрдан мумкин аст, ки дар вусъатёбии доираи шуури ҳуқуқии наврасони хурдсол аҳамияти беандоза бузургро моликанд.
Илова бар ин, хонандагони ҳамин синну сол боз ҳам имкон доранд, ки дар як радиф зимни омӯзиши мазмуни барномавии Таърихи асрҳои миёнаи чӣ таърихи халқи тоҷик ва чӣ таърихи умумӣ бо ҳаёти ҳуқуқии соири давлатҳои гуногун дар қарнҳои III ва XV-и милодӣ ошноӣ пайдо кунанд. Гуфтан мумкин аст, ки маҳз дар ҳамин давра бо пайдо шудани дини ислом дар нимҷазираи Арабистон (асри VII) ва паҳн гаштани он дар минтақаи имрӯза Осиёи Марказӣ маҷмӯи қонунҳои исломӣ бо номи «шариат» падид омада, дар миқёси ҳамин сарзамин ҷорӣ гардидааст. Ва пас аз ин тамоми кирдору рафтор ва усули зиндагии мусулмонон аз рӯи нишондоди аҳкоми шариат ба танзим дароварда мешуд, ки ҳамоно мавриди истифода қарорёбии он дар бархе аз кишварҳои исломӣ идома дорад.
Ба муҳасилини синфи 5 тибқи барномаи таълимӣ фақат Таърихи дунёи қадим омӯзонида мешавад ва омӯзиши таърихи асрҳои миёна аз синфи 6 оғоз мегардад, ки он ҳам бошад, дар китоби Таърихи халқи тоҷик танҳо ҳаводиси ибтидои асрҳои миёнаро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, танҳо дар китоби Таърихи умумии синфи 6 доир ба таъсисёбии нахустин давлати тоҷикон – давлати Сомониён, ки дар он ғайр аз рӯйдодҳои гуногун, инчунин оид ба тарзу усули идораи ин давлат гуфта мешавад, маълумот дарҷ ёфтааст. Қайд кардан лозим аст, ки «ҳукумат»-и Сомониён сохтори ба худ хосе дошт (иборат аз даҳ девон), ки донистани он ба шогирдон ҷиҳати дарки амиқи сохтори кунунии ҳукумати кишвар, аз он ҷумла ҳокимияти қонунбарори он заминаҳои боэътимод фароҳам хоҳад сохт.
Хуллас, ҳангоми омӯзиши фанни таърих талабагон дар хусуси нақши қонунҳо хусусан, қонунҳои боадолатона ва аҳамияти риояи бечунучарои онҳо баҳри идораи мӯътадили низоми ҳаёти ҳар кишвари таърихӣ ва танҳо дар ҳамин сурат имконпазир будани таъмини ҳаёти осиштаву босуботи мардуми онҳо тасаввуроти зарурӣ ҳосил хоҳанд кард.
Ба ҷуз аз ин, дар ҳар дарси таърих шунидани нақлҳои лаҳзавӣ аз таърихи халқи мамлакат ва аз таърихи халқҳои ҷаҳон имкон фароҳам меорад, ки дар доираи муайян тасаввуроти наврасон атрофи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона боз ҳам густурдатар гардад. «Зеро таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, … ба ин васила қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем».
Аз бар кардани фанни таърих дар навбати худ, на танҳо боиси то ҷое густариш ёфтани донишҳои ҳуқуқии муҳсилин мегардад, балки огаҳии комил пайдо намудан аз рӯйдодҳои талхи таърих наврасонро ҳаргиз намегузорад, ки майл ба содир кардани ҳар гуна аъмоли нопоку разилона намоянду дар натиҷа ҳаёти осоиштаи наздикону атрофиёни хешро талх созанд. Чунончӣ, ин ҳолатро аснои омӯзиши ҳаёти афроди гуногуни таърихӣ ва кору пайкори онҳо вохӯрдан мумкин аст.
Имкони беназири ҳосил кардани тасавуроти наврасони хурдсол атрофи баъзе категорияҳои ҳуқуқӣ, мисоли: «қонуншиканӣ», «ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ва ғайра, ки ҳамчун замина барои минбаъд сарфаҳм рафтан ба дарки мафҳумҳои «ҷиноят», «ҳуқуқвайронкунии интизомӣ» ва дигар истилоҳоти мураккаби ҳуқуқӣ хизмат мекунанд, инчунин ҳини омӯзиши яке аз фанҳои равияи табиӣ-гуманитарӣ, яъне ботаника вуҷуд дорад. Ботаника яке аз қисмҳои мустақили илми биология – ҳаётшиносӣ буда, ба хонандагони синфҳои V-у VI тибқи муқаррароти барномаи таълимӣ танҳо ҳамин қисмати биология таълим дода шуда, омӯзиши қисматҳои боқимондаи он, аз ҷумла «зоология» ва «анатомия» дар солҳои баъдӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ин рӯ, ҳамчун фанни ягонаи мусоидати фаъолкунанда, ба истиснои география аз байни маҷмӯи улуми табиӣ дар густаришбахшии донишҳои ҳуқуқии наврасони хурдсол маҳз ҳамин фанро донистан мумкин аст.
Мусаллам аст, ки раванди таҳкимпазирии шуури ҳуқуқии муҳасилини наврас зимни иштироки онҳо дар дарсҳои фанни ботаника, агар пеш аз ҳама аз ғояву мазмуни китоби дарсӣ вобастагӣ дошта бошад, аз сӯи дигар дар ин ҷода зарурат ба истифодаи самараноки васоити аёнӣ ва ҳамзамон ба донишҳои баланди худи омӯзгору фаъолияти эҷодкоронаи ӯ низ дида мешавад. Аммо табиист, ки дар ин миён тавре, аллакай ишора гардид, нақши китоби дарсӣ нисбатан бештар мушоҳида мегардад. Зеро истифодаи дигар воситаҳои ёрирасон бо мақсади таъмини тарбияи ҳуқуқии мактабиён танҳо дар доираи мундариҷаи мавзӯоти китоби дарсӣ амалӣ шуда, аз ҷониби дигар имкони баҳравар шудан аз онҳо ба ҷуз аз ҷараёни дарс дар дигар мавридҳо (масалан, ҳангоми тайёр кардани вазифаи хонагӣ) вуҷуд надорад. Вале басо табиист, ки мазмуни дар навбати худ бой аз ҷанбаи ахлоқӣ-ҳуқуқии китоби дарсӣ ҳамеша яксон боқӣ хоҳад монд.
Дар робита ба ин, ин ҷо ба натоиҷи таҳлили нақши фанни ботаника ва ҳамзамон таъсири китоби дарсӣ аз ин фан дар ташаккулёбии шуури ҳуқуқии наврасон рӯ меорем. Натиҷаи таҳлил ба мо имкон дод, то бори дигар боварӣ ҳосил намоем, ки воқеан нақши омӯзиши фанни ботаника дар такмилёбии эътиқоди ахлоқӣ-ҳуқуқии мактабиён ниҳоят бузург мебошад. Зеро ба мактаббачагон аснои азбаркунии мавзӯъҳои алоҳидаи ин фан муяссар мегардад, ки атрофи баъзе паҳлӯҳои ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа, аз ҷумла дар хусуси фаъолияту вазифаҳои сохторҳои махсуси давлатӣ оид ба ҳифзи табиату олами наботот (ба монанди Вазорати ҳифзи ҷангал ва табиати ҶТ), ки заминаи асосӣ бобати дар оянда сарфаҳм рафтан ба тарзи корбарии дигар мақомотҳои қудративу ғайриқудратии давлатӣ мебошад, тасаввуроти мукаммал ҳосил намоянд.
Тавре аз таҳлили мӯхтавои китоби дарсии Ботаника барои синфҳои V – VI маълум гардид, китоби мазкур дар доираи соири мавзӯоти хеш, инчунин ҷиҳатҳои мушаххаси ҳуқуқиро дар бар мегирад. Чунончӣ, дар он дар баробари зикри суханон атрофи аҳамияти ҳамаҷонибаи растаниҳо дар ҳаёти инсон ва ҷамъият, инчунин ба хотири таъмини ҳимояи онҳо аз камшавӣ ва нобудӣ бобати вазифаи ҳар як шахс будани ҳифзи табиат, ки ифодагари амиқи ғояи моддаи 44-уми Конститсияи (Сарқонуни) ҶТ мебошад, таъкидҳо мавҷуданд.
Ҳамчунин дар китоб мавриди омӯзиши синфи растаниҳои якпалла ҷиҳати ҳушдор сохтани наврасон аз сол то сол кам шудани миқдори бархе аз чунин намуди растаниҳо ва бинобар ин сабаб ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» ворид гаштани онҳо, мисоли гули лола ва гиёҳи дигари фоиданоки ҳамин синф – ҳолмон гуфтаҳои ҷолиб мавҷуданд. Иловатан, дар мавзӯи дигари ҳамин китоб атрофи растаниҳои басо нодири ҷумҳурӣ, аз зумраи он растаниҳое, ки феҳрасти растаниҳои Китоби Сурхи кишварро ташкил мекунанд, маълумот дарҷ ёфтааст. Умуман, аҳамияти ин мавзӯъ аз он иборат аст, ки хонандагон зимни омӯзиши ғояи асосии он атрофи яке аз ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии сатҳи байналхалқӣ, яъне «Китоби Сурх», ҳамзамон бобати таҳти ҳимояи қонун қарор доштани ҳатто олами наботот маълумоти зарурӣ ҳосил менамоянд.
Зимнан, омӯзгори ин фанро лозим аст, бо назардошти он ки эҳтиёҷи шогирдон дар ин давраи синну сол ба воситаҳои аёнӣ ҳамоно назаррас боқӣ мемонад, бо мақсади воқеан дар шуури онҳо ҷой намудани мазмуну мӯҳтавои «Китоби Сурх» ва аҳамияти он дар ҳифзи бойгариҳои табиат мавриди маънидоди мавзӯъ ба сифати воситаи аёнӣ аз ин ҳуҷҷати байналхалқӣ моҳирона истифода барад. Ғайр аз ин, омӯзгорро мебояд ба хотири таъмини рушди маданияти ҳуқуқии наврасон дар ҷараёни таълими фанни ботаника ба таври оҷилӣ шогирдонро аз ҳадафу мазмуни қонуну қарорҳои сатҳи ҳукуматӣ оид ба манъи ҷамъоварии ин ё он гиёҳу растаниҳои шифобахш ва инчунин истеъмолӣ, аз қабили: баъзе намудҳои растании «камол» (ки онҳоро то давраи гулшукуфташон рову рошак ва касруф меноманд) ва сиёҳалафу чукрӣ, ки бо тақозои замон ҳатман қабул хоҳанд шуд, огоҳ намояд.
Ва ниҳоят, саҳми таълими фанни мазкур, инчунин дар бедор гаштани тасаввуроти муҳасилин перомуни худи вожаи ҷиноят низ ба назар мерасад, ки ин ҳолат баҳри пешгирии эҳтимолияти аз боиси надонистан содир гаштани ҷиноят аз сӯи наврасон то ҷое мусоидат хоҳад кард. Тақвияти мушаххаси ин гуфтаҳоро дар боби Синфи растаниҳои дупалла, дар доираи мавзӯи «Оилаи кӯкноргулҳо» баръало вохӯрдан мумкин аст. Дар чаҳорчӯби ҳамин мавзӯъ пас аз баёни хусусияту аҳамияти ин гурӯҳи растаниҳо иловатан оид ба дар пайи худ ҷавобгарии ҷиноятиро доштани кишту парвариши ғайриқонунии кӯкноргулҳо тазаккур дода мешавад. Билохира, мактабиён дар натиҷаи омӯзиши ҳамин мавзӯъ ва маҷмӯи мӯҳтавои китоби дарсии Ботаника дарк хоҳанд кард, ки надонистани қонун ва нафаҳмидани амали ҷиноӣ будани кирдори хеш ҷавобгариро истисно намекунад.
Аммо дар қатори баёни ин ҳама тарафҳои мусбати таъсири омӯзиши Ботаника, аниқтараш китоби дарсии ин фан дар таҳкимёбии фарҳанги ҳуқуқии наврасон ин ҷо аз ифшои ягона норасоии дар ин самт ошкор гардида худдорӣ кардан нашояд. Изҳори ин камбудии мавҷударо аз он ҷиҳат зарур шуморидем, ки шояд он баҳри дар оянда мутобиқсозии мӯҳтавои китоб ба талаботҳои гуногунмақсади таълиму тарбия кӯмак намояду мавриди интишори минбаъдаи китоб аз ҷониби муаллифонаш ба назари эътибор гирифта шавад. Ба назари баёнгари ин сатрҳо ягона норасоии начандон ҷиддие, ки дар самти таъмини огаҳии саривақтии наврасони хурдсол аз муқаррароти муайяншудаи қонунгузориҳои кишвар оид ба ҳифзи олами набототи диёр мушоҳида мегардад, ин зикр нашудани намуди мушаххаси ҷавобгарӣ нисбати содир гаштани амали нобудсозӣ ва ё кандани растаниҳои нодир мебошад. Аз ин рӯ, басо хуб мебуд, агар муаллифони китоб дар баробари ифшои андешаҳо аз доираи фан, ҳамзамон ҷиҳати мусоидат дар ҳалли масъалаи бедор намудани огаҳии ҳуқуқии наврасон ҳангоми баёни маълумот атрофи ин ё он гурӯҳи растаниҳои нодир, инчунин доир ба ин ё он намуди ҷавобгарӣ нисбати афроди ба бойгариҳои табиат хунукназарӣ зоҳир мекарда, ки онро бештар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ муайян кардааст, чанд ҳарф низ иброз медоштанд. Чаро ки ин амал, бешубҳа аз як тараф дар зеҳни шогирдон огаҳии ҳуқуқиро бедор менамояд, аз сӯи дигар ҷиҳати то андозае пешгирӣ ёфтани ҳуқуқвайронкуниҳои характери маъмурию ҷиноятидоштаи наврасон мусоидати фаъол хоҳад кард. Хулоса, бо рафъи минбаъдаи ин камбудӣ метавон ҷараёни тарбияи ҳуқуқии хонандагонро зимни баёни мазмуну мӯҳтавои китоби дарсии Ботаника ва таълими ин фан низ дар сатҳи зарурӣ таъмин намуд.
Азбаски нақши таълими фанни география ва дигар фанҳои мутааллиқ ба равияи илмҳои табиӣ-гуманитарӣ, ки ба хонандагони синфҳои V-у VI омӯзонида мешаванд, дар қиёс ба фанҳои то ин дам зикрёфта ҷиҳати ташаккулёбии шуури ҳуқуқии наврасон чандон зиёд ба назар намерасад ва ҷанбаҳои ҳуқуқиро низ дар доираи худ нисбатан камтар фарогир ҳастанд, бинобар ин мо ин ҷо аз таҳлили саҳми онҳо дар ин ҷода даст кашидем. Лекин баёни ин ҳама ақидаро ҳаргиз набояд чун нодида гирифтани саҳми фанҳои дигари ин равия дар самти таъмини тарбияи ҳуқуқии мактабиён аз ҷониби муаллиф пиндошт. Баръакс, муаллиф бо тақвияти суханони дар оғоз изҳор намудаи хеш мутмаин аст, ки таълиму эзоҳи мазмуни барномавии маҷмӯи фанҳои боқимондаи равияи табиӣ-гуманитарӣ ва дигар равияҳо ба сифати замина дар роҳи расидан ба таъмини ҳарҷонибаи раванди таҳкимёбии маърифати ҳуқуқии наврасон басо назаррас мебошад. Чунки яқин аст, ки бидуни амалисозии ин раванд, на танҳо воқеан васеъ намудани доираи фарҳанги ҳуқуқии шогирдон даст намедиҳад, балки муваффақ шудан дар самти таъмини инкишофи ҳамаҷонибаи наврасон низ ғайримикон хоҳад гашт.
Умед Ҳамидов – аспиранти соли сеюми кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Комментарии (0)