Моддахои захираги ва партави растанихо


Накшаи дарс:
1. Хосилшавии моддахои органики дар хучайра 
 2.Ангишттобахо хамчун гурухи мураккаби моддахои органики захираги.
 3. Сафедаи захираги. 
 4. Равганхо.
 5. Моддахои партав дар хучайра.
 6. Маълумот оиди кристаллҳо ва ба кадом гурӯҳи моддаҳо тааллуқ доштани онҳо.
 
Моддаҳои захирагиеро, ки дар ҳучайраи растанӣ дучор мешаванд, асосан ба се гурeҳи пайвастагиҳои органикӣ xудо мекунанд:
1.Ангиштобаҳо 
2.Равғанҳо
3.Сафедаҳо 
1. Ангиштобаҳо аз оксиген, ҳидроген ва карбон таркиб ёфтаанд. Ангиштобаҳо дар навбати худ аз моносахаридҳо, дисахаридҳо ва полисахаридҳо иборат мебошад.
Моносахаридҳо. моносахаридҳо ё ки қанди содда чунин формула дорад: С6Н12О6
Онҳо шакли кристаллӣ дошта, дар об нағз ҳал мешавад ва мазаи ширин дорад. Дар байни онҳо глюкоза (қанди ангур) ва фруктоза ( қанди меваҳо) бештар дучор мешаванд.
Дисахаридҳо.-дисахаридҳо назар ба моносахаридҳо формулаи мураккаб доранд: С12Н22О11
Дисахаридро маҳсули пайвастагии ду молекулаи моносахарид гуфтан мумкин аст. Ин ҳам дар об нағз ҳал шуда,мазаи ширин медиҳад, шакли кристаллӣ дорад. Ба ин сахароза ( қанди лаблабу ) мисол шуда метавонад.
Полисахаридҳо. Сохти боз ҳам мураккабтар буда, формулаашон (С6Н10О5) мебошад, ба назар чунин менамояд.ки полисахаридҳо аз як чанд молекулаи моносахарид таркиб ёфтаанд.
Онҳо ба об кам ҳал мешавад, мазаи ширин надорад. Полсахаридҳо дар ҳуҷайраҳои растаниҳои дараxаи олӣ дар намуди крахмал селлюлоза (клеткатка) гемиселлюлоза, баъзе вақт дар намуди инулин дучор мешавад.
Крахмал. крахмал яке аз моддаҳои захирагии васеъ паҳншуда ба шумор меравад. Крахмал дар ҳуҷайраи растанӣ дар намуди донагӣ дучор мешавад. Донаҳои крахмал дар намуди xисмҳои шаффофи сафед дучор мешавад, ки онҳо сохти муайян доранд. Аз таъсири йод ранги он кабудча мешавад. 
Инсулин. инулин ҳамчун маҳсулоти захирагӣ бисёртар дар растаниҳои мураккабгулон дучор мешавад. Бевосита инулинро дар ҳуҷайраи растанӣ дидан мумкин нест, барои он ки инулин дар шираи ҳуҷайра ҳал шудааст. Реактив барои инулин спирт мебошад.
 Дона
   (А)                                                       (Б)
 Донаи картошка:                                Донаи сулӣ
1.Содда                                 Мураккаб ва донаҳои хурди он.
2. Ниммураккаб
3. Мураккаб
Равғанҳо ва липоидҳо. Равған ва липоидҳо ин ҳам монанди ангиштоба пайвастаги органикӣ бе азот мебошад, лекин дар равған назар ба ангиштоба миқдори оксиген кам аст. Равған ҳамчун моддаи захирагӣ бисёртар дар тухми растаниҳо дучор мешавад. Дар ҳуҷайра онҳо дар ҳолати чакрагӣ дучор мешавад. Фоизи равған дар растаниҳо гуногун аст. Растаниҳои равғановар: чигит, кунxит, зағир, мағзҳои растаниҳои донагӣ, тухми харбуза, зомбуча, канакунxит ( костерка), арахис ( чормағзи заминӣ).

ҳуҷайра

а) Донаҳои алейронии сода (1) дар ҳуҷайраи тухми нахӯд ҳамроҳи донаҳои крахмал (2) ба йод рангноккарда шудааст. 
б) Ҳуҷайра аз тухми канадона бо донаҳои алейронии ниммураккаб (1) ва донаҳои алейронии мукраккаб (2) а)глобоид, б) муҳити бо сафедари аморфӣ иҳотакунанда в) пӯсти ҷилди доа г)кристали

 
Сафеда. Сафеда таркиби кимиёвии мураккаб дорад.Таркиби сафеда аз элементҳои CHNOSP иборат аст. Xамоати молекулаи сафеда калон буда ба ҳисоби миёна аз 1 то 55 микрон рангаш сафед, шаклаш лeнда ё қиранок аст.
На ҳамаи сафеда моддаҳои захирагӣ ба шумор меравад. Баъзе сафедаҳое, ки дар таркиби ҳучайраҳои зиндаи фаъол (ситоплазма, ядро, пластид, митохондрия) дучор мешавад онҳоро моддаи конститусионӣ меноманд. Сафедаҳои захирагӣ дар ситоплазма ҳамчун xисмчаҳои сахт дучор мешавад, ки онҳо донаҳои алейронӣ меноманд, онро дар тухми гандум нағз мушоҳида кардан мумкин аст. Сафедаҳои захирагӣ дар вақти сабзиши тухм сахт мешавад. Фоизи сафедаи растаниҳо чунин мебошад, мисол : дар растаниҳои лeбиёгӣ фоизи сафеда зиёд мебошад, дар соя 40%,бинобар он аз он 300 хел хeрок тайёр кардан мумкин аст. Энгельс гуфта буд:«ҳаёт шакли мавxудияти xисми сафеда мебошад, ки мавқеи асосиаш иваз кардани модда мебошад».
Глюкозидҳо. Дигар модда дар растанӣ глюкозидҳо мебошанд. Пас аз тайёршавӣ глюкозидҳо ба протсесси ивази модда иштирок намекунанд. Ин ҳам монанди моддаи партав барин сохти мураккаб дорад, аксари онҳо заҳрӣ мебошанд, бинобар он будани ин модда растаниро аз хeрдани ҳайвонот нигоҳ медорад. Глюкозидҳо дар тиб ҳам аҳамияти калон дорад. Мисол : Сапонин ин ҳам як хели глюкозид ба шумор меравад, инро аз шувоқи дурмана xудо мекунанд. Дигар хели глюкозидҳо ҳамчун лаззати ( гарчиса) истифода бурда мешаванд.
Алкалоидҳо. Алкалоидҳо дар растаниҳо ҳамчун моддаи партавӣ дида мешавад. Пайвастагиҳои азотии онҳо дар хоxагии халқ, хоxагии қишлоқ ва саноат аҳамияти калон дорад. Аз алкалоидҳо доруҳои гуногун месозанд. Хелҳои алкалоид:-хинин, стрехин, никотин,морфин ва дигарҳо. Дар хоxагии қишлоқ бар зидди зараркунандагони хоxагии қишлоқ истифода бурда мешавад. Мисол:-анабазис. Дар саноат барои вулканизасия ба кор мебаранд. Барои худи растанӣ алкалоид вазифаи муҳофизаткуниро мебозад. Мисол: банги девона, мастак… Аз банги девона алкалоиди атропинро мегиранд, ки он чашмро дурбин мекунад. Дигар алкалоид ин никотин зарари ин ба организм калон мебошад. Никотин капиляри хунро месиқонад, баъд онро мeрт мешавад.
Моддаҳои танидӣ. Инҳо ҳам моддаи органикӣ буда, протсесси ҳосилшавиии онҳо аниқ карда нашудааст. Танидҳо ба оҳан пайваста шавад, ранги сиёҳ ҳосил мекунад. Мисол: анорро бо корд бури оби анор сиёҳ мешавад. Моддаи танидӣ ҳоло дар саноати чармгирӣ, барои ош додани чарм ба кор бурда мешавад,ки дар натиxа пeст ҳам қайиш ва ҳам аз пeсиш нигоҳ дошта мешавад.
 

Саволҳо барои такрор ва мустаҳкамкунӣ:

Саволи 1. Ангиштоба бисёртар дар кадом намуд дар ҳуҷайраи растанӣ захира мекунад?
А) Моносахарид.
Б) Дисахарид.
В) Полисахарид.
Саволи 2. Оҳар (крахмал) ба кадом гурeҳи моддаҳои захирагӣ тааллуқ дорад?
А) Ангиштобаҳо
Б) Аминокислотаҳо
В) Равғанҳо
Саволи 3. Кристаллҳои сeзаншакл чӣ ном дорад?
А) Рафид
Б) Друз
В) Қирраноқ
Саволи 4. Кристаллҳо ба кадом гурeҳи моддаҳо тааллуқ дорад?
А) Захирагӣ
Б) Моддаҳои фаъол
В) Эргастикӣ
Саволи 5. Гемиселлюлоза ба кадом моддаҳои захирагӣ дохил мешавад?
А) Равған
Б) Сафеда
В) Ангиштоба 
Саволи 6. Дар дони гандум кадом модда захира мешавад?
А) Оҳар
Б) Сафеда
В) Равған
Саволи 7. Кристаллҳо дар кадом қисми ҳуҷайра захира мешавад?
А) Митохондрия
Б) Геолоплазма
В) Вакуола       
Саволи 8. Равған дар кадом қисми ҳуҷайра захира мешавад?
А) ҷилди ҳуҷайра
Б) Вакуола
В) Геолоплазма
Саволи 9. Кристаллҳои мураккаб чӣ ном дорад?
А) Друз
Б) Рафид
В) Ном надорад

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив