Носири Хусрав


Носири ХусравНосири Хусрав дар баробари шоир буданаш дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун ҳакими   донишманд, донандаи хуби сарфу наҳви арабӣ, илоҳиётшиноси машҳур ва риёзидони беҳтарин ном баровардааст. Ӯ соли 1004 дар шаҳри Қубодиён таваллуд ёфтааст. Баъд аз таҳсили илм, дар синни 26-солагӣ ба даргоҳи Ғазнавиён роҳ ёфта, дар назди Султон Маҳмуд ва Султон Масъуди Ғазнавӣ хизмати давлатиро анҷом медодааст. Дар дастгоҳи давлатӣ нуфузи назаррасе дошатааст. Аслу насаби шоир, аз рӯйи гуфтаи худи ӯ, аз озодагон, яъне аз ашрофони заминдор будаанд. Шоир сафарҳои дурударозеро анҷом додааст. Баъди ҳамаи ин сафарҳо ба дараҷаи «Ҳуҷҷат», ки яке аз мансабҳои баланди мазҳаби исмоилиён буд, мушарраф гардидааст. Ҳакими бузург баъди ин ҳама сафарҳо ба шаҳри Балх баргашта, қариб 8 сол ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои Исмоилиён шуғл варзидааст. Носири Хисрав то охири умри худ дар мавзеи Юмгондараи Бадахшон зиста, соли 1088 вафот кардааст.

Эҷодиёти шоир доманадор буда, осори зиёдеро дар бар мегирад. Аз асарҳои шоир то замони мо «Саодатнома», «Рӯшноинома», «Сафарнома» расидааст. Ба ғайр аз ин, шоир соҳиби «Девон» низ будааст, ки аз қасидаву ғазал иборат будааст. Шоир дар ғазалҳои худ мавзӯъҳои чигунагии табиат, моҳияти олам, тақдири инсон ва ихтилофҳои замонаро мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз ин хотир, шоир бо парвардигори оламу одамиён нидо намуда, бепарвоёна мегӯяд:

Ниҳоли фитна дар дилҳо ту киштӣ,

Дар оғози халоиқ офаридан.

Дар ҳақиқат, Носири Хусрав ҷӯяндаи ҳақиқат будааст. Дар ашъори шоир тасвиру касбу ҳунар дар ҷойи аввал меистад. Санъатварону косибону ҳунармандонро хушбахттарин инсонҳо мешуморад:

Беҳ аз сонеъ ба гетӣ муқбиле нест,

Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест.

Ба рӯз андар пайи сомони хеш аст,

Чу шаб дар хона шуд, султони хеш аст.

Дар ашъори хеш шоир мақому манзалаи кишоварзон яъне деҳқононро хеле баланд бардошта, тамоми хуррамию ободии кишварро аз файзу баракати деҳқон медонад:

Беҳ аз санои олам деҳқон аст,

Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст.

Аз меҳнати ҳалоли деҳқон ҳама истифода мекунанд. Офаридгору халқи заҳматкаш ва, ҳатто, шоҳони замон ба ӯ мӯҳтоҷанд:

Сари сонеъ ба гардун бас фароз аст,

Салотиро ба сноон ниёз аст.

Ин ҳама санъату ҳунари деҳқони асилу заҳматкаш аст, ки кишвар гул-гул мешукуфад:

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,

Аз ӯ гаҳ зар, гоҳе бӯстон аст.

Аз файзу баракати меҳнати софдилонаи деҳқони заҳматкаш ҳатто, паррандагону чаррандагон ризқу рӯзии хешро дармеёбанд:

Ба роҳат аз даҳоқин мурғу мӯранд,

Ҳамон гар одамию гар сутуранд.

Шоир таъкид менамояд, ки дасти деҳқон гул аст. Сарчашмаи ҳамаи ин ризқу рӯзиҳо мардони кор мебошанд:

Ба кор андао ҳама мардони коранд,

Арақ резанду қути халқ коранд.

Калиди ризқу қисмат сахд дар мушт,

Чароғи дилфурӯзӣ дар даҳ ангушт.

Ба ғайр аз ин, шоир панду андарзҳои зиёде дорад, ки дар онҳо саховат, шуҷоат, ҷавонмардӣ ва дигар хусусиятҳои неки инсонӣ васфу ситоиш карда мешаванд. Носири Хусрав ҷавонмардиро далели хушбахтиҳо маҳсуб медонад:

 

Ҷавонмардӣ саодатро далел аст,

Зи ҳар кас ин сифат н-ояд, бахил аст.

Ҳангоми парию барҷомондагӣ хизмати падару модарро барои фарзандон ваҷибу зарур медонад:

Ба пирӣ хидмати модар- падар кун,

Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.

Илму донишро волотарин фазилати инсон мешуморад. Хирадро аз зар боло медонад:

Хирад беҳтар бувад аз зар, ки дорӣ,

Ки дар зар кас набинад ҳушёрӣ.

Ҳалимӣ ва меҳрубониву илму донишро ҳамчун камолу ҷамоли инсонӣ тарғиб менамояд:

Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад.

Камоли одамӣ дар илм бошад.

Дар охир гуфтан лозим аст, ки забони шеъру гуфтори шоир ниҳоят сода ва ҷолиби диққат аст. Ӯ аз забони зиндаи халқ, аз ҳадисҳои пайғамбар ба оёти қуръонӣ низ фаровон истифода намудааст, ки илму дониши фарох доштани ӯро нишон медиҳад.


Скачать реферат Носири Хусрав: nosiri-husrav.docx

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив