Қаҳрамонии тоҷикистониён дар фронтҳои ҷангӣ. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд. Аз ҷумла, пулемётчӣ Акбар Маҳмудов, ки дар қалъаи Брест хизмат мекард, ҳанӯз 23 июни соли 1941 бо ҳамроҳонаш ба ҷанг даромада, қаҳрамонона ҳалок гардидааст.
Минбаъд ҷанговарони ҷумҳурии мо дар муҳорибаҳои назди Москва, ҷанги шадиди Сталингард, мудофиаи Ленинград ва ғайраҳо қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Чунончӣ, Аҳмад Турдиевӣ тоҷик дар қатори намояндагони 8 миллатҳои шӯравӣ қариб ду моҳ, «хонаи Павлов» — и Сталинградро аз душман мудофиа намудааст.
Пӯшида нест, ки муҳарибаи Курск яке аз муҳорибаҳои бузургтарини танкии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, фашистони немис, баъди шикастхӯрӣ дар муҳорибаи Сталинград, ният доштанд, ки дар муҳорибаи навбатӣ аз болои аскарони шӯравӣ ғалаба ба даст дароранд. Бо ҳамин мақсад онҳо дар ин муҳориба танкҳои нави «Паланг», «Бабр», самалиётҳои қиркунандаи «Фоке — Вулф» ва ғайраро истифода бурданд. Дар ҳамин муҳориба, 5 – 7 июли соли 1943 тӯпчӣ Ҳодӣ Кенҷаеви қистакӯзӣ бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада гардонд. Дар натиҷаи ҷанги сахт ҳамяроқони ӯ ҳалок гардиданд. Вай бо яроқи танкзан якчанд мошинҳои душманро нест кард. Барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Собиқ колхозчии ба номи К. Маркси ноҳияи Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) Исмоил Ҳамзаалиев низ дар ҳамин муҳориба, 8 – 10 июли соли 1943 баландии беномро ҳимоя карда, бо тӯп танкҳои душманро тирборон намуд. Вай маҷрӯҳ шуда бошад ҳам, вале майдони ҷангро тарк накард. Корнамоии ӯ низ бо номи пуршарафи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи тоҷикписарон аввалин шуда ба гирифтани ин ном мушарраф шудаанд.
Сентябри соли 1943 қӯшунҳои Шӯравӣ ҷангкунон дарёи Днепрро гузаштанд. 9 сентябр Сарфармондеҳи Олии ҳарбӣ (Ставка) ба фронтҳо дастур дода буд, ки мувофиқи он ҷанговари аз дарё аввалин гузашта ва дар соҳили дигар мавқеъ гирифта, барои унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карда мешуданд. Ин ҳуҷҷати муҳим дар байни ҷанговарон ба тарзи васеъ ташвиқ карда шуд. Ҷавобан ба он ҷанговарон далерию чолокӣ ношон дода, муқобилияти сахти душманро шикаста, ҷангкунон ба соҳили дигар гузаштанд. Дар ҳамин муҳориба 21 -нафар фиристодагони зерини Тоҷикистон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидаанд: Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Тӯхтасин Мирзоев, Ӯрунбой Якибов, Иван Крумин, Алексей Лапшин, Михаил Панфилов, Пётр Кашпуров, Николай Аникин, Ховаджи Муҳаммадмирзоев, Константин Ходов, Виктор Барутин, Михаил Новоселсев, Анатолий Рудой, Александр Гордеев, Бакир Давлатов, Василий Бояркин, Еремей Данилян, Иван Двадненко ва Даниил Коржов.
Мудофиаи дуру дарози шаҳри Ленинград натиҷаи қаҳрамонӣ ва истодагарии пеш аз ҳама бошандагони ин шаҳри таърихӣ ва қӯшунҳои шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар вақт аскарони сурх лаҳзаҳои муносиб пайдо карда, ба ҳуҷум мегузаштанд. 5 октябри соли 1943, дар яке аз ҳуҷумҳои фронти Волхов, фиристодаи Тоҷикистон, собиқ колхозчии колхози «Пахтакор» — и ноҳияи Ашт, ӯзбекписар Тӯйчӣ Эрйигитов дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смердиня, бо сари синаи худ сӯрохии дзоти душманро махкам карда, худ ҳалок шуд, вале ғалабаи рафиқонашро таъмин намуд. Дар натиҷаи чунин ҷасурӣ ӯ 21 – уми феврали соли 1944, баъди маргаш, ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.
Дар муҳорибаи назди Ленинград инчунин разведкачӣ Иван Симакови душанбегӣ қахамониҳои зиёд нишон дода, соҳиби ҳар се дараҷаи ордени Шараф гардидааст.
Моҳи марти соли 1944 фронтҳои 1, 2 ва 3 – юми Украинӣ дар мубориза ба муқобили душман махсуан муваффақиятҳои бузург ба даст даровардаанд. Онҳо қувваҳои асосии душманро маҳв намуда, қисми бузурги сарзамини Украинаро озод карданд. 26 марти ҳамон сол аскарони фронти дуюм ба дарёи Прут, ба сарҳади давлатии ИҶШС ва давлати Руминия расиданд. Дар ин муҳорибаҳо ҷанговарони Тоҷикистонӣ низ мардонагии зиёд нишон дода, 10 нафарашон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шудаанд.
Фиристодагони Тоҷикистон дар ҳайати фронтҳои Белоруссия ҳам мардонагии зиёд нишон доданд. Аз ҷумла тоҷикписари хуҷандӣ Фатҳулло Аҳмадов моҳи июли соли 1944 барои озод намудани сарзамини Белорус ва Лаҳистон (Полша) иродаи қатъӣ нишон дода, сазовори унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. 14 июл бошад ӯзбекписари шаҳринавӣ, пулемётчӣ Ҷӯтоқ Урозов барои озод намудани сарзамини Латвия, дар назди шаҳри Лудза, мардонагӣ нишон дода, бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (баъди маргаш) сарфароз шуд.
Исмат Шарипови данғарагӣ, то оғози ҷанг колхозчии колхози «Коментерн» -и ноҳия буд. Дивизияе, ки ӯ хизмат мекард, барои рахна намуда гузаштан аз дарёи Днестр, ҷангҳои сахт мебурд. Дар яке аз ин муҳорибаҳо Исмат Шарипов дар қисми рости дарё, барои васеъ намудани нуқтаи ишғолнамуда қаҳрамонӣ нишон дод, вале худаш ҳалок гардид. Ӯро баъди маргаш, 13 сентябри соли 1944 бо унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотониданд.
Зодаи ноҳияи Балҷувон Сафар Амиршоев ҳангоми саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар колзози «Меҳнат» — и ноҳияи Кӯлоб кор мекард. Ноябри соли 1942 аввалин амалиёти ҷангии ӯ, чун тӯпчӣ, аз муҳорибаи Сталинград, аз наздикии Воронеж оғоз гардида, минбаъд дар муҳорибаҳои зиёд корнамоӣ нишон додааст. Махсусан корнамаи ӯ дар муҳорибаи сахттарине, ки дар Литва ба амал омадааст, қайд гардидааст. Дар ин муҳриба Сафар Амиршоев бо тӯпи худ зиёда танкҳои навини фашистонро нест намуд, вале худаш ҳалок гардид. 25 сентябри соли 1944 барои чунин корнамоиаш ӯро, баъди маргаш, бо унвони баланд – Қаҳармони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз намуданд.
Дар маҳви душман ҳиссаи авиаторон низ бузург аст. Онҳо нуқтаҳои муҳими душманро муайян менамуданд, ва он нуқтаҳоро бомбаборон мекарданд, бо қувваҳои ҳавоии душман ба ҷанг медаромаданд. Дар байни авиаторон Иван Волухов, Тимофей Гаврилов, Иван Душкин, Василий Обухов, Михаил Родних, Григорий Таран, Павел Тихонов ва Серафим Ятсковский барин далерони майдони ҷанги ҳавоӣ буданд, ки онҳо то оғози ҷанг дар нуқтаҳои баландкӯҳи Кӯҳистони Бадахшон парвоз мекарданд. Маҳз дар натиҷаи шуҷоату мардонагӣ ҳамаи номбурдагон сазовори унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.
Аскарони Шӯравӣ баъди озод намудани сарзамини мамлакати худ, бо мақсади дар худи лонааш пурра маҳв намудани душман, ҷангро идома доданд. Бинобар ин амалиётҳои минбаъдаи ҷангӣ асосан дар сарзамини давлатҳои дигар мегузашт. Аз ин рӯ дар байни он ҷанговарон ҷавонписарони ҷумҳурии мо низ буданд ва онҳо дар майдонҳои ҳарбу зарб шоҷоати зиёд нишон додаанд. Чунончӣ, тоҷикписарон Эргаш Шарипови конибодомӣ ва Амиралӣ Саидбекови ховалингӣ дар сарзамини Чехословакия мардонагӣ нишон дода, ҳар ду ба гирифтани унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ лоиқ гардидаанд. Аскари қаторӣ, пулемётчӣ Раҳимбой Раҳматови хӯҷандӣ дар сарзамини Лаҳистон (Полша) қаҳрамонии зиёд нишон дода, 27 июни соли 1945 ба гирифтани унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуд. Абдуназар Фармонқулов бошад, маҳз дар сарзамини Лаҳистон, 12 январи соли 1945 чор танки душманро аз кор бароварда, сазовори ордени дараҷаи 1- уми Шараф шуд. То ин лаҳза вай дар муҳорибаҳои назди Москва, Курск ва ғайра мардонагӣ нишон дода, аллакай сазовори ордени Ситораи Сурх, орденҳои дараҷаи 3 ва 2 – юми Шараф ва 5 медал гардида буд. Вай аввалин аз байни тоҷикон ва даҳумин дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шахсе буд, ки ба гирифтани ҳар се дараҷаи ордени Шараф сарфароз шудааст.
Муҳорибаи шаҳри Берлин, ки 16 – уми апрели соли 1945 оғоз гардид, аз муҳорибаҳои сахттарин ва калонтарини охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муҳориба низ бисёр фиристодагони Тоҷикистон мардонагии зиёд нишон додаанд. Се нафари онҳо: Николай Балакин, Александр Горелов ва Филипп Чепурин ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидаанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз чумлаи фиристодагони Тоҷикистон, дар майдонҳои ҷанг на танҳо мардҳо, балки занҳои тоҷик низ корнамоӣ нишон доданд. Ба ин корнамоии лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки 93 парвози ҷангӣ анҷом додааст ва ба ордени Ленин мукофотонида шудааст, афсарони хизмати тиббӣ Шаҳрӣ Ҳайдарова, С.М. Ниёзова ва дигарон мисол шуда метавонанд.
Ҳамин тавр, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодагони Тоҷикистон қариб дар ҳамаи фронтҳои ҷангӣ мардонагӣ нишон дода, дар ғалабаи умумии мардуми Шӯравӣ аз болои Олмони фашистӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.
Навигация:
Maktab.tj » Маълумотхо » Корнамоии ҷанговарони Тоҷикистон дар ҶБВ
-
Меҳри модар
13-01-2021 0 253 100 -
Дониш андар дил чароғи равшан аст…
26-01-2021 0 126 561 -
Китоб манбаи дониш
06-02-2021 0 121 962 -
Шараф аз меҳнат аст
24-09-2021 1 114 372 -
Дӯстӣ
07-01-2021 0 110 376
-
Моддахои захираги ва партави растанихо
18-02-2024 1 6 320 -
Органоидҳои ҳуҷайраи растанӣ
18-02-2024 0 1 821 -
Хусусиятхои хоси сохти хучайраи растани ва гуногуни он. Сохти субмикроскопии ситоплазма ва таркиби кимёви
16-02-2024 0 1 138 -
Маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷайра ва назарияи ҳуҷайра
01-02-2024 0 2 106 -
Таърихи мухтасари фанни ботаника
01-02-2024 0 1 796
-
Китоби Ботаника синфи 5
08-02-2021 5 16 750 -
Русский язык 4 синф
08-02-2021 4 7 126 -
Адабиёти тоҷик 5 (2 қисм)
08-02-2021 3 10 497 -
Чистонҳо
14-10-2021 2 47 933 -
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд
14-08-2021 2 6 445
Календарь
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Опросы
Что не хватает сайту?
Последние комментарии
Панду ахлоқ дар ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Ҳусноро, 06 ноябрь 2024 20:28
[spoiler][/spoiler]Чун теғ ба даст дори мардуми натавон кушт Наздики худованд бади нест фаромӯш Ин теғ на аз баҳри ситам Комрон
Комментарии (0)