Абулқосим Фирдавсӣ


Абулкосим ФирдавсиАбулқосим Фирдавсӣ  (935-1020) – Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсӣ Тӯсӣ. Муалифи бузурги иборат аз 60-ҳазораи  «Шоҳнома», ки бо забони форсӣ навишта шудааст. Саҳми шоир дар мавриди баргашта эҳё кардани забону таърихи форсу-тоҷик, ки аз дасти арабҳо зарари зиёд дида буд, тавасути назм мебошад.

Абулкосими Фирдавси

Макони таввалуд деҳаи Божи нохияи Табарони наздикии шаҳри Тус дар оилаи заминдор. Давраи ҷавонии шоир нисбатан ором буд ва Фирдавсӣ аз ин имконият истифода бурда, ба таҳсили илм машғул шуд, дар мактаб ва мадраса илмҳои расмии даврро меомӯхт: забонҳои арабӣ ва паҳлавиро хеле хуб медонист ва дар санъатҳои тирандозӣ, шамшерзанӣ ва ғайра устоди беҳамто буд.

Падари Фирдавсӣ – Ҳасан аз деҳқонони асилзодаи Тус ва соҳиби боғу замину молу мулк буд. Деҳқонон, инчунин Ҳасани деҳқон дар ҳифзи анъанаҳои бобоён саъй ва ифтихори миллиро парастиш мекарданд. Фирдавсӣ дар оилаашон дар руҳияи бостон ва анъанаҳои қадимӣ тарбия меёфт, аз кӯдаки қиссаҳои қаҳрамони мешунид, бо саргузашти гузаштагони ифтихорманди хеш ошно мешуд. Аз ин ҷост, ки ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ ба ҷамъоварии қисcа, ривоят ва устураҳои эҷодии халқи худ ба таври ҷиддӣ машғул шуд.

Шоир бо тахаллуси “Фирдавсӣ” соҳиби истеъдоди баланд буд, бо хоҳиши шоҳони сомонӣ ва ташвиқу тарғиби яке аз дӯстонаш-Абумансур ибни Муҳаммад ва барои ҷовидонӣ мондани номаш ба навиштани «Шоҳнома» сар кард. Фирдавсӣ дар таълифи «Шоҳнома» зиёда аз си соли умри худро сарф кард.

Басе ранҷа бурдам дар ин сий сол,

Аҷам зинда кардам, бад он порсӣ.

Фирдавси самараи омӯзиш ва ҷустуҷӯҳои хешро дар тадвини достони бузурги Шоҳномавӣ дид. Вай кӯшиш мекунад, ки бо эҷоди «Шоҳнома» таърихи бисёрасраи халқро бо ҳамаи афсонаву ривоятхояш, расму анъанахояш, рӯҳи қаҳрамониаш, воқеаю ҳодисаҳояш зинда гардонад. Шоир дар сини 41-солагӣ ба таълифи асар камари ҳиммат пардохт.

Абулқосими Фирдавсӣ ҳангоми таълифи «Шоҳнома» аз амири Сомонӣ Нуҳ бинни Мансур ёрии моддӣ медид. Сомониён ба «Шоҳнома» таваҷҷӯҳ доштанд ва онро асари эҳёкунандаи таърихи гузаштагон ва анъанаҳои бостони меҳисобиданд. Аммо дар оғози асри 11 Сомониён вуҷуди худро қатъ карданд. Хуросону Мовароуннахр аз ҷониби душманони аҷнабӣ ба ду қисм ҷудо карда шуд. Ин вазъият барои Фирдавсӣ зарбаи ногаҳонӣ буд.

Соли 1005-ум Фирдавсӣ дар синни 71 солаги «Шоҳнома» – ро ба анчом расонид. Аммо аз толибони ҳақиқии аср нишоне набуд. Шоир умедвор буд, ки бар ивази заҳмати сийсолааш тӯҳфаи арзандае ба даст оварад ва поёнии умри худро ба осудагӣ гузаронад:

Бипайвастам ин номаи бостон,

Писандида аз дафтари ростон,

Ки то рӯзи пирӣ маро бар диҳад,

Бузургиву динору афсар диҳад.

Соли 1010-ум Фирдавсӣ бо корвоне сӯи шаҳри Ғазнин шитофт ва «Шоҳнома» – ро ба Султон Маҳмуд супурд. Аммо бар ивази ин асари бузург султон ба шоир бист ҳазор дирам (тангаи нуқра) бахшиду халос. Аммо Фирдавсӣ аз «Шоҳнома» умеди калон дошт.

Дарбориёни султон асари безаволро назди шоҳ танқид ва муаллифашро тӯҳмат ба бехудоӣ мекарданд. Ин амал шоирро шӯронид. Фирдавсӣ чун аз ҷониби шоҳ муомилаи дурушт дид ва дигар аз ҳеҷ чиз намеҳаросид ва бо султон ба мубориза бархост.

Дар «Таърихи Систон» омадааст: «Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» бар Султон Маҳмуд чандин рӯз ҳамехонд. Маҳмуд гуфт: – Ҳамаи «Шоҳнома» худ ҳеҷ нест, магар ҳадиси Рустам ва андар сипоҳи ман ҳазор мард чун Рустам ҳаст. Абулқосим гуфт: – Надонам андар сипоҳи ту чанд мард чун Рустам бошад, аммо ин донам, ки ҳеҷ банда чун Рустам офарида нашуд. Ин бигуфт ва бирафт. Малик Маҳмуд вазирро гуфт: – Ин мардак ба таъриз маро дурӯғзан хонд. Вазираш гуфт:- Бибояд кушт. Ҳарчанд талаб карданд, наёфтанд».

Ин рафтори султонро дида, Фирдавсӣ ҳаҷвияе навишт , ки боиси ғазаби султон Маҳмуди Ғазнавии турк гардид. Ӯ фармон дод, ки Фирдавсиро дастгир карда, ба зери пои фил партоянд. Фирдавсӣ аз таъкиби одамони султон аз шаҳр ба шаҳр гурехта, ниҳоят соли 1020 ба ватани худ баргашт.

Фирдавсӣ интиҳои умрро дар ватанаш Тус мегузаронад. Сипас, тобистони соли 1020 –ум дар сини 85-солагӣ аз олам чашм мепӯшад.

Дар харитаи шаҳри Тус ва мақбараи Абулкосими Фирдавси

Макбараи Абулкосим Фирдавси дар Тус

Фирдавсӣ дар навъҳои шеърии қасидаю ғазалу қитъаю рубои қувваозмои карда бошад ҳам, аммо дар таърихи адабиёти форсу-тоҷик ва ҷаҳон бо асари бузурги худ «Шоҳнома» машҳур гардидааст. «Шоҳнома» намунаи беҳтарини достонҳои қаҳрамони буда, аз шаст ҳазор байт иборат аст.

Абулқосим Фирдавсӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳамчун яке аз пайғамбарони шеър шинохта шудааст.

Дар назм се тан паямбаронанд,

Ҳарчанд ки «ло набия баъди»,

Авсофу қасидаю ғазалро

Фирдавсию Анварию Саъди.

Абулқосим Фирдавсӣ ва асари безаволи ӯ «Шоҳнома» дар таърихи тамаддуни башарӣ шуҳрати беандоза дорад. Таълифи «Шоҳнома» дар асри Х худ як воқеаи бузурги адабӣ ва мадани ба шумор меравад. Шоир дар асари худ беҳтарин хислатҳои писандидаи одами, мисли хираду хирадманди, некию накӯкорӣ, инсондӯстию ватанпарвари ва ғайраро тараннум намуда, ахлоқи бади одамиро маҳкум мекунад, ки дар рӯзгори мо барои тарбияи ҷавонон аз аҳамият холи нест. Хаёт ва фаъолияти Абулқосими Фирдавсӣ дар замони мо ба таври хеле ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. «Шоҳнома»-и ӯ ду маротиба дар нӯҳ ҷилд чоп карда шуд. Нависандаи номии тоҷик- Сотим Улуғзода чандин достони «Шоҳнома»-ро ба наср гардонда, пешкаши хонандагони ҷавон кард. Шӯҳрати Фирдавсӣ ва эътибори «Шоҳнома»-и ӯ ҷовидонист.

Ҳиссаи меҳнатҳои эҷодии Фирдависиро дар рушди забону фарҳанги тоҷикон басо назаррас аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида ба васфӣ ӯ китобхона, куҷаҳоро номгирӣ кардааст. Инчунин ҳайкали Фирдавсӣ дар боғи миллии шаҳри Душанбе мавҷуд аст, ки шаҳодат аз ин гуфтаҳост.

Бояд гуфт, ки дар асоси шоҳномаи Фирдавсӣ  филмӣ тоҷикӣ бо номи «Рустаму Суҳроб» соли 1971 ва Сиёвуш соли 1976, ба забони аз тарафи студияи Точикфилм ба навор гирифтан шудааст.

Эй тозаву махкам аз ту бунёди Сухан,

Ҳаргиз накунад чун ту касе ёди Сухан.

Фирдавс маком бодат, эй Фирдавсӣ,

Инсоф, ки нек додаи доди Сухан.


Скачать реферат Абулкосим Фирдавси: firdavsi-maktab_tj.docx


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив