Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон солҳои 1994-1997


Чанги шахрванди дар Точикистон солхои 1994-1997Хоҳишу мароми бевоситаи аксарияти мардуми Тоҷикистон ва қувваҳои сиёсии кишвар барои хотима додани ҷанги дохилӣ ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ. Чунин, ният дар рафти кори иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд соли 1992 оғоз гардида дар давоми музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ солҳои 1994—1997 ва амалӣ шудани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» (аз 27 июни с. 1997) дар соли 1997—2000 зоҳир гаштааст. Ба раванди сулҳсозӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон (аз 9 марти с. 1996), ки байни роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва миллии Тоҷикистон ба имзо расида буд ва фаъолияти Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (аз 18 июни с. 1997) мусоидат карда буд.
Оғози музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, ки бо кумаки Созмони Милали Муттаҳид, сар шуда бо иштироки бевоситаи Дабири кулли СММ, намояндагони махсуси ӯ дар Тоҷикистон, Ҳайати Нозирони СММ дар Тоҷикистон ва бо дастгирии Шӯрои амнияти СММ гузашта буд. Амалиёти СММ доир ба эъҷоди сулҳ с. 1994—1997 амалӣ гардида бо ба имзо расидани санади ҷамъбастии музокироти байни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба анҷом расид.
27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ
Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 давом кардааст. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва мухолифин(ИНОТ) 3 машварати байниҳамдигарии тарафҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Роҳбари мухолифин(ИНОТ) С. А. Нурӣ баргузор гардидааст. Дар рафти музокирот 9 асноди асосӣ, ки асоси «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро дарбар мегирифт, қабул шуданд.
Давраҳои музокироти миёни тоҷикон
Музокирот ва машваратҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) оид ба ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон ва расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (с-и 1994—1997):
•    Даври 1 — 5-19 апрели 1994 дар Маскав.
•    Даври 2 — 18-28 июни 1994 дар Теҳрон.
•    Даври 3 — 20 октябр — 1 ноябри 1994 дар Исломобод.
•    Даври 4 — 22 май −1 июни 1995 дар Алма-Ато.
•    Даври 5 -
Марҳалаи 1 — 30 ноябр — 22 декабри 1995 дар Ашқобод
Марҳалаи 2 — 26 январ — 18 феврали 1996 дар Ашқобод
Марҳалаи 3 — 8 — 21 июли 1996 дар Ашқобод
•    Даври 6 — 5-19 январи 1997 дар Теҳрон.
•    Даври 7 — 26 феврал — 8 марти 1997 дар Маскав.
•    Даври 8 -
Марҳалаи 1 — 9 — 16 апрели 1997 дар Теҳрон.
Марҳалаи 2 — 22 — 28 майи 1997 дар Теҳрон.
•    Музокироти ҷамъбастӣ — 24-27 июни 1997 дар Маскав.
Инчунин се даври машваратҳои тарафайн байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИНОТ дар рафти музокирот шуда гузаштаанд: даври 1 — дар Теҳрон, 12-17 сентябри соли 1994; даври 2 — дар шаҳрҳои Маскав, Душанбе, Исломобод, Теҳрон феврали соли 1995; даври 3 — дар Маскав, 19-26 апрели соли 1995 баргузор гардиданд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив