Тараққиёти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар солҳои 50-60 уми асри XIX


Халқи тоҷик, чун тамоми халқи шӯравӣ, дар кори барқароркунии баъди ҷангӣ фаъолона иштирок намуд. Ҳалли вазифаҳои душвору мураккаб дар пеш буданд. Ин вазифаҳо, дар плани панҷсолаи чорӯми барқароркунӣ ва тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ солҳои 1946-1950 ифодаи хешро ёфта буданд.
Тараккиёти хочагии кишлоки Точикистон дар солхои 50-60 уми асри XIX
Синфи коргари Тоҷикистон ӯҳдадории дар панҷсолаи панҷум, солҳои 1951 - 1955 ба ӯҳда гирифтаашонро асосан иҷро намуданд. Дар Тоҷикистон 23 корхонаҳои нав сохта шуданд. Сохтмони стансияи барқии Қайроқум ва Варзоб ба охир расиданд.
Ҷанг ба хоҷагии қишлоқ ҳам зарари калон расонида буд. Аз навбарқароркунии хоҷагии қишлоқ, нисбатан ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқ душвору мураккаб буд. Соли 1950 колхозу совхозҳои хурди кам даромад муттаҳид карда шуда ба хоҷагиҳои калон табдил дода шуданд.
Соли 1947 Ҳукумати Шӯравӣ дар бораи бекор намудани системаи карточка ба озуқаборӣ ва молҳои саноатӣ ва гузаронидани ислоҳоти пулӣ қарор қабул кард. Соли 1947 аз тарафи Бобоҷон Ғафуров “Таърихи мухта-сари халқи тоҷик” офарида шуд.
Соли 1948 дар шаҳри Душанбе аввалин Донишгоҳи давлатӣ таъсис дода шуд.
Дар охири солҳои 50 - уми ҲКИШ ва ҳукумати шӯравӣ аз усули маъмурию фармонфармоӣ дар хоҷагии халқ, ки дар айёми роҳбари СССР будани Иосиф Сталин ҷой дошт, даст кашида, ба методи дастгирии молию пулии инкишофи хоҷагии халқ гузашт. Он солҳо замони ҷорӣ кардани прогресси илмӣ – техникӣ дар истеҳсолоти хоҷагии халқ буда, он ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият таъсир мерасонид.
Ба Академияи илмҳои ҷумҳурӣ табдил ёфтани Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС (14 апрели соли 1951) воқеаи муҳимтарини ҳаёти илмии Тоҷикистони баъди ҷангӣ буд.
Фарҳанг дар ҷомеъа ҳамеша мақоми муҳим дошт ва дар пешрафти тамаддун ба он алоқаи зич дорад. Дар солҳои 50- 80-ум ба пешрафти фарҳанги ҷумҳурӣ диққати махсус дошта мешуд. Сохтмони маданӣ дар зери роҳбари бевоситаи ҳизби комунистӣ сурат мегирифт. 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив