Инноватсия чист ва чӣ мехоҳад?


ИноватсияИнноватсия (аз калимаи англисии innovation) навоварии дар амал татбиқгардидаест, ки афзоиши сифату рушди самаранокии истеҳсолот ё маҳсулоти бозорталабро таъмин мекунад. Он натиҷаи ниҳоии фаъолияти зеҳниву ақлонии инсон, самараи тахайюлу эҷод ва бозёфту кашфиёти ў мебошад. Мисоли рўшани инноватсия ворид кардани маҳсулоти дорои мазмуни нави истифодабарӣ ё такмили сифату самаранокии истеҳсолоти мавҷуда аст.

Истилоҳи инноватсия, ки ҳарчанд онро имрўзҳо хоси забони англисӣ медонанд, дар асл аз калимаи лотинии novatio – навсозӣ (ё худ, дигаргунсозӣ) ва пешоянди in – ба самти гирифта шуда, агар таҳтуллафзӣ баргандонем, innovatio – ба сўи дигаргуниҳо мебошад.

Ҳарчанд мафҳуми innovation бори аввал дар пажўҳишҳои илмии олимони асри ХIХ пайдо шуд, вале дар таҳқиқоти илмии олими австриягӣ Йозеф Шумперт дар солҳои аввали асри ХХ ин мафҳум мазмуни нав касб карда, чун натиҷаи ташхиси усулҳои инноватсионӣ ва тағирот дар рушди иқтисод қабул гардид.
 Дар зимн, на ҳамаи навгонию навоварӣ ё тағирот инноватсия буда метавонад; инноватсия он аст, ки сифату самаранокии соҳаи мавҷударо бамаротиб боло мебарад.

Инноватсия ба чанд навъ ҷудо мешавад. Яке аз онҳо навъи технологӣ аст, ки имрўзҳо дар шакли технология ё технологияҳои инноватсионӣ низ мавриди истифода қарор гирифта. Технологияи инноватсионӣ чист ва чиҳоро метавон технологияҳои инноватсионӣ номид?

Технологияи инноватсионӣ маҷмўи усулу воситаҳоест, ки ба амалишавии навоварӣ мусоидат мекунад. Ҷараёнест, ки дар натиҷаи он маҳсулоти нав офарида мешавад.

Шурўъ кунем аз мисоли оддие, ки ҳамагон дар ҳаёти ҳаррўзаамон дучор меоем: лампаҳои каммасраф. Хуб медонем, ки ин намуди лампаҳо назар ба лампаҳои спиралӣ хеле каммасрафанд ва бо харҷи андаки меъёри қувваи барқ фоидаи бештар медиҳанд; аз як тараф, нерўи барқ сарфа гардад, аз тарафи дигар, маблағи пардохти истифодаи қувваи барқ камтар мешавад. Ба қавле, ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.

Ба ҳамин монанд метавон дигар асбобу лавозимоти рўзгорро мисол овард. Масалан, обгармкунакҳои барқиву офтобӣ, плитаҳои хўрокпазиву печкаҳои хонагармкунӣ, чойникҳои барқии обҷўшонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ ва дигару дигар, ки ҳамагӣ самараи технологияҳои инноватсиониянду зиндагии миллионҳо сокини сайёраро бамаротиб беҳтару хубтар гардонидаанд.

Маҳсули дигари технологияҳои инноватсионӣ ихтирои компютер аст, ки аллакай тайи чанд даҳсола дар зиндагии ҳар яки мо мавқеи хосе пайдо кардааст. Имрўз қариб ҳамаи соҳаҳо аз компютер истифода мебаранд ва худи компютер ҳам, ки тавассути инноватсия ба вуҷуд омад, ба ҷузъи ҷудонопазири технологияҳои инноватсионӣ табдил ёфтааст.

Рушди инноватсия имрўз аз ҳар як нафар, бахусус, аз омўзгорони мактабҳои оливу таҳсилоти умумӣ тақозо мекунад, ки донандаи хуби касбу соҳаи худ бошанд, аз технологияҳои инноватсионӣ самаранок истифода баранд, шогирдонро бо сохту таркиб ва истифодаи ин технологияҳо ошно созанд.

Агар мактаби таҳсилоти миёна чун асос дар таълиму тарбия ва рушду нумўи насли наврас хизмат кунад, пас имрўз омўзгорони ин мактабҳоро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулиятшинос бошанд, аз компютер ва дигар ашёи таълим хуб огаҳ гарданд, дар рафти дарсҳо аз онҳо самаранок истифода баранд, шогирдонро беҳтару хубтар омўзонанд, дониши ононро мукаммал созанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ сол ба сол маблағгузориро ба соҳаи маориф зиёд карда истодааст, ҳар сол теъдоди муайяни мактабҳои типи нав, ки бо навтарин ҷиҳозу ашёи таълим таъминанду дорои озмоишгоҳҳову кабинетҳои махсуси соҳавиянд, мавриди истифода қарор мегиранд ва, албатта, дар оянда низ ҳукумат бунёди чунин таълимгоҳҳоро идома хоҳад дод.

Дуруст аст, ки мушкилу норасоиҳо имрўз дар соҳаи маориф зиёданд ва на танҳо дар ин соҳа. Вале ҳалли ин ҳама проблемаҳоро танҳо ба дўши давлату ҳукумат партофтан низ аз рўи инсоф нест. Ҳукумати кишвар то қадри имкон шароит муҳайё карда истодааст ва талош дорад, ки аз ин ҳам бештару беҳтар гардонад. Бо танқиду таънаи ин ё он мақомоти давлатӣ ва муттаҳамсозии онон дар ноўҳдабароиву бемасъулиятӣ на ҳамеша кор пеш меравад. Гап дар сари он аст, ки оё ин танқидҳо асос доранд ё ҳамту сарсарӣ аз рўи ғаразу хусумати шахсӣ ба ин ё он нафар нигаронида шудаанд. Пайваста аз зиндагӣ нолидану фалонӣ чунину беҳмадонӣ чунон гуфтану ду даст дар киса гаштан ҳам роҳи ҳал нест. Аз шароити мавҷуда самаранок истифода бурдан худ пешравист.

Шароити имрўз аз 30-40 соли пеш куллан фарқ дорад ва ҳар нафарро зарур аст ба он мутобиқ бошад. Бо умеди ёрию мадади касе будану вазифаи фалонист ва ў бояд иҷро кунад гуфтану шиштан кор буд намешавад. Ҳукумат шароит муҳайё кардааст, марҳамат, истифода кунед, намедонед – пурсед, кобед, ёбед, хонед, омўзед ва дигаронро таълим диҳед.

Як мисоли оддӣ: бубинед, имрўз қариб ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат бо компютерҳо таъминанд, саволе ба миён меояд, ки оё ҳамаи омўзгорони ин мактабҳо бо компютер кор карда метавонанд? Агар ҳа, пас чӣ хуб, агар не, чаро? Магар вазифаи Президенту вазири маориф ва ё раисони вилояту ноҳия аст, ки ононро компютер омўзонад? Чаро худи муаллим онро наомўзад? Ҷуръат кардаву ташаббус зоҳир намудан душвор аст магар?

Технологияҳои инноватсиониро дар раванди таълим ворид кардан кори якрўзаву дурўза ва амали як ё ду нафар нест; вақту фурсат ва ҷидду ҷаҳд металабад, албатта. Пас, ҳар кадоми моро зарур аст, ки аз ин ҷараён дар канор набошем. Чӣ гуфтед?


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив