Фарорасии рӯзи 8 март ҳам наздик аст ва мо ҳар чӣ зудтар мехоҳем, ки бонувони зебои худро табрик кунем. Лекин на ҳамеша вақти гаштугузори мағозаҳоро дорем, аммо мехоҳем тӯҳфаи беҳтаринро интихоб кунем. Пас дар ин самт ба шумо хизматрасонии мағозаҳои онлайн кӯмак хоҳад кард, ки дар он ҷо метавонед тӯҳфаҳои мақбули дилатонро бо нархҳои дастрас пайдо кунед.
Атриёт
Атриёти фаронсавӣ тӯли қарнҳост, ки дили занҳоро мафтун месозад, пас чаро аз рӯи анъана рафтор накунем? Атри Chloe Chloe Eau de Parfum бо накҳати нотакрори худ, метавонад ҳатто дили як шахси машҳурро ба даст орад.
Фени сафарӣ
Барои нафароне, ки сайру-саёҳатро дӯст медоранд, чунин як фени сафарӣ аз ҳама бештар барояшон писанд меояд, чунки дар роҳ низ зебову дилкаш будан мехоҳанд.
Термокружка + термоси озуқавӣ
Чунин тӯҳфа ба занони ронанда ё саёҳатдӯстдор бисёр тӯҳфаи нотакрор хоҳад буд, чунки кружка ё термос метавонад дар худ гармии хӯрокро муддати зиёд нигоҳ дорад.
Кофепаз
Барои дӯстдорони кофе ин тӯҳфа бисёр хуб аст. Мо боварӣ дорем, ки ҳар бону аз тақдими чунин тӯҳфа бисёр хушҳол хоҳад шуд. Чунки бо кофемошин — метвон доим кофеи бонакҳату нотакрор тайёр кард.
Телескоп
Амалҳои нотакрори романтикӣ — ба дӯстдоштаатон тӯҳфа кардани ситораҳост. Ё имконияти ҳаловат бурдан аз онҳост. Бешубҳа, инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Чӣ чиз метавонад аз телескоп хубтар бошад?
Айнакҳои воқеии виртуалӣ
Ин тӯҳфа хотирмон хоҳад буд барои нафаре, ки дӯстдори видеобозиҳо ҳаст. Фикр дорам, ки чунин айнакҳо ба тавзеҳ ниёз надоранд. Агар тақдиратон баландӣ кунад, пас шояд дӯстдоштаатон ба шумо иҷозати бо он бозӣ карданро диҳад.
Қуввадиҳандаи беноқил
Бисёр тӯҳфаи қулай барои нафароне, ки аз истифодабарии симу ноқилҳо дилгир шудаанд. Қуввадиҳандаи хеле зебо ва ҳозиразамон буда, барои истифодабарии ҳама намуди смарфонҳо пешбинӣ шудааст.
Фитнес-дастпона
Агар духтар – мухлиси ашадии тарзи ҳаёти солим ва технологияҳои муосир бошад, пас фитнес-дастпона — он чизест, ки ӯ ба он ниёз дорад. Чунин кӯмаккунанда барои ҳама нафароне, ки ташвиқкунандаи тарзи ҳаёти солиманд ва саломатиашонро дар мадди аввал мегузоранд, ҳатмӣ аст.
Смарт-соат
Смарт-соат — гаджети олӣ ҳамчун тӯҳфа барои бонувон аст. Зоҳиран бисёр зебост ва дорои функсияҳои лозимии зиёдест ва онро метавонед, натарсида ҳадя кунед.
Чорчӯбаи рақамӣ
Чорчӯбаи суратмонӣ ва бо пахши як ангушт мӯҳтавояш тағйир хоҳад ёфт. Орзуи деринтизор, ҳамин тавр нест?! Тӯҳфаи ҳақиқӣ ва бисёр зебо буда, ба кас хурсандиву фараҳ мебахшад.
Маҷмӯъ барои дарзудӯз «Риолис. Звездная ночь»
Агар ба бонуи шумо кори чеварӣ бисёр маъқул бошад, пас чунин тӯҳфа хеле ба маврид аст, чунки чизҳои бо дастони хеш омодашударо ҳар кадоми мо бо як эҳтироми хоса нигоҳ медорем. Расмҳое, ки ба тарзи салибмонанд дарзудӯз карда мешаванд, хеле назаррасанд.
Маҷмӯъ: гӯшмонак + рӯймолчаи шоҳӣ
Давраҳои якранг будани пойафзолу ҷуздон кайҳо гузашт. Ҳоло кӯшиш мекунанд, ки чизҳои ғайриоддиро ба ҳам монанд ёбанд, масалан ба монанди ин маҷмӯъ, ки аз рӯймолчаву гӯшмонак иборат аст.
Комментарии (0)