Уфуқ ва тарафҳои он


Муаяйнкунии тарафҳо, нақшаи маҳал, аксгирии қутбй ва маршрута (роҳпаймоӣ)
Ҳангоми сохтани нақша, мисли сохтани харитаҳои ҷуғрофй ва топографй, аввалан самти сатҳи замин муайян карда мешавад.
Пеш аз сохтани нақшаи маҳал мо бояд атрофро хуб биёмӯзем.
Уфук ва тарафхои он(Расми 1)

Дар ин ҳангом, қисми намоёни онро мебинем, ки гӯё ба осмон бар мехӯрад. Ана ҳамин уфуқ номида мешавад.
Уфуқ – хатест, ки осмон ва сатҳи замин ё сатҳи об ва сомонро ҷудо мекунад.
Самтҳои асосии уфуқ шимол, ҷануб, шарқ ва ғарб мебошад. Ба ғайр аз самтҳои асосй, ичунин самтҳои миёнгузар низ ҳастанд: шимолй-шарқӣ, шимолй- ғарбй, ҷанубӣ-шарқӣ ва ҷанубӣ-ғарбй.
Дар мавридҳои алоҳида, ба ғайр аз 8 самт, муайян кардани самтҳои нисбатан дақиқ лозим мешавад.
Инҳоро дар бар мегирад: шимолй – шимолй-ғарбй, ғарбй – шимолй-ғарбй, ғарб – ҷанубй-ғарбй, ҷанубй – ҷанубй-ғарбӣ, ҷанубӣ – ҷанубй-шарқй, шарқй – шимолй-шарқӣ ва шимолй – шимолй-шарқй. Уфуқ 16 самт дорад.
Хатъои уфуки(Расми 2)

Онҳоро баҳрнавардон румбҳои уфуқ меноманд.
Барои самтҳои уфуқро дуруст муайян кардан бояд аввал тарафи шимолиро муайян кард. Силас, дигар самтҳои уфуқро майян кардан лозим аст.
Қутбӣ муайян кардан мумкин аст. Инчунин кутбнамо ва дигар воситаҳоро низ истифода бурдан мумкин аст. Осонтарин тарзи пайдо кардани самҳои уфуқ – ин истифода кардани кутбнамо мебошад.
Ақбараки кутбнамо ҳамеша шимол ва ҷанубро нишон дода меистад.
Қутбнамо – ин асбобест, ки самтро аз рӯйи меридиани магнитй нишон медиҳад
Бисёр тарзҳои муайянкунии самтҳои уфуқ мавҷуд аст. Бархе аз онҳоро нишон медиҳем:
Рӯзона ҳангоми соф будани осмон самтҳои уфуқро муайян кардан душвор нест: соати 13.00 Офтоб дар ҷануб меистад. Субҳи тобистон дар соати 7.00 Офтоб дар шарқ меистад, бегоҳй дар саоти 19.00 дар ғарб. Шаб бошад аз рӯйи Ситораи
Азимут – кунҷест, ки дар миёни самти шимол (ба нимкурраи Ҷанубй – ба ҷануб) ва самти ягой ашёи дур мебошад.
Азимут одатан ба самти ҳаракати намоёни курраи осмонй (дар харитаҳо аз рӯйи самти ҳаракати акрабаки соат) ҳисоб карда мешавад.
Қутбнамои оҳанрабой аввалин бор дар Чин 4000 сол пеш сохта шудааст. Дар он кутбнамо, дар дохили сандуқчаи чӯбй санге гузошта туда буд. Сӯзани оҳание, ки ба санг часпонда туда буд, ҳамеша ҷанубро нишон медиҳад. Онро сайёҳон ва точирони чинй дар ҳама вазъи ҳолати ҳаво истифода мекарданд. Ин кор аз хатарҳои гуногун пешгирй мекард.
Дар аввали асри XIV устои итолёй Флавио Жиойя миқёси кутбнаморо мукам – мал кард. Дар миёни картони давра ӯ сӯзани оҳанрабой ҷойгир кард ва картонро хат кашида ба 32 румб тақсим кардааст.
Қоидаҳои коркунии кутбнамо
  1. Кутбнамо (компас) ба ҷое гузошта мешавад, ки метал набошад.
  2. Бояд мунтазир шуд, то ақрабак қарор гирад.
  3. Корро замоне шурӯъ кардан л озим аст, ки акрабаки шимолро нишон додаистода, дар сифр истад.
  4. Бояд нӯги акрабак дақиқан ба нишондиҳандаи шимол дуруст карда шавад.
  5. Барой муайянкунии азимута, бояд байни нишонаи шимол ва нишонае, ки объектро нишон медиҳад аз рӯйи гардиши акрабаки соат ҳисоб карда шавад.
Чи тавр ва ба кадом самт сабзидани растаниҳоро назорат карда, метавон самтҳои уфуқро муайян кард. Масалан, дарахте, ки танҳо месабзад дар қисми шимол шохаҳош камтар аст, нисбат ба қисми ҷануб.
Ҳалқаҳои дарахтон, ки ҳангоми буриш аён мешаванд, дар самти ҷануб аз ҳамдигар дур ҷойгир мешаванд, дар самти шимол бошад ба ҳамдигар наздик ҷойгир мешаванд. Дар сангҳое, ки дар саҳро танҳо хобидаанд, танҳо дар самти шимолиаш ушна мерӯяд. Дар мӯрчахонаҳое, дар ҷангал ё дар даштҳо ҳастанд, самти ҷанубаш нишеб, самти шимолаш бошад шебдор мебошад. Дар дарёбоди рӯдҳо соҳилҳои ҷанубй мулоимтар ва соҳилҳои шимолй бошад тундтар аст.
Ченкунии фосила. Фосилаи байни ашёҳои наздикро бо рулекта ва метр чен кардан мумкин аст. Масалан, дарозй ва бари синф, хона, утоқ. Роҳ ё маршруте, ки ҳангоми сафар, экскурсия тай шудааст бо метр ё рулетка чен кардан вақтгир ва душвор мебошад. Дар чунин ҳолатҳо масофаро бо қадамҳо чен кардан кулайтар мебошад.
Ҳангоми бо қадамҳо чен кардан дарозии миёнаи қадамро донистан зарур аст. Барой муайян кардани дарозии миёнаи қадам чунин амалҳоро иҷро кардан лозим аст:
  1. Тавассути рулетка масофаи муҳит чен карда шавад. Масалан, 200 метр.
  2. Ин масофа бо қадам чен карда шавад.
  3. Ҳисоб мекунем. Фарз кардем, ки 200 метрро бо 250 қадам рафтед…
Пас, 20 000 см : 250 = 80 см.
Ҳамин тавр, дарозии миёнаи қадам ба 80 см баробар аст. Ба ғайр аз ин, масо- фаро аз рӯйи вақти дар сафар сарфшуда муайян кардан мумкин аст. Агар 1 км-ро дар 15 дақиқа тай кунед, пас дар як соат 4 км-ро тай карда метавонед.
Баъзан барон ченкунии масофа асбобҳое истифода мешаванд, ки масофаёб номида мешаванд.
Масофаёбро метавонед худатон аз порчаи картонй бисохед (рас.1). Барой бо фосилаёб муаяйн кардани масофа, фосилаёбро дар баробари чашм бо дастон ба масофаи дарозии даст нигаҳ доред.
Дар ин ҳангом фоислаёбро ба чапу рост ҳаракат додан лозим аст, то ки тамо- маи объект тавассути тирезача аён шавад. Рақами дар миқёс нишондодашуда ба масофаи байни мушоҳидакунанда то объект баробар аст.
Муайянкунии самтҳои уфуқ аз рӯйи Ситораи қутбӣ
Шаб (ҳангоми соф будани осмон) Ситораи Қутбиро чунин пайдо кардан мум­кин аст: вай дар нимкураи шимолй тамоми шаб намоён аст ва дар ҳамаи фас- ли сол шимолро нишон медиҳад. Барой ёфтани Ситораи Қутбӣ аввал гурӯҳи ситораҳо бо номи Дубби .Акбар (Хирси калон (дар миёни халқ Ҳафтдодарони калон мегӯянд) пайдо кардан лозим аст.
Ҳафт ситораи рӯшан, ки шакли рақами ҳафт монанд аст.
Агар дар фикри худ тавассути девораи ҳамин ҳафт ситора хат кашида гу- зарем, дар масофаи панд маротиба дуртар аз ин девора Ситораи кутбиро дидан мумкин аст (рас. 2).
Самтёбй дар маҳал яке аз маҳоратҳои муҳим мебошад, ки дар ҳаёти одам лозим мешавад. Самтёбй ҳангоми шиноварй (бо киштй) ва парвозҳо (бо тайёра) бисёр зарур мешавад.
Самтёбй ҳангоми сафарҳо ва эксқурсияҳо, омӯхтани курраи замин истифода мешавад, то ки гум нашуда, бидонй дар куҷо ҳастй.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив