Нақши Конститутсия дар ҷомеаи муосир


Накши Конститутсия дар чомеаи муосирЯке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи таъмини рушди устувору бомароми аксари давлатҳои ҷаҳон дар шароити муосир — ин амалишавии кафолати конститутсионализм тавассути таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ба шумор меравад.
Конститусионализм имрӯз ҳамчун низоми ақидаҳои конститутсионие маънидод мегардад, ки дар сатҳи Конститутсияи давлат инъикос ёфта, зимни татбиқи ғояи волоияти Конститутсия, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ будан ва нақши махсус доштани он ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ифодаи худро пайдо мекунад ва ҳамчун фаҳмиши комплекси муҳимтарин принсипҳои сохтори конститутсиониро ифода мекунад.
Ин падида имрӯз аз ҷониби ҷомеа ҳамчун омили муҳими таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд, ташаккули низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мустаҳкам намудани падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маънидод шуда, заминаи асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ гардидааст.
Рушду инкишофи Конститутсияи муосир низ бо заминаҳои таърихии назарияи конститутсионализм ҳамчун унсури давлати демократӣ, ки дар он ба шаъну шарафи шахсият эҳтиром гузошта шуда, андешаи назариявии давлати ҳуқуқбунёд дар қатори дастовардҳои муҳими тамаддуни инсонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд  ва неъматҳои инсонӣ қонуни сатҳи олии давлатиро ифода мекунанд, алоқаи ногусастанӣ  дорад.
Конститутсияи давраи соҳибистиқлолии кишвар таҷрибаи таърихи давлатдории миллӣ, таҷрибаи конститутсионализми як зумра давлатҳои демократии рушдёфта, стандартҳои умумипазируфтаи ҷаҳонӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва идоракунии ҷомеаро ба инобат гирифта, омили муҳими таъмини суботи ҷомеаи демократӣ ва рушди низоми ҳуқуқи ватанӣ гардидааст.
Конститутсияи кишвар барои бунёди давлатдории навин аҳамияти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад ва он Тоҷикистонро давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ эълон дошта, барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди низоми ҳуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва муҳайё намудани фазои мусоид барои рушди озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Дар сатҳи Конститутсияи Тоҷикистон тамоми хусусиятҳои ҷаҳонии давлат, яъне мустақилияти давлат бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ дар ҳалли масъалаҳои дохили давлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, асъори миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам гардида,  барои муносибати мутақобилаи давлат ва мақомоти давлатӣ бо ҷомеа ва ниҳодҳои он заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Аз соли 1991 то соли 2014 танҳо дар Қирғизистон 4 маротиба, Сербия 3 маротиба,  Албания, Қазоқистон, Полша ва Туркманистон 2 маротиба конститутсияҳои нав қабул шудаанд. Дар баъзе давлатҳои дигар тағйироти конститутсионӣ аз 5 маротиба зиёд сурат гирифтааст. Масалан, дар муддати солҳои 1991-2014 ба конститутсияҳои Гурҷистон 14 маротиба, Венгрия 9 маротиба, Латвия 9 маротиба, Молдова 8 маротиба, Федератсияи Россия 5 маротиба, Туркманистон ва Ӯзбекистон 4 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Ин шаҳодати зуд-зуд ба миён омадани дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҳаёти ҷомеа ва ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад ва ин дигаргуниҳо  дар фазои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ инъикоси бевоситаи худро пайдо намуда, фарогирандаи тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Ҳамзамон бояд дар хотир дошт, ки амалан дилхоҳ дигаргунӣ дар конститутсия боиси тағйироти дахлдор дар қонун ва санадҳои зерқонунӣ мегардад. Аз ин рӯ, танҳо пас аз такмили чунин санадҳо ва татбиқи амалии онҳо дигаргуниҳои суратгирифта метавонанд ба муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии мавҷуда таъсир расонанд.
Тағйироти конститутсионӣ ва натиҷаҳои муфиди аз он ба дастомада далели онанд, ки имрӯз раванди рушди конститутсионии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳои ҷаҳон ба қонуниятҳои ҷаҳонӣ такя мекунад, ба мисли демократӣ ва башардӯстонакунонии меъёрҳои Конститутсия; мустаҳкамгардонии асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа;  такмили механизми мувофиқакунонии манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа.
Муҳиму эътирофшуда будани ин асосҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо аз ҷониби аксари давлатҳо новобаста ба сатҳи рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ пазируфта шудаанд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив