Забон донӣ – ҷаҳон донӣ


Забон муҳимтарин воситаи алоқаи байни мардумон аст. Забон яке аз неъматҳои беҳтаринест, ки Худованд баҳрамон офаридааст. Зеро забони нек дар олам сулҳу амонӣ, дӯстиву рафоқат ва нишоту сурурро пойдор мегардонад. Аммо агар ин гуфтаҳоро баръакс гардонем, забон бадтарин олот аст, зеро забони бад ба олам ҷангу ҷидол, хунрезиву якдигарнофаҳмӣва ғаму андӯҳро фарогир месозад. Бинобар ин ҳар як фарди боақлу заковат бояд хушзабону некгуфтор бошад.
Забон тамоми хислатҳои инсонро баёнгар аст ва бояд мо бикӯшем то забони худро аз гуфтани суханони қабеҳ нигоҳ дорем. Забони модариро мо аз овони хурдӣ аз сурудани «Алла» - и модар   меомӯзем.
Донистани забони модарӣ ва ҳифз кардани он қарзи фарзандии мост.

Комментарии (1)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив